Мурод аз беди шифобахш гуфтан беди оддӣ аст, ки ба ҳама маьлум мебошад. Беҳтаринаш дар лаби об рӯидаи он аст. Низ бед самар ҳам дорад, ки онро хӯшаи бед меноманд. Мизоҷи гулаш дар дараҷаи дувум сард ва дар якум тар аст; мизоҷи баргаш сард ва хушк аст, мизоҷи хӯшааш дар дараҷаи якум сард ва тар мебошад бо қуввати қабзкунандагӣ, сӯзиш ва хушккунандагӣ. Ба руссӣ онро «Ива ломкая» меноманд.
Хислатҳои шифобахши он: ошомидани он саракунандаи бадан аст, ба дил ва майнаи гарммизоҷ қувват мебахшад, гиреҳи ҷигарро мекушояд, дарди сар, дардичашм ва дилтапак (дилбозӣ)-ро дафъ мекунад; ташнагиро таскин медиҳад, сустии меъдаро ислоҳ медиҳад, табҳои тафснок ва сафровиро сиҳат мебахшад, ҳамаи бемориҳои аз гармӣ баамаломадаро ба ибро меоварад. Дар хислатҳои мазкура арақи гулаш саратар аст-назар ба истеъмоли худи гулаш ва қавитар аз арақи баргаш мебошад.
Ҷирми баргаш, яъне худи баргаш бо хислати радкунандагиаш намегузорад, ки моддаҳои нодаркор ва зарарнок ба узвҳо рехта шаванд ва он моддаҳоро дар ҷояш қабз мекунад. Агар оби баргашро дар офтоб ғафс гардонида бихӯранд, моддаҳои балғам, сафро ва савдоро бо исҳол дафъ месозад; барои иллати саръ (припадка) дору мешавад, ларзонидани табҳоро манъ менамояд, гиреҳи ҷигарро мекушояд, зардпарвинро шифо мебахшад, сипурзи сахтшударо чун аслӣ мулоим мегардонад, пешобро меронад, бӯғма (хафа) шудани бачадонро, ки гоҳ-гоҳ беҳушӣ меоварад, ислоҳ мекунад, дарди буғумҳоро таскин медиҳад, ниқрис (подагра)-ро шифо мебахшад, барои каждумгазида ва заҳрҳои дигар тарёқ мебошад.
Оби барги бедро нимгарм дар гӯш чаконанд, даруни онро аз чирк пок мекунад. Шохҳои борик ва баргҳои онро дар об ҷӯшонида, дар он об даромада нишинанд, фасоди аъзоро, яъне вайрон шудани ҳолат ва феъли уэвҳои баданро дафъ мекунад. Агар баргҳои онро паҳн намуда, дар болояш хобанд, ҳарорати ҷигар ва дилро, яъне тафси ин узвҳоро сокин месозад.
Хӯшаи бедро хоҳ кӯфта гузошта банданд, хоҳ дар об ҷӯш дода, он обро бинӯшанд, зарбаи расидаро, ки ба саққои чашм осеб расида бошад, сиҳат мебахшад.
Агар инро кӯфта гузошта банданд, хунравиро манъ мекунад. Барги тарашро кӯфта гузошта банданд ва оби он баргро бинӯшанд, исҳоли хунинро манъ месозад. Арақи баргашро бинӯшанд, дилтапак (дилбозӣ)-ро, ки аз гармӣ бошад, дафъ мекунад, таби нағзак, табҳои гармва таби дил (лоғаркунаида)-ро дафъ мекунад.
Шилми он, ки аз баргаш берун медамад, мисли шакар ширин мебошад, равшанкунанда ва қувватбахши чашм аст.
Хокистари чӯби бедро бипошанд ё гузошта банданд, рафтани хунро манъ мекунад; агар инро бо сирко хамир карда, гузошта банданд, озахро хушк карда меафтонад, доначаҳо ва обилаҳои бар бадан дамидаро дур месозад, варами пистон ва варамҳои дигари узвҳои беруниро таҳлил медиҳад, шаро (аллергия), обила ва варамҳои гармро дафъ мекунад. Инчунин оби барги онро бардавом биёшоманд ё гузошта банданд, барои бемориҳои номбаршуда дармон мешавад.
Истеъмоли баргаш ба дарун моддаҳои нодаркори зарарноки ба узвҳо фуроянда ва рехташавандаро рад мекунад ва намегузорад, ки бифуроянд, инчунин ҳамон тавр манъ мекунад.
Вале ошомидани маҳсулоти бед фақат ба тиҳигоҳ (холияки паҳлӯ) зарар дорад. Дар ин ҳолат ё гулоб ё шакар биёшоманд, ислоҳи зарар менамояд. Миқдори як бор нӯшидан аз оби барг ва гули бед дар як рӯз аз 28 то 70 грамм аст, ки бояд бо шакар биёшоманд. Ба ҷойи ин ревоҷ (чукрӣ) бихӯранд, раво мебошад.
Ҳосил кардани оби барги бед чунин аст. Барги тару тозаи онро хуб кӯфта, фишурда, обашро меситонанд ва як шаб мегузоранд ва баъд мувофиқи миқдор менӯшанд Нӯшидани ин барои дафъ кардани моддаҳои балғамӣ, сафровӣ, хунӣ, инчунин барои кушодани гиреҳҳои бадан, қавӣ гардонидани меъда на узвҳои иафас нафъ дорад ва ин беҳтар ва қавитар аз оби коснӣ мебошад.
Гирифтани арақи гул ва барги бед чунин аст. Барг ё гулҳои бедро ҷамъ намуда, покиза шуста, дар анбиқ бо оташи мулоим арақ кашанд. Оби сархонаи анбиқ, ки камтар гарм гардад, он обро нав кунанд.
Мизоҷи ин арақ дар дараҷаи дувум сард ва дар якум хушк аст. Инро бинӯшанд, гиреҳҳои ҷигарро мекушояд, дилтапак ва ташнагиро дафъ мекунад, барои сустии меъдаи гарммизоҷ, табҳои тафснок ва бар зидди ҳамаи иллатҳои аз гармӣ ба зуҳур оянда, дарди чашм ва дарди сари гарм дору мебошад.
Аз гули бед низ равған тартиб медиҳанд ба ин тариқ. Гули бедро ҳар қадар, ки хоҳанд, мегиранд. Дар зарфи шиша то нима равғани кунҷид ё равғани зайтун андохта, он равғанро аз гули бед пур намуда, дар офтоб мегузоранд. Баъд аз як ҳафта ранг ва қуввати гул ба равған мегузарад, сонӣ гулро фишурда дур мекунанду аз гули нав пур менамоянд. Ҳамин тариқ, то шаш мартаба гулро иваз намуда, охиронро низ фишурда партофта равғанро соф мегардонанд — ин равғани гули бед аст.
Мизоҷи равғани гули бед сард ва хушк аст. Инро бихӯранд, решҳои тарро хушк мекунад, дарди сарро шифо мебахшад, намегузорад, ки бухорҳои гарммизоҷ аз поини бадан ба майна бароянд, варамҳои гармро таҳлил медиҳад, инчунин моддаҳои гарм ва сарди но-даркорро аз бадан дафъ менамояд.
Агар инро бимоланд, дарди сарро таскин медиҳад, майнаро қувват мебахшад, бехобиро дафъ мекунад, варамҳои гуногуни майна ва пардаҳои онро таҳлил медиҳад. Ин равғанро бо сирко ва гулоб даромехта бибӯянд, дарди сарро таскин медиҳад, намегузорад, ки бухорҳо ба мағзи сар бароянд, Агар инро дар гӯш чаконанд, дарди гӯш ва дарди сарро таскин медиҳад, хушкии майнаро ислоҳ менамояд. Ва агар дар даҳан бигардонанд, дарди дандонро сокин мекунад ва ҷӯшиши даҳанро, ки аз оҳак хӯрдан баамаломада бошад, дафъ месозад.
Ин равғанро бихӯранд, ҳамаи моддаҳои часпакро аз бадан меравонад, исҳоли сафровиро манъ месозад, тафси меъдаро басанда мегардонад, харошида шудан ва захми рӯдаҳо, инчунин дарди рӯдаҳоро басанда мекунад; аъзои баданро қувват мебахшад, дардҳои дохилиро таскин медиҳад, исҳолро мебандад.
Агар ин равғанро батакрор бимоланд ва бо он хуқна кунанд, захми рӯдаҳоро ба ибро меоварад. Онро ба шикам бимоланд, исҳоли сафровиро боз медорад, моддаҳои часпакро бо исҳол дафъ мекунад.
Агар инро б решҳои чуқур ва фурӯрафтабимоланд, гӯшт мерӯёнад, рутубатҳои захм ва ҷароҳатҳоро хушк мекунад, моддаҳои бадфиолро аз он ҷои бадан дафъ месозад, инчунин аз обилаҳо наҷот медиҳад. Инро бо сафедаи тухми мурғ сиришта бимоланд, сӯхтагии оташ ва варами чашмро ба ибро меоварад, бо сирко сиришта бимоланд, шифобахши захмҳо мебошад ва ҷӯшишҳои гарммизоҷро дармон мешавад.
Ба ҳамаи ин илова кунем, ки агар ҷигар хушк на сахти кӯчак шуда бошад, хӯшаи бедро дар об ҷушонида, он обро бардавом бинӯшанд, ҷигарро ба ҳоли аслӣ ва сиҳаташ меоварад.
Миқдори як бор хӯрдан аз равғани гули бед дар як рӯз то 25 грамм аст. Агар равғани гули ёфт нашавад, ба ҷойи он равғани гулисурхро истифода кунанд, раво мебошад, ё баробари ним вазни он равғани бунафшаро биёшоманд, низ ҷоиз аст.