Каду самари растании биёрадор аст, ки хеле рангоранг ва гуногун мебошад. Беҳтарини он ширини берешаи он аст, ки бихӯранд. Мизоҷаш дар дараҷаи дувум хунук ва тар аст. Хислатҳои шифобахши он: хӯрдани он ба мизоҷ сардӣ меоварад, бар бадан об медавонад, гиреҳҳои узвҳои дохили баданро мекушояд, пешобро равон мекунад, дарунро мулоим мегардонад; зардпарвин, исҳоли номунтазами меъда ва табҳои тезро шифо мебахшад.
Агар инро пухта бихӯранд, ҳамчун ғизо камқувват, аз меъда ба зудӣ мефурояд ва аз он моддаи солими бетаъм пайдо мешавад. Ин камҳазмшаванда аст, зеро ки агар худашро танҳо бихӯранд, дар меъда зуд вайрон мешавад ва ба ҳар моддае, ки дар бадан бисёр бошад, ба зудӣ ба он табдил меёбад, инчунин бино бар осон табдилёбанда буданаш баъзан моддаи заҳрнок аз он ба амал меояд. Чун онро бо меваҳои гуногун ҳамроҳ намоянд, кайфияти онро дигар месозад, монанди он, ки агар бо биҳӣ ё оби ғӯраи ангур, ё оби анор, ё сирко дар равғани бодом ё равғани софи зайтун пухта бихӯранд моддаҳои солим дар бадан пайдо мекунад, барои одамони сафровимизоҷ ва гарммизоҷон, инчунин ба табҳои тез фоида дорад.
Лекин хӯрдани каду барои беморони қулинҷ (колит) ва онро бисёр хӯрдан зарар дорад, зеро худи каду пайдокунандаи иллати қулинҷ аст. Агар бо чизи тези монанди ҳардал (горчица) бихӯранд, дар бадан моддаи тез пайдо менамояд; бо чизи намакин бихӯранд, моддаҳои шӯр пайдо мекунад; бо қабзиятовар моддаи қабзиятнок ва инчунин бо ҳар чизе, ки бихӯранд, ба моддаи он табдил меёбад.
Оби кадуи хомро фишурда гирифта, бо шири ҷавонзанон даромехта, дар бинӣ ва гӯш бичаконанд ва ба такрори амал биёраи (палаки) бебаргашро кӯфта, ба сар гузошта банданд, дарди сари аз гармӣ, варами пардаҳои майна ва худи майна (менингит), ҳазаён, девонагӣ, варамҳои гарм ва бехобиро шифо мебахшад.
Кадуро кӯфта ё тарошида, ба пеши сар гузошта банданд, варами гарми сарро таҳлил медиҳад; инчунин дарди сари гарм ва хушкии майнаю бехобиро дафъ мекунад ва агар ба чашм гузошта банданд, варами гарми онро таҳлил медиҳад.
Шустани сар бо оби каду, ошомидан ва дар бинӣ чаконидани он дарди сари гармро таскин медиҳад ва хоб меоварад. Бо оби каду гарғара кунанд ё оби онро дар даҳон гардонанд, дарди гулӯ ва дарди дандонро, ки ҳама аз гармӣ бошанд, шифо мебахшад.
Оби онро бо равғани гулисурх даромехта, нимгарм дар гӯш чаконанд, дарди ин узвро сокин мекунад. Пӯсти хушки кадуро дар об ҷӯшонида, он обро батанҳоӣ ё бо равғани гулисурх даромехта, дар бинӣ бирезанд, дарди дандонро таскин медиҳад.
Найчаи самари кадуро, ки гулаш ҳанӯз наафтода бошад, дар хамир печида, дар зери оташ пухта, оби онро ситонида, дар чашм чаконанд, зардии зардпарвинро аз он дафъ мекунад. Оби гулашро батакрор бичаконанд, чашмро, ки аз гармӣ бошад, шифо мебахшад.
Кадуро дар об ҷӯшонида, он обро бо тамри (хурмои) ҳиндӣ ва шакар биёшоманд, тафси майнаро паст мегардонад, инчунин дарди сари гарм, васвос, девонагӣ ва дарди чашмро, ки сабабаш аз поён ба чашм баромадани бухороти меъда бошад, дафъ мекунад.
Кадуро бо кашки ҷав ё бо моши кӯфтагӣ пухта ё танҳо худашро дар равғани бодом пухта бихӯранд, барои дарди узвҳои даруни сина ва сурфаи гарм дору мешавад. Кадуро дар об ҷӯшонида, он обро бинӯшанд, ташнагӣ ва ҳарорати ҷигари гарммизоҷонро таскин медиҳад, инчунин ҳузнеро, ки аз бисёрии сафро ба судур пайваста бошад ва моддаҳои бегонаи баданро дафъ мекунад, вале ин боиси сустии меъда ва рӯдаҳо мегардад.
Гӯшти кадуро хушконида, чун орд маҳин кӯфта, дар дег бирён карда бихӯранд, дарунро мебандад, ташнагӣ, тезии сафро ва хун, яъне фишори баланди онҳоро таскин медиҳад, инчунин ғамро ҳам дур мекунад.
75 грамм оби кадуро бо асал ва андак натрун (танакори арманӣ) пухта бихӯранд, дарунро мулоим мекунад, инчунин дарунро бо мулоимат меравонад; бо тамри ҳиндӣ ва шакар пухта бихӯранд, сафрои сӯхтаро бо исҳол дафъ мекунад, рӯдаҳо ва гурдаро аз олоишҳо пок месозад, инчунин барои гармии майна, дарди чашм ва табҳои гарм даво мешавад.
Кадуро дар хамир печонида ва аз болояш гил молида, дар зери оташ дурустакак пухта, баъд обашро фишурда гирифта, 150 грамм аз он бо 35 грамм шакар ва бо шарбатҳои гуногуни гуворои сардмизоҷ биёшоманд, ҳарорати меъда, ҷигар, дил ва табҳои тези диқ (лоғаркунанда)-ро шифо мебахшад ва аксари бемориҳои тези гармро таскин медиҳад ва шифо мебахшад.
Абӯалӣ ибни Сино дар хусуси зот-ул-ҷанб (варами пардаҳои даруни сина) навиштааст, ки агарчи оби каду ба он фоида дорад, вале аз ҷиҳати дигар зарар ҳам дорад, бинобар он ки пешобро меронад. Кадуро пухта, бо сирко бихӯранд, низ барои табҳои тези сафровӣ, шикастани ҷӯшиши сафро ва хун, инчунин барои аксари бемориҳои гарми тез шифо мебахшад, низ зудтар аз меъда мефурояд. Агар инро бо гӯшт пухта бихӯранд, боиси зуд ва хубии ҳазми он мегардад; бо хӯришҳои мош, нахӯд, инчунин бо равғани бодоми ширин пухта бихӯранд, сурфаро дафъ мекунад, низоми феъли майна ва баданро сара мегардонад, ҳарорати ҷигар ва табҳои гармро хомӯш мекунад.
Кадуро бо гӯшти хурӯсчӯҷа ва ё бо мағзи тухми каду шурбо пухта бихӯранд, иллати беҳушшавӣ ва табҳои гарми беҳушкунандаро шифо мебахшад, инчунин заҳри ахлоти заҳрнокро дафъ мекунад ва дар ин бобат давои бемисл аст. Гӯшти кадуро кӯфта, аз рӯ бар меъда, ҷигар, гурда ва дигар узвҳои даруни шикам ва сина гузошта банданд, тафс ва сӯзиши онҳоро таскин медиҳад.
Пӯсти хушки кадуро кӯфта бихӯранд, барои бавосир ва хунравии узвҳои шикам даво мешавад. Хуллас, ҳамаи навъҳои каду барои одамони гарммизоҷ (сафровӣ ва хунӣ), ҷавонон, мардуми минтақаҳои гарм фоида дорад. Вале барои одамони сардмизоҷ (балғамӣ ва савдовӣ), ба пирон ва касони минтақаҳои хунук зарар дорад; ба иллати қулинҷ гирифтор мекунад, бодангез аст, ба меъда гаронӣ меоварад, иштиҳоро мебандад, балғам ва моддаҳои балғамӣ ва савдовӣ пайдо мекунад.
Кадуро бо қошуқи дандонадор тарошида, пухта, бо ҷурғот, ҳардал, сир (чеснок), мурч, намак ва наъноъ бихӯранд, баъд барои сардмизоҷон мувофиқ мегардад, вале гармизоҷонро ба ғайр аз бо намак ва камтар наъноъ хӯрдан раво нест.
Агар каду зарар кунад, илоҷаш қай фармудан аст ва бо шаҳдоб, қаранфули гардан, зира, пиёзаки саломалек, наъноъ ва чизҳои ҳазмкунандаи гарммизоҷ ва хушбӯй хӯрдан, инчунин пухтани он бо равған ва дохил кардани мурч, ҳардал, чизҳои гарммизоҷи дигар ва намак аст барои касони хунукмизоҷ. Вале барои касони гарммизоҷ ва сафровимизоҷон оби ғӯраи ангур, оби анор, сирко ва монанди инҳоро дохил намуда хӯрдан аст.
Кадуро бо шакар ё бо асал мураббо пухта бихӯранд, мӯътадилтарини мураббоҳост ва лазиз мегардад, майнаро қувват мебахшад, дар бадан хуни солим пайдо мекунад, моддаҳои савдовӣ ва бемориҳои аз бисёр гаштани савдо сарзадаро дафъ менамояд; агар дар меъда балғам бисёр набошад, ин зуд ҳазм мешавад, вале агар балғам мавҷуд бошад, худаш ба он мубаддал мегардад. Мураббои асалии каду барои хунукмизоҷон беҳтар ва муносибтар аст назар ба шакарии он. Кадуи дар сирко парвардашуда сабук ва ҳазмкунанда мебошад, ҷӯшиш ва фишори баланди сафро ва хунро паст мекунад, хусусан таъми майхуш (туршу ширин) гирифтаи он барои гарммизоҷон мувофиқ аст, вале инаш барои хунукмизоҷон зарарнок мебошад.
Пӯсти хушки кадуро сӯхта, ос карда бипошанд, рафтани хунро аз чароҳатҳо манъ мекунад, захмҳои хӯранда, захми закар ва решҳои хушкмизоҷро дафъ мекунад. Агар ин ордаки пӯсти сӯхтаи онро бо равғани нави гов сиришта гузошта банданд, сӯхтагии оташро ба ибро меоварад ва бо сирко сиришта гузошта банданд, доғи сафеди пӯстро шифо мебахшад.
Тухми кадуро кӯфта, бо орди ҷав сиришта, батакрор гузошта банданд, барои сӯхтагии оташ даво мешавад. Кадуро кӯфта гузошта банданд, сурхбод ва варамҳои гармро ба ибро меоварад.
Аз каду равған ҳам тайёр мекунанд ба ин тариқ. Оби гӯшти кадуи нав расидагиро гирифта, бо чоряк вазни он равғани кунҷид ё равғани бунафша ва ё ду баробари от равғани бодоми ширин ва ғайри он миқдор андохта, бо оташи мулоим то обаш батамом бухор шуда рафтан меҷӯшонанд — хислатҳои тиббии ин монанди равғани бунафша ва равғани нилуфар аст. Мизоҷи ин равған сард ва тар мебошад.
Хислатҳои шифобахши он: агар инро биёшоманд ва дар бинӣ чаконанд, ба баданҳои хушк об медавонад, майнаи хушкро рутубат мебахшад ва хушкии онро дафъ месозад, хоб меоварад; барои молихулиё, бехобии шадид, сурфаи гарм, диқ (иллати лоғаркунанда) шифо мебахшад ва агар бимоланд, сахтиҳои баданро мулоим мекунад.
Чун пӯсти кадуро ҷудо карда, хусусан, ки ҳанӯз тухмаш норасида ва хом бошад, ҳамаи қисмҳои он — гӯшт, шаҳм ва тухмашро бо чарбии гурдаи буз кӯфта, то хуб муҳарро шудан биҷӯшонанд ва баъд бигузоранд, ки хунук шавад, сонӣ равғани дар рӯяш бударо бигиранд. Ин равған дар ҳама хислатҳои тиббӣ, яъне дар бобати рутубат бахшидан, сард гардонидан ва ғайраҳо аз равғани каду қавитар аст дар он ҳолат, ки агар инро бо равғани кунҷид бисозанд.
Чун сари кадуро бурида, дар ҷойи холии даруни он рими оҳани кӯфтаро пур намуда ва даҳани онро бо ҳамон порчаи буридашуда маҳкам карда, чил рӯз бигузоранд, баъд оби онро гирифта, бо ҳино хамир созанду ба мӯй бимоланд, ранги хуб мешавад. Мизоҷи мағзи тухми каду дар дараҷаи дувум сард ва дар якум тар аст.
Хислатҳои шифобахши каду: мағзи тухмашро бихӯранд, баданро фарбеҳ мегардонад, барои дафъи дағалии узвҳои даруни сина, хун рафтан аз шуш, сурфаи гарм, ташнагӣ, табҳои гарм, захми рӯдаҳо ва хичак, ки ҳама аз бисёр гаштани моддаҳои тез ба амал омада бошанд, лоғарии гурда, сӯзиши пешоб (сӯзок) ва монанди инҳо даво мешавад.
Равғани тухмашро бихӯранд, бимоланд, бичаконанд ё дар бинӣ бирезанд, ё гузошта банданд, хушкии майна, бехобӣ, сил, табҳои гарм, дарди рӯдаҳо, ки аз ҷамъ шудани сафро бошад, дафъ мекунад ва давои беназир мебошад.
Равғани тухми кадуи ширинро бо ҷирми тухми он соида, гузошта банданд, захмҳои сар ва бадани кӯдакон, гӯшаи даҳан, баногӯш, закар ва дигарҳоро шифо мебахшад. Миқдори як бор хӯрдан аз тухми каду дар як рӯз то 32 грамм аст. Ба ҷойи ин мағзи тухми тарбуз, бодиринг ва тарраро истеъмол намоянд, раво мебошад.