Аҳволи аҳли меҳнат ниҳоят вазнин буд.[1] Ба ин муносибат маълумоти неҳзати Абрӯй ниҳоят муҳим аст. Ин маълумот аз як боби асари Абдурраҳмон Муҳаммади Нишопурӣ (асри ХI) – «Хазината-л-улум» («Хазинаи илмҳо») ба назар мерасад, ки онро Наршахӣ дар таҳрирҳои охирини «Таърихи Бухоро» ба китоби худ зам карда буд. Ба қавли Наршахӣ, Нишопурӣ навиштааст, ки мардум дар ноҳияи Бухоро аз давраҳои қадимтарин сокин будаанд: «Ва мардумон аз ҳар ҷониб омаданд ва он ҷо хуррамӣ гирифт. Ва мардумон аз ҷониби Туркистон омадандӣ ва бад-ин вилоят об ва дарахтон бисёр будӣ ва шикор бисёр будӣ. Он мардумонро ин вилоят хуш омад. Ин ҷо мақом карданд. Ва ба рӯзгор мардум гирд омаданд ва иморатҳо карданд. Ва мардум бисёр шуданд ва якеро баргузиданд ва амир карданд. Ва номи ӯ Абрӯй буд ва ҳанӯз ин шаҳр набуд». Подшоҳ худ дар Пойкент истиқомат дошта, шаҳрро «Қалъаи Дабусӣ» номиданд. «Ва чун рӯзгоре баромад, Абрӯй бузург шуд ва зулм пеш гирифт, бад-ин ноҳият, чунон ки мардум беш сабр натавонистанд кард. Деҳқонон ва тавонгарон аз ин вилоят бигрехтанд ва ба Туркистон ва Тироз шаҳре бино карданд. Ва он шаҳрро «Хамук» ном карданд, аз баҳри он ки деҳқони бузург, ки раиси он тоифа, ки аз он ҷо рафта буд, вайро «Хамук» ном буд… Пас он мардум, ки ба Бухоро монда буданд, ба наздики меҳтарони худ кас фиристоданд ва фарёд хостанд аз ҷабри Абрӯй.
Он меҳтарон ва деҳқонон ба наздикии подшоҳи туркон рафтанд ва номи он подшоҳ Қарочурин Турк буд…» Ӯ писари худ – Шери Кишварро бо лашкари зиёд равон кард. Шери Кишвар ба Бухоро омада, дар Пойкент Абрӯйро дастгир кард. Ӯ «бифармуд, то як ҷуволеро бузург аз кабти сурх пур карданд ва Абрӯйро дар он ҷувол карданд, то бимурд». Баъд аз ин Шери Кишвар ҳокими вилояти Бухоро шуд ва ба гурезагон фармон кард, ки ба ҷойҳои худ баргарданд, чун «ҳар кӣ тавонгар буд ва деҳқони бузург буд, гурехта буд ва дарвешон ва фақирон монда буданд. Чун он қавм бозомаданд, он қавм, ки бечора монда буданд, хидматгорони он қавм шуданд. Ва дар миёни он қавм деҳқони бузург буд, он деҳқонро «Бухорхудот» гуфтандӣ, аз баҳри он ки деҳқонзодаи қадим буд ва зиёъ бештар ӯро буд. Ва ағлаби ин мардумон кадеварон ва хидматгорони ӯ буданд».[2]
Олимон ин ривоятро борҳо тадқиқу таҳқиқ карданд. Аввал ақидае пайдо шуд, ки ривоят афсонаи оддӣ аст ва дар он, эҳтимол, дарёи Зарафшон ташхис дода шудааст ва ё худ инъикоси ривоятҳои ниҳоят қадимтарини маскуншавии водии Зарафшон мебошад.
Э.Захау ва К.Инострансев, ки машҳуртарин донандагони таърихи қади-мии Осиёи Миёна мебошанд, ривояти мазкурро маҳз ҳамин тавр маънидод мекунанд. И.Маркварт бори аввал дар як қатор асарҳои худ[3] ақидаеро пеш ниҳод, ки дар ин ривоят воқеаҳои реалии таърихӣ инъикос шудаанд. Зиёда аз ин, вай исбот мекунад, ки дар ин ривоят сухан аз муборизае меравад, ки турк-ҳову ҳайтолиён барои Суғд мебурданд, яъне сухан аз воқеаҳои солҳои 60-уми асри VI меравад. Дар асоси чандин муқоисаҳо вай тахмин мекунад, ки Абрӯй бояд яке аз шоҳони охирини ҳайтолиён бошад (дар омади гап, вай шакли «Абрез»-и ин номро қабул кардааст, дар яке аз дастнависҳо дучор мешавад).
С.П.Толстов ҳам фарзияи аҷиберо пеш ниҳод. Ба ақидаи вай, ин воқеаҳо дар охири солҳои 80-уми асри VI рӯй додаанд ва ба низову хархашаи дохили хоқонии турк нисбат доранд, ки дар натиҷаи он туркҳо ба воҳаи Бухоро ба тарзи оммавӣ муҳоҷир шуда буданд. Вай таклиф мекунад, ки ашхоси ривояти Нишопурӣ бо ашхоси реалии хоқонӣ, ки дар ҳамон давраҳо амал мекарданд, муқоиса карда шавад.[4] Вале ҳам дар фарзияи С.П.Толстов ва ҳам дар тахмини И.Маркварт ҷойҳои суст ҳастанд ва фарзияи вай ҳарчанд ҷолиби диққат бошад ҳам, алҳол дурустии он исбот нашудааст. Аз эҳтимол дур не, ки ин воқеаҳо андаке сонитар, яъне дар солҳои 90-ум рӯй додаанд[5].
Ба он тавсифе, ки С.П.Толстов ба ҷараёни ҳодисаҳо додааст, розӣ шудан аз имкон берун мебошад, вале дар айни ҳол вай дуруст хулоса мебарорад, ки ин неҳзат хусусияти аёни иҷтимоӣ дошт. Дар ин мубориза ва умуман дар ҳама гуна мубориза нисбати этникӣ ҷиҳати ҳалкунанда нест. Муҳоҷирони оддии турк, ки дар ин кишвар сокин буданд ё сокин мешуданд, ҳамдаму ҳамрози суғдиёни камбағал буданд. Ва баръакс, аъёну ашрофи Суғд бо аъёну ашрофи туркҳо аз як гиребон сар мебардоштанд. Ба ҳамин тариқ, мувофиқи ривояти Нишопурӣ ва як қатор дигар мадракот гуфтан мумкин, ки Осиёи Миёна арсаи муборизаи шадиди синфӣ буд ва сабаби ин мубориза ҳамин буд, ки деҳқонон мекӯшиданд ба гардани аҳли озоди ҷамоат юғи истисмор андозанд.
[1] Л.Н. Гумилев менависад: «Деҳrонону тоҷирони Суuд аз хонҳои хоrонии uарбии тюркют (турк– Б.U.) ин rадар некӣ диданд, ки худашон такягоҳи мустаҳками тахт шуданд». Баъд дар бораи дар асри VII равнаrу ривоҷ ёфтан иrтисодиёту маданияти Осиёи Миёна сухан ронда, ба чунин хулоса меояд: «вале тамоми ин беҳбудӣ натиҷаи ба хони тюркют итоат доштани Суuд мебошад» (Гумилев Л.Н., 1967 а, с.152). Ин хулосаҳо (алалхусус, хулосаи дувум) uояти хориrа мебошад, зеро ба фактҳо мутлаrо хилоф аст. Л.Н. Гумилев аз мадракоти сарчашмаҳои таърихӣ дур меравад ва бар замми ин фаромӯш мекунад, ки ҳодисаҳои таърихиро фаrат аз нуrтаи назари муборизаи синфӣ таҳлил кардан даркор.
[2] Наршахӣ, с. 5–7.
[3] Маrquart J., 1901, s. 309; 1938, s. 147–148.
[4] Толстов С.П., 1948 а, с. 248 ва мобаъд.
[5] Мандельштам А.М., 1964, с. 48.