АСОСӢ / Таърихи тоҷикон / Неҳзати Абӯмуслим

Неҳзати Абӯмуслим

Абӯмуслим аслан аз оилаи барзгар баромада, бар тибқи баъзе маълумот, дар аввалҳо ғулом будааст. Абӯмуслим дар наздикии бузургтарин шаҳри Хуросон – Марв қароргоҳи худро таъин намуда, ҳамчун «як шахси боэътимоди хонаводаи пайғамбар» барои сафарбар кардани аҳли шиа ва дигар одамони норозӣ бо тамоми ҷиддият кор мебурд. Ин унвони боэътимодро ба Абӯмуслим Аббосиён дода буданд, зеро амалиёти таблиғотии ӯ ба манфиати онҳо равона шуда буд. Вақте ки замина ҳозир шуд, 9 июли соли 747 Абӯмуслим байрақи сиёҳро, ки аз они Аббосиён буд, барафрошта, халқро ба муборизаи ошкоро даъват намуд.

Даъвати Абӯмуслим дар байни ҳам арабҳо ва ҳам халқҳои мутеи хилофат муваффақияти калоне пайдо кард. Муаллифи арабизабон Абӯҳанифаи Диноварӣ чӣ навъ афзудани қувваҳои аскари Абӯмуслимро ба ин тариқа фасеҳ тасвир менамояд: «Мардуми ҳирот, Фушанҷ, Марворруд, Толиқон, Марв, Нисо, Абевард, Тӯс, Нишопур, Сарахс, Балх, Чағониён, Тахористон, Хатлон, Кеш  ва Насаф бо аҷала ба назди Абӯмуслим ҳаракат мекарданд. ҳамаи онҳо ба аломати ҳамрайъӣ либоси худро ранги сиёҳ заданд, инчунин нимаи гурзҳои чӯбиашонро сиёҳ карданд… Ин мардум савори аспу хар ва ё пиёда харҳои худро пеш давонида ва ба онҳо «Харро Марвон!» – гӯён фарёд зада, яъне халифаи Марвон ибни Муҳаммадро тамасхуркунон ба хар нисбат дода, ба ин ҷониб меомаданд ва иддаи онҳо 100 000 нафар буд».[1] Даста-даста арабҳои Яман, ки шӯриши онҳо чанде пеш фурӯ нишонда шуда буд, дар таҳти байрақи Абӯмуслим гирд меомаданд. ҳатто ғуломон, ки аз ин неҳзат ба сабук шудани ҳолати табоҳи худ умедвор буданд, ба қувваи ҳарбии ӯ ҳамроҳ мешуданд.

Қоиммақоми Хуросон — Наср ибни Сайёр, ки тамоми бори вазнини муборизаи зидди Абӯмуслим ба зиммаи ӯ афтодаabumuslim_arab буд, дар бобати муттаҳид кардани арабҳо ба муқобили ин неҳзат хеле кӯшишҳои бефоида ба харҷ дод. Аъёну ашрофи тоифаҳои ҷудогонаи араб, ки пай дар пай барои ҳокимият мубориза мебурданд, дар ин вақт ба ҷаҳду талоши худ бештар вусъат дода буданд. Дар дохили қабилаҳои араб протсесси тақсимоти синфӣ босуръат ба амал омада, бисёрии арабҳо, алалхусус онҳое, ки аз табақаҳои фақир буданд, ба таҳти байрақи Абӯмуслим қарор мегирифтанд.

Дар аввали соли 748 Наср ибни Сайёр маҷбур шуд, ки пойтахти Хуросон шаҳри Марвро ба қиёмкунандагон гузошта, тарафи Нишопур ақиб нишинад. Лекин яке аз сарлашкарони Абӯмуслим, ки таъқиб кардани Наср ибни Сайёрро ӯҳдадор шуда буд, дар наздикии Нишопур ба қувваи ҳарбии ӯ зарбаи ҳалокатовар расонид ва гуфтан мумкин аст, ки ҳатто худи ҳамин муҳориба ғалабаи асосии шӯришро таъмин намуда, тақдири хилофати Умавиҳоро ҳал кард. Агарчанде халифаи Марвон тамоми қувваи дар ихтиёраш бударо ба кор дароварда, шӯришчиёнро шикаст дод ва Имом Иброҳими Аббосро дар пеши назари умум ба қатл расонид, лекин ин ҳам хилофати Умавиҳоро аз суқут наҷот дода натавонист. Шӯришчиён дар Ироқ ба қӯшунҳои ӯ якчанд зарбаи сахт дода, бузургтарин маркази хилофат — шаҳри Димишқро ишғол намуданд.

Ба ҳамин тариқ, он лашкаре, ки Абӯмуслим дар вилоятҳои шарқии хилофат асосан аз аҳолии Осиёи Миёна ва аз арабҳои мухолифи сиёсати Умавиҳо ташкил дода буд, дар соли 750 қувваҳои ҳарбии охирин намояндаи хонадони Умавияро торумор карда, хилофати ин силсиларо аз миён бардошт.

Ба сари ҳокимият Аббосиён омаданд. Лекин Аббосиён, чунон ки интизор мерафт, дар бораи оммаи асосии шӯришчиён, ки бо ташаббус ва фаъолияти онҳо ба тахти хилофат соҳиб шуда буданд, чизе фикр накарданд. Ваъдаҳои ба халқ додаи онҳо иҷро нагардид, Абӯмуслим ҳам, ки қоиммақоми Хуросон таъйин шуда буд, дар ин бора хомӯш монд.

Вақте ки суғдиён дар бораи вафо кардан ба аҳди худ, ҳатто ният надоштани Аббосиён ва Абӯмуслимро яқинан донистанд, дар Бухоро бо сардории Шарик ибни Шайх шӯриш намуданд. Абӯмуслим ба муқобили шӯришчиён қӯшуни даҳҳазора фиристод. Аммо шӯриш то дараҷае пурқувват буд, ки фақат бо кӯмаки бухорхудот Қутайба ибни Туғшода, ки ба муқобили аҳолии заҳматкаши Бухоро лашкари бо нафароти қӯшуни фиристодаи Абӯмуслим баробар бударо равона сохт, фурӯ нишондани он имконпазир гардид.

arab-abumuslim

Абӯмуслим дар мубориза бар зидди императори Хитой, ки аз ҷангҳои дохили хилофат истифода намуда, хост ҳукмронии худро дар Осиёи Миёна барқарор кунад, низ ҳамчун ҳомии ғаюри хилофати Аббосиён фаъолият нишон дод. Дар соли 751 дар муҳорибаи шадиде, ки дар соҳили наҳри Талас, наздикии шаҳри кунунии Ҷамбул рух дод, қӯшуни арабҳо бо сардории яке аз сарлашкарони Абӯмуслим ба торумор намудани лашкари императори Хитой муваффақ гардид.

Бо вуҷуди он ки Абӯмуслим чи бо душманони хориҷӣ ва чи бо ҷунбишҳои дохилии зидди Аббосиён мубориза бурда, онҳоро самимона тарафдорӣ мекард, Аббосиён ба вай он қадар бовар надоштанд ва хавф мебурданд, ки ӯ рӯзе ба тахти хилофат даъво хоҳад кард. Ин хавф ба дараҷае расид, ки дар соли 755 халифа Абӯҷаъфар ал-Мансур (754-775) Абӯмуслимро ба ҳузури худ талабида, ӯро дар қасри худ аҳдшиканона қатл намуд.[2]

[1] Диноварӣ, 1888, с. 359-360.

[2] Бартольд В.В., 1963 б, с. 252–255; Якубовский А.Ю., 1954 а, с. 19-26, Моsсоаti S. 1949–1950; Spulӯr В., 1952, s. 34–50.

Инчунин хонед инро

uli_somoniyon

МУОМИЛОТИ ПУЛ АСРИ ХII

Тараққиёти қувваҳои истеҳсолкунанда, беш аз пеш ҷудо шудани касбу ҳунар аз хоҷагии қишлоқ, инкишофи минбаъдаи …