АСОСӢ / Таърихи тоҷикон / Адабиёти бадеӣ ва таърихнигории тоҷик дар асри ХVI

Адабиёти бадеӣ ва таърихнигории тоҷик дар асри ХVI

Адабиёти бадеӣ ва таърихнигории тоҷик дар асри ХVI

Чи навъе ки дар боло қайд карда шуд, адабиёт ва фан, ки дар замони   ҳукмронии Улуғбек хеле пеш рафта буд, ба зудӣ пас аз марги ӯ дар натиҷаи таъсири иртиҷопарастонаи рӯҳониёни ислом ва дарвешон ба ҳаёти ҷамъиятӣ, рӯ ба таназзул ниҳод. Ин ақибравӣ, махсусан, дар аҳди султон Абӯсаид хеле тақвият пайдо намуд. Он вазъияти сиёсӣ, ки аз аввалҳои асри ХVI дар ин мамлакат фароҳам омад, ба ҳаёти адабӣ ва фаннӣ зарбаи боз ҳам сахттаре расонид. Роли рӯҳониёни иртиҷоии ислом ниҳоятдараҷа пурқувват гардида, беш аз пеш ба тараққиёти афкори илмӣ монеъ мешуд. Дар натиҷаи ин ҳирот аз аввалҳои асри ХVI ҳамчун як маркази мадании халқҳои Осиёи Миёна аҳамияти худро аз даст дод. Намояндагони илму фан, адабиёт ва санъат ба ҳар тарафи мамлакат пароканда гардиданд.

Агарчанде дар нимаи дувуми асри ХVI шаҳри Бухоро ҳамчун маркази маданӣ сар бардошта, сол аз сол шумораи мадрасаҳо зиёд гардид, лекин дар ин мадрасаҳо асосан илмҳои динӣ омӯхта мешуданд. Бо вуҷуди ин адабиёт ва илму фанни дунявӣ низ дар ин давра то як дараҷа ривоҷ ёфт. Хоҷа ҳасани Нисорӣ ном муаллифи тазкираи назми Бухоро, ки дар нимаи дувуми асри ХVI тартиб ёфтааст, 250 нафар ходимони илму адаби давраи ҳукмронии Убайдуллохон ва писари ӯро ном мебарад. Аксари ходимони зикркардаи Нисорӣ дар адабиёт ва санъат осори намоёне аз худ боқӣ нагузошта бошанд ҳам, ин рақам аз хеле равнақ ёфтани афкори адабиву илмии он замон шаҳодат медиҳад. Барои тараққиёти минбаъдаи илму фан ва адабиёт зҷодиёти фақат иддаи каме аз онон аҳамият пайдо кардааст. Аз байни адибони он давра, махсусан, фаъолияти Восифиро баяд хотирнишон намуд.

Зайниддини Восифӣ дар соли 1485 таваллуд ёфтааст. Ӯ то соли 1512 дар ҳирот зиста, пас аз суқути салтанати Темуриён ба хидмати Шайбониён мегузарад ва то солҳои 30-юми асри ХVI дар Бухоро, Самарқанд, Тошканд ва дигар шаҳрҳои Осиёи Миёна умр ба сар мебарад. Восифӣ ба ғайр аз ашъор асари хеле ҷолиби таваҷҷӯҳи саргузаштие бо унвони «Бадоеъ-ул-вақоеъ» дорад. Ӯ дар ёддоштҳои худ симои шаҳрҳои онзамонаро ба таври барҷаста тасвир намуда, русуми адабии ҳиротро дар давраи Навоӣ ва ҳаёти шоирони дарбори аҳди Шайбониёнро нишон медиҳад. Восифӣ ҳамчун нависандаи зарофатписанд ва мушоҳидакор дар шакли нафиси ҳаҷв бисёр нуқсонҳои усули идораи давлати хониро ифшо менамояд.[1]

Шоир ва муаррихи номӣ Камолиддини Биноӣ (соли таваллуд 1453, соли қатл 1512) ҳамзамони Восифист.[2] Ӯ дар ҳирот аз оилаи устои ҳунарманди бинокор ба дунё омада, дар овони ҷавонӣ чанд солро дар Шероз, пас дар — Табрез дар дарбори султон Яъқуб ба сар бурдааст. Соли 1491 ба зодгоҳаш шаҳри ҳирот баргашта, аммо ба сабаби фитнаву дасисаҳои аҳли дарбор, ки аз бухлу ҳасад нисбат ба ӯ – шоири боистеъдоди аз табақаи «паст» баромада сар мезад, дере нагузашта дар соли 1495 ба Самарқанд ҳиҷрат намуд. Ӯ дар он ҷо шоҳиди ҷангу низоъҳои байни ворисони салтанатталаби Темуриён ва Шайбониён гардид. Баъди Самарқандро забт кардани Муҳаммад Шайбонихон ба хидмати дарбори ӯ дохил шуд ва ҳамроҳи лашкари шайбонӣ дар соли 1507 ба ҳирот бозгашт намуд. Пас аз фавти Шайбонихон (с. 1510) ва ҳиротро тасарруф кардани Сафавиён ӯ ба Қаршӣ рафт ва баъди ду сол дар он ҷо ҳангоми қатли оми мардуми бегуноҳ, ки лашкари сафавӣ ба роҳ андохта буд, кушта шуд.

Биноӣ шоири забардаст ва мутриби моҳире буд. Ба қалами ӯ чанд рисола ва намунаҳои насри бадеӣ низ тааллуқ доранд. Яке аз офаридаҳои барҷастаи ӯ маснавии «Беҳрӯзу Баҳром» аст, ки дар он фикрҳои тарбиявию ахлоқӣ ва ақидаҳои иҷтимоию ҷамъиятии шоир баён ёфтаанд. Муаллиф заъфу сустиҳои инсонро мавриди мазаммат қарор дода, нуқсонҳо ва носозгориҳои муҳити феодалӣ, ахлоқи вайрони аҳли ҷоҳу сарват ва рӯҳониёни мутаассибро ба зери тозиёна мегирад ва хулқу атвори писандидаи одамиро сутуда, зарурати касби илму донишро боисрор таъкид менамояд. Бо вуҷуди он ки шеъри ахлоқӣ дар назми форсу тоҷик собиқаи хеле ғанӣ дошт, Биноӣ дар маснавии худ бисёр фикру ғояҳои навро ифода карда, тавонист ба ин жанри анъанавӣ хусусиятҳои тоза бахшад.

Ғазалиёти Биноӣ асосан ба равияи ғазалсароии асри ХV офарида шудаанд, вале дар ин маврид ҳам ӯ ба шеър лаҳзаҳои тарҷумаиҳолӣ ва унсурҳои танқиди ҳукмдоронро дохил намуда, дар пеши назар ҳамчун шоири навпардоз намоён мегардад.

Аз асарҳои таърихии Биноӣ, қабл, аз ҳама «Шайбонинома» ва нусхаи такмилёфтаи он «Футуҳоти хонӣ»-ро, ки дар байни солҳои 1504–1510 таълиф ёфтааст, бояд зикр кард. Ин асарҳо, ки асосан ба наср навишта шуда, фиқраҳои шеърӣ ҳам доранд, тасвири воқеаҳои зиндагӣ ва саргузашти Шайбонихонро дар бар мегиранд. Фарқи ин ду асар аз дигар асарҳои таърихии он замон ин аст, ки дар онҳо руҷӯъҳои пандуахлоқӣ мавҷуданд. Зоҳиран, чунин ба назар мерасад, ки муаллиф соддадилона хостааст бо ин восита ба табақаи ҳукмрони замони худ таъсир намуда, то ҳадди имкон пеши зулму тааддӣ ва худсариҳои ононро бигирад.

Биноӣ намояндаи типии табақаи миёнаи шаҳриён буд ва аз ҳамин мавқеъ нуқсонҳои маҳофили ҳукмрони замонашро танқид мекард. Ӯ давомдиҳандаи боистеъдоди беҳтарин анъана ва суннатҳои адабиёти классикии форсу тоҷик дониста мешавад, ки дар асарҳояш вазъи таърихии Осиёи Миёнаи асри ХV ва ибтидои асри ХVI ба таври возеҳу равшан инъикос ёфтааст.

binoiЯк вақтҳо дар баъзе асарҳо аз рӯи ишораи муаррихон роҷеъ ба кудурати гоҳ-гоҳ нисбат ба Навоӣ доштаи Биноӣ иштибоҳан чунин ақидае дучор меомад, ки гӯё Биноӣ муқобили тараққиёти адабиёт ва забони ӯзбекӣ бошад. Аммо, дар ҳақиқати ҳол, Биноӣ ба шеърҳои ӯзбекӣ ва тоҷикии Навоӣ баҳои баланд медод, пас аз фавти Навоӣ дар таълифоташ ӯро ба некӣ ёд мекард ва ҳатто худаш ҳам ба ӯзбекӣ шеър мегуфт. Дар он замон аслан «ягон ҳаракати зидди забони ӯзбекӣ» вуҷуд надошт. ҳаёт ва эҷодиёти Биноӣ, баръакс, шоҳиди муносибатҳои хеле наздики дӯстона дар байни арбобони маданияти ду халқи бародар мебошад.

Дигар аз шоирони соҳибқареҳаи он давр Бадриддини ҳилолист.[3] Ӯ низ монанди Биноӣ ба доираи мадании ҳирот мансубият дорад. ҳилолӣ тахминан соли 1470 дар Астаробод таваллуд ёфта, соли 1491 ба мақсади давом додани таҳсил ба ҳирот меравад ва то охири умр дар он ҷо зиндагӣ ба сар мебарад. Соли 1529 ӯ дар натиҷаи ҳаҷвияи ба Убайдуллохон навиштааш ба шиагароӣ айбдор гардида, бо фармони ҳукмрони вақт ба қатл мерасад. Дар эҷодиёти ҳилолӣ мавқеи асосиро ғазал ишғол менамояд. Ғазалиёти дилрабо ва шӯрангези ин шоири ширинкалом то имрӯз дар саросари Тоҷикистон вирди забони мардуманд. Забони фасеҳ, санъати нафис ва оҳанги дилнишин ба ғазалҳои ӯ ҳусни махсусе бахшидаанд. Ғайр аз девони ғазалиёт ба қалами вай боз се достон – «Лайлӣ ва Маҷнун», «Сифот-ул-ошиқин» ва «Шоҳу дарвеш» тааллуқ дорад.

Эҷодиёти шоирони нимаи аввали асри ХVI то ҳол ба дараҷаи кофӣ омӯхта нашудааст. Шубҳае нест, ки дар назми ин давра, назар ба асри ХV, ҷиҳатҳои шаклпарастӣ, суханороиҳои каммазмун ва рангомезиҳои аз ҳад афзун қувват гирифта, таназзули маҳорат мушоҳида мешавад, ки ин ҳолат самараи таъсири шароити таърихист.

Дар нимаи дувуми асри ХVI, пас аз он ки Абдуллохони II ҳокимияти мутамаркази худро ба вуҷуд овард, ҳаёти адабӣ дубора эҳё гардид. Дар ин давра аз доираи ҳунармандон як зумра шоирони барҷаста дар арсаи адабиёт зуҳур намуданд, ки аз байни онҳо, пеш аз ҳама, Абдурраҳмони Мушфиқиро (1538–1588) бояд ном бурд. Ба ривояте, Мушфиқӣ дар Бухоро аз хонаводаи ҳунарманде ба дунё омада, замоне дар Самарқанд низ иқомат кардааст. Вай дар шоирӣ шӯҳрат ёфта, барои мақоми дуруст пайдо кардан дар дарбори султон Саид кӯшишҳо намуд, вале ба ин комёб нашуд. Сипас роҳи Деҳлиро пеш гирифта, ба хидмати дарбори шоҳ Акбар дохил гардид, ки ду қасидаи ӯ ба васфи ин ҳукмрони ҳинд бахшида шудаанд. Мушфиқӣ соли 1567 ба Бухоро баргашта, ба дарбори Абдуллохон кашида шуд ва ба дараҷаи «маликушшуаро» расид.

Мушфиқӣ бо вуҷуди манзилати дар дарбор доштааш ва маҳорати баландаш дар қасидасароӣ (ӯро охирин шоири бузурги мадеҳасарои Осиёи Миёна мешуморанд) ҳамчун суханвари аз байни мардум баромада аз рӯи завқу тамоюли худ, пеш аз ҳама, шоири лирик ва ҳаҷвгӯ буд, хусусан, ғазалҳои ошиқона ва рубоиёти хуби ӯ шӯҳрати зиёде пайдо кардаанд. Аммо қасидаҳои дабдабанокаш қариб фаромӯш шудаанд. Дуруст аст, ки дар яке аз қасидаҳои худ ба огоҳ кардани подшоҳ аз аҳволи бади деҳқонон ҷуръат намудааст.

Девони ҳаҷвиёти Мушфиқӣ, ки дар онҳо одамони мухталиф, беш аз ҳама шоирон, мавриди истеҳзо қарор гирифтаанд, дар байни мардум хеле машҳур аст. Мушфиқӣ дар фолклори тоҷик тимсоли ширинкореро ба худ гирифта, қаҳрамони дилписанди латифаҳо гардидааст. Ин латифаҳо аввал дар байни ҳунармандон паҳн шуда, сипас тадриҷан шӯҳрати умумӣ пайдо мекарданд. Мушфиқӣ дар ҳаҷвия ва латифаҳои халқӣ чун марди шаккок ва «халалдоркунандаи оромиҳо» тасвир мешавад.

Ин аст намунае аз шеъри ҳаҷвии ӯ, ки дар тақсими мерос навишта ва дар ин нобаробарҳуқуқии занон ифшо гардидааст:

ҳамшира, харҷи мотами бобо аз они ту,

Сабр аз ману тараддуди ғавғо аз они ту.

Анбори пур зи ғаллаи бобо аз они ман,

Он коҳҳои монда ба саҳро аз они ту.

Танбӯри пур зи хотами бобо аз они ман,

В-он нағмаҳои тарна-таранно аз они ту.

В-он ҷои хоби мондаи бобо аз они ман,

Тасбеҳи пора-пораи бобо аз они ту.

Дастор, ҷома, фӯтаи бобо аз они ман,

Бетоқативу нолаи шабҳо аз они ту.

Кафгиру дегу дегчаи бобо аз они ман,

Дастгиру дегхонаи бобо аз они ту.

ҳамёни пур зи тангаи бобо аз они ман,

Занги фулуси мондаи бобо аз они ту.

Ҷумла гилему қолини бобо аз они ман,

В-он нақшҳои мондаи бӯрё аз они ту.

Аз рӯи ҳавлӣ то ба лаби бом аз они ман,

Аз пушти бом то ба Сурайё аз они ту.[4]

Дар асри ХVI таърихнигорӣ ҳам ба тараққиёти худ давом намуд. Чунин асарҳои барҷастаи таърихӣ, аз қабили «ҳабиб-ус-сияр фӣ ахбори афрод-ил-башар»-и Хондамир, ки воқеаҳои таърихи умумӣ ва тарҷумаи ҳоли одамони машҳурро баён карда, шарҳи ҳодисаҳоро то охирин муборизаи Шайбонихон ва шоҳ Исмоил (с. 1510) расонидааст; «Меҳмонномаи Бухоро»-и Фазлуллоҳи Рӯзбеҳон, «Абдуллонома»-и ҳофизи Таниш ба вуҷуд омаданд, ки барои омӯхтани таърихи Осиёи Миёнаи асри ХVI аз муҳимтарин сарчашмаҳо ҳисоб мешаванд. ҳофизи Таниш шоири соҳибдевон ҳам буд, вале девони ӯ мутаассифона, то замони мо нарасидааст.

[1] Болдырев А. Н., 1957; Айнй С., 1956.

[2] Дар бораи ӯ ниг.: Мирзоев А., 1957.

[3] Дар бораи ӯ ниг.: Айнӣ К., 1957.

[4] Мушфиrӣ, 1958.

Инчунин хонед инро

uli_somoniyon

МУОМИЛОТИ ПУЛ АСРИ ХII

Тараққиёти қувваҳои истеҳсолкунанда, беш аз пеш ҷудо шудани касбу ҳунар аз хоҷагии қишлоқ, инкишофи минбаъдаи …