Аллергия – ин аксуламали музмини системаи масъунияти организми одам ба маводу маҳсулотҳое аст, ки маъмулан безарар ҳастанд. Нишонаҳои (симптомҳои) аллергия метавонанд дар ҷойҳои гуногуни организм пайдо шаванд, шояд аз як чанд дақиқа то якчанд соат давом кунанд ва аз ҷиҳати дараҷаи вазнинӣ хеле гуногун бошанд.
Садамоти (шоки) анафилактикӣ Садамоти (Шоки) анафилактикӣ – ин вокуниши номувофиқи (ғайриадекватии) организм ба ягон аллергени муайяне мебошад. Он барои ҳаёти инсон хавфнок аст.
Омоси (варамшавии) Квинке Омоси (варамшавии) Квинке – ин аксуламали аллергии музмин ва барои ҳаёти инсон хатарнок мебошад, ки дар шакли пайдошавии омоси паҳншудаи пӯст, ҳуҷайраҳои зери пӯст ва мушакҳо (фасций) ба назар мерасад
Вараҷаи хасбедагӣ (Сенная лихорадка) Вараҷаи хасбедагӣ (Сенная лихорадка) — дар асл вараҷа (табларза/талвоса) нест, балки ин худ аксуламали аллергие мебошад, ки бо хурӯҷи атсазанӣ, зукком ва маҳкамшавии бинӣ. ҳамроҳӣ карда мешавад.
Аллергия
Аллергия – ин аксуламали музмини системаи масъунияти организми одам ба маводу маҳсулотҳое аст, ки маъмулан безарар ҳастанд. Нишонаҳои (симптомҳои) аллергия метавонанд дар ҷойҳои гуногуни организм пайдо шаванд, шояд аз як чанд дақиқа то якчанд соат давом кунанд ва аз ҷиҳати дараҷаи вазнинӣ хеле гуногун бошанд.
Маълумотҳои умумӣ
Аллергия метавонад ба пашми баъзе намудзҳои ҳайвонот, маводҳои хӯроквории гуногун, чангу ғубор, доруҳо, маводҳои кимиёвӣ, газидани ҳашаротҳо ва гарди гулҳо пайдо шавад.
Маводҳое ки боиси пайдошавии аллергия мегарданд, аллергенҳо номида мешаванд. Дар баъзе ҳолатҳо аксуламалҳои аллергӣ чунон сабук мегузаранд, ки ҳатто шояд шумо умуман нафаҳмед, ки аллергия доред.
Аммо аллергия метавонад, баръакс аз ҳад зиёд хатарнок ва ҳатто барои ҳаёт таҳдидкунанда низ бошад. Дар одамоне ки гирифтори аллергия ҳастанд, шояд садамоти анафилактикӣ пайдо шавад, ки ҳолати вазнини патологӣ мебошад ва шояд бо аксуламали аз ҳад зиёд шадиди организм бо аллерген алоқаманд бошад. Садамоти (шоки) анафиалактӣ метавонад аз сабаби аллергенҳои гуногун, аз қабили маводҳои доруворӣ, газидани ҳашаротҳо, маводҳои хӯрокворӣ, пайдо шуда бошад. Садамоти анафилактӣ инчунин метавонад аз сабаби ба пӯст расидани аллерген, масалан бо латекс, пайдо шавад.
Аллергия ба маводҳои хӯрокворӣ ин аксуламали масъуниятӣ мебошад, ки аз маводҳои муайяни хӯрокворӣ ба вуҷуд меояд ва бо нишонаҳои (симптомҳои) маълум ҳамроҳӣ карда мешавад. Аллергия ба маводҳои хӯрокӣ вақте ба вуҷуд меояд, ки организм ягон намуди маводи хӯроквориро ба таври иштибоҳӣ ҳамчун хатар барои организм қабул мекунад ва барои худмуҳофизаткунӣ системаи масъуниятро маҷбур мекунад, ки антителаҳоро коркард карда барорад. Ҳангоми боз дубора истеъмол кардани аллерген системаи масъуният аллакай ба зудӣ ин маводро мешиносад ва фавран аксуламал (вокуниш) нишон медиҳад ва антителаҳоро коркард карда мебарорад. Айнан ҳамин маводҳо нишонаҳои аллергиро ба вуҷуд меоранд. Аллергия ба маводҳои хӯрокворӣ қариб ки ҳама вақт ба ҳамин тариқ инкишоф меёбад.
Дар баъзе ҳолатҳо дар калонсолон, он намуди аллергияҳое ки дар синни хурдсолиашон мушоҳида карда мешуданд, аз байн мераванд. Аммо агар аллергия акунун фақат дар синни калонсолӣ пайдо шуда бошад, аз он халос шудан хеле мушкил аст.
Зуккоми аллергӣ (мутахассисон ин ҳолатро ринит меноманд) ё вараҷаи хасбедагӣ (сенная лихорадка) дар ҳар яке аз даҳ (1/10) нафарӣ мушоҳида карда мешавад, дар аксар мавридҳо меросӣ (авлодӣ) аст. Одамоне ки дигар намуди бемориҳои аллергӣ, масалан астмаи бронхиалӣ ё шукуфа (экзема) доранд, дар аксар мавридҳо аз зуккоми аллергӣ низ азият мекашанд. Ин гуна шакли аллергия назар ба мардҳо бештар дар занҳо мушоҳида карда мешавад. Ҳангоми гирифторшавӣ ба зуккоми аллергӣ шояд нишонаҳои зерин пайдо шаванд: хориш дар чашмон, дар гулӯ, дар бинӣ ва дар ком, атсазанӣ ва инчунин маҳкамшавии бинӣ, обравӣ аз чашмон, обравии луобӣ аз бинӣ, конъюнктивит (сурхшавӣ ва дарди чашмон). Дар ҳолатҳои вазнин зуккоми аллергӣ метавонад хурӯҷи астма (дар одамоне ки аз астма азият мекашанд) ва ё шукуфаро (экземаро) ба бор орад.
Сабабҳои ба вуҷуд омадани аллергия
Дар баъзе одамон системаи масъуният бар зидди баъзе маводҳои муайяне (аллергенҳо), моддаҳои кимиёвии гуногунеро коркард карда мебарорад ва ба таври шадид аксуламал нишон медиҳад. Яке аз онҳо гистамин буда, нишонаҳои аллергиро пайдо мекунад. Аксуламали организм метавонад дар натиҷаи бо нафас ба дарун кашидани ин аллерген, бо пӯст тамос гирифтани он, ворид кардани аллерген ё бо хӯрок истеъмол кардани он ба вуҷуд ояд. Ба сифтаи аллерген пашми ҳайвонҳо, пашмаки дарахтон, маводҳои хӯрокӣ, маводҳои ороишӣ (косметикӣ), маводҳои доругӣ, гарди гул ва дуди сигор мисол шуда метавонанд.
Нишонаҳои (симптомҳои) аллергия
Аксуламали аллергӣ метавонад дар ҷойҳои гуногуни бадан пайдо шавад, аммо нишонаҳои он метавонанд аз якчанд дақиқа то ба якчанд рӯз мушоҳида карда шаванд.
— Роҳҳои болоии нафаскашӣ: вараҷаи хасбедагӣ (сенная лихорадка), астма;
— чашмони сурхшуда ва обрав;
— дард ва илтиҳоби буғумҳо;
— сӯзгиёҳ (газна/крапивница), шукуфа (экзема);
— шикамравӣ, қайкунӣ, исҳол (дарунравӣ).
Оризаҳо
— садамоти (шоки) анафилактикӣ (аксуламали вазнини аллергӣ);
— нафаскашии душворшуда ё виззоссӣ;
— набзи тезтапанда;
— арақи хунук;
— пӯсти часпак;
— сӯзгиёҳ;
— ихтилоҷи меъда (желудочные спазмы);
— сарчархзанӣ;
— дилбеҳузурӣ;
— сакта (коллапс) (ноҷӯрии шадиди рагҳо);
— рагкашиҳо (ихтилоҷҳо).
Ҳангоми мавҷуд набудани ёрии тиббӣ ҳолати аллергияи вазнин метавонад ба фавтшавӣ бурда расонад.
Шумо худатон чӣ кор карда метавонед
Аксуламалҳои сабуки аллергӣ боиси пайдо шудани зукком, обравии чашмон ва дигар нишонаҳои ба бемориҳои хунукзадагӣ монанд, шуда метавонанд. Инчунин шояд каме доначаҳои хоришкунанда низ пайдо шаванд. Агар шумо дар худатон ё дар шахсони наздикатон тез – тез ҳамин гуна аксуламалҳоро мушоҳида кунед, пас бояд ба духтур муроҷиат намоед.
Дар ёд дошта бошед, ки дар ҳолати садамоти анафилактӣ, аллергия ба тамоми организм таъсирашро мерасонад. Садамоти анафилактӣ метавонад дар давоми 15 дақиқа пас аз истеъмол кардани аллерген (барангезанда) ба амал ояд, барои ҳамин бояд чораҳои таъҷилӣ андешида шаванд (бояд ёрии таъҷилӣ даъват карда шавад).
Аз маводҳои хӯрокворӣ, доруворӣ ва дигар маводҳое, ки шумо боре ба онҳо аллергия доштед, худдорӣ намоед.
Бояд дӯстони шумо, хешовандон ва ҳамкоронатон дар бораи ба кадом чизҳо аллергия доштани шумо бохабар бошанд. Ҳамеша ба ҳамаи духтурон (аз он ҷумла стоматологҳо, косметологҳо ва ғайра) дар бораи ҳама гуна аксуламалҳои аллергиатон, махсусан дар бораи ба кадом маводҳои доругӣ аллергия доштанатон, гуфта монед. Ин ҳам ба доруҳои бо дорухат (ресепт) тавсияшванда ва ҳам бе дорухат тавсияшуда дахл дорад, Пеш аз истеъмол кардани ҳама гуна доруҳо, аввал бодиққат бо коғазпеч ва тавсияномаи (дастурамали) он шинос шавед.
Ҳангоми шаклҳои сабуки зукком барои бартараф кардани нишонаҳои он аз қатраҳои зиддиомосӣ ва доруҳои пошшаванда истифода баред. Агар аллергия аз маводҳои доруворӣ пайдо шуда бошад, фавран аз истеъмоли он дору даст кашед ва бо духтур маслиҳат кунед.
Маводҳои доругии антигистаминиеро истифода баред, ки аз тарафи духутр тавсия шудаанд. Ҳангоми истеъмол кардани маводҳои антигистаминӣ, ки таъсири седативӣ доранд, аз идора кардани автомобил ва механизмҳо худдорӣ кунед, чунки онҳо боиси хоболудӣ шуда метавонанд. Дар айни замон ҳоло як қатор доруҳои антигистаминие низ мавҷуд ҳастанд, ки таъсироти седативӣ надоранд. Ҳангоми аксуламалҳои аллергӣ дар пӯст, барои бартараф кардани сӯзиш дар ҷойҳои доначаҳои пайдошудаи хоиршкунанда аз крем ё лосйонҳои зидди хориш истифода баред.
Духтури шумо чӣ кор карда метавонад
Духутр бояд эҳтимолияти вуҷуд доштани дигар бемориҳоро истисно кунад ва инчунин барои муайян кардани аллерген, санҷишҳо (тестҳо) гузаронад ва агар зарур бошад доруҳои антигистаминӣ ва ё стероидҳоро навишта тавсия диҳад. Агар аллерген муайян карда шуда бошад, аммо бо он тамос доштан ногузир бошад, пас бояд духур барои пешгирӣ ва табобат кардани аллергия, ваксинаи махсусеро ба шумо гузаронад.
Духтур инчунин метавонад барои бемороне, ки аз аллергия ба маводҳои хӯрокӣ азият мекашанд, парҳезкунии (диетаи) махсусеро низ тавсия намояд.
Чораҳои пешгирикунанда ҳангоми аллергия
Кӯшиш кунед, ки маводҳои барангезандаи аллергияро муайян намоед, ки дар шумо аллергияро ба вуҷуд меоранд ва ҳамеша худро аз онҳо дур гиред. Назорат кунед, ки ҳамеша дар хонаи шумо тозагӣ бошад ва чангу ғубор, пашмаки дарахтон ва канаҳо набошанд. Дар вақти рӯбу чин ё тозакунӣ бо чангкашак, афшондани чанги мебелҳо, иваз кардани болопӯшҳои рахти хоб ва дигар тамосгирӣ бо ашёҳои чанголуд, биниатонро маҳкам кунед (аз бандинаи докагӣ ё ниқоби рӯй истифода баред). Ҳангоми аллергия доштан ба баъзе ҳайвонҳои хонагӣ аз нигоҳ доштани онҳо дар хонаатон худдорӣ кунед.
Агар шумо ба маводҳои доругии тиббӣ аллергия дошта бошед, ҳамеша бо худ кортеро нигоҳ доред, ки бояд дар он ба кадом доруҳо аллергия доштани шумо, навишта шуда бошад. Дар ин гуна ҳолат, ҳатто агар шумо дар ҳолати беҳушӣ бошед ё номи ин гуна доруҳоро ба ёд оварда натавонед ҳам, шумо аз воридшавии аллерген ба баданатон эмин ҳастед. Агар аллергияи вазнин (шадид) дошта бошед, дар ин бора ба аҳли оилаатон ва ҳамкоронатон хабар диҳед ва аз огоҳ кардани духтур низ дар ин бора фаромӯш накунед.
Қоидаҳои зистан бо аллергия
Вақте ки дар бораи аллергия сухан мегӯянд, гӯё ҳама мутахассис ҳастанд: касеро фарзандаш — аллергиядор ҳаст, касе аз бардошт накардани баъзе маводҳои хӯрокӣ азият мекашад, касе тамоми баҳор атса мезанад ва сулфа мекунад ва илова бар ин хориши бадан ҳам дорад. Месазад ки дар бораи поллиноз ё зуккоми аллергӣ ба таври алоҳида гап занем. Ин ҳолат барои организм хатарнок мебошад ва дар якҷоягӣ бо дерматити атопикӣ метавонад боиси астмаи бронхиалӣ гардад.
Сабабҳо
Одатан чунин меҳисобанд, ки «ҳамаи бемориҳо бо ҳолати асабҳо рабт доранд» ва аллергия низ аз ин истисно нест. Дар асл ин тавр нест: стресс нақши «гиронкунак» ё триггеро мебозад, ки моилияти ирсии аллергиро бедор месозад. Яъне ки, агар пас аз ягон хел ҳаяҷони сахти рӯҳӣ ё асабӣ, шумо мушоҳида кунед, ки аз чӣ бошад ки зукком (шамолхӯрӣ) дертар давом карда истодааст ва шумо аз сулфаи хушки беҳолкунанда ором ёфта наметавонед, ба аллерголог – иммунолог муроҷиат кунед. Агар шумо аз хориш азият кашида истода бошед, сабаби пайдошавии онро духтури дерматолог фаҳмида метавонад. Шояд ин хориш неврогеннӣ бошад ва шояд – стресс бемории хобидаро бедор карда бошад.
Аллергия дар аксар мавридҳо дар синни барвақти кӯдакӣ пайдо мешавад. Оё он «афзоиш» карда метавонад? «Ин дар аксар мавридҳо рух медиҳад. Мо инро мушоҳида мекунем ва аз ҳамин сабаб кӯшиш мекунем ки ба таври максималӣ табобати доругиро камтар кунем, муҳити беаллергениро муҳайё кунем, то ин ки системаи масъуниятии кӯдак худаш бо раванди (просесси) барпо кардани беҳиссӣ ё чӣ тавре ки мо мегӯем бардошткунӣ ба аллергенҳои аз ҷиҳати сабаб муҳимро ӯҳда карда тавонад» — нақл мекунад доктори илмҳои тиббӣ, роҳбари илмӣ, сардухтури НККЦ –и аллергия ва иммунология Юрий Смолкин.
«Ба пуррагӣ» сиҳат шудан аз аллергия ғайриимкон аст, чунки ин намуди хоссаи аксуламали системаи масъуният мебошад, ки шумо онро ҳамчун мероси ирсӣ қабул мекунед.
Агар тамоми маҷмӯъи (комплекси) чорабиниҳо, аз қабили барпо кардани муҳити гипоаллергенӣ, гузаронидани табобати махсус то гулшукуфӣ ва табобати симптоматикӣ дар аснои гулшукуфӣ гузаронида шаванд, худи ин бемориро бартараф ё сабук кардан мумкин аст.
Оқибатҳои номатлуб
Аллергенҳои аз ҳама паҳншудатарин – ин гарди гул, чанги канаҳои чангпошдиҳанда, пашми ҳайвонҳо, металлҳо, доруҳо, маводҳои хӯрокӣ, пеш аз ҳама маҳсулоти ширӣ, қулфинай ва меваҳои ситрусӣ мебошанд. Барои муайян кардани аллергени фардии худатон бояд ба духутр – аллерголог муроҷиат кунед ва аз санҷишҳои махсус гузаред.
Ҳангоми зуккоми аллергӣ – поллиноз аз гарди гул, хурӯҷи хоришкунии пардаҳои луобӣ, обравӣ аз чашмон, зукком, атсазанӣ ва (баъзан) сулфаи давомнок ба вуҷуд меояд. Растанӣ – аллергенҳои аз ҳама маъмул тарин – ин дарахти тӯс (берёза), сафедор (тополь), дарахти роздор (ольха), булут (дуб), бед (ива), дар ҷануб – сарв (кипарис) ва растаниҳои хӯшадор (злаки) мебошанд. Аллергени аз ҳама пурқувватарин ин бегонаалафи карантинии амброзия – растание бо гулҳои хурди зард мебошад.
Набояд поллинозро ҳамчун нохушии (мушкилоти) аламовари муваққатӣ ҳисоб кунем. Сегонаи ринити аллергӣ, дерматити атопикӣ ва астмаи бронхиалӣ ҳамчун «марши атопикӣ» номида мешавад.
Мувофиқи маълумотҳое, ки д.и.т., профессори кафедраи аллергологияи клиникии РМАПО Наталя Ненашева овардааст, дар Россия дерматити атопӣ дар 6,2 – 15,5 % — и кӯдакон, ринити аллергӣ дар 12 – 24% — и аҳолӣ вомехӯрад, астмаи бронхиалӣ дар байни кӯдакон 5,6 – 12,1%, дар калонсолон 5,6 – 7,3% — ро ташкил медиҳад. Астмаи бронхиалии атопӣ дар аксар мавридҳо бо ринити аллергӣ якҷоя мебошад.
Чӣ тавр бояд зист
Яке аз чораҳои муҳими комёбшавӣ дар мубориза бо аллергия – ин парҳезкунии (диетаи) зиддиаллергиявӣ мебошад. Сабзавотҳои тару тоза, лӯбиёгиҳо ва растаниҳои хӯшадор, ба ратсион бештар ворид кардани моҳӣ, на ин ки гӯшт, — раванди ин бемориро осонтар менамояд. Аз нӯшокиҳо бе кофеинашро интихоб намоед. Аммо парҳезкунӣ (диета) бояд ба таври ҷиддӣ, пас аз гузаронидани санҷишҳо инфиродӣ таъин карда шавад: шояд ки айнан моҳӣ ё меваҳои донакдор «душмани шахсии» шумо бошанд.
Чунин ақидае паҳншуда (роиҷ) мебошад, ки гӯё барои аллергикҳо дар муҳити намнок зистан зараровар аст ва муҳити хушку гарм барои онҳо – ин дармони ҳама дардҳо мебошад. Шояд ин ақида барои дигар бемориҳо, аз он ҷумла Бемории Сил дуруст бошад, аммо на барои аллергия.
Дигарон фикр мекунанд, ки баръакс ба аллергикҳо зарур аст, ки дар лаби баҳр зиндагӣ кунанд. Ин нодуруст аст. Дар лаби баҳр низ алафҳо (боз ҳамон амброзия), гулҳо ва дарахтон мерӯянд, ки гарди гули онҳо ба масофаҳои дур паҳн мешавад.
Набояд дар давраи тирамоҳ ва зимистон (тобистон), дар давраи эпидемия худро дар хона қулф зада шинед – баръакс, сайру гашт дар ҳавои тоза хеле фоидаовар аст. Аммо ҳам барои одамони солим ва ҳам барои одамоне, ки аз аллергия азият мекашанд, меарзад ки аз тамоси мустақим доштан бо шахсони сироятшуда ҳазар кунанд.
Воқеъан, дар байни намудҳои гуногуни аллергия, аллергия ба офтоб – фотодермит низ вуҷуд дорад. Набояд шумо умед бандед, ки малҳамҳои (кремҳои) зиддиофтобӣ шуморо аз пайдошавии доначаҳои хоришкунанда эмин нигоҳ медоранд. Гарчанде ки барои аллергикҳо истифодаи чунин кремҳо тавсия дода мешавад, бояд худро ҳарчӣ камтар ва ба таври минималӣ дар зери таъсири нурҳои офтоб қарор диҳед.
Чӣ тавр бояд табобат гирифт
Чунин моддаҳое вуҷуд доранд, ки нишонаҳои (симптомҳои) аллергияро ба таври назаррас кам мекунанд. «Маводҳои доругии антигистаминӣ аз рӯи қоида ҳангоми табобати симптоматикӣ зарур мебошанд. Ин воситаи хуби табобати мустақим ва ёридиҳанда мебошад, аммо ин ҳоло дармони дардҳо нест, — гуфта мефаҳмонад Юрий Смолкин. – Ҳангоми ринит маводҳои пошшавандаи (спрейҳо) димоғии ба ҷойҳои алоҳида таъсиррасон тавсия дода шудаанд, ҳангоми астма – бронхолитикҳо ва ҳангоми дерматит — маводҳои таъсири беруна истифода бурда мешаванд».
Нисбати воситаҳои антигистаминӣ муносибати одамон боҳазар (эҳтиёткорона) аст – одамон чунин меҳисобанд ки ин доруҳо боиси беқувватӣ ва хоболудӣ мешаванд. Аммо доруҳои насли нав боиси одаткунӣ ва ҳисси беҳавсалагӣ намешаванд.
Имрӯзҳо воситаи аз ҳама таъсирноктарин барои сабук кардани нишонаҳои (симптомҳои) поллино, кортикостероидҳои димоғӣ шуморида мешаванд. Муносибати одамон нисбати инҳо, назар ба маводҳои доругии антигистаминӣ, боз ҳам манфитар мебошад – чунки охир, ҳормонҳо ҳамчун воситаи сахттаъсир ва дорои як қатор таъсироти номатлуб шӯҳратдору маъмул гаштаанд.
Кортикостероидҳои димоғӣ амалан ба ҷараёни хун ҷаббида намешаванд ва ба организм ба таври умумӣ таъсир намерасонанд. Бо вуҷуди ин, истеъмолкунии давомноки онҳо метавонад боиси зарарбинии замбурӯғии пардаҳои луобии бинӣ гардад.
Мувофиқи тавсияҳои аврупоӣ, ки аз тарафи кордонҳои (экспертҳои) амрикоӣ ва россиягӣ низ қабул карда шудаанд, ҳангоми беморие ки симптоматикаҳои ба таври норавшан зуҳуршаванда дорад, кортикостероидҳои димоғӣ ба муддати 3 моҳ таъин карда мешаванд ва пас аз ин самаранокии онҳо баҳодиҳӣ карда мешавад.
Ҳангоми ҳолатҳои хеле вазнинтар табобат ба як моҳ таъин карда мешавад ва баъдан ҳолати бемор баҳодиҳӣ карда мешавад. Агар риносинусит ва поллиноз вуҷуд дошта бошад, имконияти табобат бо усули ҷарроҳӣ ба назар гирифта мешавад.
Усули ягонае, ки ба сабаби аллергия таъсир мерасонад, мисли пештара эмкунонӣ (ваксинатсия) бо аллерген мебошад. Ин гуна эмкунонӣ ҳам барои калонсолон ва ҳам барои кӯдакон гузаронида мешавад. Ин гуна кори мушкилро фақат ба мутахассисони олидараҷа бовар кардан мумкин аст.
Агар хатогиеро дарёфт карда бошед? Онро намоён карда монед ва тугмаҳои Ctrl+Enter – ро зер кунед.
Табобати бемориҳои аллергӣ
Бемориҳои аллергӣ дар асоси (таркиби) худ механизмҳои ниҳоят (ба қадри кифоя) мураккаберо дарбар мегиранд.
Бояд ҷудо кардани ин гурӯҳро ба аллергияҳо (ки дар одамони солим вомехӯрад ва ҳангоми тамос ё ба дохили организм афтодани антигенҳои конкретӣ, масалан маводҳои доруворӣ, дорувориҳои «ношинос», хушмаззакуннадаҳо ва ғайра) ва атопияҳо (бемориҳое ки дар асоси (таркиби) онҳо моилияти генетикӣ ба аксуламалҳои пурзӯр нисбати аллергенҳо хобидааст); ба атопияҳо астмаи бронхиалӣ, ринити аллергӣ, дерматити атопӣ ва ғайра дохил мешаванд. Фаҳмо аст, ки табобат кардани бемориҳои ин қадар фарқкунанда, нисбатан аз ҳам фарқ хоҳад дошт.
Дар умум табобати бемориҳои аллергӣ, аз байн бурдани тамосгирӣ бо аллерген, тарзи ҳаёти (рӯзгори) гипоаллергенӣ, парҳезкунӣ (диета) ва табобат бо доруҳоро дарбар мегирад.
Чораҳои фаврӣ
Агар дар шумо ё фарзанди шумо ба ягон барангезанда аксуламали аллергӣ пайдо шуда бошад, бояд шумо доруи антигистаминии насли 1умро (супрастин, тавегил ва ғайра) аз рӯи воягузории синусолӣ қабул кунед ва бетаъхир ба духтур муроҷиат намоед. Агар шумо хурӯҷи ҳолати барои ҳаёт таҳдидкунандаеро, аз қабили хурӯҷи астмаи бронхиалӣ (ки бори аввал пайдо шудааст) ё омоси Квинкеро шубҳа карда бошед – ёрии таъҷилиро даъват намоед. Агар дар шумо ё дар фарзанди шумо ташхиси астмаи бронхиалӣ гузошта шуда бошад, ҳангоми пайдо шудани хурӯҷи он ба таври ҷиддӣ аз рӯи тавсияҳои духтур амал кунед. Дар табобати доругии ҳолатҳои вазнини аллергӣ доруҳои антигистаминӣ, глюкокортистероидҳо, бронхолитикҳо, энергосорбентҳо ва ғайра истифода бурда мешаванд. Вобаста ба вазнинии раванду гузариши беморӣ духтур табобати заруриро интихоб мекунад.
Табобат дар давраи оромӣ
«Давраи оромӣ» он давраеро меноманд, ки хурӯҷи бемории аллергӣ пешгирӣ шудааст ва бемор табобат нагирифта истодааст ё табобати базисие гирифта истодааст, ки барои пешгирии хурӯҷҳои нав равона карда шудааст. Вобаста ба вазнинии беморӣ аллерголог метавонад парҳезкунӣ (диета), тарзи ҳаёти гипоаллергенӣ ва табобати доругиро тавсия диҳад.
Парҳезкунӣ (диета) барои бемориҳои аллергӣ дар мақолаи алоҳида баррасӣ карда шудааст.
Тарзи ҳаёти гипоаллергенӣ ин тавсияҳои умумӣ барои ҳамаи бемороне мебошад, ки аз бемориҳои атопикӣ азият мекашанд. Онҳо маҳдуд кардани тамосгирии бемор бо чангу ғубор, гарди гул, пашми ҳайвоноти хонагӣ, тамоку ва дигар аллергенҳоро дарбар мегиранд.
Барои ин шолу намадҳо, қолинҳо, роҳаткурсиҳо, болиштҳои зиёдатӣ ва ҳама гуна чизҳоеро, ки дар онҳо чангу ғубор ҷамъ шуда метавонад, бояд аз хона бароварда шаванд ва ба матрасу болиштҳо рӯйкашҳои масхуси чангногузар кашида шаванд, рӯйпӯшҳои рахти хоб ва болопӯшҳо (одеялаҳо) то ҳадди имкон зуд-зуд шуста шаванд, ҳуҷраҳо мунтаззам бояд ҳавоиваз (вентилятсия) карда шаванд, боя дар хона аз кашидани сигор даст кашид ва ғайра.
Табобати доругиро вобаста ба дараҷаи такроршавӣ ва вазнинии эпизодҳои аллергӣ интихоб ва таъин мекунанд. Пас аз сар кардани табобат бояд зуд-зуд ба назди духтур равед ва дар бораи вазъи саломатиатон ба вай хабар дода истед, то ин ки вай тавонад табобатро ба назми дуруст дароварда танзим кунад. Ҳама тавсияҳои духтуро риоя кунед. Дар хона рӯзномаи махсус тартиб диҳед. Сана ва вақти рӯй додани ҳар як хурӯҷро ва ҳамон аллергенеро низ, ки хурӯҷро ба бор меорад навишта монед, ҳангоми ба қабули духтур рафтанатон ин рӯзномаро бо худ гиред. Ба ин тарз барои духтур осонтар мешавад, ки оиди вазъи сиҳатии шумо чӣ кор карданашро донад. Аз духтур фаҳмида гиред, ки кадом аломатҳо оиди бадшавии вазъи саломатӣ хабар медиҳанд. Шумо бояд аниқ тасаввур кунед, ки ҳангоми рӯй додани хурӯҷ чӣ амалҳоро бояд иҷро кунед.
Аллерген- иммунотерапияи махсус
Ин усули табобат аз он иборат аст, ки ба организми бемор вояҳои баландшавандаи афшурдаи (экстракти) ҳамон аллергене ворид карда мешаванд, ки бемор ба он ҳассосияти баланд дорад. Дар натиҷаи ин гуна табобат зиёдшавии тадриҷии устувории организм ба таъсироти ҳамин аллерген мушоҳида карда мешавад. Дар ёд дошта бошед, ки иммунотерапия (СИТ) ба таври истисноӣ фақат дар давраи ремиссия ва ҷиддан аз рӯи нишондиҳандаҳо гузаронида мешавад. Дар сурати ба таври оқилона гузаронидан, ин усули самаранок ва бехатар мебошад. Вале дар айни ҳол дар ёд дошта бошед, ки бо мақсади роҳ надодан ба оризаҳо, пас аз ворид кардани аллергенҳо, ба муддати на камтар аз 30 дақиқа бояд бемор дар зери назорати духтур бошад.
Пешгирии хурӯҷи бемориҳои аллергӣ
Мутаасифона, қисми бештари бемориҳои аллергӣ музмин мебошанд, онҳо бо давраҳом хурӯҷкунӣ ва ремиссия мегузаранд.
Дар давраи ремиссия, шояд бемор оиди саломатиаш ягон шикояте надошта бошад. Давраи хурӯҷкунии беморӣ бошад, бо нишонаҳои назаррас ва бадшавии вазъи умумии саломатии бемор худро нишон медиҳад. Айнан барои ҳамин, пешгирии хурӯҷи беморӣ яке аз мақсадҳои асосии табобат мебошад. Шояд ҳама чиз муҳим бошад: яъне шумо чӣ мехуред, чӣ менушед, дар куҷо истиҷомат мекунед, оё зуд-зуд ба сайру гашт мебароед, тарзи ҳаёти шумо дар хона чӣ тавр ташкил карда шудааст, оё шумо ҳайвоноти хонагӣ доред, шумо аз кадом намуди косметика истифода мебаред, оё шумо ба ресторан меравед, шумо ба кадом намуди варзиш шуғл доред ва ғайра.
Агар дар шумо яке аз бемориҳои аллергиро ташхис гузошта бошанд, духтур ҳатман ба шумо дар бораи асосҳои пешгирии хурӯҷҳо нақл мекунад. Маълум аст, ки барои ҳар як беморӣ усулҳои дақиқи пешгирӣ кор карда бароварда шудааст. Ин ҷо мо фақат тавсияҳои умумиро меорем.
Худдорӣ кардан аз тамос бо аллергенҳои асосан сабабшаванда
Ҳангоми муоина кардани бемор ё гузоштани ташхиси бемории аллергӣ, аз рӯи қоида духтур кӯшиш мекунад, ки омилҳои барангезандаро муайян ва пайдо кунад. Барои муайян кардани аллергенҳо якчанд намуди усулҳои ташхис вуҷуд доранд: намуна-санҷишҳои пӯстӣ, таҳлили хун барои санҷиши махсуси IgE, намуна-санҷишҳои хуруҷангез. Духтур, таърихи бемории шуморо таҳлил карда, яке аз ин таҳқиқотҳоро фармоиш медиҳад. Баъд аз муайян кардани аллерген, духтур ба шумо оиди тағйир додани тарзи ҳаёт, барои бартараф кардани тамос бо ин омилҳои барангезанда, тавсияҳо медиҳад.
Назорат аз болои омилҳои муҳити зист
Хусусияти физиологии одамоне, ки аз ягон намуди бемориҳои аллергӣ азият мекашанд, ин моилияти ҳамешагии (ибтидоии) онҳо ба зуҳуроти гуногуни аллергия мебошад. Махсусан ин ҳолат дар давраҳои хурӯҷкунӣ, дар он вақте ки организм дар ҳолати гипперактивӣ қарор дорад, вазнинтар мегардад. Дар ин давра ҳатто барангезандаи ночизе ҳам метавонад, зуҳуроти бемории асосиро вазнинтар гардонад. Айнан барои ҳамин ҳам дар илми аллергология мафҳуме бо номи тарзи ҳаёти гипоаллергенӣ вууҷуд дорад, яъне ба таври максималӣ қатъ кардани тамос бо аллергени потенсиалӣ.
Хонаи худатонро аз омилҳои хафнокӣ муҳофизат намоед. Ҳайвонҳои хонагиро дар мавзеъи ҷудогона нигоҳдорӣ кунед ё ба дасти ягон одамони хуб диҳед. Дар хона тамоку (нос) ва сигор накашед. Аз маводҳои хушбӯйкунӣ ва дигар маводҳои бӯйи сахтдошта истифода накунед. Палосу қолинҳо, мулоимкурсиҳо, болиштҳои зиёдатӣ ва ҳама гуна чизҳоеро, ки дар онҳо чангу ғубор ҷамъ шуда метавонад, дур кунед. Дар болиштҳо ва матрасҳо рӯйкашҳои махсуси чангногузар кашед. Аз матрасҳо, болиштҳо ва болопӯшҳои (одеялаҳои) гипоаллергенӣ истифода намоед. Рӯйкашҳои рахти хоб ва кӯрпаҳоро (одеялаҳоро) то ҳадди имкон зуд-зуд шӯед. Ҳуҷраҳоро мунтаззам ҳавоиваз (шамолдиҳӣ/вентилятсия) намоед. Аммо нагузоред, ки ба дохили ҳуҷраҳо аллергенҳо, аз қабили гарди гул ё пашмаки дарахтон ворид шаванд.
Парҳезкунӣ (диета)
Тавсияҳои парҳезкунӣ (диета) вобаста ба бемории ҷудогонаи хосса фарқ мекунанд. Риоя кардани парҳезкунии гипоаллергенӣ дар бисёр ҳолатҳо имкон медиҳад, ки инкишофёбии хурӯҷи беморӣ пешгирӣ карда шавад.
Табобаткунӣ бо доруҳо
Пас аз аниқ шудани ташхис, шояд барои шумо табобати доимии базисӣ таъин карда шавад, ки метавонад ҳамчун пешгирикунандаи хурӯҷҳои нав хизмат намояд. Бояд дар ёд дошт, ки ин гуна дорувориҳоро мунтаззам ва аз рӯи тавсияи духтур қабул мекунанд. Ба таври мунтаззам қабул накардани доруҳо дар аксар мавридҳо ба инкишофёбии хурӯҷ оварда мерасонад. Шумо ба ин доруҳо вобастагӣ пайдо намекунед, ҳатто агар онҳоро дар давоми солҳои зиёд ҳам истеъмол кунед.
Аллерген- иммунотерапияи махсус
Ин усули табобат аз он иборат аст, ки ба организми бемор вояҳои баландшавандаи экстракти ҳамон аллергене ворид карда мешаванд, ки бемор ба он ҳассосияти баланд дорад, Дар натиҷаи ин гуна табобат зиёдшавии тадриҷии устувории организм ба таъсироти ҳамин аллерген мушоҳида карда мешавад. Дар ёд дошта бошед, ки иммунотерапия (СИТ) ба таври истисноӣ фақат дар давраи ремиссия ва ҷиддан аз рӯи нишондиҳандаҳо гузаронида мешавад. Дар сурати ба таври оқилона гузаронидан, ин усули самаранок ва бехатар мебошад. Вале дар айни ҳол дар ёд дошта бошед, ки бо мақсади роҳ надодан ба оризаҳо, пас аз ворид кардани аллергенҳо, ба муддати на камтар аз 30 дақиқа бемор бояд дар зери назорати духтур бошад.
Мушоҳидаи доимии (санатсияи) сарчашмаҳои мавҷудаи сироятшавӣ
Дар аксар мавридҳо яке аз омилҳои сегонаи (триггерии) инкишофёбии хурӯҷи бемориҳои аллергӣ, дар организм мавҷуд будани сарчашмаҳои сироятшавӣ мебошад. Баъзан вақт сироят метавонад бе ҳеҷ гуна нишонаҳо (бе симптом) зуҳур кунад ва танҳо дар аснои муоинакунии махсус муайян карда мешавад. Дар дигар ҳолатҳо дар организм сарчашмаҳои сироятшавӣ дар шакли карес, бемориҳои илтиҳобии пӯстӣ ва ғайра мавҷуд мебошанд. Айнан барои ҳамин, бояд аллергикҳо вазъи сиҳатиашонро бодиққат назорат кунанд ва дар сурати зарурат аз табобат гузаранд.
Тарзи ҳаёти солим
Тарзи ҳаёти солим дар худ ба таври оқилона ташкил кардани реҷаи кор ва истироҳат, хобравии басанда, хӯроки солим, мунтаззам дар ҳавои тоза сайру гашт кардан ва бо варзиш шуғл варзиданро дарбар мегирад (ҳатман аз духтуратон пурсед, ки оё ба шумо иҷоза ҳаст, ки ба ин намуди спорти интихобкардаатон машғул шавед ва дар кадом ҳаҷм). Ташкил кардани реҷаи рӯз махсусан дар сини кӯдакӣ, дар он даврае ки кӯдак ҳоло худаш наметавонад дараҷаи мондашавиашро баҳо диҳад ва дар аксар мавридҳо дар ҳолати ҳаяҷонӣ (барангехта) ва гипперактивӣ қарор дорад, хеле муҳим аст.
Ба таври дақиқ риоя кардани ҳама таъинотҳои духтур
Ин қоидаи аз ҳама муҳимтарин мебошад. Ба духтури худатон эътимод дошта бошед ва ҳама тавсияҳои ӯро иҷро намоед. Агар бо ягон сабабе духтур ба шумо маъқул набошад, ба духтури дигар муроҷиат кунед, ки бояд мутахассиси бештар боэътибору масъулиятнок бошад.
Аллергия ба хӯроквориҳо (аллергияи хӯрокӣ)
Аллергия ба хӯроквориҳо – ин ҳама гуна аксуламали аллергӣ ба хӯроквориҳои муқаррарии безарар ва маводҳои таркибии хӯроквориҳо (ингредиентҳо) мебошад.
Маълумотҳои умумӣ
Ягон то аз намудҳои хӯроквориҳо метавонад бисёр аллергенҳои хӯрокиро дошта бошад. Аз рӯи қоида инҳо сафедаҳо ва аҳёнан – чарбуҳо ва карбогидратҳо мебошанд. Ҳангоми аллергия системаи масъуният антителаҳоро ба он миқдоре кор карда мебарорад, ки аз меъёр зиёд мебошанд, ва бо ҳамин кор организмро то он дараҷа қобили аксуламал месозанд, ки он ҳатто сафедаи безарарро низ ҳамчун агенти сирояткунанда қабул мекунад. Агар системаи масъуният ба раванд (просесс) ҷалб нашуда бошад, пас ин аллергия ба хӯроквориҳо намебошад, балки ҳамту дӯст надоштани (бардошт накардани) яке аз хӯроквориҳо мебошад.
Аллергияи аслӣ ба хӯроквориҳо хеле аҳёнан (дар камтар аз ду фоизи аҳолӣ) ба назар мерасад. Бештар аз ҳама сабаби ин ирсӣ мебошад. Дар кӯдакон одатан аллергия дар солҳои аввали ҳаёташон зуҳур мекунад (дар аксар вақт ба сафедии тухм) ва баъдан он дар онҳо “рушд” мекунад. Дар миёни калонсолоне, ки тахминан аллергия ба хӯроквориҳо доранд, тақрибан 80 % фоизашон дар асл он гуна ҳолатеро доранд, ки онро мутахассисон ҳамчун “псевдоаллергия ба хӯроквориҳо” ном ниҳодаанд. Гарчанде ки он нишонаҳое, ки дар онҳо мушоҳида карда мешаванд, ба нишонаҳои аллергияи аслӣ монанд ҳастанд, шояд сабаби онҳо фақат ҳамту дар дӯст надоштани (бардошт накардани) яке аз хӯроквориҳо ниҳон бошад. Бештар аз он, дар баъзе одамон аксуламалҳои псхосоматикӣ ба баъзе хӯроквориҳо инкишоф ёфта метавонанд, чунки онҳо чунин фикр мекунанд, ки он хӯрокворӣ барои онҳо ҳамчун барангезандаи аллергия (аллерген) мебошад.
Сабабҳои аллергия ба хӯроквориҳо
Он кӯдаке, ки яке аз волидонаш гирифтори аллергия ҳаст, назар ба он кӯдаке ки волидонаш аллергик нестанд, ду маротиба бештар хавфи гирифторшавӣ ба аллергия дорад. Агар ҳарду волидайн гирифтори аллергия бошанд, хавфнокии пайдошавии аллергия дар кӯдак боз ду маротибаи дигар меафзояд ва ба ҳамин тариқ ин хавфнокӣ чор маротиба зиёдтар мегардад. Аммо ҳамзамон моддаҳое ки барои кӯдак аллерген ҳастанд, шояд аз аллергенҳои волидайни вай фарқият дошта бошанд.
Ба он нигоҳ накарда, ки аллергия амалан метавонад ба ҳама гуна намудҳои хӯрокворӣ инкишоф ёбад, аллергенҳои аз ҳама маъмултарин инҳо; шир, тухм, моҳӣ, моллюскҳо, соя, гандум ва чормағзҳо, махсусан чормағзи заминӣ (арахис) мебошанд.
Инчунин аллергияи чандтарафа (перекрестная) низ вуҷуд дорад, ки баъд аз аксуламал ба яке аз аллергенҳо пайдо мешавад. Ба ҳамин тариқ одамоне, ки гирифтори аллергия ба чормағзи заминӣ ҳастанд, метавонанд нисбати дигар намуди лӯбиёгиҳо, аз қабили нахӯд, лӯбиёи соя ва наск низ аллергия дошта бошанд. Инчунин бемороне ки ба харбузаи хушбӯй аллергия доранд, метавонанд бо мурури замон ба бодиринг ва каду низ аксуламали аллергӣ пайдо кунанд; ва айнан ҳамин тавр одамоне ки гирифтори аллергия ба харчанги баҳрӣ (креветка) ҳастанд, шояд нисбати харчанги хурд (краб) низ ҳассосиятнок мешаванд.
Дар баъзе одамон ба сулфатҳо – маводҳои кимиёвӣ аллергия пайдо мешавад, ки онҳо барои нигоҳдории ранги хӯроквориҳо, масалан дар хушкмеваҳо ва сабзавотҳо истифода бурда мешаванд. Аксуламал нисбати онҳо аз нафаскашии канда-канда ё садамоти (шоки) аллергӣ, пас аз истеъмолкунии хӯрокҳое, ки дар таркибашон сулфатҳо доранд, иборат мебошад. Сулфатҳо метавонанд боиси хурӯҷи вазнини астма низ шаванд.
Нишонаҳои (симптомҳои) аллергияи хӯрокворӣ
Аксуламалҳои аллергӣ одатан дар давраи аз якчанд дақиқа то ду соат, пас аз истеъмоли хӯрок пайдо мешаванд. Аммо дар бемороне, ки гирифтори шакли вазнини аллергия ҳастанд, ҳатто дастрасонӣ ё бӯй кардани хӯрок метавонад посухи аллергиро барангезад.
Нишонаҳои (симптомҳои) барвақтии маъмулӣ (типпикӣ) аз варамкунӣ ва хоришу сӯзиши лабҳо, даҳон ё гулӯ иборат ҳастанд. Пас аз воридшавӣ ба системаи ҳозима, хӯроквории барангезанда метавонад дилбеҳузурӣ, қайкунӣ, халаи рӯдаҳо ва шикамравиро барангезад.
Аксар вақт хориш, испарма (крапивнитса), шукуфа ва сурхшавии пӯст сар мешавад.
Дар баъзе беморон хӯрокворӣ ринити аллергиро барангехта метавонад, ки барои он зукком, сулфакунӣ ва нафаскашии болоӣ (кӯтоҳ-кӯтоҳ/дамкӯтоҳӣ) хос мебошанд.
Баъзан метавонад аз лаҳзаи фурӯ бурдани аллерген аксуламали аллергии кӯтоҳмуддат рӯй диҳад – ба муддати аз якчанд соат то ду рӯз. Дар муқоиса бо аксуламали фаврӣ, нишонаҳои аксуламали аллергии кӯтоҳмуддат он қадар сахт намудор намешаванд ва метавонанд аз шукуфа, испарма (крапивнитса) ва астма иборат бошанд.
Садамоти (шоки) анафилактӣ – ин ҳолати аҳёнан рӯйдиҳанда, вале барои ҳаёт хатарноке аст, ки ҳангоми гирифторӣ ба он якчанд органҳо ва системаҳои организм ба аксуламали аллергӣ гирифтор мешаванд. Нишонаҳои он аз хориши шадид (интенсивӣ) испарма (крапивнитса), арақкунӣ, варам кардани пардаҳои луобии гулӯ, нафастангӣ ва пастшавии фишори артериалӣ иборат мебошанд. Агар ин гуна ҳолат ҳарчӣ тезтар ва ба таври дуруст муолиҷа карда нашавад, он метавонад ба зудӣ вазнинтар шавад ва ба ҳолати беҳушӣ ё ҳатто фавтшавӣ бурда расонад.
Шумо чӣ кор карда метавонед?
Агар шумо дар гурӯҳи хавфнок қарор дошта бошед (яъне агар дар оилаи шумо ҳолатҳои гирифторшавӣ ба аллергия рух дода бошанд), нисбати аксуламали организми шумо ба ҳама гуна хӯроквориҳои нав хеле ҳушёр бошед. Ҳангоми зарурати чашидани ягон хӯроки нав аз ҳиссаҳои (порсияҳои) кам сар кунед ё умуман аз он даст кашед, махсусан агар шумо аз хонаи худатон ё аз тамаддуният (сивилизатсия) дар масофаи дур қарор дошта бошед.
Шумо бояд нағзакак фаҳмед, ки чиро хӯрда истодаед. Тамғакоғазҳои он маҳсулотҳоеро, ки харидорӣ мекунед, хонда бароед. Агар ягонто аз он чизҳое, ки шумо одатан харидорӣ мекунед, ҳамчун «моли нав» ё «беҳтар кардашуда» эълон шуда бошанд, тамғакоғази онро дубора аз нав дида бароед.
Фақат маҳсулотҳои тару тоза ва навро истеъмол кунед. Кӯшиш кунед, ки хӯроквориҳои хушккардашуда, консервонидашуда ва коркардшударо истеъмол накунед.
Маҳсулотҳои хӯрокии навро ба менуи фарзандатон тадриҷан ворид кунед, махсусан агар шумо ва шавҳаратон ҳарду гирифтори аллергия бошед.
Ҳар дафъае, ки ба кӯдакатон ягон ғизои нав медиҳед, аввал ба вай ҳиссаи на он қадар калонро диҳед ва онро бо мурури замон зиёдтар кардан гиред.
Агар дар шумо ба ягон то аз қисмҳои таркибии (ингредиентҳои) хӯрокворӣ аксуламал пайдо шуда бошад, бо аллерголог машварат кунед, ки оё дар ҳақиқат ин нишонаҳо аз аллергия ба хӯрокворӣ пайдо шудаанд ё аз сабаби ягон мушкилоти дигар.
Агар мабодо боре ба шумо ташхиси аллергияи хӯрокворӣ гузошта бошанд, усули ягонаи самараноки халосшавӣ аз он ин муайян кардани маводи (агенти) барангезанда ва аз он дурӣ ҷустан мебошад.
Хавфи фавтидан аз аксуламали аллергӣ меафзояд, агар шумо гирифтори астма бошед. Агар вазъият чунин бошад, пас бояд шумо ҳамеша вояи эпинефринро (адреналин) барои эҳтиёт дар ҷойи дастрас дошта бошед, то ин ки онро ҳангоми сар задани аксуламали аллергӣ қабул кунед. Шумо бояд донед, ки дар кадом ҳолатҳо ва чӣ тавр сӯзандоруи эпинефрин гузаронида мешавад. Баъзан қабул кардани доруҳои антигистаминӣ низ кӯмак мерасонад. Аммо шояд истифода кардани эпинефрин ҳаётан муҳим бошад.
Духтур чӣ кор карда метавонад?
Аллерголог дар асоси таҳлили таърихи бемории шумо, муоина ва санҷиши объективона ва санҷишҳои лабораторӣ, метавонад ташхиси аниқро гузорад.
Барои ташхиси аллергияи хӯрокворӣ аз намунаи скарификатсионии (харошидашавии) пӯстӣ истифода мекунанд, ки ҳангоми ин усул афшураи (экстракти) маҳлулкардашудаи маҳсулотро дар рӯи пӯст мегузоранд ва ҳамзамон дар он ҷо якчанд харош ё сӯзанзанӣ ҳам мекунанд. Агар ҳеҷ гуна аксуламал рӯй надиҳад, ин санҷиши пӯст манфӣ аст. Аммо агар дар давоми 15 дақиқа сурхшавӣ ва варамкунӣ ба монанди ҷойи газидаи хомӯшак ба амал ояд, мумкин аст, ки шумо ба маҳсулоти тадқиқшаванда аллергия дошта бошед. Аммо ба ин нигоҳ накарда ин гуна санҷиш (тест) метавонад натиҷаҳои бардурӯғ-мусбӣ ё бардурӯғ-манфӣ нишон диҳад.
Усулҳои бештар дақиқтар ин таҳлилҳои хунӣ мебошанд, ки ҳамчун санҷиши радиоаллергосорбентӣ (радиоаллергосорбентный тест (РАСТ)) ва таҳлили иммуноферментӣ (иммуноферментный анализ (ИФА)), ва тадқиқи антителаҳо маълум мебошанд. Аммо инҳо низ метавонанд натиҷаҳои бардурӯғ-мусбӣ диҳанд.
Санҷиши пӯстӣ ва таҳлили хун барои антителаҳо — он аллергенҳоеро пайдо мекунанд, ки ба таври потенсиалӣ метавонанд аксуламалҳои аллергиро дар ягон одаме барангезанд. Агар пас аз санҷиши пӯстӣ ва таҳлили хун низ ташхис номуайян монад, духтур метавонад санҷишҳои барангезандаро таъин намояд. Ин гуна таҳқиқотҳо дар статсионарҳои аллергологӣ ва аз рӯи нишондиҳандаҳои ҷиддӣ гузаронида мешаванд. Ҳангоми гузаронидани санҷишҳои барангезанда дар бинӣ, дар зери забон ё мустақиман дар бронхҳо миқдори на он қадар калони аллерген гузаронида мешавад ва пас аз чанд муддате аксуламал ба он баҳодиҳӣ карда мешавад. Ин тадқиқот метавонад дар бемор аксуламали шадиди аллергиро барангезад, барои ҳамин бояд он дар ҳузури духтур гузаронида шавад, чунки вай метавонад дар ҳолати зарурӣ кӯмаки фаврии тиббӣ расонад.
Агар дар шумо аллергияи аслӣ ба хӯрокворӣ пайдо шуда бошад, ба шумо парҳезкунии (диетаи) махсус тавсия дода мешавад, ки аллергини гумонбаршударо (тахминиро) пурра истисно мекунад. Дар давоми якчанд ҳафта бояд ин гуна парҳезкунии гипоаллергенӣ риоя карда шавад (одатан он аз биринҷ, салат, себ иборат мебошад). Баъд аз муддати муайяне ин парҳезкуниро гуногунранг кардан мумкин аст ва баъдтар ба он худи ҳамон аллергени пайдокардашударо низ дохил кардан мумкин аст. Агар баъди ворид кардани ҳамон аллерген боз аз нав аллергия инкишоф ёбад, ба шумо зарур меояд ки ин парҳезкунии (диетаи) оғознамудаатонро давом додан гиред.
Дар ёд доред, ки ҳама гуна парҳезкунии истисноӣ (диетаи элиминатсионӣ) (диета бо истисно кардани маҳсулотҳои аллергенӣ) танҳо бо розигии духтури шумо ва дар зери назорати диетологи тахассусӣ метавонад гузаронида шавад. Чунки ҳатто бо ҳамин гуна парҳезкунӣ ҳам шумо бояд бо хӯрок тамоми маводҳои зарурии организмро қабул кунед. Духтур метавонад ба таври оқилона маҳсулотҳои аллергениро ба дигарҳояш иваз намояд, ки ҳамон маводҳои ғизоӣ ва витаминҳоро дар таркибашон доро мебошанд. Ҳеҷ вақт аз диетаи худатон ягон гурӯҳи пурраи маҳсулотҳоро якуякбора ба муддати якчанд ҳафта истисно накунед, махсусан агар сухан дар бораи кӯдакони хурдсол, пиронсолон ва одамони бемор рафта истода бошад.
Риоя кардани парҳезкунии ҷиддӣ ба бисёр одамон кӯмак мерасонад, ки аз аллергияи хӯрокӣ сиҳат ёбанд. Яке аз тадқиқотҳо маълум намуд, ки пас аз 1-2 соли ба таври поквиҷдонона риоя кардани диетаи гипоаллергенӣ, тахминан аз се як ҳиссаи кӯдакони синни болоӣ ва калонсолон низ аз ҳассоснокӣ ба хӯроки барангезанда халос шуданд. Лекин аллергия ба чормағзи заминӣ (арахис), чормағзҳо, моҳӣ ва моллюскҳо дар аксар мавридҳо метавонад то охири ҳаёт боқӣ монад.
Парҳезкунӣ ҳангоми бемориҳои аллергӣ
Бемориҳои аллергӣ – ин гурӯҳи калони бемориҳо мебошад, ки дар худ ҳолатҳои ҷиддиеро аз қабили омоси (варами) Квинке, садамоти анафилактӣ, астмаи бронхиалӣ ва бемориҳои барои ҳаёт камтар хатарнокро (ринити аллергӣ, дерматити атопӣ ва ғайра) дарбар мегирад.
Маводҳои хӯрокӣ барои давраи орӣ аз хурӯҷҳои беморӣ
Барои баъзеи ин бемориҳо омили барангезанда айнан маҳсулотҳои хӯрокворӣ мебошанд. Барои дигарҳояшон асосан аллергенҳое ба мисли гарди гули растаниҳо, пашми ҳайвонот, чангу ғубор ва ғайра сабаб мешаванд. Фаҳмо аст, ки тавсияҳои парҳезӣ барои ин қадар патологияҳои гуногун ба таври назаррас фарқ хоҳанд кард. Аммо ҳамзамон як қатор тавсияҳое низ ҳастанд, ки барои ҳама манфиатнок мебошанд.
1) Бо аллергологи худатон рӯйхати аниқи маҳсулотҳои хӯроквории «иҷозат додашуда» ва «манъшуда» — ро мувофиқа кунед. Мумкин аст, ки барои аниқ кардани мавҷудияти аллергенҳои конкретӣ ба шумо гузаштан аз санҷишҳои скарфикатсионии пӯстӣ ё таҳлили махсуси IgE –ро дар хуноба (сиворотка) тавсия диҳанд.
2) Бояд маҳсулотҳои нави хӯрокиро бо эҳтиёти зиёд чашида бинед. Беҳтар аст, ки ин гуна коро шумо дар шароити хона ва дар зери назорати наздиконатон иҷро кунед, ки метавонанд дар сурати пайдо шудани аллергия ба шумо кӯмаки зарурӣ расонанд.
3) Хӯрокро худатон мустақилона аз маҳсулотҳои хоми аввалӣ тайёр кунед. Гӯшт ва моҳиро фақат бо буридаҳо харидорӣ кунед.
4) Кӯшиш кунед, ки маҳсулотҳои нимтайё (полуфабрикатҳо), маҳсулотҳои консервонидашуда, майонезҳо ва дигар соусҳоро истифода накунед. Шумо ҳеҷ вақт наметавонед оиди таркиби маҳсулотҳои тайёри харидорикардаатон пурра мутмаин бошед.
5) Тавсифи таркиби ҳама гуна хӯрокҳои тайёро, ки онҳоро нияти хӯрдан доред, бодиққат хонда бароед.
Тавсияҳои мазкур ҳам ба кӯдакон ва ҳам ба калонсолон дахл доранд. Агар фарзанди шумо гирифтори аллергия бошад, зарур аст, ки вояи хӯроки (ратсиони) вайро бо диққат зери назорат гиред. Дар он вақте ки ҳоло кӯдак хурд аст ва ба мактаб ё боғчаи бачагона намеравад, ҳама чиз нисбатан осон ва оддитар аст. Ҳамин ки кӯдак калонтар ва мустақил мешавад, назорат кардани вай мушкилтар мегардад. Ба кӯдак фаҳмонидан зарур аст, ки кадом маҳсулотҳоро барои вай хӯрдан мумкин аст ва кадомашро не. Дар айни замон бояд чунин шакли муколлама интихоб карда шавад, ки кӯдак бояд фаҳмад, ки дастуру тавсияҳои шумо фақат “дилсӯзии модарона” набуда, балки кори зарурӣ мебошанд. Агар маҳсулотҳои барои вай “манъшуда” зиёд бошанд, меарзад, ки онҳоро дар ягон намуди корте нависем ва ба кӯдак диҳем то бо худаш гардонад. Бояд ошпази мактаб ва муаллимон низ дар бораи мушкилии фарзанди шумо бохабар бошанд. Агар шумо оиди сифати хӯрокҳои наҳории мактабӣ мутмаин набошед, бояд барои кӯдак дар хона хӯрок тайёр кунед ва дар қуттичаи пластмасӣ ба вай диҳед то бо худаш барад.
Хӯрокхӯрӣ (хӯроквориҳо) дар давраи хурӯҷи бемориҳои аллергӣ
Чӣ тавре ки пештар ёдрас шуд, хусусияти физиологии одамоне, ки гирифтори ягон бемории аллергӣ ҳастанд, ин моилияти ибтидоии онҳо ба ҳама гуна ҳодисаҳои аллергӣ мебошад. Махсусан вазъият дар давраи хурӯҷи бемории асосӣ вазнин мешавад, ки дар он вақт организм дар ҳолати гиперактивӣ қарор дорад, дар ин давра ҳатто барангезандаи ночизе ҳам метавонад зоҳиршави бемории асосиро вазнинтар гардонад ё аксуламали аллергии наверо зоҳир кунад.
Айнан барои ҳамин тавсияҳои парҳезӣ дар давраи хурӯҷи беморӣ барои ҳамаи бемориҳо монанд ҳастанд ва ба қадри кифоя ҷиддӣ мебошанд.
Мана рӯйхати тахминии маҳсулотҳои «иҷозатшуда» ва «манъшуда».
Истисно шудаанд:
— мурғшӯрбо, хӯрокҳои сернамак, тезу тунд ва бирёншуда, хӯрокҳои дуд додашуда, кулчақандҳо, маҳсулотҳои ҳасибӣ ё гастрономӣ (ҳасибҳои пухташуда ё дуд додашуда, ҳасибчаҳо, сарделкаҳо ва гӯшти намакардашуда), гӯшти ҷигар;
— моҳӣ, тухми моҳӣ, маҳсулотҳои баҳрӣ;
— тухм;
— панирҳои тезу тунд ва обкардашуда, яхмос, майонез, афшураи помидор (кетчуп);
— турб (редька), шалғамча (редис), шилха (щавель), испаноғ (шпинат), помидор, қаланфури булғорӣ, карами намакин (квашеная капуста), бодиринги намакин (соленые огурцы);
— занбурӯғ, чормағз;
— меваҳои ситрусӣ, қулфинайи ёбоӣ (земляника), қулфинай (клубника), тамашк (малина), зардолу (абрикосы), шафтолу (персики), анор, ангур, ангат, киви, ананас, харбуза, тарбуз;
— чарбуҳои деробшав (душворгудоз) ва маргарин;
— нӯшокиҳои газноки мевагӣ, квас;
— кофе, какао, шоколад;
— асал, карамел, зефир, қиём (пастила), торт, кекс (бо ароматизаторҳо ва ғайра.);
— намудҳои гуногуни сақичҳо.
Маҳдуд карда шудаанд:
— ярмаи кашкӣ (манная крупа), маҳсулотҳои макаронӣ, нон аз ордҳои навъи олӣ
— шири холис ва қаймоқ (фақат бо хӯрокҳо дода мешаванд), творог, йогуртҳо бо иловагиҳои мевагӣ;
— гӯшти барра, гӯшти мурғ;
— сабзӣ, шалғам, лаблабу, пиёз, сирпиёз;
— олуболу, қоти сиёҳ (черная смородина), банана, клюква, марминҷон (ежевика), оби хуч (отвар шиповника);
— равғани маска (сливочное масло).
Тавсия дода мешаванд (бо дарназардошти бардошткунии инфиродӣ):
— ярма (ғайр аз ярмаи кашкӣ);
— маҳсулотҳои ширтурушӣ (кефир, биокефир, йогуртҳо бе иловагиҳои мевагӣ ва ғайра );
— навъҳои тезу тунд набудаи панирҳо;
— гӯшти парҳезӣ (гӯшти гов, хук, заргӯш, мурғи марҷон), консерваҳои махсуси гӯштӣ барои хӯроквории кӯдакон;
— ҳама намудҳои карам, кадуи таррак, кадуи патиссон, кадуи маъмулӣ, ҷаъфарӣ (зелень петрушки), шибит (укропа), нахуди тару тозаи сабз (молодой зеленый горошек), лӯбиёи лӯбиёи ғилофакӣ (стручковая фасоль);
— себҳои сабзранг ва сафедранг, мурӯду нок, навъҳои сафедранги гелос ва олу, қоти сафед ва сурх (белая и красная смородина), бектошӣ (крыжовник);
— равғани зарди (пухташудаи) маска (топленое сливочное масло), равғани растанигии поккардашуда ва хушбӯйкардашуда (рафинированное дезодорированное растительное масло) (ҷуворимаккагӣ, офтобпарастӣ, зайтунӣ ва ғайра);
— фруктоза;
— нони гандумӣ аз орди навъи дуюм, кулчақоқакҳои ғаллагӣ (хлебцы зерновые), чӯбчаҳо ва патароқҳои ирисии шириннашуда (несладкие кукурузные ирисовые палочки и хлопья).
Ин гуна парзезкуниро (диетаро) ҳангоми гирифтор будан ба бемориҳои вазниншудаи аллергӣ ба муддати 7-10 рӯз таъин мекунанд, пас аз он мувофиқи тавсияи духтур оҳиста-оҳиста ба диетаи инфиродии гипоаллергӣ (диетае ки маҳсулотҳои хӯрокии конкретиро, ки барои беморони конкретӣ аллерген мебошанд, истисно мекунад) гузаштан мумкин аст.
Дар охир аз ҳамаи аллергикҳо хоҳиш кардан мехостем, ки диетаро ҳамчун шакли азияткашӣ қабул накунанд.
Дар ёд дошта бошед, ки тавассути риоя кардани тавсияҳои парҳезӣ (диетӣ), бо вуҷуди бемории аллергӣ доштанатон ҳам, шумо барои худатон имконияти бо ҳаёти солим ва пурарзиш зистанро фароҳам меоред.