АСОСӢ / Таърихи тоҷикон / Аморати Бухоро дар нимаи аввали асри  ХIХ

Аморати Бухоро дар нимаи аввали асри  ХIХ

Пас аз фавти Шоҳмурод писараш — амир ҳайдар (1800– 1826) ба тахти аморат нишаст. Вай аксарияти вақтро ба мутолиаи асарҳои фиқҳ ва муноқашаҳои бемаънии шарҳу ҳошияҳо сарф мекард. Шояд аз ҳамин сабаб бошад,  ки худро «яке аз уламои замон» пиндошта, дар мадрасаи арк, ки бо амри ӯ сохта буданд, ба дарсгӯӣ машғул шуд. Чи навъе ки дар охири асри ХIХ пирмардони бухороӣ ба А.А.Семёнов ҳикоят кардаанд, муллобачаҳоро ба дарси «амири донишманд» ба зарби чӯб ҷамъ менамудаанд, зеро касе бо ихтиёри худ дар пеши ӯ дарс хондан намехостааст.[1] Ин амири тақводор ҳимоят ва тарафдории рӯҳониёнро меҷуст (ва пайдо ҳам кард). Амир ҳайдар Қуръонро саропо аз бар карда бошад ҳам, ҳеҷ гоҳ зоҳиди риёзаткаш набуд –аз сад канизи ҳарамсарои худ якеро интихоб намуда, ҳар моҳ ҳамсарашро иваз мекард, ҳамчунин аз байни пиразанони кордида касони махсус ба ҳар гӯшаву канори мамлакат фиристода мешуданд, то ки духтарҳои соҳибҷамолро пайдо карда, ба хидмати амир оваранд.

Дар аввалҳои ҳукмронии амир ҳайдар ба қӯшуни Бухоро муяссар гардид, ки ба Хева зарбаи хеле шадид расонад ва аз ин ҷониб хавфи ҳуҷуми душманро ба Бухоро бартараф намояд. Лекин баъдтар, ба сабаби заиф гардидани аморати Бухоро, хонҳои Хева боз муттасил ҳуҷум намуда, то девори пойтахт расиданд. Мубориза бо Шаҳрисабз ва давлати хонии Хӯқанд хеле тӯлонӣ ва тоқатфарсо буд. Амир ҳайдар дар ҷанги Ӯротеппа ғалаба карда, Ҷиззах ва саргаҳи Зарафшонро ба қаламрави худ дохил намуд.

Амир ҳайдарро лозим омад, ки ба тарафи ҳисор ҳам лашкар кашад. Ӯ дар ин ҷо баъзе муваффақиятҳо ба даст овард. ҳокими ҳисор, ки акнун хусури амир ҳайдар гардида буд, унвони атолиқро соҳиб шуд ва гоҳо ба амир пешкаш ва қувваҳои ҳарбӣ мефиристод. Вай амалан дар аксари корҳои мулкдорӣ бо ихтиёри худ амал мекард. Г.Мейендорф аз ҳикоятҳои амалдорони Бухоро дар соли 1820 чунин таассуроте ҳосил намуд, ки ҳисор мулки басо сарватманд аст.

Шаҳри ҳисор – нишемангоҳи ҳоким қариб се ҳазор иморат дошт ва дар водии шукуфони дорои заминҳои ҳосилхез (хусусан мазрааҳои фаровони шолӣ) ва чарогоҳҳои сабзу хуррам ҷой гирифта буд. Ғайр аз ин, Деҳнав, Қаратоғ ва Регар низ аз калонтарин маҳалҳои аҳолинишини ин мулк ба шумор мерафтанд. ҳокими Обигарм баъзан бо ҳокими ҳисор ҷанг мекард.[2]

buxoro_Миризатулло дар соли 1813 вазъияти сиёсии ҳамон қисмати Осиёи Миёнаро, ки бо он шиносоӣ дошт, ба тариқи зайл баён менамояд: Мовароуннаҳр «миёни ҳокимони ҷудогона, ки пуриқтидортарини онҳо подшоҳи Бухоро Мир ҳайдар мебошад, тақсим гардидааст». Ҷои дувумро аз ҷиҳати мақом амири Фарғона -Умархон мегирад. Севумӣ волии Ӯротеппа Маҳмудхон аст. Пас аз онҳо Шаҳрисабз Ниёзалӣ меистад. Ӯ исман табааи Бухоро маҳсуб ёфта, аммо намегузошт, ки ба номи Мир ҳайдар хутба хонда ва сикка зарб карда шавад. Сипас, Миризатулло ҳокимони ҳисор, Қубодиён ва Қӯрғонтеппаро зикр менамояд. Дар соҳили чапи дарёи Аму мулки Хоразм воқеъ аст, ки ҳокими он Муҳаммад Раҳимхон мебошад. Дар Бадахшон Мирмуҳаммадшоҳ ҳукмронӣ мекунад, Шуғнон ҳам ҳокими худро дорад. Ва хотирнишон менамояд: «ҳамаи ин ҳокимон бо ҳам намесозанд ва доимо дар ҷангу ҷидоланд».[3]

Аксари умаро ва ашроф нисбат ба амир ҳайдар ҳисси норизоятӣ мепарвариданд ва бар зидди ӯ ошӯб мебардоштанд.[4] Амир ҳайдар сиёсати падари худро дар бобати марказият додани давлат пеш бурда натавонист. Муқовимати феодалони маҳаллӣ дубора қувват гирифт. Дар натиҷаи лашкаркашиҳои сершуморе, ки ба муқобили феодалони исёнкор ва ҳамсоягони хусуматпарвар ба амал оварда мешуд, инчунин пардохти маоши беш аз ҳазор амалдор ва муллоҳои бешумор ва инъомҳои пулии ҳарсолаи аъёну ашроф эҳтиёҷи моддии давлат низ хеле зиёд мегардид. Муҳаммадяъқуб, бародари амир ҳайдар, навиштааст, ки «дар ин вақт харҷи амир ду баробар аз дахли ӯ зиёдтар буд». ҳар сол аҳвол торафт хатарноктар мешуд.[5] Ин буд, ки молиёт ва хироҷҳои бисёр, монанди қӯшпулӣ, танобпулӣ, алафпулӣ, яксарӣ, чӯбпулӣ, миробона, кавсан ва ғ. дубора ҷорӣ гардида, бори гурӯҳҳои истеҳсолкунандаи мамлакатро вазнинтар намуданд. Ба замми ин, ғоратгариҳое, ки ҳангоми амалиёти ҳарбӣ ба вуқӯъ меомад, ба сари мардуми меҳнаткаш маҳрумият ва мусибатҳои зиёде оварда, ӯро боз ҳам қашшоқу бенавотар мегардонд. Дар ибтидои солҳои бистум таназзули иқтисодӣ ва харобии саросари кишвар рух дод. Афзудани ҷабру зулм ва истибдод боиси сар задани ошӯбҳои нави халқӣ гардид. Шӯриши хитой-қипчоқҳо, ки дар водии Миёнкол сар зада, аз соли 1821 то соли 1825 давом намуд, яке аз тазоҳуроти ҳамин навъ ошӯбҳои халқӣ буд (роҷеъ ба ин шӯриш поёнтар, дар қисмати «Муборизаи синфӣ» батафсил сухан ронда хоҳад шуд).

Пас аз вафоти амир ҳайдар писараш — Насрулло (1826–1860) ба тахти аморат соҳиб гардид. Тавсифи возеҳу воқеии ин ҳукмрон ба қалами А.А.Семёнов тааллуқ дорад. Ӯ менависад, ки амир Насрулло аз болои ҷасади ду бародари худ – ворисони қонунии салтанат ҳусайн ва Умар гузашта, ба тахт нишаст ва дар давоми як моҳи пас аз ҷулуси худ рӯзе 50–100 касро ба қатл мерасонид.

«…Ӯ бо ғаддорӣ ва хунхории фавқулодда фарқ мекард ва барои ин вайро бухориён «амири қассоб» номида буданд. Давраи ҳукмронии дуру дарозаш бо бадкирдорӣ, қатлу куштор, хиёнат, бешарафӣ ва ҳирсу ози гӯшношунида ном баровард»[6].

Амир Насрулло бо Шаҳрисабз, Ӯротеппа, Қӯқанд ва Хева муттасил ҷанг мекард. Кӯшишҳои ӯ дар бобати ба ҳайъати аморати Бухоро баргардонидани вилоятҳои он сӯи дарёи Аму, ки акнун ба тасарруфи амирони афғон даромада буданд, натиҷае набахшид.

Амир Насрулло бо мақсади инон задан ба феодалони дохилии мамлакат як қатор чораҳои ниҳоят бераҳмона пешбинӣ намуд. ҳаким қӯшбегиро, ки дар аҳди салтанати падараш амалан ҳукмрони аморат маҳсуб меёфт, аввал аз ҳокимият дур кард ва сипас ба қатл расонид. ҳуқуқи қӯшбегӣ маҳдуд карда шуд. Абдусамади форс, ки ба ин вазифа таъин гардид, аз тарафи аъёну ашрофи қабилаҳои ӯзбек пуштибонӣ намедид ва тамоман ба майлу илтифоти амир вобаста буд. Умаро ва сарони сипоҳ, ки андаке норизоятӣ изҳор кунанд ва ё майли ҷудошавӣ пайдо намоянд, кушта ё худ бадарға намуда, молу мулкашон мусодира карда мешуд. Н.В.Хаников, ки соли 1841 Бухороро дида буд, навиштааст: «Раҳмонбердӣ махсуми туркман, ки аз тарафи амир ба мансаби муҳими раис, яъне муҳофизи расму одат ва дурустии миқёси тӯл ва тарозу таъин шуда буд, дар кори решакан кардани феодализми Бухоро ёвари нахустин гардид. Авомро бо зарби чӯб ҷазо дода, ба дуову ибодат водор мекарданд, сипоҳиёнро сар мебуриданд ва ё маҷбур менамуданд, ки гурехта ҷон ба саломат баранд; халқ ба раис нафрин мехонд; сипоҳиён ҳам фаҳмиданд, ки ба тахт киро нишондаанд, вале дигар илоҷе набуд».[7]

Дар соли 1837 амир Насрулло ислоҳоти ҳарбӣ гузаронид. То ин вақт қӯшун аз ду қисмат иборат буд: яке н ӯ к а р ҳ о, ки бидуни мӯҳлат хизмат мекарданд, дигаре қарачирикҳо, ки фавҷҳои ғайримуназзами сершумореро ташкил медоданд. Ғайр аз нӯкарҳо  шогирдпешаҳо низ  буданд, ки  хизмати қисми тайёрии қӯшунро адо карда, сипас ба нӯкарӣ гузаронида мешуданд. Вақте ки нӯкарҳо ба юриш мебаромаданд, шогирдпешаҳо дар гарнизон хизматро давом медоданд. Нӯкарҳо ҳам, дар навбати худ, ба ду қисм: мерганҳо ва найзадастон ҷудо мешуданд. Мерганҳо бо туфанг ва ё камон, найзадастон бошанд, бо найза мусаллаҳ буданд. Силоҳро ҳукумат медод. Дар қалъа захираи борут ва тир мавҷуд буд. Қисми махсусро тӯп ташкил медод, ки ба он тӯпчибошӣ фармонфармоӣ мекард. Нӯкарҳо ва шогирдпешаҳо таъминоти худро асосан ба тариқи мол (ғалла ва ришқа) мегирифтанд, ки аз қитъаҳои муайяни замин ба андозаи молиёти барои хазина пардохташаванда рӯёнида мешуд. Кӯмаки пулӣ ҳам мегирифтанд, вале хеле номураттаб. Қарачирикҳо аксар вақт бесилоҳ буданд. Дар яке аз фармонҳои амир ҳайдар роҷеъ ба иштироки қарачирикҳо дар юриш гуфта шуда буд: «Агар силоҳ набошад, бигзор белу каланд ба даст бигиранд». Чӣ нерӯи размоварӣ доштани чунин қӯшун ба шарҳу тафсил эҳтиёҷе надорад.

Амир Насрулло ба ташкили қисми калони ҳарбии муназзам саъй намуд. Асоси он аз асирони рус, инчунин аз форсҳо ва дигарон фароҳам омада буд. Баталёни 800-нафараи сарбозон ва қисмати 250-нафараи тӯпчиён ташкил ёфт. Либоси махсуси низомӣ ҷорӣ карда шуд. ҳамаи сарбозон бо туфангҳое, ки аз саросари мамлакат ҷамъ карда ва ҳам махсус аз хориҷа оваронида буданд, мусаллаҳ гардиданд. Туфанги онҳо найза дошт. Силоҳи тӯпчиён аз таппонча ва шамшери русӣ иборат буд. Сарбозон дар хоначаҳои махсус барояшон сохташуда, яъне як навъ «казармаҳо» зиндагӣ карда, ҳамеша омодаи ҷанг буданд. Дар вақтҳои осоишта машқҳои ҳарбӣ гузаронида мешуданд. Сарбозон ва афсарон мунтазам мавоҷиб мегирифтанд. Амир аз ин қисми ҳарбӣ, ки қувваи асосии зарбазанандаи қӯшуни Бухоро маҳсуб меёфт, дар вақти ҷанг ба таври васеъ истифода менамуд, вале дар замони осоишта аз он метарсид.[8] Ин мустабиди хунхор ҳамеша аз ҳар кас ва аз ҳар чиз хавф мебурд ва дарвоқеъ, худаш ҳам зӯран ба ҳалокат расонда шуд. Аз баъзе ривоятҳо маълум мешавад, ки зани бо зӯр гирифтааш – духтари волии Шаҳрисабз – Кенагасхоним ҳангоми хоб ба гӯшаш симоб рехтааст. Амир аз дарди ҷонкоҳ бедор шуда, пеш  аз марг фармудааст, ки он зан ва ҳамаи бачаҳои вайро кушта, ба чоҳ партоянд.

Пас аз фавти амир Насрулло инони салтанат ба дасти писари ягонаи ӯ — Музаффар (1860–1885) расид. Донандаи маъруфи таърихи Манғития А.А.Семёнов навиштааст: «Писар ва вориси амир Насрулло — Музаффар меҳри падарро ягон қадар эҳсос намекард ва амир Насрулло ҳеҷ намехост, ки Музаффар вориси тахти Бухоро гардад. Бинобар ин падар сидқан дар нияти куштани писараш – ин шахси мисли худи ӯ бераҳму хунхор буд, вале азбаски дигар писари оқилтаре надошт, хоҳу нохоҳ ин қасди худро ба таъхир меандохт».[9]

Дар замони ҳукмронии амир Музаффар Осиёи Миёна ба Россия ҳамроҳ карда шуд.

Давлати хонии Хӯқанд дар нимаи аввали асри ХIХ

Таърихи хонии Хӯқанд бо вуҷуди ба андозаи фаровон мавҷуд будани манбаъҳои мӯътамад, мадракҳои мустанад ва хотироти сайёҳон ҳанӯз ба дараҷаи кофӣ тадқиқ нашудааст.[10]

Дар асри ХVIII Фарғона тавассути мавқеи ҷуғрофии худ назар ба Бухоро, Хева ва Тошканд вазъияти афзалиятноке дошт, зеро бисёр ҳодисоти харобиовар, аз ҷумла футуҳоти Нодиршоҳ то он ҷо асар накарда буд. Аз ин рӯ, аҳолии Фарғона хеле афзуда, иқтидори иқтисодии он зиёд мешуд. ҳамин буд, ки барои таъсиси давлати мустақил замина ва имкониятҳои мусоид муҳайё гардид. Дар ин роҳ қадами нахустинро Олимхон (1800–1810)[11] гузошт. Ӯ ба мақсади баромадан аз тобеияти ашрофи ҳарбии феодалӣ дастаи махсуси низомӣ ташкил намуд, ки комилан аз тоҷикони кӯҳистон – дарвозиҳо, қаротегиниҳо ва шуғнониҳо фароҳам омада буд. Ин даста вазъияти имтиёзнокро соҳиб гардида, дастаи асосии қӯшуни аз аҳолии маҳаллии ӯзбек ташкилшуда ба шумор мерафт. Олимхон дар бобати марказонидани давлат ҷидду ҷаҳди бисёре ба харҷ дода, ҳарчанд мухолифати доираҳои бонуфузи аъёну ашроф ва рӯҳониёнро бартараф карда натавониста бошад ҳам, ба ҳар ҳол баъзе муваффақиятҳоро ноил гардид. Ӯ ҳудуди давлати хониро васеътар намуд. Чун тасарруфи Ӯротеппа барояш муяссар нашуд, қусури онро аз ҷои дигар баровард, дар охирҳои ҳукмрониаш Тошканд ва қабилаҳои қазоқи ҳамҷавори онро ба қаламрави худ дохил кард.

Куканд

ҳамаи ин иқдомоти Олимхонро бародараш — Умархон (1810-– 1822) бо муваффақият идома дод. Маҳз дар аҳди салтанати ӯ сохти маъмурии давлати хонӣ комилан ташаккул ёфт. Умархон бо баҳонаи мустаҳкам кардани иқтидори табақаи ҳукмрони хонии Хӯқанд тавонист ихтиёроти бузургеро соҳиб гардад. Ҷанги бебарор барои Ӯротеппа бо аморати Бухоро давом мекард. Умархон ба тарафи шимол лашкар кашида, шаҳри Туркистон ва масоҳати паҳновари даштҳои қазоқнишинро аз баҳри Арал то ҳафтрӯд ишғол намуд. Қалъаҳои Оқмачит (ҳоло шаҳри Қизилӯрда), сипас Авлиёато (Ҷамбули ҳозира), баъдтар Пишпек (шаҳри кунунии Фрунзе) ва ғайра сохта шуданд. ҳамин тариқа, як қисми қабилаҳои қирғизу қазоқ ҳам ба қаламрави хонии Хӯқанд дохил гардид.

Пас аз Умархон писар ва вориси ӯ — Муҳаммадалӣ (Мадалӣ) ба тахт нишаста, тақрибан бист сол (1822–1842) зимоми умури хонии Хӯқандро дар дасти худ нигоҳ дошт. Ӯ чандин дафъа ба самти ҷануби шарқӣ лашкар кашида, мулкҳои Дарвоз ва Қаротегинро зери даст намуд ва муддате чанд ҳокими Кӯлоб низ ба итоати вай сар даровард. Муҳаммадалихон дар тарафи ғарб бо Ӯротеппа ҷанг кард, ҳамчунин ба Кошғар юришҳо намуд. Дар аҳди ӯ даҳҳо ҳазор аҳолии Қошғар аз зулму ситами ҳукумати Хитой ба дод омада, ба умеди наҷот сӯи Фарғона фирор карданд ва дар ҳамин ҷо маскан гирифтанд.

Муҳаммадалихон ба мисли ҳукмрони Бухоро амир Насрулло як марди золим ва бетараҳҳуме буд. Ӯ ягон меъёреро риоят накарда, одамони гунаҳкору бегуноҳро ба қатл мерасонид, чун ишратпарасти фосиқ умр ба сар мебурд, айшу нӯш ва кайфу сафо шуғли доимии ӯ ба шумор мерафт. Ба қавли В.П.Наливкин ин «хунхори ҷавон» соҳиби тахту тоҷ гардида, тамоми умр «фақат ба фисқу фуҷур ва қатлу куштор машғул шуд».[12] Ӯ аз пуштибонии аъёну ашроф ба куллӣ маҳрум гардид; мардум ҳамеша дар ғалаён буданд. Амири Бухоро Насрулло аз ин фурсат истифода бурда, соли 1842 Хӯқандро забт кард ва Муҳаммадалихонро бо ҳамаи аҳли хонадонаш ба қатл расонд. Аммо амир Насрулло Хӯқандро дар даст нигоҳ дошта натавонист. Дере нагузашта Хӯқанд боз истиқлолияти худро соҳиб шуд ва Хуҷанду Тошкандро ҳам дубора ба даст овард.

ҳанӯз дар замони ҳукмронии Муҳаммадалихон, ҳеҷ набошад дар нимаи дувуми он, дар хонии Хӯқанд падидаҳои бӯҳрони дохилӣ ба зуҳур меомаданд. ҳангоми ҷангҳои бешумор ва табаддулоти дарбор тоифаҳо тамом несту нобуд мешуданд. Низоъҳои байни қавмҳои муқимӣ ва бодиянишин, ки феодалон ва аъёну ашрофи қабилавӣ бармеангехтанд, истисмори бераҳмонаи аҳолии ҳам муқимӣ ва ҳам бодиянишин – ин буд хусусияти хоси ин давраи изтиробомез, ки хонии Хӯқанд то охирин лаҳзаҳои мавҷудияти худ аз он раҳоӣ ёфта натавонист.

Нобудшавии аҳолӣ ва харобии хоҷагӣ дар натиҷаи ҷангҳои байни давлатҳои феодалӣ

Мо ҳангоми баёни воқеаҳои таърихии аморати Бухоро ва хонии Қӯқанд борҳо ҷангҳои барои Ӯротеппа сарзадаро ёдоварӣ намудем.[13] Дар нимаи дуввуми асри ХVIII Ӯротеппа мулки калоне буд, ки ба ҳайъати он, ғайр аз ҳавзаи Шаҳристону Ӯротеппа, Панҷакент, Ҷиззах, Зомин, Нов ва Хуҷанд низ дохил мешуданд. Ин мулк ба ноустувории ҳудуди худ нигоҳ накарда, аксар вақт соҳибихтиёр буд. Дар ин ҷо ҳокимони аз тоифаи юзи ӯзбек баромада ҳукмронӣ менамуданд.

Аз ибтидои асри ХIХ ба муносибати қувват гирифтани Бухоро ва Хӯқанд мулки Ӯротеппа гӯё ки дар байни путку сандон воқеъ гардид: аморати Бухоро Ҷиззах ва давлати хонии Хӯқанд Хуҷандро ба тасарруфи худ дароварданд. Ҷангҳои беинтиҳо барои Ӯротеппа сар шуданд. Муҳаққиқи таърихи Ӯротеппа А.М.Мухторов ду сабаби асосии ин ҷангҳоро дуруст муайян кардааст. Сабаби аввал – аҳамияти калони стратегӣ доштани забти Ӯротеппа, ки хатҳои иртиботии ба ҳам алоқамандкунандаи ду давлат таҳти ихтиёри он қарор гирифта буданд, инчунин роли муҳими Ӯротеппа дар иқтисодиёти ҳавзаи саргаҳи Зарафшон. Сабаби дувум вобаста ба иқтисодиёт аст: мулки сернуфузи Ӯротеппа барои хазина даромади бисёр дода метавонист, зеро он анбори ғалла буд ва аз он ҷо миқдори зиёди ғалла содир мегардид (маълум аст, ки дар соли 1870 аз Ӯротеппа ба Самарқанд 250 000 пуд ғалла бурда шуд).

То солҳои сиюми асри ХIХ давлати хонии Хӯқанд дар талоши Ӯротеппа саҳми бештаре гузошт. Дар сурате, ки амирони Бухоро ба Ӯротеппа даҳ маротиба юриш карданд, хонҳои Хӯқанд беш аз бист маротиба ба ин ҷониб лашкар кашиданд. Онҳо шаҳрро ишғол намуда, ҳокими онро қатл мекарданд. Аммо пас аз рафтани қӯшуни асосии онҳо аҳолии Ӯротеппа (инчунин Хуҷанд) сар бардошта, истиқлолияти худро дубора ба даст медароварданд. Сипас, боз юриши нави истилогарон сар мешуд. Солҳои 1841–1848 Ӯротеппа дар таҳти тасарруфи Бухоро қарор гирифта буд. Вале пас аз чанде боз ҷангу талош, муҳосираҳои тӯлонӣ ва танаффусҳои кӯтоҳмуддати осоишта шурӯъ мегардиданд. Дар арафаи ба Россия ҳамроҳ карда шудан мулки Ӯротеппа дар ҳайъати аморати Бухоро буд.

ҳамагӣ дар асри ХIХ, дар зарфи шашуним даҳсола ба Ӯротеппа тақрибан панҷоҳ бор лашкар кашида шуд, дар он ҷо бисту панҷ ҳоким иваз гардид. Дар ҳар як-яку ним сол шаҳр ва атрофи он боз ва боз ба харобазор табдил меёфт. Дар асарҳои онвақта тасвирҳои дилхароши ваҳшоният ва кушторҳо, ки ҳодисаҳои муқаррарии ҳамарӯза гардида буданд, бисёр дучор меоянд. Дар вақти яке аз лашкаркашиҳояш ба Ӯротеппа Олимхон ба сарбозони худ амр намуд, ки шаҳрро тороҷ кунанд. Дар натиҷа, чунон ки сарчашмаи хаттӣ хабар медиҳад, «ба ҷуз хоку санг ҳар он чӣ, ки ин вилояти пурбаракат дошт, рабуданд». Тамоми аҳолии Ӯротеппа, марду зан бо пои луч ва тани урён, нолаву фиғонкунон мисли гадоён ба назди сарбозон омада, ҳоли табоҳи худро баён мекарданд ва хӯроку пӯшок металабиданд.

Сарчашмаи дигар маълумот медиҳад, ки истилогарон «мисли мӯру малах» фурӯ рехтанд ва дар шаҳру атрофи он «ғайр аз хоку санг чизе боқӣ намонд». Шоираи ӯротеппагӣ Дилшод, ки шоҳиди яке аз мавридҳои истилои қӯшуни Хӯқанд қарор гирифтани Ӯротеппа будааст, менависад, ки ишғолгарон аввал деҳаҳоро ғорат карданд, боғҳо, пулҳо ва иморатҳои беруни шаҳрро оташ заданд. Пас аз шаш рӯзи муҳосира ва ҷангҳои кӯчагӣ ғосибон ба шаҳр зада даромаданд. Сарбозон, нӯкарон ва муқаррабони амир хона ба хона гашта, моли мардумро талаву тороҷ мекарданд, фосиқӣ ва беномусӣ менамуданд. Дар ҳар ҷо дорҳо сохта буданд.[14] Аз субҳ то шом одамонро қатл мекарданд. Деҳаҳо тамом валангор гардида, киштзорҳо поймол ва сӯзонда мешуданд. Дар солҳои 1806–1807 худи шаҳр ҳам аз тарафи сарбозони Хӯқанд оташ дода шуд. Пас аз ҳар як ҳуҷуми душман дуди оташ, қӯраи хокистар ва нолаву шеван боқӣ мемонд. Аҳолӣ гуруснагӣ мекашид ва ҳалок мешуд. Танҳо савдогарони корчаллон аксаран аз ҳодисаҳои фоҷиангез ҳам барои худ нафъ ҳосил мекарданд. Вақте ки Ӯротеппа ба дасти амирҳои Бухоро медаромад, пулҳои хӯқандӣ арзиши худро гум менамуд ва савдогарон ин пулҳои беқадрро аз аҳолӣ муфт ҷамъоварӣ карда, ба Хӯқанд мебурданд ва онҳоро бо арзиши пурра барои хариди молҳо истифода мекарданд. ҳар гоҳ ки Ӯротеппа ба дасти хонҳои Хӯқанд мегузашт, бо пулҳои бухороӣ ҳам айнан чунин ҳодиса рух медод. Ин фиребгариву ҳуққабозиҳо азобу машаққати мардуми авомро боз ҳам афзунтар мекард.

Дар байни аморати Бухоро ва Шаҳрисабз низ муттасил ҷанг ва задухӯрдҳо ба амал меомаданд. Чунон ки сайёҳ ва олими рус А.Л.Кун навиштааст, «беки Шаҳрисабз исман қисми таркибии аморати Бухоро маҳсуб ёфта, амалан қариб ҳамеша дар зери ҳукмронии ҳокимони аз қабилаи кенагас баромадаи ӯзбек ҳаёти мустақилона ба сар мебурд».[15] Қабилаҳои ӯзбеки кенагас, қунғрод ва минг, ки дар вилояти Шаҳрисабз зиндагонӣ мекарданд, пас аз ба сари ҳукумат омадани Манғития бештар ба фишор дучор гардида буданд. Аз ин сабаб, онҳо ҳамроҳи тоҷикон ва дигар мардумони ин вилоят аз итоати ҳукумати Бухоро сар тофта, ҳокимон ва сардорони қабилаҳои худро пуштибонӣ намуданд.

Чи навъе ки Аҳмади Дониш менависад, Насруллохон қаблан ҳамаи онҳоеро, ки дар «фитнаи эл ва улус» иштирок доштанд, нобуд сохт ва сипас ба лашкаркашиҳои ғоратгаронаи худ, аз ҷумла ба ҳуҷуми Шаҳрисабз камар баст.[16] Қалъаи мустаҳками шаҳрро фатҳ кардан ба қӯшуни Бухоро муяссар нагардид, бинобар ин сарбозони истилогар деҳаҳои атрофи онро ғорат ва хароб намуданд. Сайёҳи рус менависад: «ҳар сол баҳорон ӯ (амир Насрулло–Б.Ғ.) барои нобуд кардани киштзорҳои ғалла дастаҳои савораи худро ба манзараҳои Шаҳрисабз мебаровард». Дар натиҷа гуруснагӣ сар мезад, нархи ғалла ва дигар хӯроквориҳо бағоят баланд мешуд.[17] Дар соли 1856 пас аз 32 бор ҳуҷум овардан, ниҳоят, амир Насрулло Шаҳрисабзро ба худ тобеъ намуд. Ин вилоят ба сабаби ҷангҳои пурдавом на камтар аз Ӯротеппа хароб гардид.

Муборизаи байни гурӯҳҳои мухталифи синфи ҳукмрон баҳри ба даст овардани ҳокимият дар давлати хонии Хӯқанд, лашкаркашиҳои ғоратгаронаи хонҳои Хӯқанд ба мулкҳои қазоқон[18], қирғизон[19] ва тоҷикони кӯҳистон[20] низ ба тараққиёти қувваҳои истеҳсолкунанда зиёни ислоҳнопазир расонида, ба сари аҳолии меҳнаткаш азобу уқубатҳои фавқулодда оварданд.

[1] Семёнов А.А., 1954 а, с. 3.

[2] «Роҷеъ ба вазъияти кунунӣ», 1826, с. 176–177; 1826, с. 130–131. Чунин хусусияти муносибатҳои байни амир {айдар ва ҳокими {исорро Миризатулло ҳанӯз дар соли 1813 rайд карда буд –ниг.: Соколов Ю.А., 1957, с. 211. Дар солҳои 1815–1816 амир {айдар метавонист амр кунад, ки тоифаҳои Uузор ба чарогоҳҳои {исор равон шаванд –ниг.: Абдураҳимов М.А., 1961; с. 70–103 (номаи №1 722). Доир ба таърихи {исор –ниг.: Давидович Е.А. ва Мухторов А., 1969, с. 35–37.

[3] Соколов Ю.А., 1957, с. 199–200.

[4] Сомӣ, 1962 в, 63 а-б.

[5] Муҳаммадъrуб, дастнавис, в. 157 б.

[6] Семёнов А.А., 1954, а. с. 3-4

[7] Ханыков Н.В., 1843, с. 231.

[8] Муфассалан ниг.: Вяткин В.Л., 1928; Троицкая А.А., 1953. Инчунин ниг.: Галкин М.Н., 1968, с. 210–222. Роҷеъ ба rӯшуни Бухоро маълумоти пурарзише дар баёноти асирони дар rӯшуни Бухоро хизматкардаи рус, ки пеш аз рафтан аз Бухоро арз доштаанд, мавҷуд аст.

[9] Семёнов А.А., 1954, с. 4

[10] Таърихи сиёсии на ҳамеша даrиr, вале пурратар – ниг.: Наливкин В.П., 1886. Аз муҳимтарин тадrиrоти нав – ниг.: Иванов П.П., 1939, 1958; Rаюмов А.А., 1961, 1961 а; Набиев Р.Н., 1961, 1966; Усенбоев К, 1961; Ромодин В.А., 1963; Мухторов А., 1964; Ҷувонмардиев А., 1965; Ҷамгарчинов Б., 1966; Плоских В.М., 1968; Троицкая А., 1969.

[11] Ин сана бо маълумоти сарчашмаҳои огоҳтар бештар мутобиrат дорад, ҳарчанд аз эҳтимол дур нест, ки соли анҷоми ҳукмронии Олимхон 1809 ё 1811 бошад. Вале В.И.Наливкин (1886, с. 76–77) оuози салтанати Умархонро соли 1808 ҳисоб кардааст, ки тамоман хатост.

[12] Наливкин В.П., 1886, с. 125, 144.

[13] Дар хусуси мулки Ӯротеппа ва ҷангҳои барои Ӯротеппа дар байни аморати Бухоро ва хонии Хӯrанд баамаломада – ниг.: Мухторов А., 1957, 1964.

[14] Мухторов А., 1964, с. 43–44: 1969, с. 77.

[15] Кун А.Л., 1880, с. 205.

[16] Аҳмади Дониш, 1960, с. 31, 1967, с. 38.

[17] Яворский И, Л., 1883, с. 46.

[18] Иванов П.П., 1939.

[19] Усенбоев К., 1961, с. 13–16.

[20] Искандаров Б.И., 1960, с. 49–55.

Инчунин хонед инро

uli_somoniyon

МУОМИЛОТИ ПУЛ АСРИ ХII

Тараққиёти қувваҳои истеҳсолкунанда, беш аз пеш ҷудо шудани касбу ҳунар аз хоҷагии қишлоқ, инкишофи минбаъдаи …