Охири соли 2022 бо ташаббуси Бонки Осиёгии Рушд (БОР) дар ҳамгироӣ бо Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ ва Рушд (СҲИР) дар қароргоҳи БОР дар шаҳри Манилаи Ҷумҳурии Филиппин бо мақсади баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ ва омӯхтани имкониятҳо барои ноил шудан ба ҳадафҳои умумии андозбандии байналмилалӣ машварати минтақавӣ баргузор гардид, ки дар он муовини Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахтиёр Султон иштирок ва суханронӣ намуд.
Дар машварат беш аз 80 иштирокчӣ аз 37 давлати минтақаи Осиё ва Уқёну си Ором ва давлатҳои аъзои “Шарикони BEPS” (мубориза бар зидди канораҷӯӣ аз пардохти андозҳо ва интиқоли фои да) ширкат варзиданд. Дар ин машварат коршиносон ва намояндагони мақомоти андози кишварҳо оид ба навовариҳо дар самти татбиқи тадбирҳои BEPS, тиҷо рати электронӣ, ҳалли мушкилоти иқтисоди рақамӣ ва дигар масъалаҳои мубрами андозбандии байналмилалӣ дар минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором суханрониҳо намуда, масъалаҳои ма траҳшударо мавриди муҳокима қарор доданд. Зимни баргузории машварати мин тақавӣ аз ҷониби СҲИР лоиҳаи “Харитаи роҳ барои беҳтарнамоии андозбандии байналмилалӣ” ва амалҳои минбаъда дар доираи ташаббусҳо бо мақсади анҷом додани амалисозии тадбирҳои BEPS, ҳамзамон, оид ба корҳои анҷом додашуда дар самти тиҷорати элек тронӣ ва маҷмӯи унсурҳо барои дастги рии ҷамъоварии самараноки андоз аз арзиши иловашуда (ААИ) аз тиҷорати электронӣ дар минтақаи Осиё ва Уқёну си Ором маълумот пешниҳод гардид.
Ҳангоми муҳокимаронии масъалаҳо аз ҷониби муовини Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷи кистон Бахтиёр Султон ба коршиносони байналмилалии СҲИР оид ба тадбирҳои BEPS, роҳҳои ҳалли мушкилот дар самти тиҷорати электронӣ, андозбандии шир катҳои фаромиллӣ саволҳо пешниҳод гардид. Ҳамзамон, ба иштирокчиёни машварат оид ба рушди рақамикуно нии хизматрасониҳои давлатии мақо моти андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, тағйиру иловаҳо ба қонунгузории андоз ва корҳои анҷомдодашуда дар самти тиҷорати электронӣ дар Ҷумҳу рии Тоҷикистон маълумоти мухтассар пешниҳод шуд. Бояд гуфт, ки машваратҳои мин тақавии мазкур, ки бо мақсади ҳалли мушкилоти иқтисодиёти рақамӣ аз соли 2019 инҷониб доир карда мешаванд.
Зикр кардан ба маврид аст, ки дар соли 2021 Изҳороти фарогири мушта раки қолабӣ қабул шуд. Тибқи изҳороти номбурда давлатҳои аъзои СҲИР ба со зиш омаданд, ки мушкилоти андозбан дии тиҷорати электрониро тавассути 2 сутун ҳал намоянд. Сутуни 1 ҳуқуқи нави андозбандиро эҷод менамояд. Тибқи он ширкатҳои фаромиллӣ бояд фоизи муайянеро аз фоидаи боқимондаи худ ба давлате, ки аз он даромад мегиранд, пардохт намоянд. Сутуни 2 андози минималии уму миҷаҳониро муқаррар менамояд.
Дар асоси он ширкатҳои фаромиллӣ бояд андози минималиро на кам аз 15 фоиз ба давлате, ки аз он даромад мегиранд, пардохт намоянд. Даромадҳои эҳтимолӣ аз сутуни 1 барои баъзе давлатҳои рӯ ба тараққӣ хурд бошад ҳам, он роҳи хуби ҳалли мушкилоти андозбандӣ дар самти иқтисоди рақамӣ мебошад. Агар давлатҳо сутуни 1ро истифода накарда, амалҳои яктарафаро татбиқ намоянд, ин амалҳо метавонанд эҳти молан оқибатҳои ғайричашмдоштро ба мисли андозбандии дукарата, чандка рата ё монеаҳои дигарро дар тиҷорати фаромарзӣ ба вуҷуд оранд. Сутуни дуюм дар марҳалаи пешраф та қарор дорад. Айни замон аз СҲИР барномаи қолабӣ оид ба татбиқи қо идаҳои умумиҷаҳонии мубориза бар зидди канораҷӯӣ аз пардохти андозҳо ва интиқоли фоида (GloBE) таҳия наму да истодааст.
Баъзе давлатҳои рӯ ба тараққӣ, ал лакай, модели (GloBE)ро дар қонунгу зории худ мутобиқ намуда истодаанд. Албатта, чунин тағийрот ба қонунгу зории давлатҳо захираҳои назаррас ва қарорҳои дахлдори сиёсиро тақозо менамоянд. Мусаллам аст, ки бисёр давлатҳои рӯ ба тараққӣ тавассути имтиёзҳои ан дозӣ сармояи мустақими хориҷиро ба давлатҳои худ ҷалб менамоянд. Вале баъд аз қабули қоидаҳои GloBE дав латҳо бояд андоз аз даромади шахсони ҳуқуқиро на кам аз 15 фоиз муқаррар намоянд. Аз ин рӯ, ба мақомотҳои ваколатдо ри давлатҳо лозим меояд, ки сиёсати имтиёзҳои андозии худро аз нав дида бароянд. Агар дар давлат андози да ромади шахсони ҳуқуқии хориҷӣ бо меъёри минималии 15 фоиз муқаррар нашавад, он гоҳ фарқи меъёри минима лии андоз дар дигар давлат андозбандӣ карда мешавад. Бинобар ин, давлатҳои рӯ ба тараққӣ вобаста аз чунин тағйиро ти муҳим ва натиҷаҳои Сутуни 2, ба бо знигарии имтиёзҳои андозии худ шурӯъ намоянд.
Ҳамзамон, вобаста аз баррасӣ ва қабули ҷанбаҳои асосии қоидаҳои модели GloBE, ба монанди муқаррар намудани андози даромад бо меъёри минималии 15 фоиз чораҳо андешанд. Бо вуҷуди он, ки Ҷумҳурии Тоҷи кистон то ҳол узви давлатҳои аъзои “Шарикони BEPS” ба ҳисоб намеравад, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2016 инҷо ниб бо пайгири аз таҷрибаи беҳтарини байналмилалӣ дар ин самт бо мақсади огоҳ шудан аз мушкилиҳои ҷаҳонии ан доз ва андозбандӣ, дар вохӯриҳои дар доираи BEPS баргузоршаванда фаъоло на иштирок менамоянд.
Ҳамчунин, бо мусоидати техникии Бонки Осиёии Рушд дар аввали соли 2022 дар назди Вазора ти молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Гурӯҳи кории байниидоравӣ ҷиҳати омӯзиш ва баррасии имконияти шомилшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба BEPS таъсис дода шудааст, ки ин гурӯҳ дар якҷоягӣ бо мушовирони Бонки Осиёии Рушд Нақшаи кории шомилшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба BEPSро таҳия намудаанд. Бояд қайд намуд, ки айни замон, тиҷорати электронӣ як ҷузъи ҷудона шавандаи фурӯши чакана дар ҷаҳон гардидааст. Дар соли 2020 зиёда аз 1,9 миллиард нафар одамон мол ё хизматрасониро тавассути интернет харидорӣ намудаанд ва ҳамин тавр, фурӯши чаканаи электронӣ дар соли 2021 ба 5,2 триллион доллари ИМА дар саросари ҷаҳон ташкил дод ва тибқи дурнамо он ба 8,2 триллион доллари ИМА дар соли 2026 баробар хоҳад шуд.
Дар робита ба андозбандии ғайри мустақим, яке аз мушкилоти асосии ан доз аз арзиши иловашуда дар тиҷорати электронӣ ин мушкилоти ситонидан ва ҷамъоварии ААИ аз истеъмолкунанда гоншахсони воқеӣ мебошад, зеро шир катҳо хизматрасониҳои электрониро дар тамоми ҷаҳон тавассути шабакаи интернет ба истеъмолкунандагон пеш ниҳод менамоянд. Чунин ҳолат мета вонад манбаи андозбандии давлатҳои истеъмолкунандагонро хароб намуда, боиси рақобати носолим дар байни ширкатҳои дохилӣ ва хориҷӣ гардад. Дар ин замина, тибқи гузориши Тад бири 1 BEPS (хароб намудани манбаи андоз ва интиқоли андоз аз фоида) ба мақомоти андоз имконият дод, ки аз ширкатҳои хориҷие, ки хизматрасонии электрониро ба шахсони воқеӣ пеш ниҳод менамоянд, андоз аз арзиши иловашударо ситонанд.
Бинобар ин, тибқи тавсияҳо ва таҷрибаи байналмилалӣ, нақши плат формаҳои рақамӣ дар ҷамъоварии ААИ аз фурӯшҳои онлайн назаррас мебо шад, чунки платформаҳои зикргардида ро тавассути истифодаи механизми со дакардашудаи бақайдгирӣ барои иҷро намудани қонунгузории амалкунандаи андоз ҷалб намудан имконпазир аст. Дар айни замон аз ҷониби корши носони СҲИР қоидаҳои умумиҷаҳонии мубориза бар зидди канораҷӯӣ аз пардохти андозҳо ва интиқоли фоида (GloBE) таҳия шуда истодааст. Пас аз татбиқи тартиби муқарраршуда қабул гардидани қоидаҳои мазкур, барои давлатҳои аъзо имконият ба миён ме ояд, ки ҷиҳати мавриди андозбандӣ қарор додани даромади ширкатҳои азими фаромиллӣ самараноктар чо раҷӯӣ намоянд.
Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати тибқи тартиби муқарраргардида бо дарназар дошти манфиатҳои миллӣ ба роҳ мон дани ҳамкории мутақобилан судманд бо мақомоти андози дигар давлатҳо ва созмонҳои байналмилалӣ доир ба андозбандии даромади ширкатҳои фа ромилии азим, ки дар соҳаи тиҷорати электронӣ ва технологияи иттилоотӣ тиҷорат менамоянд, чораҳои иловагӣ хоҳад андешид.
Ширинмоҳи МУҲАММАДӢ