АСОСӢ / ГУНОГУН / АНҒӮРА
Ангургура

АНҒӮРА

Ангурғӯра — ин самари хоми ангур, яъне норасидаи сабзи турши он аст аз ҳар навъи ангур, ки бошад. Мизоҷаш дар аввали дараҷаи дувум сард ва дар дувум хушк аст. Агар оби онро дар офтоб ғафс гардонанд, мизоҷаш сардтар ва хушктар мегардад то дараҷаи севум.

Хислатҳои шифобахши он: хӯрдани он ҳарорати хун ва сафроро хомӯш мекунад, шиддати ҷӯшиши сафроро мегардонад, балғами дар меъда пайдошударо пора-пора месозад, дарунро мебандад; намегузорад, ки моддаҳон бегона ба меъда рехта шаванд; бадан ва ҷигарро қувват медиҳад, ташнагиро мешиканад, сустии аъзоро барҳам медиҳад.

Ғӯраи ангурро хушк карда кӯфта, гузошта банданд, арақи баданрю хушбӯй мегардонад, шахшӯлии пӯстро ислоҳ мекунад ва баъд намегузорад, ки ҳамон сол арақи нохуш аз бадан берун ояд; ҷӯшишҳои баданро, ки дар тибби ҳозира аллергия меноманд, дафъ месозад, барои хориш ва сустии бадан фоида дорад.

Вале хӯрдани ин меъдаи сардмизоҷро суст мекунад, ба қуввати пушти камар (боҳ) футур мерасонад, дар шикам бод пайдо менамояд, рӯдаҳоро ба дард меоварад ва дар одамоне, ки меъдаашон балғами шахшӯл дошта бошад, ташнагӣ пайдо мекунад. Барои дафъ кардани зарарҳои номбаршудааш гулқанд ва анҷир бихӯранд, ислоҳ мекунад.

Агар мавсими ғӯраи ангур набошад, ба ҷойи он ревоҷ (чукрӣ) ва туршак (щавель) истеъмол фармоянд, равост. Оби ғӯраи ангурро ҷӯшонида ғафс карда бихӯранд, ташнагиро мешиканад, тафс ва ҳарорати меъдаро сокин мекунад; барои қатъ кардани исҳоли сафровӣ, барангехтани иштиҳо, аз афтодан нигоҳ доштани бача дар шиками модар, қавӣ гардонидани узвҳои даруни сина ва даруни шикам, манъ кардани беҳузуршавии дил аз ҷамъ шудани сафро дар меъда дору мешавад.

Оби ғӯраи ангурро дар офтоб хушк кунанд, инро усораи ғӯра меноманд, хӯрдани усораи он ашаддитарин дарди гулӯ, варамҳои ҳалқ, ҷӯшиши (пухтани) даҳан; хуни бинӣ ва хун қай карданро шифо мебахшад. Агар инро бо оби гандано бихӯранд, донаи бавосирро хушк мекунад ва баъд аз ин  беморӣ сиҳат меёбад.

Усораи ғӯраи ангурро занҳо аз таг бардоранд, бачадонро пок ва ҳоли бади онро ислоҳ мекунад. Ва инро бо сирко хамир карда биёшоманд, ҳамаи носурҳоро, ки захм ва реши беҳнашаванда мебошанд, ба ибро меоварад.

Оби ғӯраи ангурро дар гӯш чаконанд, даруни гӯшро аз чирк ва рим пок мегардонад. Бо оби ғӯраи ангур ғаргара кунанд, варами ҳалқро таҳлил медиҳад. Усораи инро соида, чун сурма ба чашм кашанд, обравии чашмро нест мекунад, дуруштии пилкҳои чашм ва захми хӯрандаи онро шифо медиҳад.

Агар бо усораи ғӯраи ангур ҳуқна кунанд, захми рӯдаҳоро барҳам медиҳад ва инро занҳо дар андомашон бирезанд, рутубати зиёдравандаи бачадонро кам месозад. Хӯрдани оби холиси ғӯраи ангур қуввати нигоҳдорандаи меъдаро меафзояд.

Чун тӯтиёро бо оби ғӯраи ангур парварда кунанд, яъне дар он об як шабонарӯз тар карда, баъд хушк намуда истеъмол намоянд, хислатҳои онро афзун ва қавӣ мегардонад. Вале нӯшидани оби ғӯраи ангур ба узвҳои даруни сина зарар дорад, сурфаро пайдо мекунад. Дар ин ҳолат гулқанд бихӯранд, кифоя аст, ки ислоҳи зарар намояд.

Миқдори як бор хӯрдан аз усораи он 4,5 грамм аст. Агар оби ғӯраи ангур ёфт нашавад, ба ҷойи ин истеъмол кардани оби себи турш раво мебошад. Аз оби ғӯраи ангур шароб ҳам тайёр мекунанд. Ҳангоми об гирифтани ғӯрааш, яъне дар вақти ба расидан қариб ояд, обашро гирифта, аз он се миқдор ва асали соф як миқдор — ҳардуро якҷо карда, се-чор рӯз дар офтоб мегузоранд, то ба ҷӯш ояд. Баъд соф карда, дар кӯза ё шиша ба офтоб мегузоранд, то бирасад.

Ошомидани ин шароб исҳолро мебандад, меъдаро қавӣ мегардонад, рутубати бисёри бачадонро хушк мекунад, барои бадҳазмӣ фоида мебахшад, сустӣ ва поён фуромадани меъдаро ба ибро меоварад; қулинҷро, ки аз сахт гаштани дарун ба амал омада бошад мекушояд, ваборо дафъ мекунад. Агар ин шароб яксола шавад, беҳтар ва қавитар мегардад.

Инчунин хонед инро

Намози иди курбон 2017

Иди Қурбон 2023, табрикот ва намози идона

Иди Қурбон омаду дар Макка Ҳаҷи Акбар аст. Дустонро табрик намудан суннати пайғамбар аст. Шумо …