Анҷир — Дарахти анҷир навъҳои бӯстонӣ ва кӯҳӣ дорад. Самараш аз ҷиҳати намуд ду хел аст: зард ва сиёҳ, ки ин ба ҳама маълум аст. Навъи сиёҳи онро анҷири шомӣ мегуянд. Агар қаламчаи шохи онро соате дар намакоб тар карда, баъд шинонанд, самараш ширин мегардад. Мизоҷаш дар дараҷаи якум гарм ва дар дувум тар аст.
Хислатҳои шифобахши он: самари тару тозаашро бихӯранд, дарунро мулоим мегардонад, варамҳои дохилй ва моддаҳои ғафсгаштаро дар бадан таҳлил медиҳад, меъда ва рӯдаҳоро аз ахлоти бегона пок мекунад; барои иллатҳои саръ (припадка) ва фолиҷ, (шал шудани нимаи бадан ба дарозӣ) фоида дорад; ин ҳамчун ғизо назар ба дигар меваҳо қавитар аст, зудтар аз меъда мефурояд, арақ, меоварад, дарунро мулоим мекунад, ҳарорати бадан ва ташнагиро таскин медиҳад, қуввати ғазабнокиро мешиканад, ба дил салқинӣ мебахшад. Агар чил пагоҳ дар хӯрдани ин мудовамат намоянд, баданро фарбеҳ мекунад; барои иллатҳои дилтапак (дилбозӣ), дамкӯтаҳӣ, сурфа, дарди узвҳои даруни сина ва дағалии касабаи шуш даво мебошад, ҷигарро қувват медиҳад; гиреҳ ва варами сипурз, бавосир, лоғарии гурда, душвории шошидан ва чакмезакро дафъ мекунад, варам ва пучакҳоро мепазонад. Агар анҷирро бо мағзи бодом ва мағзи писта бихӯранд, барои одамони заифбадан мувофиқ аст ҳоли бадани онҳоро ислоҳ мекунад, ақлро зиёда мегардонад, майнаро пур месозад. Ва агар бо мағзи чормағз бихӯранд, аз газанди заҳрҳои қаттол амон мемонанд. Ҳангоме ки анҷирро ба дили наҳор бихӯранд, роҳҳои ғизоро кушода мегардонад ва баданро фарбеҳ мекунад. Агар анҷирро пеш аз таом бихӯранд, дарунро мулоим менамояд. Вале баъд аз хӯрдани анҷир ҳолати ногуворе ҳис кунанд, зуд аз болояш сиканҷабин (сиркоасал) бинӯшанд, газандашро ислоҳ медиҳад.
Мизоҷи анҷири хушк дар дараҷаи дувум гарм ва дар якум тар аст. Вале ин дар бобати шифобахшӣ заифтар аз тару тозаи он мебошад. Агар инро бихӯранд, ташнагӣ меоварад, ҳазмаш душвор, вале дарунро мулоим мегардонад, моддаҳои бадбӯйро ба тарафи пӯст меронад. Инак, агар инро бисёр бихӯранд, дар бадан шапуш пайдо мекунад, бо вуҷуди ин барои иллатҳои фолиҷ, аз моддаҳои тармизоҷ баамаломада, барои одамони сардмизоҷ, дарди пушт, чакмезак нафъ дорад. Азбаски анҷири хушк гурдаро гарм мегардонад, пас олати мардиро ба ҳаракат меоварад.
Анҷири тар ва хушкашро бихӯранд ҳам, барои саръ (припадка) ва қувват бахшидани майна дору мешавад.
Анҷири хушкро кӯфта бипошанд, реш ва захмҳои сарро хушк намуда, сиҳат мебахшад.
Дар вақти сабз будани баргҳояш шохашро бишикананд ё баргашро бикананд, шир аз он ҷо бармеояд. Ҳамин ширро бо асал даромехта, хоҳ ба чашм бимоланд ва хоҳ дар чашм чаконанд, пардаи дар он афтодаро, ки чашмро торик мекунад, дафъ менамояд; инчунин ба сӯрохи гавҳараки чашм зардоб фуромада ва дар ҳолати ибтидо бошад, онро ҳам дафъ мегардонад; агар табақаҳои чашм ғализ, яъне дағал шуда бошанд, ба ҳоли аслиашон меоварад. Оби баргашро ба чашм бичаконанд, ҷӯшишҳои хоришовари пилкҳоро сиҳат мебахшад.
Анҷирро дар об ҷӯшонида, бо он об ғарғара кунанд, варами мушакҳои забон ва қасабаи шушро таҳлил медиҳад.
Анҷирро бо ҳулба ва асал биҷӯшонанд, ба дараҷае ки қивомаш лесиданбоб гардад, баъд онро лесида бигиранд, барои пок кардани узвҳои даруни сина ва шуш дармон мегардад.
Анҷирро бо мағзи чормағз бихӯранд, қулинҷро, ки яра ва варами рӯдаи ғафс аст, таҳлил медиҳад ва касонеро, ки дарунашон хушк ояд, даруни онҳоро мулоим мегардонад.
Анҷирро дар об ҷӯшонида, бо он об, ки ширгарм бошад, ҳуқна (клизма) кунанд, дарди рӯдаҳоро дафъ мекунад.
Чун анҷирро дар сиркои тунди ангурӣ нӯҳ рӯз тар карда, баъд ҳар рӯз панҷ адади онро бо камтари он сирко биёшоманд, варами сипурзро таҳлил медиҳад. Анҷири хомро дар сирко парварда, яъне як шабонарӯз дар он тар карда бихӯранд, низ чунин таъсирро дорад.
Анҷир ва мағзи чормағз — аз ҳар ду баробармиқдор гирифта, кӯфта, ҳар рӯз аз ин 90 грамм бихӯранд, боҳ ва олати мардиро ба ҳаракат меоварад, дарунро меронад, инчунин барои газидани каждум ва дигар заҳрҳо тарёқ мешавад.
Аз анҷир шарбат тайёр карда биёшоманд, сурфаи кӯҳнаро дафъ мекунад, гиреҳҳоро дар узвҳои бадан мекушояд; гурда ва хичакро аз чизҳои бегона пок мекунад.
Анҷири кӯҳӣ (саҳроӣ) дар ҳама бобат аз анчири боғӣ қавитар аст.
Самари инро пухта, батанҳоӣ кӯфта ё бо орди гандум, ё бо орди ҷав, ё бо решаи савсани кӯҳӣ хамир карда гузошта банданд, варамҳои баногӯш ва дигар варамҳои сахт, инчунин ханозерро таҳлил медиҳад; озахҳоро хушк карда мерезонад, асаби шахшударо мулоим мекунад; хол ва доғҳои сиёҳи пӯст, инчунин доғи сафеди пӯстро дафъ менамояд; дарди буғумҳо, ниқрис (подагра)-ро ба ибро меоварад.
Агар инро бо хамири расида ё бо хамиртуруш сиришта гузошта банданд, пучакҳоро мепазонад; агар бо зоки кӯфтагӣ сиришта гузошта банданд, захмҳои соқи поро, ки зардоб аз онҳо равон бошад, шифо мебахшад; бо кӯфтаи пӯсти анор сиришта гузошта банданд, барои мижаки нохун дору мешавад. Оберо, ки дар он анҷири кӯҳӣ ҷӯшонида шуда бошад, бо шаробе, ки орди ҷав ва талхшувоқро кӯфта, дар он дохил карда бошанд, даромехта, ба абни (калон шудан ва варам кардану бод гирифтани меъда) гузошта банданд, шифо мебахшад.
Пухтаи онро бо орди ҷав хамир карда гармбандӣ кунанд, дардҳои гуногунро таскин медиҳад. Ин анҷирро кӯфта, бо равғани зайтун хамир сохта, ба дандон бимоланд, дандонро сафед мекунад, милки дандонро сахт ва қавӣ мегардонад ва рафтани хунро аз он қатъ месозад.
Агар кӯфтаи ин анҷирро ба захмҳо бипошанд, онҳоро аз рим пок мекунад. Ва агар онро ба догҳои пӯст гузошта банданд, онҳоро дафъ мекунад. Агар инро бихӯранд, исҳоли хунинро мебандад.
Анҷири кӯҳиро бо мумравғани зайтунӣ хамир сохта гузошта банданд, аз сармо кафидани узвҳоро ислоҳ менамояд; бо сирко ва зардии тухми мург хамира сохта, гарм карда гузошта банданд, бемориҳои мақъадро шифо мебахшад.
Сӯхтаи онро бо асал даромехта, латтаи пашминро ба он олонда, занҳо аз таг бардоранд, реш ва захмҳои бачадонро пок, рутубати мурдор ва хунравии онро қатъ мекунад. Мизоҷи анҷири хом ба сардӣ моил аст.
Инро пухта гузошта банданд, ханозерро таҳлил медиҳад, асаби шахшударо мулоим мегардонад; бо сирко ва намак сиришта гузошта банданд, решҳои тарро шифо мебахшад; бо асал сиришта гузошта банданд, барои газидани саги девона даво мешавад. Пухтаи онро бо барги кӯкнор кӯфта бимоланд, резаҳои устухони шикастаро аз даруни узвҳо берун меоварад.
Як-ду дона анҷири хомро бо гӯште, ки бисёр сахт бошад, бипазанд, зуд муҳарро месозад.
Шири анҷирро ба чашм бикашанд, оберо, ки ба даруни гавҳараки чашм фуромада бошад,дафъ мекунад. Чун пахтаро ба шири анҷир тар карда, ба зери дандони дардманд бигузоранд ё дар сӯрохи дандони кирмхӯрда ҷо кунанд, дардашро таскин медиҳад. Агар онро бо магзи бодоми пшрин якҷо кӯфта бихӯранд, дарунро мулоим мекунад ва сахтии бачадонро, ки хатарнок бошад, дафъ менамояд. Агар инро бо равған даромехта, ба озахҳо гузошта банданд, онҳоро хушк карда мерезонад: бо ҳулбаи хушк хамир сохта гузошта банданд, барои ниқрис, ки варам ва дарди ангуштони дасту поҳо мебошад, даво мешавад; бо орди ҷав сиришта гузошта банданд, қӯтури тар ва хушкро аз пӯст пок мекунад, инчунин шукуфаи пӯст, доғи кунҷидак ва доғи сафеди пӯстро дафъ месозад. Агар худашро батанҳоӣ бимоланд, газидани занбӯр ва дигар ҷонваронро (аз ҷумла газидани саги девонаро) шифо мебахшад, доғҳои пӯстро пок мекунад ва гӯшти ҳаромро аз решҳо нест месозад.
Барги тари анҷирро кӯфта, ба ҷароҳатҳо гузоранд, зиёнаш ислоҳ меёбад ва агар тараш зиён кунад, гузошта банданд, рехтани пӯсти баданро ба ислоҳ меоварад. Агар барги анҷирро пухта гузошта банданд, устухони зарбхӯрдаро ба ислоҳ меоварад. Барги анҷирро кӯфта, бо об чун атола таркиб дода, ба сар бимоланд, рехтани мӯйро манъ мекунад.
Усораи барги он, яъне оби барги онро дар офтоб ғафс гардонанд, мизоҷаш бисёр гарм аст, пӯстро захмин мекунад. Агар инро гузошта банданд, даҳани рагҳои мақъадро мекушояд, озахҳоро хунук мекунад, холҳоро дафъ месозад.
Анҷирро бисёр бихӯранд, ба ҷигар ва меъдаи заиф зарар дорад, хусусан дар тари он ин хислат бештар аст, инчунин ба дандонҳо ҳам зиёнкор аст. Агар хушкаш зарар кунад, чормағз ва кокутӣ бихӯранд, зиёнаш ислоҳ меёбад ва агар тараш зиён кунад, сиканҷабим ва оби ревоҷ бинӯшанд, дафъи зарари он менамояд.