Мурод аз асал гуфтан маҳсули ширинтаъми занбӯри асал дар назар дошта шудааст. Беҳтарини он хушбӯй, қивомаш ғафс, таъм ва шириниаш гуворо ва инчунин сурхранг бошад, ки дар он муми занбӯр, яъне муми хонааш мутлақан набошад, чун онро бо ангушт бардоранд, тор бандад — ин навъаш барои давоӣ беҳтар аст; баъд аз он сафеди наботрангаш бо сифатҳои номбурда бошад, мақом дорад. Барои лаззат ва ғизо асали баҳорӣ беҳтар аз тирамоҳӣ аст, вале зимистониаш бадтарини навъҳои он мебошад. Агар таъмаш тунд ё тез гашта бошад, ё кӯҳна шуда, рангаш ба сиёҳӣ печида бувад ва таъми талхӣ пайдо намуда бошад, зарарнок аст. Агар кӯҳнаи онро бисёр бихӯранд, девона мекунад.
Мизоҷи асали нав дар дараҷаи дувум гарм ва дар якум хушк аст; аз шаш моҳ то як сол мондаи он дар дараҷаи дувум хушк мебошад. Баъзеаш, ки кӯҳна ва тундтаъм гашта бошад, мизоҷаш то дараҷаи севум гарм ва дар дувум хушк аст. Асали хомро гармӣ, поккунандагӣ ва тезиаш зиёда мебошад дар давоӣ. Асале, ки дар ҷӯшонидан бо об, кафкашро гирифта бошанд, гармӣ, поккунандагӣ ва тундии он камтар аст барои ғизоӣ. Барои ба қивом овардани асал ба он об ҳамроҳ карда, бо оташи паст меҷӯшонанду кафкашро дур намуда, баъд аз оташ фуруд меоваранд — ин асали пок ҳисоб меёбад. Вале эҳтиёт намудан шарт аст, ки сахт наҷӯшад — агар сахт ҷӯшад, асал бинобар нозук будани таркибаш, месӯзад, талх мегардад. Ва агар об дохил накарда биҷӯшонанд, кафкаш ҷудо намегардад. Бояд ба ин ҷиҳатҳои кор риоя кунанд.
Хислатҳои шифобахши он: асалро бихӯранд, баданро аз моддаҳои зарарноки нодаркор пок месозад, гиреҳҳо ва даҳани рагҳоро мекушояд; балғами часпак ва рутубатҳоро нест менамояд ва инчунин онҳоро аз ҷоҳои чуқур ва дури бадан мекашад ва ҳамчуиин моддаҳои нодаркорро аз майна хориҷ мекунад; суст ва нотавон шудани аъзо, истисқо (водянка), зардпарвин, иллатҳои сипурз, душвории шошидан, бодҳои гуногун, иловус (дард ва варами рӯдаҳои борик) ва заҳҳои сардмизоҷро дафъ мегардонад; санги гурда ва хичак (пешобдон)-ро майда карда мерезонад.
Корозмудагони ин асрор қайд намудаанд, ки ҳар кӣ иродаи шифо дошта бошад, бояд ки пагоҳӣ ба дили наҳор асалро бо оби борон даромехта биёшоманд. Ҳаким Ҷолинус гуфтааст: «Ҳеҷ чиз беҳтар аз асал нест, дар нафъ аз барои бадан ва илоҷи аксари бемориҳо ва аз барои сириштани давоҳо». Зеро ки ба сабаби часпандагӣ ва ғафсии қивоми худ боиси суръати омезиш ва ҳифзи давоҳо мегардад аз вайроншавӣ. Ва бинобар шириниаш, гуворо будани ниҳодаш, лазиз буданаш барои нест кардани ногуворӣ беҳтар аст, қуввати давоҳоро бо суръат ба узвҳои тамоми бадан мерасонад, агар ҳамроҳ карда бихӯранд ва ин фоидаҳои бисёрро соҳиб аст.
Агар инро бо мустако (мастика) бихӯранд, рутубат ва моддаҳои нодаркори зарарнокро аз майна кашида дур мекунад; фолиҷ (шал шудани нимаи бадан ба дарозӣ), каҷ шудани рӯй, нотавон ва бемадор гаштани аъзо, карахтӣ ва монанди инҳоро, ки сабабаш ҷамъ шудани моддаҳои хунукмизоҷ бошад, шифо мебахшад; меъдаро қувват медиҳад, иштиҳоро мекушояд, бодҳо ва моддаҳои часпакро дафъ месозад; қулинҷ (колит) ва гиреҳҳои баданро мекушояд; меъда, иштиҳои таом ва боҳ (пушти камар)-ро қувват мебахшад. Агар инро бо шилми кундур бихӯранд, узвҳои даруни синаро аз моддаҳои нодаркор ва зарарнок (аз ҷумла қасабаи шушро низ) пок мегардонад; истисқо (водянка), зардпарвин ва бемориҳои сипурзро шифо мебахшад, санги гурда ва хичакро майда карда мерезонад, инчунин душвории шошидан, бодҳои гуногун, дард ва варами рӯдаҳои борик (иловус) ва заҳрҳоро дафъ мекунад. Хусусан бо оби борон даромехта бихӯранд, ба узвҳои бадан об медавонад, боҳи сустгаштаро қувват медиҳад, пешобро меронад, захми рӯдаҳо ва хичакро пок менамояд; санги гурда ва хичакро майда карда мерезонад, душвории шошиданро ислоҳ мекунад, ташнагиро таскин медиҳад. Ин таркибро хӯрда қай кунанд, меъдаро аз олоишҳо пок месозад. Бо ин таркиб ғарғара кунанд, варами мушакҳои ҷониби ҳалқум ва гуддаҳои бодомшаклро таҳлил медиҳад, ҷароҳатҳои ком, забон, ҳалқум ва ғадудҳои бодомшаклро аз рим ва дигар моддаҳои бегона пок мекунад.
Асалро бо сирко даромехта, ба сатҳи даруни даҳан ба такрор ва бардавом бимоланд ё онро дар даҳан гардонанд, милки дандонро мустаҳкам мекунад ва гӯшти солим бар он мерӯёнад агар коста бошад; инчунин дандонро дар ҷояш сахт месозад ва онро аз чирк пок намуда сафед месозад, хусусан, ки бо ангушт сечор мартаба ҳар моҳ ба дандонҳо бимоланд, ин хислаташ зудтар зоҳир мегардад. Баъзе одамон асалро бинобар ширин буданаш сусткунанда пиндоштаанд — ин иштибоҳ аст. Дар ҳақиқат шириниҳои рутубатнок сусткунанда мебошанд, на шириниҳои хушкмизоҷ. Вале асал дар мизоҷ гарм ва хушк аст. Пас, сусткунанда намебошад.
Асалро ба танҳоӣ ё бо оби пиёз ба чашм бикашанд, чашмро равшан мекунад; хориш, қӯтур, обравӣ, гули чашм ва фуромадани оби бегонаро дар гавҳарак дафъ менамояд. Агар асалро бо анзарут ва намаксанг даромехта дар гӯш чаконанд, бодҳои пардаҳои он ва ҷаранги гӯшро барҳам медиҳад, омадани рим аз даруни он ва рутубатҳои равони онро қатъ мекунад; дардҳои аз хунукӣ баамаломадаи онро таскин медиҳад, гаронии гӯшро дафъ месозад.
Агар асалро ба заҳраи тари гов даромехта ё бо шири гов ё бо шири буз ва ё бо шири занон сиришта, ба такрор дар гӯш чаконанд, ё бо сафедаи тухми мурғ даромехта бичаконанд, бемориҳои дар боло гуфтаро шифо мебахшад. Асалро бо равғани гули сурх даромехта, лесида бихӯранд, сурфаеро, ки сабабаш моддаҳои хунук бошад, дафъ мекунад. Асалро дар оби барги зуф ҳал карда, нимгарм бо он ба такрор ҳуқна кунанд, захми рӯдаҳо ва варамҳои онҳоро шифо мебахшад.
Баъди ҳар як бор ҳаммом кардан дар вақти гармии бадан асалро гузошта банданд, закарро қавӣ ва калон мегардонад. Агар асалро занҳои синну соли ҳайзнокӣ аз таг бардоранд, иллатҳои бачадони онҳоро шифо мебахшад. Асалро бо орди гандум хамир сохта гузошта банданд, варамҳоро таҳлил медиҳад, пучак ва чиртакҳоро мепазонад; бо сирко ва намак даромехта гузошта банданд, варамҳоро таҳлил медиҳад, доғҳои кунҷидакро дафъ мекунад; бо намак сиришта банданд, доғҳои зарба ва латхӯрдаро, ки кабуд шуда бошанд, нест мегардонад; бо орди ҷав хамир карда гузошта банданд, арақи бисёрро ба ислоҳ меоварад; бо анзарут сиришта банданд, захмҳоро аз чирк пок месозад ва гӯшти ҳароми онҳоро хӯрда нест менамояд; бо саргини мурғ ё бо ҷадвор сиришта гузошта банданд, доғи сафеди пӯст ва песро шифо мебахшад.
Асалро бо шибит ҷӯшонида гузошта банданд, доғи зарба ва шукуфаи пӯстро барҳам медиҳад. Онро бо равғани гули сурх даромехта бимоланд, захмҳоеро, ки рутубаташон монанди асал аст ва дигар решҳое, ки аз бисёрии балғами ширин ба амал омада бошанд, шифо мебахшад ва баданро қавӣ мегардонад. Агар худашро танҳо бимоланд, шапуш ва ришкро нест мекунад. Агар инро ба ҷасадҳои мурда бимоланд, аз он ки ба зудӣ вайрон мешуда ва бӯйи бад мегирифта бошад, нигоҳ медорад; инчунин ба гӯштҳо ва чарбиҳо бимоланд, хосияти тару тозагии онҳоро нигоҳ медорад.
Асалро бо оби зира даромехта бихӯранд, бар зидди заҳри занбӯруғ, газидани саги девона даво мебошад; агар бо равғани гули сурх даромехта биёшоманд, заҳрҳои ҷонваронро аз бадан дафъ мекунад. Ва агар асалро хӯрда қай кунанд, азияти афюнхӯрдаро ислоҳ менамояд. Яке аз хислатҳои асал чунин аст, ки агар зан онро бо об шарбат сохта ба дили наҳор бихӯрад, агар рӯдаҳояш ба дард оянд, ҳомила аст, вагарна, бебор мебошад.
Хуллас, асал барои одамони сардмизоҷ ва балғамимизоч дар замон, фасл ва маҳалҳои сард фоида дорад, вале барои одамони гарммизоҷ ва мизоҷи хушкдошта ва инчунин дар фаслҳои гармо бихӯранд, зарар мекунад, гарммизоҷонро дарди сар медиҳад. Агар онҳо бисёр бихӯранд, зуд ба хилти сафро, ки аз ҷиҳати мизоҷ гарм ва хушк аст, табдил меёбад, майнаи гарммизоҷро ноҷӯр месозад, қай меоварад, ба бемориҳои сафровӣ ва гарм гирифтор мекунад, ташнагии бисёр меоварад. Давои ин зарарҳояш оби анори турш, оби лимӯ, сирко, кашниз ва меваҳои турш ошомидан аст.
Миқдори як бор хӯрдан дар як рӯз аз асал то 68 грамм аст. Огоҳ кунем, ки асале, ки занбӯраш ба гиёҳи талхшувоқ нишаста бошад, таъмаш талх мешавад ва барои бемориҳои меъда, ҷигар, кушодани гиреҳҳо ва агар занбӯраш ба гиёҳи кокутӣ нишаста бошад, онро бардавом бихӯранд, барои одамони тармизоҷон, сардмизоҷон ва бемориҳои балғамии сард фоида мебахшад.
Гуфтаанд: он асалро, ки тирамоҳӣ бошаду агар бибӯянд, атса оварад, беҳушӣ ва арақ меоварад, ақлро беҷо месозад, онро набояд истеъмол кард. Тадбири касе, ки онро хӯрда бошад, қай фармудан ва баъд аз он моҳии намакини шӯр хӯрда ба такрор қай кардан аст, то ки меъда аз он асал пок гардад ва баъд аз он себи майхуш ва муруд тановул намоянд.