АСОСӢ / ГУНОГУН / АШЪОРИ ЛОҲУТӢ ДАР ИТТИҲОДИ ШӮРАВӢ

АШЪОРИ ЛОҲУТӢ ДАР ИТТИҲОДИ ШӮРАВӢ

Барои Лоҳутӣ ворид шудан ба тарзи ҳаёти ҷомеаи шӯравӣ осон буд, зеро шоир ҳанӯз солҳои 1914 — 1917 дар Эрон тавас- сути аскарони рус ба ғояҳои инқилоби Октябр шинос гардида, қаламаш ҳанӯз аз давраи машрутияи Эрон дар ифодаи мазмунҳои инқилобӣ суфта гардида буд. Зиёда аз ин, Лоҳутӣ дар Иттиҳоди Шӯравӣ ба вуқӯъ пайвастани ормонҳои инқилобии худро эҳсос намуд. Дар ин мамлакат фароҳам омадани имконияти чоп низ боиси фараҳмандӣ ва самаранокии фаъолияти эҷодии Лоҳутӣ гардид. Соли 1923 дар Маскав, дар Нашриёти марказии халқҳои Шарқ бо дасти худ ҳуруфчинӣ кардани китобаш барои шоир басо шодиовар буд.

lohuti-ayni

Чунин муҳити созгори корӣ боис шуд, ки эҷодиёти Лоҳутӣ ба марҳалаи нави инкишоф қарор гирифта, аз ҷиҳати ҳаҷм, жанр, мавзӯъ ва услуби баён боз ҳам фарогиру ғанитар гардад. Дар солҳои 20-уми асри XX шеърҳои зиёди устод Лоҳутӣ, аз қабили «Дар Калкутта», «Чамани сӯхта», «Дар фабрики сармоядорон», «Ваҳдат ва ташкилот», «Ман фарзанди як деҳқоне будам», «Эй духтари номдори Эрон», «Писари ҳафтуми сотсиализм» эҷод гар- дида, дар Маскаву Душанбе маҷмӯаҳои «Рубоиёт» (1924) ва «Ада- биёти сурх» (1925) ба табъ расиданд.

Машҳуртарин асари Лоҳутӣ, ки шоирро ба адабиёти шӯравӣ дохил намуд, қасидаи «Кремл» мебошад. «Дар соли 1923 ман ав- валин бор Кремли Маскавро дидам, — гуфтааст шоир. — Азбас- ки аз забони русӣ як калима ҳам намедонистам, яккаву танҳо аз зал ба зал гузашта тамошо мекардам. Он гоҳ вайронаҳои қасри Анӯшервон, ки Хоқонӣ васф намудааст, ба хотирам омад… Ман ҳамоно қалам ба даст гирифтаму ба як қалам кашидан достони «Кремл»-ро навиштам. Ман ин асарро ба як нишастан тамом кар- дам, пас ягон калимаашро дигар карда ё ягон калима ба он илова карда натавонистам».

«Кремл» аз 68 байт иборат буда, чун «Харобаҳои Мадоин», дар вазни ҳазаҷи мусаммани ахраб ва қофияи қасида (аа, ба, ва …) суруда шудааст ва ба чунин байт оғоз меёбад:

То чанд кунӣ гиря бар маснади Нӯшервон?

Дар қасри Кремл, эй дил, асрори ниҳон бархон!

Лоҳутӣ дар ифодаи мазмунҳои нав аз анъанаи адабиёти клас- сикии форсу тоҷик моҳирона истифода мекард, ки ин ҳолатро, алалхусус, аз муқоисаи образи хок мушоҳида кардан мумкин аст. Дар «Харобаҳои Мадоин» хок ба бебақо будани умри инсон ишо- ра карда, аз гузашти рӯзгор панд гирифтани одамиро талқин ме- намояд:

Дандонаи ҳар қасре панде диҳадат нав-нав, Панди сари дандона бишнав зи буни дандон. Гӯяд, ки: «Ту аз хокӣ, мо хоки туем акнун, Гоме ду-се бар мо неҳ в-ашке ду-се ҳам бифшон»…

Дар қасидаи «Кремл» хок инсони заҳматкашро ба ҳушёрӣ даъват мекунад, то дастовардҳо ва комёбиҳояшро аз ҳодисаҳои номатлуби рӯзгор ва ниятҳои нопоки душманон муҳофизат карда тавонад. Қаср ба муздурон:

Гӯяд, ки: «Ту аз мой, мо низ чу ту будем, Мо хок шудем эдар, ту соҳиби ин майдон. Зинҳор пас аз ин фатҳ ғафлат манамо, зинҳор, То бар сари мо з-ин пас душман назанад ҷавлон!»

Замони шӯравӣ аз пурмаҳсултарин давраҳои эҷодиёти Лоҳутӣ ба шумор меравад. Асарҳои «Мо зафар хоҳем кард» (1930), «Сафа- ри Фарангистон» (1934), «Тоҷу байрақ» (1935), «Ду нишон» (1936), «Одами оҳанпо» (1933), “Шамшери фотеҳ” (1933), «Мардистон» (1941), «Ғалабаи Таня» (1942), «Се қатра» (1932), «Парии Бахт» (1947) ва ғайра маҳсули эҷодии даврони шӯравии адиб мебошанд.

Тамсил:

Абулқосим Лоҳутӣ дар Иттиҳоди Шӯравӣ анъанаи тамсилнависии адабиёти классикии тоҷику форсро дар муҳити нави адабӣ идома дод. Асарҳои тамсилии шоир, аз қабили «Се

қатра», «Одами оҳанпо», “Шамшери фотеҳ”, «Кӯҳ ва ойина», «Мӯр ва офтоб», «Паҳлавон Оштӣ», «Парии Бахт» дар ҳалли бис- ёр масъалаҳои иҷтимоӣ ва фарҳангӣ саҳм гирифтаанд. Персонажҳои тамсилҳои шоир парандагон, ҳайвонот, ҳашарот, ҷисмҳои беҷон ва одамон мебошанд. Масалан, дар тамсили «Кӯҳ ва ойина» (1933) кӯҳ, ойина, ҷавони ойинадор ва падари ҷавон ширкат меварзанд. Дар домани як дашти пуршукӯҳ кӯҳи азиме қарор дорад. Ҷавоне пушт ба кӯҳ карда бо ойинаи дасташ кӯҳро дидан мехоҳад, то асрори дар он бударо ба одамон нақл намояд. Чун кӯҳи бузург дар ойинаи хурд пурра акс намеёбад, ӯ пештар рафтан мегирад. Ба андозаи хеле дур рафтан кӯҳ дар ойинаи дас- ти ҷавон акс меёбад, лекин аз бузургиву ҳашамати он дигар осоре намемонад. Падар ин амали писарашро маҳкум мекунад:

Аз бед самар наметавон чид, Дар ойина кӯҳ наметавон дид.

Тамсилоти Лоҳутӣ дар асоси ҳодисаву воқеаҳои зиндагӣ ва таҷрибаи ҳаётии шоир фароҳам омада, ба талаботи давру за- мон мувофиқати комил доранд ва дорои аҳамияти маърифатию тарбиявӣ мебошанд.

Аз асарҳои дар давраи ҷанг навиштаи Лоҳутӣ достонҳои «Мардистон» ва «Ғалабаи Таня» дар асоси воқеаҳои мушаххас эҷод гардидаанд. Агар сабаби таълифи «Мардистон» корномаи панфиловчиён[1] бошад, пас «Ғалабаи Таня» тасвири бадеии корна- моии хонандаи мактаби миёнаи москвагӣ Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ Зоя Космодемянская (1923-1941) ба шумор меравад.

Достони «Мардистон» дар шакли тамсил навишта шудааст. Ҳамаи мардони деҳаи Мардистон дар роҳи муҳофизати деҳаашон ҳалок гардиданд. Танҳо як марди тарсончак, ки аз майдони ҷанг гурехта буд, зинда мондааст. Зани шахси зиндамонда либоси сиёҳ пӯшида, худро «бевазан» меномад. Занони дигар ба шарафи шавҳарони қаҳрамонона ҳалок гаштаашон якдигарро бо номи шавҳар (зани Баҳром, зани Сангин ва ғ.) ном мебаранд:

Номи ин зиндамарди шарманда,

«Мурда» шуд, номи дигарон «Зинда».

Дар достони «Ғалабаи Таня» сужет ба воситаи тасвири ду манзара — яке лаҳзаи пурсиш ва дигаре лаҳзаи қатли Таня сохта мешавад. Тасвир дар асоси далелҳои рӯзномаҳо сурат мегирад. Вале ифода чунон самимӣ ва барҷаста ҳаст, ки хонанда рӯҳи ма- тину бешикасти як духтари ҷавонро назди душмани сар то по мусаллаҳ равшан эҳсос мекунад. Дар ифодаи маъно тазод ва ди- гар воситаҳои тасвир саҳм гирифтаанд. Ӯ, яъне фармондеҳи фа- шист, як шабонарӯз Таняро бозпурсӣ карда, оқибат аз фатҳи худ ноумед мешавад:

Аз олоти ҷанг он чи дар дунё Тасаввур кунӣ, ӯ дорад, аммо Рӯҳи ин якро он як надорад, Ӯ ба худ имон, ин шак надорад. Ӯ чун масруон[2] меларзад аз кин, Ин чун ҳайкали фӯлодин — сангин.

Тасвирҳои мухтасар, муроҷиати шуълавари Таня ва истифо- даи сарфакоронаи калимаву таркибҳо ба асар рӯҳи некбинона бахшиданд. Мафҳуми ғалабаи Таня дар он аст, ки ӯ моҳияти зин- дагии ҷовидонаро дуруст дарк намудааст:

Гиря мекунед… Ба мурдани ман?

Ман аммо шодам аз ин сон мурдан.

Дар роҳи Ватан мурдан зиндагист, Мурдан — зиндагонӣ дар бандагист.

Ҳамин тариқ, Лоҳутӣ дар достонҳои «Мардистон» ва «Ғалабаи Таня» як қатор образҳои мусбату манфие офаридааст, ки амалиёти онҳо боиси дарки амиқи қувваҳои неку бад дар май- дони набард гардиданд.

САВОЛ ВА СУПОРИШҲО

  1. Иттиҳоди Шӯравӣ Лоҳутиро чӣ тавр пешвоз гирифт ?
  2. Оид ба ҳамрангӣ ва фарқи достони «Кремл» ва «Харобаҳои Мадо- ин» маълумот диҳед.
  3. Барои чӣ дар замони шӯравӣ маҳсули эҷодии шоир зиёд гардид?
  4. Мавқеи тамсил дар эҷодиёти шоир чӣ гуна аст ?
  5. Шумо аз мутолиаи шеъри «Кӯҳ ва ойина» чӣ хулоса баровардед?
  6. Дар бораи достони «Мардистон» маълумот диҳед.
  7. Чаро Таня худро ғолиб медонад?

[1]   Тирамоҳи соли 1941 28 кас аз дивизияи генерал-майор И.В.Панфилов (1893­1941) дар назди Москва корнамоии бемисл нишон медиҳанд. Қариб ҳама ҳалок мешаванд, вале ҳуҷуми душмани чандин баробар зиёдро мегардонанд.

[2]   Масруъ — касе, ки бемории саръ (эпилепсия) дорад.

Назди admin

Инчунин хонед инро

vv

ЁДДОШТНАВИСИ ДАР АДАБИЁТ

Ёддошт дар қатори очерк ва сафарнома ба Назарияи гурӯҳи жанрҳои махсуси ҳамосй дохил меша- адабиёт …