АСОСӢ / admin (страница 61)

admin

Арча дар Канзи Шифо (Китоб)

арча

Арча дарахти маълум аст, ки дар кӯҳистонҳо мебошад. Дар тиб аз ҳама бештар самарашро ба кор мебаранд Самараш кулӯла ва каме калонтар аз нахӯд, дар аввал сабз ва баъди расидан сиёҳ мегардад. Инро баъди сиёҳ шуданаш ҷамъ мекунанд ва дар соя хушк карда, дар зарфи маҳкам нигоҳ медоранд. Агар ҳамин …

Прочитайте больше»

Пиёзи ансул дар Канзи Шифо (Китоб)

Пиёзи Ансул

Пиёзи ансул (Анзур ба русс.) — Номи инро барғалат «анзур» мегӯянд, ки ҳатман таҳриф аст. Ин гиёҳест кӯҳӣ ва даштӣ, ки баргҳояш монанди баргҳои савсани кӯҳӣ ва наргис, вале дарозтар аз онҳо, дар сари пояаш монанди сари пиёз гул мекунад. Барои даво пиёзи қисми заминиашро ба кор мебаранд. Мизоҷи пиёзи ансул …

Прочитайте больше»

БОЛДИРҒОН дар Канзи Шифо (Китоб)

Болдирғон

Болдирғон  (Борщевик ба русс.) — ин растаниро дар баъзе маҳалҳо тоҷикон куруш низ меноманд. Гиёҳаш баланд — баробари қадди одам ва баландтар низ, пояаш миёнхолӣ. Ин ду навъ аст: яке хушбӯй, дигаре бадбӯй. Қисмеро баргаш монанди барги карам ва аз он кӯчактар, гулаш чатрӣ, монанди гули шибит, вале назар ба …

Прочитайте больше»

РЕВОҶ дар Канзи Шифо (Китоб)

Ревоҷ

Ревоҷ (Ревень ба русс.) тоҷикон чукрӣ ҳам меноманд, гиёҳи кӯҳии машҳур аст. Гулаш сурх ва чун гӯшвораи духтаракон зебанда мебошад. Таъмаш турш, мардум онро бо завқ мехӯранд. Мизоҷи банди барг ва пояаш дар дараҷаи дувум сард ва хушк аст. Хислатҳои шифобахши Ревоҷро: инро бихӯранд, моддаҳои ғафсгаштаи баданро тит ва пароканда мегардонад, …

Прочитайте больше»

Каду дар Канзи Шифо (Китоб)

Каду

Каду самари растании биёрадор аст, ки хеле рангоранг ва гуногун мебошад. Беҳтарини он ширини берешаи он аст, ки бихӯранд. Мизоҷаш дар дараҷаи дувум хунук ва тар аст. Хислатҳои шифобахши он: хӯрдани он ба мизоҷ сардӣ меоварад, бар бадан об медавонад, гиреҳҳои узвҳои дохили баданро мекушояд, пешобро равон мекунад, дарунро мулоим …

Прочитайте больше»

ЮНУЧҚАИ ЗАРДАК дар Канзи Шифо (Китоб)

Юнучқаи зардак

Юнучқаи зардак — инро тоҷикон дар як қатор маҳалҳо говришқа ва ришқаи зардак ҳам меноманд. Баргаш ба барги юнучқа шабоҳат дорад, вале гулаш зард аст. Шохҳои баъзе навъаш ба замин паҳн шуда месабзад ва баъзе навъи он поядор мебошад. Мизоҷаш мӯьтадил дар гармиву сардӣ мебошад. Аз ин рӯ, ҳамаи мизоҷҳоро …

Прочитайте больше»

ЗАҒИР дар Канзи Шифо (Китоб)

ЗАҒИР

ЗАҒИР (Загер) — Ин растании зироатӣ ва маълум аст, қадаш то 50-70 сантиметр мехезад ва камтар аз он низ мешавад. Гулаш бунафш, тухмаш дар қуббае пур ва зич ҷой гирифтааст, қариб ба тухми кунҷид монанд аст. Аз пояи он нахҳо ҳосил карда, матоъ мебофанд. Либосаш дар гармои тобистон бисёр салқин медорад. …

Прочитайте больше»

МЕҲРГИЁҲ дар Канзи Шифо (Китоб)

Меҳргиёҳ

Меҳргиёҳ —  ин гиёҳи машҳур ва мӯътабар аст, ки ба забони руссӣ онро «Женщень» меноманд. Навъҳои гуногун дорад. Як навъи растании саҳроияш монанди мармиҷон аст, баландиаш то як газ мехезад, баргаш монанди барги анҷир, вале майдатар аз он, самараш дар вақти расидан сурх мегардад, ки ба андозаи самари тут аст. …

Прочитайте больше»

Ёсамин дар Канзи Шифо (Китоб)

Есамин

Ёсамин (Жасмин ба забони руссӣ) —  инро есаман гуфтан ҳам дуруст мебошад, вале на «ёсуман». Ин гулест хушбӯй, рангҳои сафед, зард, кабуд дорад ва пушти гули баъзе навъаш бунафш аст. Ба ғайр аз навъи зардаш дигарҳои он бӯстонӣ; саҳроӣ ва кӯҳӣ мебошанд. Қисми сафеди он хушбӯй аст ва бисёртар вомехӯрад, …

Прочитайте больше»

Чойкаҳак дар Канзи Шифо (Китоб)

Чойкаҳак

Чойкаҳак (русс. Зверобой) — Ин гиёҳ асосан дар се намуд мерӯяд, ки барои табобат истифода мегарданд. Ҳарсеро ҳам тухмаш ба ҷав монанд аст. Як қисмро баландии пояаш як ваҷаб ва зиёдтар аз он ҳам ҳаст. Баргаш монанди барги говкафонак, бисёр сурх, гулаш сафед ва монанди гули шибит чатрӣ, бӯяш ба бӯйи …

Прочитайте больше»