Тӯқумшуллуқ ё бо ибораи дигар холазун (Тукумшулук) — ин ҷонвари хазандаест, ки аз худ моддаи шилмак бармеоварад. Дар вақти зимистон ба даруни зиреҳи садафини худ даромада хоб мекунад, вале баҳор. ки шуд, як қисми баданашро аз он берун оварда ё ба тамом аз он баромада, зиндагӣ ба сар мебарад, барги …
Прочитайте больше»admin
Барои чи муйи сар мерезад?
Муи сар аз якчанд сабабҳо мерезад, ки дар қатори онҳо ин ирсият (меърос), хӯроки номувофиқ истеъмол намудан, бемориҳои вазнинро гузаронидан, асабонӣ шудан ва ғайраҳо мебошанд. Кал шудан ё будан барои ҷамъияти чи ғарб ва ё шарқ чандон байни мардум дилписанд нест ва бисёриҳо шахсони калро таҳқир мекунанд ва онҳоро кал …
Прочитайте больше»ШИР дар Канзи Шифо (Китоб)
Умуман ширро бо чизҳои турштаъм, шӯр, бо гӯшт, бо тухми мурғ ва моҳӣ, бо турб ва пиёз, бо меваҳои тар, сабзаҳо, донҳо ва монанди инҳо хӯрдан раво нест, инчунин, аз болои шир ин чизҳоро истеъмол кардан ва аз болои ин чизҳо шир ошомидан ҷоиз нест. Зеро бемориҳои гуногунро ба амал …
Прочитайте больше»Хар дар Канзи Шифо (Китоб)
Хар — ин ҳайвони маълум аст. Мизоҷаш дар аввали дараҷаи дувум гарм ва дар аввали дараҷаи севум хушк аст. Хислатҳои шифобахши он: гӯшташ дерҳазм ва гаронҳазм аст. Ҷигарашро кабоб карда, ба дили наҳор бихӯранд, саръ (припадка) ва таби дурӯздармиёнро шифо мебахшад. Сумашро сӯхта, ос карда, аз он ҳар рӯз 15 грамм бихӯранд, …
Прочитайте больше»САГ дар Канзи Шифо (Китоб)
Саг ҳайвони хонагист ки мизоҷаш дар дараҷаи дувум гарм ва хушк аст, вале мизоҷи бачаи бистрӯзааш гарм ва тар мебошад. Хислатҳои шифобахнш он: гӯшти сагро пухта, бо давоҳои хушбӯй бихӯранд, девонагӣ ва молихулиё (меланхолия)-ро ба зудӣ шифо мебахшад. Шири аввалин мартабаи сагро чаконанд, гули чармро дафъ мекунад. Агар заҳраи онро бимоланд, мӯйи …
Прочитайте больше»ЗАРГӮШ дар Канзи Шифо (Китоб)
Заргӯш ё худ (Заргуш) — ин ҳайвони даштии алафхур аст, ки ҷангалӣ ва кӯҳӣ мебошанд. Мизоҷаш гарм дар дараҷаи севум ва тар дар дувум аст. Хислатҳои шифобахши он: гӯшташро бо дам бирён карда, бо кӯфтаи дорчинӣ, мурч, кокутӣ, ҳардал (горчица) ва тухми шибити бо сирко турш кардашуда бихӯранд, саръ (припадка), фолиҷ (шал …
Прочитайте больше»ШОНАСАРАК (ПӮПИШАК) — ПАРАНДАИ
Пӯпишак -ин мурғи зебо, парҳояш дуранг бо хат ва нуқтаҳои зард ва сиёҳи бисёр, дар сар тоҷ аз пар дорад. Инро ба тоҷикӣ шонасарак, муллобудбутак ва ғайра ҳам меноманд. Ба арабӣ ҳудҳуд ва ба русӣ удод аст. Мизоҷаш дар дараҷан дувум гарм ва хушк аст. Хислатҳои шифобахши он: заҳра ё хуни онро …
Прочитайте больше»МӮРЧА (МУР) дар Канзи Шифо (Китоб)
Мӯрча (Мурча ё мур) ин як намуди ҳашарот аст, дар ҳаҷм гуногун: калон, миёна ва реза мебошад, баъзеаш пар дорад ва парвоз карда метавонад. Навъи бузургаш баъзе почадарозу чаққон дар роҳгардӣ, ки ин навъашро мӯрчаи аспак меноманд. Мизоҷи мӯрча дар дараҷаи севум гарм ва хушк аст. Хислатҳои шифобахши он: хислати часпонандагӣ …
Прочитайте больше»КАРГАС дар Канзи Шифо (Китоб)
Ин аз ҷумлаи парандаҳои дарранда аст бузургҷусса, рангаш қариб ба уқоб монанд ва моил ба сурхӣ, параш монанди най миёнхолӣ мебошад. Чашми бисёр тез, лоша ва тӯъмаро аз масофаи хеле дур мебинад ва бӯяшро ҳам эҳсос мекунад. Инчунин, ба ҷоҳои хеле дур парвоз карда метавонад. Дар вақти хоб як чашмашро …
Прочитайте больше»БУЗ дар Канзи Шифо (Китоб)
Буз ҳайвони маълум ва машҳур аст, ки навъҳои аҳлӣ, саҳроӣ ва кӯҳӣ дорад. Мақоми ин баъд аз гӯсфанд ҷойи дувумро ишғол мекунад. Мизоҷаш гарм ва тар аст, вале гармии гӯшти он аз гӯшти гӯсфанд камтар мебошад, мизоҷи кӯҳиаш аз аҳлӣ гармтар ва сабуктар, саҳроияш низ аз аҳлӣ гармтар ва сабуктар …
Прочитайте больше»