АСОСӢ / admin (страница 71)

admin

Гамбуски саргин дар Канзи Шифо (Китоб)

Гамбусаки Саргин дар сурат, расм

Гамбуски саргин -ин ҷонварест гуногун, болдор ва бебол, калон ва майда — ҳама сиёҳ мебошанд. Дар пойи деворҳо, хокрӯбаҳо ва саргин мақом дорад. Мизоҷаш дар дараҷаи дувум гарм ва хушк аст. Хислатҳои шифобахши Гамбуски саргин: агар ин ҷонварро як шаб дар об тар карда, баъд он обро бинӯшанд, ахлоти меъда, рӯдаҳо …

Прочитайте больше»

Балила дар Канзи Шифо (Китоб)

Балила

Балила ин самари дарахти ҳиндӣ, кулӯлаи андак нӯгдор, калонтар аз мозу, пӯсташ зарди гӯё гардолуд ва нозуктар аз пӯсти ҳалила аст. Дар тиб пӯсти ҳамин самар истеъмол мешавад. Мизоҷаш дар дараҷаи якум сард ва дар дувум хушк аст. Хислатҳои шифобахши он: агар инро бихӯранд, дарунро ба некӣ мебандад, меъда ва иштиҳоро …

Прочитайте больше»

КӮРМУШ дар Канзи Шифо (Китоб)

Сурати - расми Курмуш

Курмуш ҷонвари бадбӯ, бечашм, дум ва поҳои он аз ин узвҳои муш кӯчактар, хокистариранг, вале ба қавле чашми он дар зери пӯсташ ҷой гирифтааст. Дар заминҳои намнок мешавад, пайваста заминро сӯрох мекунад ва решаҳои гиёҳ ва дарахтонро мехӯрад, хусусан қисми заминӣ — пиёзи гандано ва пиёзро дӯст медорад, ки бихӯрад. …

Прочитайте больше»

Алокузанг -дар Канзи Шифо (Китоб)

Алоказанг дар сурат - расм

Алокузанг — ин ҳашароти парвозӣ аст, ду навъ мебошад: калон ва майда. Калонаш ба андозаи занбӯр аст ва майдааш аз магас калонтар, паҳн, бадбӯ, ба гиёҳҳои тару тоза мешинад ва дар ҳамон ҷо сокин гашта, афзоиш меёбад. Алокузанги калон рӯйи болҳояш хатҳои зард дорад. Дар тиб қисми калонаш истифода мешавад. …

Прочитайте больше»

ГУРБА (Пишак) дар Канзи Шифо (Китоб)

Гурба - пишшак

Гурба (пишак) — ин ҷонвар навъҳои хонагӣ, ваҳшӣ ва обӣ дорад. Мизоҷи гурбаи хонагӣ дар дараҷаи дувум гарм ва рутубаташ бисёр, яъне тар аст. Хислатҳои шифобахши он: хӯрдани гӯшти гурбаи хонагӣ ба пирон ва тармизоҷон мувофиқ аст: дарди буғумҳоро, ки аз тарӣ бошад, бемории ниқрис ва даббаро, ки аз даридани пардаи …

Прочитайте больше»

МОР дар Канзи Шифо (Китоб)

Мор (кобра)

Қисмҳои ин гуногуни мор ҳаст: кофчак, сиёҳ, зард ва ғайра. Мизоҷаш дар дараҷаи севум гарм ва хушк аст бо қуввати хушккунандагӣ. Хислатҳои шифобахши он: равғанашро ба чашм моланд, фуромадани оби зарарнокро аз гавҳараки чашм манъ мекунад. Пӯсташро дар шароб ҷӯшонида, он шаробро нимгарм дар гӯш чаконанд, дарди онро шифо мебахшад. Инро …

Прочитайте больше»

ПАНИРМОЯ дар Канзи Шифо (Китоб)

Панирмоя

Панирмоя ин меъда, яъне ширдони ҳайвоноти ширхора аст, ки наздик ба зоида шудан очаашро кушта ё баъди зоида шудан, ки ҳанӯз алаф нахӯрда бошад, аз шиками бачааш дарҳол ҷудо карда мегиранд хоҳ дар он моеъ бошад бо он, хоҳ набошад. Баъди зоида шудан низ то коҳ хӯрдани он ин узви …

Прочитайте больше»

УҚОБ дар Канзи Шифо (Китоб)

Укоб (Сурати паранда)

УҚОБ — ин парандаи бузургҷуссаи дарранда аст, ки маълум мебошад. Мизоҷаш дар дараҷаи дувум гарм ва хушк аст. Хислатҳои шифобахши он: гӯшташ лифӣ (лифмонанд), сахт аст ва аз хӯрдани он дар ҷигар моддаи носара пайдо мешавад. Хӯрдани он барои ибрида (нотавон шудани ҳолати мардон аз рутубати бисёр пайдо кардани бадан), бодҳои бисёр …

Прочитайте больше»

АРЗАН дар Канзи Шифо (Китоб)

Арзан

Арзан растании зироатӣ мебошад ва дар байни халқҳои осиёи миёна васеъ паҳн гаштааст. Сараш иборат аз хӯшаи тити пурдон аст. Ранги донҳояш зарди сафедтоб мебошад. Инро ба забони русӣ просо ва донҳои муқашшарашро пшено  мегӯянд, ки ба тоҷикӣ сӯк мебошад. Дар тиб ҳамин донҳои он истеъмол мегардад. Мизоҷаш дар дараҷаи …

Прочитайте больше»

Зира дар Канзи Шифо (Китоб)

Зира

Зира — Ин тухми растаниест аз арпабодиён бориктар ва ба ранг гуногун мешавад: сиёҳ, сабз, зард ва сафед. Баргаш гирдшакл, қуббаи он монанди шибит аст, хушбуй, дар аксари маҳалҳо месабзад. Ҳар як намуди зира бӯстонӣ, даштӣ ва кӯҳӣ низ дорад. Даштии он ҳамчун даво аз бӯстонӣ қавитар ва кӯҳиаш аз даштӣ …

Прочитайте больше»