Балила ин самари дарахти ҳиндӣ, кулӯлаи андак нӯгдор, калонтар аз мозу, пӯсташ зарди гӯё гардолуд ва нозуктар аз пӯсти ҳалила аст. Дар тиб пӯсти ҳамин самар истеъмол мешавад.
Мизоҷаш дар дараҷаи якум сард ва дар дувум хушк аст. Хислатҳои шифобахши он: агар инро бихӯранд, дарунро ба некӣ мебандад, меъда ва иштиҳоро қувват медиҳад, моддаҳои савдо ва сафроро бо исҳол дафъ мекунад, бухори рутубатҳоро қатъ месозад, барои дафъ кардани дарди сар ва бавосир дору мешавад. Агар инро то бӯяш баромадан битафсонанд ва баъд кӯфта бихӯранд, исҳоли кӯҳнаро мебандад.
Инро маҳин ос карда, чун сурма ба чашм кашанд, обравии чашмро нест мегардонад. Вале хӯрдани ин дарунро шах мекунад. Дар ин маврид асал бихӯранд, зарараш ислоҳ меёбад. Миқдори як бор дар як рӯз хӯрдан аз балила 10,5 грамм аст. Ба ҷойи ин сеяки миқдораш омулаи кӯфтаро ё баробари он гули ҳиноро бихӯранд, равост ва ё шашяки он ҳалилаи сиёҳро хӯрдан мумкин аст. Агар ҳар рӯз 1,5 ё 2 грамм аз балила бо ҳамвазни он шакар бо оби гарм бинӯшанд, қуввати чашмро зиёда мекунад ва обравии даҳанро қатъ месозад.