АСОСӢ / Таърихи тоҷикон / БИНОКОРӢ ВА МЕЪМОРӢ АСРИ ХI — ХIII

БИНОКОРӢ ВА МЕЪМОРӢ АСРИ ХI — ХIII

Аз асрҳои ХI–ХII ва ибтидои асри ХIII миқдори зиёди осори меъмории мӯҳташам то замони мо омада расидааст. Ин албатта, бесабаб нест. Агар теъдоди ин биноҳои таърихӣ бо маълумоти роҷеъ ба сохтмони қасрҳо, масҷидҳо, ҳаммомҳо ва ғайра муқоиса карда шавад, овони авҷи бинокорӣ будани давраи мавриди тадқиқи мо маълум мегардад. Зимнан, ин яке аз тазоҳурот ва далелҳои рушду тараққии шаҳрҳо, истеҳсолоти молӣ, тиҷорат, тараққиёти қувваҳои истеҳсолкунанда, пешрафти умумии иқтисодиёт мебошад. Вале ин давра на фақат бо миқдори иморатҳо, балки бо равнақи минбаъдаи афкори меъморӣ, усулҳои нави нақшакашиву тарҳрезӣ ва комёбиҳои соҳаи ороиши биноҳо шоёни таваҷҷӯҳ аст.

Дар сохтмони бошукӯҳи ин давра хишти пухта нисбат ба пештара мавқеи калонеро ишғол менамояд. Дар айни замон, масолеҳи бинокории пешина, аз қабили похса ва хишти хом, алалхусус, дар иморати қалъа, кӯшк ва қасрҳо ба таври васеъ истифода мешавад. Гоҳо дар бинокорӣ ҳам хишти хом ва ҳам хишти пухтаро дар як вақт ба кор мебаранд. Масалан, девори биноро аз хишти хом ва гунбади онро аз хишти пухта месозанд ва ё девори аз хишти хом сохташударо бо хишти пухта рӯкаш мекунанд.

Намунаи хеле ҷолиби чунин сохтмон Қалъаи Болои райони Исфараи Тоҷикистон мебошад.[1] Ин кӯшкқалъа, ки дар асрҳои VI–VIII бино ёфта, дар асри Х хароб гардида буд, дар асрҳои ХI–ХII дубора таъмир ва хеле мустаҳкам карда шуд. ҳангоми таъмир хишти хом ва похсаро истифода намуда, бо хишти пухтаи дар маҳлули гаҷ хобондашуда рӯкаш кардаанд. Системаи мудофиавии аввала (асрҳои VI–VIII) бо сохтани ду манораи росткунҷа дар тарафи даромадгоҳи шарқии қалъа боз ҳам қавитар карда шуд. Дар асрҳои ХI–ХII он аз як хонаи калони расмӣ, ҳавлича ва ду қатори хонаҳои дарун ба даруни ҳамдолон иборат буд. Болои хонаҳоро гунбазҳои аз хишти хом сохташуда мепӯшиданд. Инро метавон инкишофи эҷодии тарҳи меъмории замони гузашта номид: долони иморат ҳамчун ҳавличаи чароғон масъалаи ба равшаноӣ таъмин кардани хонаҳоро ҳал менамуд ва ҳар хона аз панҷараи дар ё худ аз тирезаи болои он равшан мешуд. Бояд қайд кард, ки аз қалъа шишаи мусаттаҳи тирезаи мансуб ба он замин ёфт шудааст. Он вақтҳо дигар васила ва заруроти зист низ вуҷуд доштанд, дар саҳни суфа чоҳҳои амиқе барои рехтани ахлот ва партовҳо канда, болои онҳоро бо хишти хом мустаҳкам мекарданд ва рӯи онро бо сарпӯши чӯбии гиландуд мепӯшиданд.

Дар ин давра сохтмони қасрҳо хеле вусъат ёфт. Қасрҳои ҳокимони Хатлон, Тирмиз ва амирони ғазнавӣ, ки аз тарафи бостоншиносон дар ҳулбук (ҷануби Тоҷикистон), Тирмиз, ҳаволии Ғазна ва Лашкари Бозор кашф шудаанд, дар ин бора гувоҳӣ медиҳанд.

hulbukҚасри ҳулбук[2] дар даруни арки шаҳр воқеъ гардидааст. Ин мавқеъ бисёр хусусиятҳои онро муайян менамояд. Қаср дар рӯи суфаи баланде сохта шуда, аз маҷмӯи мураккаби биноҳои расмӣ иқоматӣ ва хоҷагӣ иборат аст. Вай асосан аз похса ва хишти хом сохта шуда, дар баъзе ҷойҳо, дар рӯкаши току деворҳо ба кор бурда шудааст. Аз васоити зист ташноб ва чоҳи хокрӯбаи гунбазчадор (монанди Қалъаи Боло) ва системаи гармкунандаи манзилро, ки аз зери иморат гузаронида шудааст, метавон ном бурд. Қаср ороишоти фаровоне дорад. Хусусан ҷойҳои кандакории он, ки аз нақшу нигори ҳандасиву наботӣ ва катибаҳои аҷоибе фароҳам омадааст, хеле ҷолиби диққат мебошад. Дар бисёр қисматҳои ин нигоришот рангубори он маҳфуз мондааст. Ба ҷойҳои кандашуда рангҳои нилобӣ ва сурх додаанд, ки хеле назаррабо буда, аз завқи баланди ҳунармандони он замон гувоҳӣ медиҳад. Устоҳои гулдаст дар вақти ба фарши хона «паркетвор» чидани хиштҳои пухта низ  хеле  ҳунарнамоӣ кардаанд. Ин қаср мавҷудияти худро дар давоми асрҳо нигоҳ дошта, борҳо таъмир ва тармим ёфтааст. Дар асри ХI қисми ҷанубии нисбатан баландтари он аз маҷмӯи иморатҳое иборат буд, ки бо ду долони васеи тоқдор чортақсим мешуд. Гурӯҳи иморатҳои шимолии қаср қадре поинтар воқеъ гардида, онро роҳраве, ки ба яке аз долонҳои тоқдори қисми ҷанубӣ мебурд, бурида мегузашт.

Системаи мудофиавии қалъаи ҳулбук маҳфуз намондааст. Маълум, ки ҳам Қалъаи Боло ва ҳам қасри ҳулбук дар як вақт ду вазифаро адо мекарданд: ҳам қаср ва ҳам қалъа буданд, ки ин масоҳат ва намуди онҳоро муайян кардааст.

Дигар се қасре, ки мо дар боло ном бурдем, аз ин қасрҳо фарқ доранд. Онҳо озодона дар майдони васее ҷой гирифта, ягон вазифаи мудофиавиро адо намекарданд. Қасри берунишаҳрии дар наздикии Ғазна воқеъгардида,[3] ки қароргоҳи Масъуди III Ғазнавӣ (1099–1115) буда, сохтмони он, бар тибқи яке аз катибаҳо, соли 1112 анҷом ёфтааст, хеле бошукӯҳ ва олист. Майдони қаср ба шакли зузана буда, бо девор иҳота шудааст. Дар миёнҷои майдони қаср ҳавлии калоне воқеъ гардидааст, ки дарозиаш 50,6 метр ва бараш 31,9 метр мебошад. Қисми марказии онро ба масоҳати 40,4 Х 23,5 метр мармар фарш намуда, дар гирди он низ аз тахтасангҳои мармарӣ роҳрави васеъ сохтаанд. Дар чор тарафи ҳавлӣ чор айвон сохта шудааст: яке аз ин айвонҳо дарозрӯя буда, ҳамчун даҳлези даромадгоҳ хизмат мекард ва айвони рӯбарӯи он ба толори салтанатӣ мебурд. Дар ин айвонҳо 32 тоқи вуруд мавҷуд аст, ки ба   утоқи манзилҳои гуногуни қаср роҳ мекушояд. Нақшу нигорҳои тарафи беруни ин тоқҳо бисёр зебост. Қисми поинтари онҳо мармаркорӣ шуда, бо нақшҳои ҳаккокии ҳандасию наботӣ ва катибаҳои куфӣ ороиш ёфтааст. ҳусни хати навиштаҷот хеле ҷалӣ ва нафис буда, мазмунан қасидаҳои тоҷикию форсианд, ки дар мадҳи ҳокимони ғазнавӣ гуфта шудаанд. Ин яке аз қадимтарин осори катибаи форсӣ ба шумор меравад. Қисми болои девор ва гунбади тоқҳо бо гилгул ва сафолҳои кандакоришудаи зарду сурху кабудранг зинат ёфтааст.

Қасри берунишаҳрии дигар дар шаҳристони қадимаи Тирмиз кашф гардид[4]. Ин ҷо дар мобайни ҳавлӣ, рӯбарӯи айвоне, ки вазифаи даромадгоҳи толори қабулро адо мекард, ҳавзе вуҷуд дошт. Толори қабул аз бинои калони росткунҷае иборат буд, ки ду қатор сутунҳои ғафси росткунҷа онро ба се қисмат ҷудо менамуд. Девору сутунҳо бо хиштҳои пухтаи нақшин ва кандакоришуда чунон рӯкаш гардида буданд, ки дар пеши назар нақшу нигори барҷаста ва хеле зеборо намоён мекарданд. Дар асри ХII тамоми ин ороишоти хиштӣ бо гулгаҷ пӯшида шуд. Нақшу нигори рӯи гаҷ ба лавҳаҳои васеи росткунҷа тақсим гардида, ҳар як лавҳа бо шаклҳои гуногуни ҳандасию наботӣ, тасвирҳои асотирии ҳайвонот ва катибаҳо зебу зинат пайдо менамуд.

Мо дар хусуси тарҳи маҷмӯи мураккаби осори меъмории Лашкари Бозор[5] таваққуф накарда, фақат фаровонӣ ва гуногунии ороишоти онро хотирнишон месозем. Дар ин ҷо хусусан намунаҳои ҳунари наққошӣ ва суратгарӣ ҷолиби диққат аст. Дар девори толори қабул қариб 50 сурати сарбозони мусаллаҳ аз гвардияи подшоҳони ғазнавӣ боқӣ мондааст. Сурат ва нақшу нигорҳои деворӣ дар толори дигар ҳам, ки, зоҳиран, базмгоҳ будааст, маҳфуз мондаанд. Дар лавҳаҳои ин ҷо дарбориёни босавлат тасвир ёфтаанд ва дар яке аз сутунҳо сари хамидаи ҷавоне кашида шудааст. Нақшҳо ҳама сатҳианд. Бар тибқи маълумоти сарчашмаҳо, дар аҳди Ғазнавиён ин сабки ҳунари наққошӣ умуман хеле интишор ёфта будааст.

Яке аз беҳтарин осори меъмории асри ХI Работи Малик мебошад. Даруни ҳавлиро манзилҳои камбари якхела иҳота кардаанд, девори атрофи он аз кулӯх, вале рӯйкаши он, инчунин сардарӣ ва болои манораҳои кунҷӣ аз хишти пухта сохта шудааст. Девори даромадгоҳи асосӣ, ба тақлиди қалъа андаке нишеб буда, бо нақшҳои рахдор, ки нимсутунҳои фурӯнокро пеши назар меоранд, ороиш ёфтааст. Дар ороиши сардарӣ ҳар гуна нақшҳои барҷаста аз хишт, гилгул, сафолҳои кандакоришуда ва катибаҳои аз қасри Ғазна қадимтари форсӣ истифода шудааст. Дар Работи Малик анъана ва падидаҳои навин чунон мутаносибан ба ҳам омехтааст, ки махлути унсурҳои гуногун будани нақшҳои девор ва ороишоти сардарӣ ҳеҷ эҳсос намегардад.

Осори динию парастишӣ, аз қабили масҷид, манора, хусусан мақбараҳо нисбатан бештар боқӣ мондаанд. Масҷиди Деггарони деҳаи ҳазора (наздикии Бухоро) бинои мукаабшаклест бо гунбази мобайнӣ, ки ба чор пояи мудаввар устувор аст ва дарҳои паҳлуии вай қуббачаҳо дорад. Масҷиди Тирмиз аввалҳо ба намуди айвони кушоди сегунбаза буд, баъдтар миқдори сутунҳо ва гунбазҳои болои онҳо зиёдтар карда шуда, он ба бинои пӯшида мубаддал гардид. Масҷиди Мағоки Аттори Бухоро (асри ХII) шаш сутунпоя, дувоздаҳ қубба ва тоқи вуруд дорад. Гунбази марказии масҷиди Лашкари Бозор рӯи чор сутун қарор гирифта, паҳлударҳои он бо якчанд қуббачаҳо пӯшида шудааст.

Манораҳои он замон аз ҷиҳати шакл ва таносуб хеле гуногунанд: манораи Бухоро мудавваршакл, бузург ва мӯҳташам аст, манораи Вобканди наздикии Бухоро таносуби тамоман дигари бисёр мавзун ва муназзаме дорад. Сари манораи Ҷарқӯрғон (воқеъ дар вилояти Сурхондарёи Ўзбекистон) бо рахҳои чин-чин зинат ёфтааст. Манораи Масъуди III дар наздикии Ғазна ба шакли ситора сохта шудааст. Манораи Ҷом дар асоси худ ҳаштрӯя аст ва се қисмати мудаввари он торафт борик шуда, то боло мерасад.

Мақбараҳои онвақтаи ашхоси динӣ ва омӣ ё тамоман аз хишти пухта ва ё аз омехтаи хиштҳои пухтаву хом бино ёфтаанд. Мақбараҳо гунбазнок буда, дар доштанд ва гоҳо бедар ҳам мешуданд. Яке ба дигаре монанд набуд, ҳар кадом шаклу намуди махсуси худро дошт, ҳамон як марому мақсад дар ҳар яке ба таври худ таҷассум меёфт. Мақбараҳои султон Санҷар дар Марв ва Абӯсаид дар Майхона (Туркманистон), мақбараи Қарохониён дар Ӯзганд (Қирғизистон), мақбараҳои деҳоти Сайёд ва Хоҷа Нақшрон дар наздикии шаҳри Турсунзода, сохтмонҳои меъмории Чоркӯҳ (Тоҷикистон) ва ғайра саҳифаҳои махсус ва дурахшони таърихи санъати меъмории Осиёи Миёна аст, ки меъморон ва бинокорони асрҳои ХI–ХII музайян намудаанд.

Дар ин давра ҳунари амалӣ ҳам ба пояи баланди тараққӣ ва такомули худ мерасад. Намунаҳои ҳаккокии рӯи гаҷ, чӯб ва мармар, инчунин сафолҳои кандакоришуда хеле олӣ ва бошукӯҳанд. Устоҳои гулдаст дар сохтани нақшҳои ҳандасию наботӣ ва тасвири асотирии ҳайвонот ҳунарнамоии ҳайратангезе кардаанд. Хусусан катибаҳои гулхатти куфӣ ва насх диққати ҳар бинандаро ба худ мекашад. Нақшу нигори хеле ҷолиб ва дилчасп гоҳо бо оддитарин воситаҳо: ба ҳар шакл чидани хиштҳо ва дар нақшҳо истифода намудани хиштрезаҳои тарошида ва суфта ба вуҷуд оварда мешуд. Дар сабк ва тариқи ороишоти сохтмонҳои бошукӯҳи ин замон анъанаи давраҳои гузашта давом ва инкишоф ёфта, дар айни вақт навоварии устоҳои бинокор низ ба назар мерасад. Омезиши анъана ва навпардозӣ дар зебу зинат ва ороиши ёдгориҳои меъмории асрҳои ХI–ХII ва ибтидои асри ХIII ҷиҳатҳои ба худ хос ва такрорнашавандае бахшидааст.

[1]Давидович Е. А., 1958, с. 83–90, 100–103 ва тасвири 70 дар с. 94.

[2]Давидович Е. А., Литвинский Б. А., 1954; Uуломова Э., 1961, 1962, 1964; 1968.

[3]Scӯrrato U., 1959; Ӣomӣaci., 1966.

[4] Жуков В.Д., 1945; Пугаченкова Г.А., Ремпель Л.С, 1965, с.190-192 (дар с. 406-407 рӯйхати адабиёт дода шудааст)

[5] Арунова М. Р., 1959, с. 91–93; Пугаченкова Г.А., 1963, с. 114–121.

Инчунин хонед инро

hulbuk

ШАҲРҲОИ ОСИЁИ МИЁНА ДАР АСРҲОИ ХI–ХII

Тараққиёти босуръати шаҳрҳо, истеҳсолоти молӣ ва тиҷорати пулӣ аз муҳимтарин аломатҳои давраест, ки мо ба …