АСОСӢ / ГУНОГУН / Бодоми ширин дар Канзи Шифо (Китоб)
Бодоми ширин

Бодоми ширин дар Канзи Шифо (Китоб)

Бодоми ширин — ин самари дарахти маълум аст, ки дар шароити табиии Осиёи Марказӣ ва дигар мамлакатҳо парвариш меёбад. Беҳтарини он нозукпӯст, бузургмағз ва серравғани он аст. Мизоҷаш дар дараҷаи якум гарм ва тар аст ва ба қавли баъзе табибон дар гармӣ ва тарӣ мӯътадил мебошад.

Хислатҳои шифобахши он: бодомро бо набот бихӯранд, ҷавҳари мағзи сарро устувор нигоҳ медорад, узвҳои ботиниро аз моддаҳои зарарнок ва нодаркор пок мегардонад, чашмро қувват мебахшад, дарун ва ҳалқро мулоим мекунад ва барои узвҳои даруни сина форам аст.

Шираи мағзи бодомро бо шакар ширин карда бинӯшанд, сурфа, дағалии узвҳои даруни сина ва ҳалқро ба ибро меоварад; дамкӯтаҳӣ ва зот-ул-ҷанб (варами пардаҳои даруни сина)-ро шифо мебахшад ва хун қай карданро манъ менамояд.

Мағзи бодомро бо ним вазни он зифт бихӯранд, сурфаро дафъ мекунад. Пӯчоки онро то сиёҳ шуданаш сӯхта, ба дандон бимоланд, дандон ва милки онро мустаҳкам мекунад ва худи дандонро аз чирк пок месозад.

Хӯрдани бодом ҳамаи узвҳои ботинӣ ва дарунро мулоим мекунад, барои захми рӯдаҳо ва хичак, исҳол (агар аз рутубати меъда бошад) даво мешавад; манӣ пайдо мекунад ва тезии маниро ислоҳ мегардонад (зимнан огоҳ намоем, ки агар мании мард тез бошад, баъди ҳар як муҷомаат зан дар даруни худ хеле муддат сӯзиш ҳис мекунад ва аз он мард фарзанд намешавад), сӯзиши пешобро низ ба ислоҳ меоварад, баданро фарбеҳ мегардонад. Агар инро бо шакар ё бо қанди сафед бихӯранд, ҳамчун ғизо пурқувват мегардад, дарунро мулоим мекунад гиреҳҳои узвҳои баданро мекушояд, инчунин бо анҷир бихӯранд, низ дарунро мулоим месозад ва барои иллати қулинҷ, ки дард ва варами рӯдаҳои ғафс аст, фоида мебахшад.

Бодоми кӯфтагӣ барои меъда вазнин ва дер аз он мефурояд, вале бо чизҳои иштиҳоовар бихӯранд, аз меъда зудтар фуруд меояд. Аз бодом мураббо тайёр карда бихӯранд, ҳамчун ғизо ва барои фарбеҳ гардонидани бадан беҳтар ва дар ислоҳи ҳолати бади гурда бошиддат таъсир мебахшад.

Бодомро то бӯяш баромадан тафсонида, баъд мағзи онро чудо карда бихӯранд, меъдаро қавӣ мегардонад, исҳолро мебандад, нармӣ ва сустии онро (меъдаро) дафъ мекунад, боҳро пурқувват месозад, маниро зиёда менамояд.

17,5 грамм мағзи бодомро кӯфта, бо асал хамир сохта, лесида бихӯранд, дарди ҷигар ва сурфаро шифо мебахшад; бодҳо, хусусан бодҳои гурдаро таҳлил медиҳад. Ғӯраи бодомро бо пӯсташ бихӯранд, буни дандонро мустаҳкам мекунад ва мизоҷи пӯсти он бинобар сард ва хушк буданаш ҳарорати баланди даҳанро таскин медиҳад.

Магзи БодомМағзи бодомро бо анҷир бихӯранд ва аз рӯ гузошта банданд, саги девона газидаро шифо мебахшад. Гулашро бихӯранд, боҳи мардонро ба ҳаракат меоварад, вале боҳи занонро суст мегардонад.

Аммо хӯрдани бодом барои меъдаи сардмизоҷ ва тармизоҷ вазнин ва дерҳазм аст ва инчунин барои узвҳои шикам зарарнок мебошад. Барои дафъи ин зарарҳояш мустако бояд бихӯранд; инчунин моддаи сафроро бармеангезад — дар ин маврид шакар бихӯранд, ислоҳи зарари он мекунад.

Бодом кӯҳна шавад, вайрон ва талх мегардад, агар онро бихӯранд, ғамгин месозад, иштиҳоро мебандад, дилро беҳузур (беҷо) мекунад ва ба иллати беҳушшавӣ гирифтор менамояд. Дар ин ҳолат зуд қай карда, онро аз меъда дур намудан даркор аст ва баъд оби меваҳои турш бояд бинӯшанд.

Мизоҷи равғани бодоми ширин дар гармию сардӣ мӯътадил аст, ба майна бағоят намият мебахшад, хусусан нави он. Хислатҳои шифобахши он: равғани бодоми ширинро бихӯранд, майнаро намнок мегардонад; барои ҷингак шудани узвҳо, ки аз хушкӣ ва варам бошад, форам аст; варами пардаҳо ва худи майна, инчунин зот-ул-ҷанбро шифо мебахшад, бехобиро дафъ мекунад ва хоб меоварад. Ва агар батакрор ба сар бимоланд ҳам, ҳамин таъсирро дорад.

Ин равғанро бо катиро ва шакар бихӯранд, сурфаи хушкро дафъ мекунад, овозро соф ва қасабаи шушро аз моддаҳои зарарнок пок мегардонад, рӯдаҳоро мулоим мекунад, зарари давоҳои исҳоловарро дафъ менамояд. Инро бо луобҳои тухми зағир, луоби гули хайрӣ ва луоби тухми биҳӣ биёшоманд, исҳолро мебандад, дарди рӯдаҳоро таскин медиҳад, рӯдаҳоро мулоим мегардонад, қулинҷро, ки дард ва варами рӯдаҳои ғафс аст, шифо мебахшад, душвор шошиданро ба ибро меоварад, барои дафъ шудани санги гурда ва хичак кӯмак мерасонад.

Миқдори як бор хӯрдан аз равғани бодоми ширин дар як рӯз то 50 грамм аст. Ин равғани бодомро бо мудовамат ба мӯҳраҳои пушт бимоланд, иллати ниқрисро, ки дард ва варами ангӯштони дасту поҳо мебошад, дафъ мекунад ва кӯзӣ ва хамидагии пушти пиронсолонро рост ва ҳамвор мегардонад.

Равғани бодомро бо оби гарм даромехта, бо он ғарғара кунанд, дағалӣ ва дуруштии ҳалқро ба ислоҳ меоварад. Равғани бодоми ширин ҳангоми истеъмол ба дарун, ба узвҳои даруни шикам, ки заиф бошанд, зарарнок аст. Дар ин маврид мустако бихӯранд, ислоҳи зарари он менамояд.

Барги тару тозаи бодоми ширинро кӯфта бихӯранд, дарунро меронад ва кирмҳои меъдаро мерезонад, вале хушкашро бихӯранд, дарунро мебандад ва исҳолро манъ мекунад.

Инчунин хонед инро

56

Футбольные трансферы: Как торговля игроками влияет на силу команд

Футбольные трансферы являются неотъемлемой частью современной игры. Клубы по всему миру активно участвуют в покупке …