АСОСӢ / Тандурустӣ / Канзи Шифо / Бӯймодарони дуруштбарг

Бӯймодарони дуруштбарг

Бӯймодарони дуруштбарг — Барги ин гиёҳ монанди барги сабзӣ, вале аз он дурушттар аст. Гулаш зард, монанди бӯймодарони маҳинбарг аст. Ин аз як бех бисёр шох, яъне пояҳо бармеоварад ва дар сари ҳар поя яктоӣ гул мекунад. Адади гулҳо дар як бех то 10-12 мерасад. Бӯй гулаш тез аст. Қадаш то як метр мехезад. Дар кӯҳсор ва саҳроҳои намнок мерӯяд.

  buymodaroniМизоҷаш дар дараҷаи дувум гарм ва хушк аст. Хислатҳои шифобахпш он: 7 грамм гули зарди ин гиёҳро кӯфта, бо асал бихӯранд, ҳамаи навъҳои кирми меъда ва рӯдаҳо, ҳатто кирми кадудонаро ҳам мерезонад.

  9 грамм гули онро дар об ҷӯшонида, он обро бинӯшанд, инчунин дар обе, ки ин гиёҳ ҷӯшонида шуда бошад, то ноф даромада нишинанд, ҳайзи бандшударо мекушояд, зоиданро осон мекунад, даҳани бастаи бачадонро мекушоад ва варами ин узвро таҳлил медиҳад, санги хичакро майда карда мерезонад, бачаро аз шиками занони ҳомила меафтонад, вале агар ҳамроҳаки (ёраки) тифл набаромада бошад, хориҷ мекунад, инчунин захмҳои бачадонро нафъ мебахшад.

  7 грамм гули онро як шабонарӯз дар обтар карда, он обро бинӯшавд, ҳамаи навъҳои табро дафъ месозад.

  9 грамми онро дар об ҷӯшонида, он обро бо мудовамат биёшоманд, хусусан беморихои бачадонро зудтар сиҳат мебахшад. Дар рӯзҳои нӯшидани ин бояд ҳамон рӯзҳо гизои беравған истеъмол намоянд — ин шарт аст.

  Ин гиёҳро кӯфта гузошта банданд, ҳамаи навъҳои дарди сарро таскин медиҳад, гиреҳи даруни майнаро мекушояд ва ин узвро қавӣ мегардонад; варами пардаҳо ва худи майнаро, ки сабабаш ҷамъ шудани балғам дар ин узв бошад, таҳлил медиҳад ва хоби сахт ва дуру дарозро ба ислоҳ меоварад. Агар кӯфтаи инро бар сина гузошта банданд, дарди узвҳои даруни синаро дафъ мекунад, ба зери шикам гузошта банданд, пешоб ва ҳайзи бандшударо мекушоад, инчунин варамҳои узвҳои дар ин мавзеъи шикам буда, яъне варамҳои хичак ва бачадонро таҳлил ва дардҳояшро низ таскин медиҳад.

  Агар ин гиёҳро дар об ҷӯшонида, он обро кам-кам ва бардавом бирезанд ё ин гиёҳро гарм карда, чун гармбандӣ ба ин узвҳо бигузоранд, бемориҳои дар боло зикрёфтаро ба ибро меоварад, гирифтагии сӯрохҳои биниро мекушоад, зукомро сиҳат мекунад, чарх задани сар ва сиёҳ задани чашмро ба ибро меоварад.

  Оберо, ки дар он гули ин гиёҳ чӯшонида шуда бошад, ба даруни бинӣ бикашанд, зукомро дур месозад ва бемориҳои майнаро сиҳат мебахшад.

  Ҳар як қисми ин гиёҳро сӯхта, ос карда, бипошанд, захмҳоро хушк мекунад.

  Решаашро кӯфта, ба зери шикам гузошта банданд, пешоб ва ҳайзи бандшударо равон мекунад. Аммо шарташ чунин аст, ки дар вақти пур будани бадан аз ахлот ва ҳамчунин ягон модда аз ҷойи дигари бадан ба он узв рехта банд шуда бошад, ин амалро набояд бачо оваранд. Аломати пур будани бадан аз ахлот касолат ва танбалии ҳол аст ва аломати рехта шудани модда ба ягон узв торафт ва рӯз ба рӯз бадтар гаштани ҳоли он кас аст.

  Ошомидани ин ба гурда зарар дорад — дар ин маврид арпабодиён истеъмол фармоянд, зиёнаш ислоҳ мегардад. Ва агар ба дигар узвҳо зарар расонад, талхшувоқ истеъмол бинамоянд.

  Микдори як бор хӯрдан аз гули он дар як рӯз то 15 грамм аст.

Инчунин хонед инро

surma

Сурма ва хислати он

Маълум, ки сурмаро аз кон пайдо мекунанд. Санги сурмаро маҳин ос карда месӯзонанд ва баъд …