АСОСӢ / Тандурустӣ / Канзи Шифо / Бомус дар Канзи Шифо (Китоб)
Бомус

Бомус дар Канзи Шифо (Китоб)

Бомус (русс. Овёс)ин растании зироатист, низ дар миёнаи гандум ва ҷав ҳам рӯиданаш мушоҳида мешавад. Инро ҷави дусар ҳам меноманд. Ҳангоми дон гирифтан, вақти хомиаш досааш рост ва баъди расидан досаи он каҷ мегардад. Донаш сафед, ки аз як парда ду дона ба ҳам мерасад. Инро ба забони русӣ овёс меноманд.

Мизоҷаш дар гармиву сардӣ мӯътадил ва моил ба хушкӣ мебошад. Хислатҳои шифобахши он: онро бо равғанҳои ғайри қабзиятовар пухта бихӯранд, ба узвҳои даруни сина мувофиқ аст, сурфаро сиҳат мекунад, дарунро мулоим мекунад. Бомусро кӯфта гузошта банданд, варамҳои гармро дар давраи ибтидо бошанд, мегардонад ва таҳлил медиҳад.

Вале хӯрдани ин гарон ва дерҳазм аст, дар шикам бод пайдо мекунад. Давои ин зарарҳояш сирко, зираи сиёҳ, равғани бисёр хӯрдан, макидани лиму, хӯрдани биҳӣ аст. Агар ҳангоми хӯрдан ин дар сари меъда монда бошад, шириниҳоро бихӯранд, онро фурӯд меоварад.

Инчунин хонед инро

surma

Сурма ва хислати он

Маълум, ки сурмаро аз кон пайдо мекунанд. Санги сурмаро маҳин ос карда месӯзонанд ва баъд …