Боқило

Боқило —  Инро дар мавзеъҳои кӯҳистони ҷумҳурии Тоҷикистон зироат мекунанд. Донааш ба андозаи донаи нахӯд ва ба он андаке шабоҳат дорад. Дар як ғилоф аз чор то ҳафт адад дон мегирад. Ин аз тухмиҳои дутабақа (дуҳиссагӣ) аст. Рангаш гоҳ пуштии ба зардӣ моил ва гоҳ сиёҳ мешавад.

  Мизоҷи нарасидаи он дар дараҷаи якум сард ва тар аст ва мизоҷи хушки он дар дараҷаи якум сард ва дар дувум хушк аст.

boqilo

  Хислатхои шифобахши он: агар аз орди боқило нон пухта, пагоҳӣ сер шуда бихӯранд, то дер хӯрок намехоҳанд. Инро бихӯранд, узвҳои даруни сина ва шушро аз моддаҳои зарарнок пок месозад ва инчунин ин узвҳоро қувват мебахшад, аз майна рехтани моддаҳои ракикро мань мекунад, сурфаро таскин медихад, боҳро қавӣ мегардонад, захми рӯдаҳоро сиҳат мебахшад, исҳолро мебандад ва қайро манъ мекунад. Агар боқилоро бо об ва сирко пухта, бо пӯсташ бихӯранд, исҳолеро, ки сабабаш захми рӯдаҳо бошад ва агарчӣ кӯхна шуда бошад, катъ менамояд. Орди онро бо равғани бодом ва қанди сафед даромехта бихӯранд, барои сурфа, дағалии узвҳои даруни синаву ҳалқум фоида дорад.

  Инро дар об ҷӯшонида, он обро бинӯшанд, барои дағалии ҳалқ ва пок кардани бадан аз рутубатҳо дармон мешавад ва намегузорад, ки дар гурда ва хичак санг пайдо гардад, инчунин гиреҳҳои баданро мекушояд.

  Орди онро бо орди ҷав бо каме об хамир карда, ба пистони зарбхӯрда ва варамида, ки сабаби варам шах шудани шир дар он бошад, бимоланд, шифо мебахшад.

  Агар инро бо сирко, наъноъ, ҳулба ва асал хамир карда гузошта банданд, пучак, варами буни гӯш ва зери чашмро тахдил медихад. Орди инро бо мустако, кӯфтаи гулисурх ва сафедаи тухми мурғ хамир сохта,гузошта банданд, савдои чашмро, ки аз косахонааш баромада бошад, ба ҷояш мебарад. Бо гули гулихайрӣ хамир карда гузошта банданд, варами хоя ва варамҳои гармро таҳлил медиҳад. Агар инро бо шароб пухта гузошта банданд, варамҳои рагҳои буни ронро ба ибро меоварад, ба доғҳои кунҷидак гузошта банданд, онҳоро аз пӯсти рӯ пок месозад, ба ҳанозер гузошта банданд, низ онро таҳлил медиҳад.

  Чун донаи боқилои навро ду ҳисса карда, тарафи даруни онро ба захме, ки аз ҷойи зулукгузошта хун равон бошад, бигузоранд, хуни онро манъ мекунад ва инчунин ба дигар ҷароҳатҳо низ бигузоранд, монеи рафтани хуни онҳо мешавад. Агар инро ба ҷое, ки саги девона газида бошад, бибанданд, заҳри онро мекашад.

  Боқилоро маҳин ос карда, дар чашм бипошанд, рехтани моддаҳои зарарнокро ба чашм манъ мекунад.

  Пӯсти онро ба доғи сафеди пӯсти бадан гузошта банданд, онро аз пӯст дур месозад.

  Барг ва пӯчоқи ғилофи онро кӯфта гузошта банданд, доғи сафеди пӯсти бадан ва сӯхтагии оташро шифо мебахшад.Гулашро кӯфта, ба сар гузошта банданд ҳарорати баланди мағзи сарро паст мекунад.

  Чун донаҳои боқилоро кӯфта, ба ҳар узве, ки хоҳанд, гузошта банданд, мӯй намерӯяд ва агар ба мавзеи мӯяш таромидашуда бибанданд, мӯйро аз баромадан манъ месозад.

  Хӯрдани боқило шикамро дам мекунад, париши пӯсти баданро ба амал меоварад, ба майна гаронӣ мебахшад, зеҳнро ҳам кунд мекунад. Барои ин тавр зарар накарданаш онро кӯфта, аз пӯст ҷудо сохта, дароб ҷӯшонида ва он обро партофта ва баъд бо равғани бодом ва давоҳои гарммизоҷи монанди; кокутӣ, мурч, дорчинӣ, қаранфули гардан ва пудина хӯрдан аст. Инчунин хӯрдани боқило хобҳои мушавваш мебинонад ва дар бадан хориш пайдо мекунад.

  Дар боқилои кӯҳна боднокӣ назар ба наваш камтар аст. Инчунин муқашшари он, яъне аз пӯст ҷудо кардаи он камбодтар мебошад.

  Хокистари гиёҳи боқилоро бипошанд, доғеро, ки аз қӯтури сиёҳ боқӣ монда бошад, пок мекунад.

Инчунин хонед инро

surma

Сурма ва хислати он

Маълум, ки сурмаро аз кон пайдо мекунанд. Санги сурмаро маҳин ос карда месӯзонанд ва баъд …