АСОСӢ / Таърихи тоҷикон / БОХТАР ВА СУҒД ДАР АСРҲОИ II-I ПЕШ АЗ МИЛОД

БОХТАР ВА СУҒД ДАР АСРҲОИ II-I ПЕШ АЗ МИЛОД

Аз тарафи йуҷиҳо истило шудани Бохтар боиси минбаъд пароканда ва ғайримутамарказ шудани он гардид. Вақтҳои аввал дар ҳар як шаҳр ва маҳалҳои атрофи он ҳоким менишаст. Ин тарзи идора аз замонҳои давлати Юнону Бохтар монда буд. Маъхазҳои хитоӣ хабар медиҳанд, ки дар ихтиёри ҳокими йуҷиҳо панҷ вилоят вуҷуд дошт. Баъди ба Даҳя – Бохтар кӯчидан «хонаводаи йуҷиҳо ба панҷ хонаводаи ҳокимон тақсим шуд»[1]. Ин матн далолат мекунад, ки тақсимоти территориявии йуҷиҳо ба принсипи авлоду қабилавӣ асос ёфтааст ва ин принсип дар байни кӯчманчиёне, ки баъдҳо ҳам ба Осиёи Миёна омадаанд, бисёр дучор мешавад.

Волиёни ин вилоятҳо унвоне доштанд, хитоиҳо онро бо калимаи «хи-хэу» (талаффузи қадимияш ŋhӯap-goh) ифода кардаанд. Қариб шакке нест, ки ин худи ҳамон унвон мебошад, ки баъдҳо дар тангаҳои Кушониён ба намуди уаvуgа ба назар мерасад ва сипас, ба туркҳо ба шакли «ябғу» гузаштааст. Ба ақидаи Г.Бейли, баромади унвони мазкур форсӣ ва маънояш бояд «сардор» бошад.[2]

Тартиби реалии воқеаҳое, ки дар асрҳои II–I пеш аз милод ҷараён ёфтаанд, амалан маълум нестанд. Ягона маълумоте, ки мо дорем, аз тадқиқи материалҳои нумизматӣ ва археологӣ ба даст омадаанд.

Эҳтимол, баъди заволи давлати Юнону Бохтар ҳам, дар сарзамини Бохтар обола ном пули майдае дар муомилот буд, ки рӯяш расми подшоҳи Юнону Бохтар — Евкратидро дошт. Тангаҳое, ки дар ҷануби Тоҷикистон ёфт шудаанд, далолат мекунанд, ки ин тангаҳо дар замони йуҷиҳо ҳам, яъне дар охири асрҳои II-I пеш аз милод бароварда мешуданд. Зотан ин тангаҳо айнан ба намуди тангаҳои худи Евкратид сикка зада мешуданду фақат навиштаҷоти онро андак дигар мекарданд. Тахмин меравад, ки аз ин хел тангаҳо чанд намуд бароварда шудааст (онҳо аз ҳисор ва Қубодиён ёфт шудаанд)[3].

Дигар тангаҳо низ хеле муҳиманд, ки ба намуди тангаҳои яке аз охирин подшоҳони Юнону Бохтар Гелиокл бароварда шудаанд. Баъзе аз ин тангаҳо ба тангаҳои Гелиокл қариб айнан монанд аст, дар баъзе дигари онҳо сурати асп ҳаст, ки дар тангаҳои Гелиокл набуд. Тангаҳои сурати аспдор тангаҳои давраи сонӣ мебошанд ва, аз афти кор, аз ягон дигаргуниҳои сиёсӣ ва шояд аз кӯшишҳои марказонии ҳокимият дар асри I пеш аз милод далолат менамоянд. Ин тангаҳо дар водиҳои Сурхандарёву ҳисор[4] ва дар райони Фархори Тоҷикистон ёфт шудаанд.

BactriaMapДар Суғд ҳам ба тақлиди тангаҳои Юнону Бохтар сикка мезаданд. Вале чун намуна тетрадирҳамҳои Евтидем истифода мешуд. Як қисми ин тангаҳо ба нусхаи қадимии аслӣ монанданд. Эҳтимол, дар нимаи дувуми муддати мавҷудияти давлати Юнону Бохтар сикка зада мешуданд (ва дар муомила буданд), яъне дар ҳамон даврае, ки Суғд, мумкин аст, аз зери ҳокимияти Юнону Бохтар аллакай озод шуда буд. Дигар навъ тангаҳо, ки аз нусхаи аслӣ хеле фарқ доранд, эҳтимол, баъди суқути Юнону Бохтар сикка зада мешуданд. Ин тангаҳо, аз афти кор, ба воҳаи Бухоро тааллуқ доранд.[5]

Ғайр аз ин дар Суғд (ва қисман дар Бохтар) дигар тангаҳо ҳам дар муомилот буданд. Тангаҳое, ки дар паси он сурати камонгар сабт шудааст, ҷолиби диққат мебошанд; бо хатти юнонӣ номи шоҳи Селевкиён Антиох навишта шудаасту вале дар рӯи танга расми Антиох не, балки расми волии маҳаллӣ нақш ёфтааст. Ин гуна тангаҳо аз Тали Барзуи қарибии Самарқанд ва аз Панҷакент ёфт шудаанд.

Тангаҳое, ки дар онҳо номи Гиркод сабт шудааст, хеле бисёранд ва хати онҳо қисман юнонӣ ва қисман суғдӣ мебошанд. Р.Гиршман таклиф мекунад, ки навиштаҷоти юнонии баъзе тангаҳо ин тавр хонда шавад: «ҳТангаи] Гиркод ҳписари] Ардетри сакараук». Дар сурати суғдӣ будани навиштаҷот номи мазкурро Артадр (ё Аратадр) ва сакараукро «сакараг» хондааст.[6] Дар асоси ин тавр хондани навиштаҷоти тангаҳо Р.Гиршман иддао мекунад, ки Суғдро маҳз сакараукҳо ишғол кардаанд ва дар он маскан гирифтаанд ва зотан, аз ҳисоби сарвати ин вилояти бой иқтидори онҳо хеле афзудааст. Вале худи ин тавр хондани навиштаҷоти тангаҳо боиси шак аст.

Дар поёноби Кофарниҳон (водии Бешкент) ва дар маҳалли Бобошоб (дар соҳили чапи Аму, дар байни истгоҳи Тошработ ва Муқрӣ) сағонаҳои калони кӯчманчиён кашф шудаанд. Онҳо андак дуртар аз воҳаҳои муқиминишини зи-роаткор, дар маҳалҳои нимбиёбон, вале дар қарибии чоҳу чашмаҳо воқеъ гар-дидаанд. Сағонаҳо берун аз ҳудуди заминҳои обӣ воқеъ гаштаанд. Ба ҳамин тариқ, мавқеи онҳо нисбат ба тамоми воҳаҳо гӯё як навъ мавқеи ҳукмрониро дорад. Аз дигар тараф, сағонаҳо дар мобайни убургоҳҳои Аму ҷой гирифтаанд. ҳамаи ин чунин нуктаро тақвият медиҳад, ки дар замони ба ноҳияҳои шимолии Бохтар кӯчидани одамон, шумораи зиёди мардум ба тарзи ҳаёти нимкӯчманчигӣ гузашта буданд.

Аз сағонаҳое, ки дар водии Кофарниҳон тадқиқ шуданд, материали фаровон– аслиҳа (пайкон, ханҷар ва ғ.), асбоби зинат (аз ҷумла, тиллоӣ), сафолот ва ғ.[7] ба даст омаданд. Аксари ин ашё, бешак, аз аҳолии маҳаллии муқимӣ гирифта шудааст, масалан, асбобҳои сафолии хоси бохтариҳо ва ғ. Ин далолат мекунад, ки ба туфайли таъсири мадании аҳолии маҳаллӣ бисёр унсурҳои маданияти Бохтар дар маишати кӯчманчиёни истисморгар бо суръату вусъат ҷорӣ гардид. ҳафриёт маълум кард, ки навомадаҳо мувофиқи намуди антропологии худ ба сокинони ноҳияҳои шимолии Осиёи Миёна – ба сакоиҳо ва усуниҳои ҳафтруду Назди Арал хеле қаробат доранд ва зимнан таъсири антропологии муғулсимоҳо ҳам возеҳ ба назар мерасад.[8] Вале эҳтимол дорад, ки ин ёдгории бегонагон не, балки ёдгории аҳолии кӯчманчии Бохтар бошад (фарзияи Б.А.Литвинский).

Сағонаҳои кӯчманчиёни навомада дар Суғд ҳам тадқиқ шудаанд. Масалан, сағонаҳои Қӯймазор ва Лавандак аз ҳамин қабиланд[9]. Аҳамияти таърихию мадании ин сағонаҳо ба аҳамияти сағонаҳои Бохтар қариб баробар аст. Дар ин ҷо, яъне дар Суғд ҳам навомадаҳо аз маданияти аҳолии маҳаллии муқимӣ баҳравар шудаанд.

[1] Бичурин, II, с. 184, 227.

[2] Дар ин бора ниг.: Литвинский Б.А., 1967 б, с. 36.

[3] Мандельштам А. М., 1966 в.

[4] Массон В.М., 1957 6.

[5] Массон В. М., 1954.

[6] Ghirshman K., 1946, р.111-115; Массон В. М., 1955, с. 42-43; ИТН, I, 1063, с. 34-347. Дар бораи мушкилоти хондани навиштаҷоти суuдии тангаҳои ин давра ниг.: Hӯnning W.Ӣ., 1958, s.26.

[7] Мандельштам А.М., 1966 а; 1975. Дар солҳои охир бо ҳафриёти rӯрuонҳои водии Бешкент (райони Шаҳртузи РСС Тоҷикистон) яке аз отрядҳои Экспедитсияи археологии ҷануби Тоҷикистон машuул аст, ниг.: Медведская И. Н., 1976).

[8] Кияткина Т. П., 1955, с. 6, 8; 1976, с. 86-125.

[9] Обельченко О. В., 1956, 1961.

Инчунин хонед инро

uli_somoniyon

МУОМИЛОТИ ПУЛ АСРИ ХII

Тараққиёти қувваҳои истеҳсолкунанда, беш аз пеш ҷудо шудани касбу ҳунар аз хоҷагии қишлоқ, инкишофи минбаъдаи …