Равнақи давлати Юнону Бохтар

Масоҳати давлати Юнону Бохтарро писари Евтидем Деметрий аз ҳисоби хоки ҳиндустон вусъат дод. Юстин (ХII, 6,4) Деметрийро «шоҳи ҳиндувон» меномад. Страбон (ХI, II, I) мегӯяд, ки ҳиндустонро Деметрий ва боз як подшоҳи дигар Менандр тасхир карданд. Дар сафарномаи Исидори Харкасӣ Деметрий ном шаҳре зикр шудааст, ки дар Арахозия воқеъ будааст.

Тангаҳое, ки дар онҳо номи Деметрий сабт шудаанд, хеле гуногунанд. Дар ин тангаҳо подшоҳ гоҳо тоҷ бар сар ва гоҳ хӯд дар сар тасвир шудааст, ки ба сурати каллаи фил аст. Симои подшоҳ низ дар тангаҳо як хел нест. Хати баъзе тангаҳо юнонӣ, дигар тангаҳо юнонию ҳиндӣ (бо хати кҳарошти). Дар рӯи тангаҳое, ки дар атрофи сурати подшоҳ хатҳои юнонию ҳиндӣ доранд, чунин навишта шудааст: «Аз они подшоҳи мағлубнопазир Деметрий»[1]. Баъзе муҳаққиқон гуногун будани тангаҳоро дар назар дошта тахмин мекунанд, ки ду подшоҳ вуҷуд дошту номи ҳар ду Деметрий буд, вале баъзе муҳаққиқон инро қатъиян рад мекунанд. Алҳол ин масъаларо аниқ ҳал кардан мумкин не. Ба ҳар ҳол Деметрий (ё худ яке аз он ду подшоҳи ҳамном) аз ҳисоби ноҳияҳои ҷануб ҳудуди Юнону Бохтарро хеле васеъ кард. Ба ду забон сабт шудани навиштаҷот ва хӯди ба каллаи фил монандро фақат чунин шарҳ додан мумкин, ки ба ҳайъати давлати Юнону Бохтар кадом як қисми Қандаҳори Қадим (Шимолу ғарби Покистони ҳозира) ҳамроҳ шудааст.

Олими ҳиндустон А.Н.Лоҳурӣ дар асоси маъхазҳои ҳиндӣ ба хулосае меояд, ки Деметрий ба ҳиндустон дар аҳди Бриҳандратҳа (Ӣқihandқatha) ном подшоҳи нотавоне дохил шудааст, ки худ аз сулолаи Моравиён буд ва ин тақрибан соли 185 пеш аз милод ба вуқӯъ омадааст. А.Н.Лоҳурӣ ба Р.Уэтхэйд пайравӣ намуда, тахмин мекунад, ки ин истилои пойдор не, балки як навъ юриши бардавоми ҳарбӣ, як навъ тохтутозе буд, ки дар рафти он лашкари юнониёну бохтарҳо ба дарунтари хоки давлати Моравиён дохил шуданд. Ин воқеа ба Шарқ таъсири зӯр расонд ва ба ин сабаб Деметрий соҳиби унвони «шоҳи ҳиндувон» гардид, ки мо инро аз гуфтаи Юстин медонем: «Натиҷаи бевоситаи ин тохтутоз казоӣ набуд, он танҳо ба таҷовузҳои минбаъдаи юнониён (юнону бохтарҳо.–Б.Ғ.) ва истило шудани шимолу ғарби ҳиндустон роҳ кушод». Ба ақидаи А.Н.Лоҳурӣ, Деметрий то ба Паталипутра расида, лашкари Бриҳандратҳаро торумор карду дере нагузашта ба Бохтар баргашт, зеро ӯро мубориза бо Евкратиди Кабир[2] дар пеш буд. Ин таҳлили Лоҳурӣ, ки аниқу дақиқ буда, қариб тамоми ҷузъиёташ ба фактҳо асос ёфтааст, ба назари мо, хеле эътимодбахш мебошад.

grec_baktriaДар он даврае, ки Деметрий ба тасхири ҳиндустон машғул буд, дар арсаи таърихи Юнону Бохтар дигар як шахси намоён – Евкратид пайдо шуд. Юстин чунин ривоят мекунад: «қариб дар як замон дар Порт — Митридот ва дар Бохтар — Евкратид подшоҳ шуданд. ҳар ду мардони майдон буданд. Вале толеи портҳо тофт ва онҳо ба шарофати сарварии ин марди бузург ба авҷи қудрат расиданд. Бохтариён бошанд, гоҳ ба ину гоҳо ба он ба ҷангу ҷидол саргарм гардида, на фақат мулки худ, балки истиқлоли худро аз даст доданд; онҳо бо суғдҳо, арахотҳо, дрангаҳо, ориҳо ва ҳиндуҳо беист ҷанг карда, дар азоб монданд ва дар охир гӯё аз ҳол рафта, зердасти портҳое шуданд, ки нисбат ба онҳо заифтар буданд. Ба ҳар ҳол, Евкратид дар ҳамаи ин ҷангҳо ҷасорату матонати беҳамтое нишон медод: масалан, вақте вай дар муҳосираи шоҳи ҳиндуҳо Деметрий монда хеле суст шуда буд, бо сесад нафар лашкари худ паси ҳам шабохун зада, бар шаст ҳазор нафар душман ғолиб омад. Баъди муҳосираи панҷмоҳа вай ҳиндустонро мутеъ кард» (ХII, 6, 1–5).

Страбон (ХV, 1, 3) ба «Таърихи Порт»-и Аполлодор истинод намуда, ме-нависад, ки подшоҳони Юнону Бохтар «нисбат ба мақдуниён, ҳатто қисми бештари ҳиндустонро тасхир карданд…» Дигар ровиён ривоят кардаанд, ки ба вай «9 қабила ва 5000 шаҳр тобеъ буд». Страбон (ХI, 9, 2) ривоят кардааст, ки портҳо хеле пештар аз Евкратид ва тарафдорони вай, инчунин як қисми Бохтарро истило намуданд ва скифҳоро дур андохтанд. Страбон (ХI, 11, 2) шаҳрҳои Бохтарро зикр карда, шаҳри Евкратидеяро ном мебарад, ки «ба ша-рафи собиқ ҳокими худ чунин ном доштааст» ва сипас илова мекунад, ки «портҳо аз дасти Евкратид сатрапиҳои Аспиён ва Туриваро кашида гирифтанд».

Чунинанд маълумоти маъхазҳои таърихӣ. Ғайр аз ин бисёр тангаҳои Евкратид ҳастанд. Шумораи зиёди онҳо аз Осиёи Миёна ёфт шуданд. Масалан, дар вилояти Қашқадарё, назди Китоб хазинае ёфт шуд, ки қариб 100 дона тангаҳои Юнону Бохтарӣ дорад. Аксари ин тангаҳо тангаҳои давраи Евкратид мебошанд. Ин гуна тангаҳо, инчунин аз хоки Тоҷикистон, масалан, аз райони Панҷи вилояти Кӯлоб ва ғ. ёфт шудаанд.

Бояд гуфт, ки дар рӯи он тангаҳо, ки расми Евкратид сабт гардидааст, «Подшоҳи аъзам Евкратидро» навишта шуда, дар қафои он расми ду кас ҳаст: як зани тоҷдор ва як марди бетоҷ ва инчунин хате ҳаст: «Гелиокла ва Лаодика». ҳарфи «а», ки ба охири ин номҳо илҳоқ шуда, мансубияти онҳоро ифода менамояд, боиси шарҳу тавзеҳоти мухталифе гардид, ки мувофиқи онҳо хати тангаро ин тавр хондан даркор: «Подшоҳи аъзам Евкратидро (фарзандонаш) Гелиокл ва Лаодик», ё худ дар қафои танга писари Евкратид ва занаш тасвир шудаанд, ки малика будааст (барои ҳамин тоҷ доштааст ва ғ. ва ҳ.). Алҳол аксари олимон эътироф мекунанд, ки дар танга волидайни Евкратид, аз он ҷумла, модараш – малика тасвир шудаанд ва гӯё бо ҳамин «қонунӣ» будани амалиёти худ ва соҳиби тахт шудани худро таъкид карданӣ будааст.[3] Ба фикри мо, маҳз чунин ақида қобили қабул мебошад ва аз гуфтаҳои сустбунёди В. Тарн, ки дар адабиёти советӣ таҳлил карда шудааст, даст кашидан даркор.

Дар асоси маълумоти маъхазҳои хаттӣ ва тангаҳои мазкур тахмин кардан мумкин аст, ки дар аҳди Евкратиди Кабир[4] воқсаҳо ба тартиби зайл ҷараён доштанд.

Дар он замоне ки Деметрий дар ҳиндустон мегашт, дар Бохтар Евкратид ном яке аз намояндагони ашрофи юнонӣ исён бардошт, ки падараш Лаодик аз авлоди подшоҳон будааст. Ин воқеа айнан дар ҳамон вақте ба вуқӯъ омад, ки ба тахти Порт Митридоти I соҳиб шуд, яъне тахминан соли 171 пеш аз милод Евкратид ҳокимиятро ба ҳамин сабаб ҳам ба осонӣ ба даст овард, ки қисми асосии лашкари Юнону Бохтарро Деметрий ба ҳиндустон бурда буд.

Евкратид ба тахт соҳиб шуда, унвони «Сотер», яъне «Наҷотбахш»-ро гирифт ва бо ҳамин гӯё таъкид мекард, ки вай Бохтарро аз Деметрий наҷот додааст. Деметрий ин хабарро шунида, барои фурӯ нишондани исён лашкари бисёре мефиристад, ки шумораи он аз шумораи лашкари Евкратид зиёд буд. Лашкари камшумори Евкратид ба муҳосира гирифта шуд ва гӯё ки илоҷи халосӣ надошт – охир шумораи муҳосирон фақат 60 ҳазор буд. Вале Евкратид аз парокандагии лашкари душман фоида бурда (дар ин бора дар маъхазҳо ишорате нест), беист ба душман ҳамла карда, бо дастаи 300-нафараи худ мудом шабохун зада, шуҷоату ҷасорати бемисл нишон дод ва лашкари сершумори Деметрийро торумор кард. Сипас, ба тахт баромада, унвони «Подшоҳи аъзам Евкратид»-ро гирифт, сиккае зад, ки дар он расми падару модараш сабт шуда буд. Ба номи худи Евкратид дар Бохтар тангаи бисёре бароварда шуд, ки, аз афти кор, пас аз сари вай ҳам хеле вақт дар муомила буд. Минбаъд ҳам баъди суқути давлати Юнону Бохтар тақлидан ба ин тангаҳо хеле дигар тангаҳо бароварда шуд.

Евкратид дар Бохтар ҳокимияти худро тақвият дода, ба тасхири мулкҳои ҳиндустонии Деметрий шурӯъ намуд ва зимнан ҳудуди онҳоро ҳатто васеъ кард. Ақидае ҳаст, ки вай соҳиби 1000 шаҳр будааст.

Вале гуфтан мумкин нест, ки дар аҳди Евкратид ҳама кор нуран ало нур буд. Аз ду музофоти ғарбии давлати Юнону Бохтар маҳрум шуд – онҳо ба дасти подшоҳи муқтадири Порт — Митридоти I гузаштанд, зимнан Митридоти I ким-чи хел ноҳияҳои сарҳадиро низ ишғол карда будааст[5].

Greco-BactrianKingdomMap

Евкратид тасхири Ҳиндустони шимолиро анҷом дода, ба тарафи Бохтар раҳсипор шуд. Юстин (ХLI, 6, 5) менависад, ки «ҳангоми бозгашт аз юриш Евкратидро писараш кушт, ки ӯро андаке пештар ба худ шарики ҳукмронӣ карда буд. Писар падаркушии худро, гӯё ки на падараш, балки душманашро кушта бошад, ҳатто пинҳон ҳам намекард. Вай савораи аробаи ҷангӣ хуни падарашро зер карда гузашту фармуд, ки ҷасадро ба хок насупурда, партофта раванд». Ин анҷоми пурфоҷиаи кори Евкратид қарибиҳои соли 155 пеш аз милод ба вуқӯъ омадааст[6].

Муосир ва рақиби Евкратид подшоҳи Порт — Митридоти I (солҳои 171–138/7 пеш аз милод) дар бобати вусъати ҳудуди мулки худ хеле муваффақиятҳо ба даст овард. Вай зидди ҳокимони маҳаллӣ ва Селевкиён боисрор мубориза бурда, Эрони ғарбиро ишғол намуд, ки Мидия ва Байнаннаҳрайнро ба ҳудуди Порт дохил кард. Порт тадриҷан яке аз давлатҳои муқтадири ҷаҳон гардид.

Вазъият дар Юнону Бохтар дигар буд. Аз нимаҳои асри II пеш аз милод давраи инқирози иқтидори сиёсии он расид.

Ин давлати бузург, ки ноҳияҳои беканори Осиёи Миёна, Афғонистон ва ҳиндустонро дар бар мегирифт, пароканда мешуд. Баъзе волиён, ки аз авлоди Диодот, Евтидем ва Евкратид буданд ва баъзе ашрофи забардаст, ки ба хонадони шоҳон тааллуқ надоштанд, ҳокимиятро ба даст мегирифтанду аз номи худ сикка мезаданд. Зоҳиран, дар нимаи дувуми асри II пеш аз милод дар Бохтару Суғд волӣ Антимах ном шахсе будааст, ки унвони «Теос» («Худо») доштааст. Аз ҷумлаи шоҳони ҳиндустонӣ мавқеи Менандр намоёнтар аст, ки вай, аз афти кор, фавран баъди вафоти Евкратид[7] мулкҳои дар ҳиндустон бударо ба даст даровардааст. Мувофиқи ривояти буддоиён, вай подшоҳи хирадманде буда, ба равнақу ривоҷи давлат мусоидат мекардааст. Тахмин меравад, ки ривояти маъхазҳои буддоӣ роҷеъ ба дини буддоро қабул кардани вай аз ҳақиқат дур нест.

Аллакай дар охирҳои асри II пеш аз милод дар аҳди Евтидем иттиҳоди қабилаҳои кӯчманчӣ ба ноҳияҳои шимолии Юнону Бохтар бевосита таҳдид мекарданд. Дар нимаи дувуми асри II пеш аз милод бошад, олами кӯчманчиёни шимолии Осиёи Миёна гӯё як баҳри хурӯшоне буд, ки мавҷҳои он паси ҳам ба соҳилҳои Юнону Бохтар дарафтода, онро пахш мекарданд. Аз омадани ин тӯфон ҳатто онҳое, ки Селевкиёнро зери по карда буданд, яъне подшоҳони Порт, ворисони Митридоти I муқтадир ба ларза меомаданд.

[1] Дар нн бора ниг.: Ӣivаr А.D., 1951, р. 22–39; Массон В.М., 1961, с.40-41; Curiӯl R. еt Fussman С., 1965, р. 75–76.

[2] Lahuri Q. N.. 1957, р. 40–49.

[3] Григорьев В. В., 1867, а, с. 343; Narain А. К., 1962, р. 55–56.

[4] Назари мо ба ин воrеаҳо бо назари А.К.Нарайан наздик аст, гарчанде дар баъзе нуктаҳо фарr дорад ва ба аrидаҳои В.Тарн мутлаrо мухолиф мебошад.

[5] Маълумоти Оросий (V, 4, 16) дар бораи истилои Митридоти I шарт нест, ки ба Ҳиндустон дахл дошта бошад (Dӯӣӯvoisӯ N.С, 1938, р. 56–57).

[6] Ба аrидаи Нарайан, Евкратид ду писар доштааст — яке Платон, дигаре Гелиокл (бо Гелиокле, ки падари Евкратид буд, омехта нашавад!). Нарайан мегӯяд, ки падаркуш Платон буд (Narain А. К., 1962, р. 71-72).

[7] Narain А.К., 1969, р. 76–77.

 

Инчунин хонед инро

uli_somoniyon

МУОМИЛОТИ ПУЛ АСРИ ХII

Тараққиёти қувваҳои истеҳсолкунанда, беш аз пеш ҷудо шудани касбу ҳунар аз хоҷагии қишлоқ, инкишофи минбаъдаи …