АСОСӢ / Тандурустӣ / Канзи Шифо / Бӯймодарони маҳинбарг

Бӯймодарони маҳинбарг

Бӯймодарони маҳинбарг — ин гиёҳест аз ҷинси бӯимодарони дуруштбарг. Фарқ миёни ин ва бӯймодарони дуруштбарг дар он аст, ки баргҳои ин монанди сӯзан маҳин ва борик-борики гӯё аз ду паҳлуи шоҳбаргаш чун риштаҳои кӯтох-кӯтоҳ катор чида шуда бошанд ва маҷмӯаш пари паҳни мурғро ба хотир мерасонад, ки дар рӯйи замин аз атрофи пояи гулаш паҳн гаштаанд. Гулаш чатрии зич, тиллоранг ва монанди гули навъи дуруштбарги он аст. Боз фарк дар он, ки ин як поя дорад ва дар сари он поя як адад гул.

buimodaron-rastani

Инро ба русӣ тысячелистник меноманд. Навъи дуруштбаргаш аз як бех чанд пояшохҳо бароварда, дар ҳар шох монанди баргҳои сабзӣ ва дурушттар аз он баргҳо дорад ва дар сари он шохҳо яктогӣ гул мекунад. Ҳар ду навъро ҳам бӯяш тез ва таьмаш талх аст.

Мизоҷаш дар дараҷаи севум гарм ва хушк аст, баъзеҳо, дар дараҷаи якум гарм ва дар севум хушк низ, гуфтаанд.

Хислатхои шифобахши он: агар инро дар об чӯшонида, он обро кам-кам ва бардавом бирезанд, дарди сареро, ки аз сардӣ бошад, шифо мебахшад.

Инро дар об ҷӯшонида, он обро бинӯшанд, дарди узвҳои даруни синаро таскин медиҳад, зиқ-ун-нафасро пшфо мебахшад, ҳамаи навъҳои кирми меъда ва рӯдаҳоро кушта хориҷ мекунад, пешобро равои месозад, душвории шошиданро осон мекунад, сапгҳои гурда ва хичакро майда карда мерезонад, мушакҳои нотавонгаштаи баданро ислоҳ мекунад; бодҳои пайвандҳо, ирқуннасо (радикулит)-и кӯҳна, зарари давоҳои кушанда ва ларзи табҳоро дафъ мекунад, барои таб хусусан бо равған биёшоманд, таъсираш қавитар мегардад. Агар инро бо шароб бинӯшанд, зарари ҳамаи заҳрҳо, инчунин газидани каждум ва гундаро дафъ мекунад. Ва агар барои газиданиҷонварони заҳрнок гузошта банданд қам, кифоя мебошад.

Гули инро бо равғани зайтун пухта гузошта банданд, майна ва меъдаро гарм мегардонад ва рутубати зарарноки ин ҳар ду узвро дафъ мекунад.

Агар инро маҳин кӯфта, занҳои ҳомила аз таг бардоранд, бачаи онҳоро аз шикам меафтонад. Ва инро кӯфта гузошта банданд, варамҳои гуногунро таҳлил медиҳад, ҷароҳати навро ба ҳам оварда сиҳат мебахшад.

Агар ҳар як қисми ин гиёҳро бо биҳӣ пухта, батакрор гузошта банданд, варамҳои душвор таҳлилшавандаро  дур  мегардонад.

Агар хушки инро кӯфта бипошанд ё сӯҳтаи онро гузошта банданд, рафтани хунро аз ҳамаи ҷоҳои бадан, ки бошад, манъ мекунад ва ба ҷоҳои гирдак-гирдак мӯйрехтаи сар ва риш мӯй мерӯёнад; агар инро бо равғани турб даромехта гузошта банданд, баромадани ришро метезонад.

Онро дар ҳар ҷое паҳн кунанд ё сӯхта дуд гардонанд, ҷонварони зарарнок аз он ҷо мегурезанд. Вале истеъмоли ин ба дарун ба шуш зарар дорад — давои ин зиёнаш катиро хӯрдан аст; ба меъда ҳам зарар мекунад — дар ин ҳолат асал бихӯранд, кифоят аст, ки ислоҳи зарар йамояд.

Микдори як бор хӯрдан аз ин дар як рӯз то 7 грамм аст. Ба ҷойи ин талхшувоқ ва бобунаро истеъмол намоянд, раво мебошад.

Аз бӯймодарони маҳинбарг равған ҳам тайёр мекунанд ба ин тариқ. Барг ё гули он ва ё ҳар дуро як микдор гирифта, дар шаш баробар оби ширин як шабонарӯз тар мекунанд. Баъд онро то сеяки об мондан меҷӯшонанд. Охирон онро молида, аз матоъи бофташ зич гузаронида, соф карда, аз болои он об баробари миқдори об равгани кунҷиди тоза ё равғани зайтун мерезанду дар зарфе бо оташи мулоим меҷӯшонанд, то об батамом бухор шаваду равған бимонад. Вале эҳтиёт кунанд, ки равган доғ нагардад. Аломати тамоман бухор шудани об он аст, ки равған аз ҷӯш мемонад.

Аз ин равған 4,5 грамм бихӯранд, аксари бемориҳои асабониро шифо мебахшад, ҳайзи бандгаштаро равон мекунад, бачадонро гарм мегардонад, даҳани бачадон баста бошад, мекушояд, сахтиҳои гуногунро мулоим месозад ва ларзи табҳоро дафь мекунад.

Инчунин хонед инро

surma

Сурма ва хислати он

Маълум, ки сурмаро аз кон пайдо мекунанд. Санги сурмаро маҳин ос карда месӯзонанд ва баъд …