Бунафша — Ин гиёҳест, ки баргҳояш гирдаки каме дарози нӯгдор. Аз миёни баргҳояш чанд поя мерӯяд ва дар сари ҳар як поя яктоӣ гули бунафш дорад. Дар тиб аксар гулаш ба кор меравад, ки кӯҳна шуда ва рангаш тағйир наёфта бошад.
Мизоҷаш дар дараҷаи якум хунук ва дар дараҷаи дувум тар аст.
Хислатҳои шифобахши он: инро дар об ҷӯшонида, он обро бинӯшанд ва ба узвҳо бирезанд, хилти сафроро аз бадан, хусусан агар дар меъда ва рӯдаҳо банд гашта бошад, хорич мекунад; инро бо оби ҷав ва олу биёшоманд, ташнагиро мешиканад, фишори баланди хунро паст мекунад; барои табҳои гарм, иллати дилтапак (дилбозй) ва беҳушшавӣ дору мешавад. Агар инро кӯфта гузошта банданд, варамҳои мулоим ва сахтро таҳлил ва дарди сарро, ки аз гармӣ бошад, таскин медиҳад. Оберо, ки дар он бунафша ҷӯшонида шуда бошад, ба сар бирезанд, саръи (припадкаи) кӯдакон, назла ва зукомро қатъ менамояд. Агар ин обро бинӯшанд, сурфа, дағалии узвҳои даруни сина, дағалии ҳалқ, дарди гулӯ, ки аз ҷамъ шудани хун дар халқ ба амал омада бошад, варам ва дарди пардаҳои даруни сина ва инчунин варами шушро шифо мебахшад; барои иллатҳои меъда, ҷигар, сипурз, баромадани мақъад (кӯтан), сӯзиши хичак, сӯзок, банд гаштани пешоб ва дарди гурда дармон мешавад.
Гули тарашро бӯй кунанд, хоб меоварад.
Ҳар рӯз аз 7 то 15 грамм хушкашро кӯфта бо оби хунук биёшоманд, исҳоли сафровиро дафъ мекунад. Кӯфтаи инро бо шираи гулқанд даромехта бихӯранд, табҳои мураккабро шифо мебахшад.
Гули тару тозаи онро бихӯравд, бар зидди заҳр тарёқ мебошад, хоб меоварад.
Гиёҳи бунафшаро якҷо бо бобуна ҷӯш дода, он обро кам-кам ва бардавом ба сар бирезанд, дарди сарро таскин медиҳад ва тафси онро дур месозад, инчунин барои сурфа ва хушкии майна дору мешавад ва атар рутубати бадан хушк гашта бошад, ба бадан рутубат мебахшад.
Гиёҳи бунафшаро хуб кӯфта, ба сар ва пешонӣ гузошта банданд, дарди сарро шифо мебахшад ва агар аз рӯ ба меъда ва ҷигар гузошта банданд, беморихои ин узвҳоро, ки аз гармӣ бошанд, ба ибро меоварад; ба варамҳои гарм гузошта банданд, онҳоро таҳлил медиҳад: агар ба мақъад гузопгга банданд, кафидан ва варами онро шифо мебахшад.
Аммо инро аз ҳад берун ба дарун истеъмол намоянд, дилро суст мегардонад, андӯҳгин мекунад, меъдаро вазнин менамояд, дилро беҷо (беҳузур) месозад, сӯзиши табҳои гармро ба амал меоварад. Ва агар аз хад зиёд бибӯянд, ба зуком гирифтор мекунад. Дар ин мавридхо райҳони гӯши мушро кӯфта ё қима карда бихӯранд, зиёнашро дафъ месозад.
Миқдори як бор хӯрдан аз гиёҳи ин дар як рӯз то 23 грамм аст. Агар дар об чӯшонида, он обро нӯшидан хоҳанд, 45 грамм ба об андозанд.
Огоҳ кунем, ки агар бунафшаро дар об ҷӯшониданӣ бошанд, набояд бисёр ҷӯш диҳанд, зеро ки аз ҷӯши бисёр қувваташ парида нобуд мегардад. Агар бунафшаро бо шакар бихӯранд, таъсир ва қувваташ зиёда мегардад.
3,5 грамм оби баргашро бо як грамм шакар ба кӯдакон бихӯронанд, рострӯдаи берунбаромадаи онҳоро аз нав ба ҷояш мебарад.
Агар баргашро кӯфта, аз рӯ ба меъда гузошта банданд, тафси ин узвро таскин медиҳад ва агар ба чашм гузошта банданд, гармии онро паст мекунад, ба мақъад гузошта банданд, баромадани рӯдаи ростро аз нав ба ҷояш мебарад ва ба кӯтури савдовӣ ва ба хоришак гузошта (йшданд, онҳоро сиҳат мекунад.
Аз гулаш шароб тайёр карда биёшоманд, дард ва варамҳои пардаҳои даруни сина ва варами шушро шифо мебахшад, тафси меъдаро паст мекунад.
Мизоҷи равғанаш хунук ва тар аст.
Ин равган барои хоб овардан, қӯтур, ҷароҳатҳо, хушкии узвҳои даруни сина, сурфа, рехтани мӯй, мулоим кардани узвҳо ва буғумҳо ба кор меравад, инчунин саломатии нохунро нигоҳ медорад.
Агар баъди ҳар дафъа дар ҳаммом арақ кардан 7 грамми ин равғанро бихӯранд, зиқ-ун-нафасро дафъ мекунад. Ин равғанро бо муми занбӯри асал даромехта, ба синаи тифлон гузошта банданд, барои сурфаи онҳо бағоят фоида дорад. Агар инро бо чакрарез ба даруни сӯрохи закар чаконанд, сӯзокро шифо мебахшад ва ҳарорати баланди хичакро паст мекунад. Ва агар инро ба даруни бинӣ кашанд, дарди сареро, ки аз гармӣ бошад, шифо мебахшад, бехобиро дафъ мекунад. Ва агар инро бар ноф бимоланд, сурфаи кӯҳнаро ба ибро меоварад.
Пахтаро ба равғани бунафша олонда, ба мақъад гузошта банданд, дар бобати хоб овардан доруҳои дигар ба ин баробар шуда наметавонанд.
Тариқи тайёр кардани равғани бунафша ин аст. Дар таносуби ба ҳар 300 грамм равғани кунҷиди нав 135 грамм гули тару тозаи бунафшаро дар шиша андохта, ба офтоб мегузоранд. Ранги бунафша ва бӯйи он ба равған гузарад, фишурда, он гулро дур мекунанду гули нав меандозанд. Ин амалро се-чор мартаба такрор намуда, баъд равғанро соф карда мегиранд, ки ҳамин равғани бунафша ҳисоб меёбад.
Шароби бунафшаро, ки бо шакар тайёр карда бошанд, биёшоманд, сурфаро дафъ мекунад. Ҳамчунин хӯрдани мураббои он барои варам ва дарди пардаҳои даруни сина ва варами шуш доруи хубест, дарди гурдаро низ шифо мебахшад.