АСОСӢ / Тандурустӣ / Канзи Шифо (страница 18)

Канзи Шифо

БАНГИ ДЕВОНА дар Канзи Шифо (Китоб)

Банги Девона

Банги девона (ба руссӣ «Дурман») — ин растании маълум аст, аслан ду навъ мешавад: якеро гулаш сафед ва ба шакли қиф аст, дигареро гулаш таҳбартаҳ, баргаш ва пояаш ҳама ранги бунафш доранд. Самараш дар бузургӣ ба андозаи чормағз аст ва чун самари беданҷир хорнок мебошад. Дар даруни он тухмҳои бисёри …

Прочитайте больше»

САРВ дар Канзи Шифо (Китоб)

Сарв

Сарв — ин дарахти бисёр мавзун, хушқомати баланд аст. Ба забони руси онро «Кипарис» меноманд. Баргаш реза, хазон намешавад, яъне ҳамешасабз аст. Андозаи самараш хурдтар аз чормағз, санавбаршакл, яъне шаклаш ба дили ҳайвонот монанд аст, мағз надорад; дар вақти хомӣ сабз ва баъди расидан андак зардтоб ва сахт мегардад. Тухми самараш …

Прочитайте больше»

ҶАВЗИ БАВО (БӮЁ) дар Канзи Шифо (Китоб)

Чавзи баво

Калимаи «ҷавзи бӯё»-и тоҷикӣ дар таъсири забони арабӣ монда, «ҷавзи бавво» гаштааст, инро ба русӣ мускатный орех меноманд. Ин самари пӯстдори дарахти азимест. Баъди расидан ҷавзашро ҷудо карда мегиранд ва аз маконаш, ки мамлакатҳои гарм аст, ба ҷоҳои дигар мебаранд. Миқдори ин ба бузургӣ баробари олуболу, вале сахти хушбӯ, тундтаъм мебошад, …

Прочитайте больше»

ЧОРМАҒЗ дар Канзи Шифо (Китоб)

Чормагз

Чормағз — ин самари дарахтест, ки маълум мебошад. Мизоҷи самари чормағзи тар, ки расида бошад, гармӣ ва хушкиаш камтар аст. Баъди хушк шудан гармӣ ва хушкиаш зиёда мегардад ва рутубаташ мекоҳад. Мизоҷи чормағзи хушк дар дараҷаи дувум гарм ва дар якум хушк аст. Хислатҳои шифобахши он: хӯрданаш ғизои бисёр сабук аст, …

Прочитайте больше»

САБЗИИ САҲРОӢ дар Канзи Шифо (Китоб)

Сабзии сахрои

Сабзии саҳроӣ — Бехрешаи ин дар ғафсӣ ба андозаи ангушти даст ва бориктар аз он низ мебошад. Мизоҷи тухмаш дар дараҷаи севум гарм ва дар дувум хушк аст. Хислатҳои шифобахши он: хӯрдани тухми сабзии саҳроӣ дар ҳама бобат қавитар аз сабзии бӯстонӣ мебошад, барои сурфаи кӯҳна дору мешавад, ахлоти нодаркорро аз узвҳои …

Прочитайте больше»

САБЗӢ дар Канзи Шифо (Китоб)

Сабзи

Инро дар баъзе маҳалҳо тоҷикон зардак ҳам меноманд. Ин қисми зеризаминии растанӣ буда, бӯстонӣ, ки зироатӣ ва саҳроӣ, ки ғайрикорам аст, мерӯяд. Мо ин ҷо дар навбати аввал дар хусуси сабзии бӯстонӣ сухан меронем. Беҳтарини он сурх ва ширини он аст. Мизоҷаш дар дараҷаи дувум гарм ва дар ҳамон дараҷа тар аст. …

Прочитайте больше»

ИНДОВ (ИНДАВ) дар Канзи Шифо (Китоб)

Индов (индав)

Индав ё худ Индов — ин растанӣ навъҳои саҳроӣ ва бӯстонӣ дорад. Инро пештар тоҷикон дар аксар ноҳияҳо кишт мекарданд ва аз тухмаш равғани қиматбаҳо мекашиданд. Алҳол фақат дар баъзе ҷойҳо мекоранд ва аз он равған ҳосил мекунанд. Мнзоҷи индови саҳроӣ дар дараҷаи севум гарм ва дар дувум хушк аст; мизоҷи …

Прочитайте больше»

АНЗАРУТ дар Канзи Шифо (Китоб)

Анзарут

Анзарут — ин шилми буттаи хорнокест, қаддаш то 1,5-2 метр мехезад, дар сарзаминҳои Форс, Хуросон ва Осиёи Марказӣ мерӯяд. Ранги ин шилм сурх ва сафеди моил ба зардист. Беҳтарини он ранги сафеди зардтобаш аст, ки зудшикан ва дар таъм талхи андак ширинӣ дошта бошад. Мизоҷаш дар охири дараҷаи дувум гарм ва …

Прочитайте больше»

ПАХТА дар Канзи Шифо (Китоб)

Пахта

Пахта — ин зироати машҳур ва хеле қадим аст. Таърихаш ҳазорҳо солро дар бар мегирад. Ду навъ мебошад: яке пахтаи сафед медиҳад, ки ниҳолаш сершох мебошад ва дар ҳар шохе мувофиқи қуввати заминаш кӯсакҳо дорад, ки ин самараш қариб кулӯла мебошад. Дигаре бешох, рост ва баланд мехезад, вале кӯсаки ин …

Прочитайте больше»

ШУТУР (УШТУР) дар Канзи Шифо (Китоб)

Шутур - Уштур дар расм- сурат

Шутур (Уштур) — ин ҳайвон зирактар аз ҳайвоноти дигар аст. Агар ба ӯ ранҷ расад, дастрас бошад, барги балут ва чу онро мор газад, харчанг ёфта мехӯраду худро табобат мекунад — ин албатта дар он ҷоҳое воқеъ мешавад, ки ин чизҳо мавҷуд бошанд. Беҳтарини шутур яксолаи фарбеҳи он аст. Мизоҷаш дар дараҷаи …

Прочитайте больше»