АСОСӢ / Тандурустӣ / Канзи Шифо (страница 19)

Канзи Шифо

ПЕШОБ дар Канзи Шифо (Китоб)

Пешоб

Мурод аз ин пешоби инсон дар назар дошта мешавад. Мизоҷаш гарм ва хушк аст. Хислатҳои шифобахши он: умуман ҳар як пешоби ҳайвонотро ҷӯшонида ғафс гардонида, гузошта банданд ё бимоланд, реш ва захмҳои бадфиол (злокачественные язвы) ва носурҳоро хушк мегардонад ва сиҳат мебахшад. (Носур — захми беҳнашаванда). Бо пешоби инсон бардавом бишӯянд, реш …

Прочитайте больше»

Шапуш дар Канзи Шифо (Китоб)

Шапушк - шапуш

Шапуш (Шапушк) — ин ҷонвар дар бадани инсон ва ғайриинсон пайдо мегардад. Ду навъ аст: Якеашро, ки сиёҳ ва ба ранги мӯй аст, пойҳои бисёр дорад, дар бехи мӯйҳо ҷоҳои гуногуни бадан ними баданашро фурӯ бурда, зиндагӣ ба сар мебарад. Модаи ин навъаш дар ҳаҷм зиёда аз нари он аст. …

Прочитайте больше»

ПАНИР дар Канзи Шифо (Китоб)

Панир

Панир дар вақташ ин тавр тайёр карда мешуд. Ба шир панирмоя мезаданд, баъд он монанди ҷурғот ғафс мегардад. Сонӣ онро намак зада, дар халтачаҳои матлуб андохта, даҳани онҳоро маҳкам баста, зери санг ё чизи дигари вазнин муддате мегузоранд. Дар натиҷаи фишор хӯрдан обияти он ҷудо шуда, сахт ва панир мешавад. …

Прочитайте больше»

Муми занбӯри асал дар Канзи Шифо (Китоб)

Муми занбӯри асал

Ин ҷирми хонаи занбӯри асал аст, ки асалро дар он ҷамъ мекунад. Он се навъ аст: 1. Он аст, ки занбӯри асал асалро дар он ҷамъ мекунад. Ранги ин мум моил ба сурхию зардӣ, мулоим, ҷарб ва хушбӯ мебошад, инчунин аз нави он бӯйи асал меояд. 2. Он аст, ки …

Прочитайте больше»

САРГИНИ ГОВ дар Канзи Шифо (Китоб)

Саргини Гов

Саргини гов — барои табобат ҳам хушкаш ва ҳам тарашро истифода мекунанд. Мизоҷаш дар дараҷаи якум гарм ва дар дувум хушк аст. Хислатҳои шифобахши он: инро гузошта банданд, варамҳоро таҳлил медиҳад; хислати ба худ кашандагӣ ва манъкунандагӣ дорад, хуни рафтаистодаро, агар ҷонварони заҳрнок газида бошанд, дардашро таскин медиҳад; агар ба ҷое аз …

Прочитайте больше»

АБРЕШИМ — пилла дар Канзи Шифо (Китоб)

Абрешим

Ин пиллаи печидаи кирмаки дастӣ мебошад. Пилларо дар офтоб гузоранд, то кирмаки даруни он буда бимирад, инро дар тиб абрешими хом меноманд. Мизоҷи абрешими хом дар дараҷаи якум гарм ва хушк аст, вале як қатор табибон мизоҷи инро дар тариву хушкӣ мӯътадил медонанд. Хислатҳои шифобахши он: хӯрдани абрешими хом дилро бағоят қавӣ …

Прочитайте больше»

ДӮҒ МАНФИАТ ДОРАД дар Канзи Шифо (Китоб)

дӯғ

Инро дар баъзе маҳалҳои тоҷикон аз ӯзбекӣ гирифта, айрон ҳам меноманд. Ин ҷурғотест, ки дар зарфе бо андохтани андак об хоҳ бо чархчӯб (пишкак), хоҳ дар машке ҳаракат дода, маскаи онро гирифта, боқиашро монда бошанд — ин дӯғ аст. Беҳтаринаш он аст, ки тоза аз ҷурғоти шири гов дӯғ тайёр …

Прочитайте больше»

АСАЛ ЧИ ФОИДА дар Канзи Шифо (Китоб)

Асал

Мурод аз асал гуфтан маҳсули ширинтаъми занбӯри асал дар назар дошта шудааст. Беҳтарини он хушбӯй, қивомаш ғафс, таъм ва шириниаш гуворо ва инчунин сурхранг бошад, ки дар он муми занбӯр, яъне муми хонааш мутлақан набошад, чун онро бо ангушт бардоранд, тор бандад — ин навъаш барои давоӣ беҳтар аст; баъд аз …

Прочитайте больше»

САДАФ дар Канзи Шифо (Китоб)

Садаф

Ин ҷонварест обӣ, ки дар даруни он марворид ба ҳам мерасад ё ба ҳам намерасад. Беҳтарини садафҳо дар оби ширин мезиянд. Мизоҷашро баъзеҳо гарм ва баъзеҳо сард донистаанд. Вале баъди сӯхтан мизоҷаш гарм ва латиф мегардад, хушкӣ дар сӯхтаи он зиёда аз он, ки носӯхта бошад. Хислатҳои шифобахши он: агар инро …

Прочитайте больше»

МОҲӢ дар Канзи Шифо (Китоб)

Сурати моҳӣ

Ин ҷонвари обии маълум аст. Беҳтарини он дар наҳрҳои обаш ширин буда, сангистон ва обаш аз ҷоҳои дур ва башиддат ҷорӣ мешуда бошад, ба ҳам мерасад. Беҳтарини наҳрии он шоҳмоҳӣ, ки ба тоҷикӣ гулмоҳӣ меноманд ва баъд аз он ширмоҳист. Барои хӯрдан беҳтараш нав сайд кардашудаи он аст. Аз як …

Прочитайте больше»