Қатод — ин буттаи даштии пурхор аст ва хорҳояш нӯгтез, вале пояаш бехор мебошад. Шутур онро намехӯрад, аммо маҳз дар соли беборон, ки гиёҳҳои дигар нарӯянд, шутур маҷбур аст, ки бихӯрад ва тӯъмаи худ намояд. Ва агар чорпоён чаро карда онро бихӯранд, фарбеҳ мегарданд. Гулаш зардтоб ва дар он порчаҳои …
Прочитайте больше»Канзи Шифо
Мисвок
Мисвок — Ин буттаи даштӣ ва кӯҳии маълум мебошад. Баргаш сербари дароз, сабз, хушранг, анбӯҳ; чӯбаш мулоим. Ин растанӣ хазон намекунад, хорнок ва бехор низ мешавад. Гулаш сурхтоб, самараш ба андозаи нахӯд дар хӯша, ҳангоми хом будан каме талхтаъмӣ бо тунҷии бисёр, сабз, вале дар охир баъди расидан баъзеаш сурх, …
Прочитайте больше»Шакари янтоқ
Шакари янтоқ — Ин шабнамест, ки бар гиёҳи шутурхор, яъне янтоқ дар ноҳияҳои Хуросон, сарзаминҳои мобайни дарёҳои Ому ва Сир, Гурҷистон, Туркманистон ва Ҳамадон менишинад ва монанди резаҳои набот шах мегардад. Таъмаш ширин аст. Беҳтарини он нав ва аз баргу хори гиёҳаш ҷудо кардашудаи он аст. Шохҳои шакарбори онро бурида …
Прочитайте больше»Нишоиста
Нишоиста — Тайёр намудани ин чунин аст. Гандумро дар об то бӯйи бад пайдо кардан тар мекунанд. Ин вақт пӯсти он аз мағзаш ҷудо мегардад. Баъд ҳамаи онро бо чангол мемоланд, мағзаш аз пӯст ҷудо мегардад, яъне мағзи он аз даруни пӯсташ берун меояд. Баъд онро аз ширахалта мегузаронанд, суфлашро …
Прочитайте больше»Сабӯс ва фоида у
Сабус — дар тиб асосан сабӯси орди гандум исгифода мешавад ва банудрат сабӯси орди донҳои дигарро низ кор мефармоянд. Мизоҷи сабӯси орди гандум дар гармӣ камтар аз орди гандум, вале хушктар аз он аст, хуллас, дар дараҷаи якум гарм ва хушк мебошад. Хислатҳои шифобахши он: сабӯси орди гандумро …
Прочитайте больше»Занбуруғи танаи дарахт
Занбуруғи танаи дарахт — Ин дар реша ва танаҳои дарахтони пӯсида ва кундаҳои боқимонда монанди занбӯруғ мерӯяд, ки ду навъ аст: нар ва мода, бо рангҳои гуногун. Таъмаш бо ширинӣ, тезӣ, талхӣ ва қабзиятнокӣ мебошад. Навъи нараш андак сахттар аст назар ба модаи он, кулӯла, бо табақот, ки гуё яклухт …
Прочитайте больше»Шакар чист ва чи фоида дорад?
Шакар — Ин оби найшакар аст, ки ҷӯшонида, ба қивом расонида, баъд хушк мекунанд — шакар мегардад. Агар инро аз оби найшакари сафед тайёр намоянд, шакараш сафед ва аз оби найшакари сурх бигиранд, шакараш сурх мегардад. Агар аз шакар қанди сафед тайёр кунанд, онро дар тиб набиз ва агар …
Прочитайте больше»Равғани зайтун — хислат ва табобат дар тиб
Равғани зайтун — Мурод аз ин равғани зайтуни хӯрокӣ аст. Мизоҷаш дар дараҷаи дувум гарм ва хушк аст. Хислатҳои шифобахши он: 65 грамм равғани зайтунро бо 300 грамм оби гарм ё оби ҷав биёшоманд, дарунро башиддат меронад, дарди узвҳои бадан ва ирқуннасо (радикулит)-ро шифо мебахшад; агар инро бо шароб ва оби …
Прочитайте больше»Мавиз ва фоидаи у!
Мавиз — ин ангури хушконида мебошад, ки мавизи ангур гуфтан ҳам равост. Бехтарини мавизҳо пургӯшти камдона ва ширини онҳост. Бадтаринаш хушки камшираи пуртухми он мебошад. Мизоҷаш вобаста ба навъи ангураш гуногун мебошад, масалан, агар аз ангури сафед тайёр карда бошанд, гармии мизоҷаш камтар назар ба сиёҳи он ва дар …
Прочитайте больше»Душоб чи фоида дорад?
Душоб — Ин оби софи меваҳои ширинтаъм аст, ки ҷӯшонида аз чор се ҳиссааш бухор гашта, як ҳиссааш монда бошад. Баъд бар он хоки дӯшоб мезананду мегузоранд, то дурдаи он таҳнишин ва худаш ширин гардад. То хоки мазкурро бар он назананд, хуб ширин намегардад, балки бидуни ин андак таъми туршӣ …
Прочитайте больше»