Маълум аст, ки ин ҷонвар дар зери заминҳои намнок, обҳои истода ва ҷӯйҳо бисёр пайдо мешавад, хелҳои баҳрӣ, даштӣ ва наҳрӣ дорад. Дар тиб қисми наҳрии он истеъмол мешавад, вале даштиаш заҳри қотил аст. Мизоҷи ҳамаи навъҳои он дар дараҷаи севум сард ва дар якум хушк аст ва бо вуҷуди …
Прочитайте больше»Тандурустӣ
ХОРИ ХАСАК дар Канзи Шифо (Китоб)
Хасакхор (Хори хасак) — ин гиёҳест сохти баргаш монанди барги тарбуз қайчибарги кунгурадор, вале хеле аз он майда, инчунин, соқаш ҳаммонанди биёраи тарбуз бар замин паҳн шуда месабзад, ки дар ҷоҳои намнок мерӯяд. Самараш сегӯшаи хорнок ба бузургии ду нахӯде. Дар наздики банди баргҳои биёрааш самар мебандад. Гулаш зарди бисёрреза. …
Прочитайте больше»Гулсанг (Гули санг) дар Канзи Шифо (Китоб)
Гулсанг (Гули санг) — он чизест, ки дар рӯйи сангҳои намнок пайдо мешавад. Ба руси онро (Гулсанг)-ро лишайник меноманд. Рангаш сабзи моил ба сафедӣ ё сурхи моил ба пуштӣ. Агар онро дар каф бимоланд, рангаш ба даст бармеояд. Мизоҷаш сард ва хушк аст. Хислатҳои шифобахши он: ин хосияти поккунандагӣ дорад. Агар ос карда гузошта …
Прочитайте больше»ИСПАНД — дар Канзи Шифо (Китоб)
Испанд (Исфанд) -ин растанӣ дар маҳалҳои Шарқ ва аз ҷумла дар Осиёи Марказӣ машҳур аст, ки ҳазориспанд низ меноманд ва ба руси «Гармала обыкновенная«. Инро аз бехаш ҷудо намуда хушк карда бигиранд, қувваташ то чор сол боқӣ мемонад. Мизоҷаш дар дараҷаи севум гарм ва дар дувум хушк аст. Хислатҳои шифобахши он: истеъмоли испанд …
Прочитайте больше»ЯНТОҚ дар Канзи Шифо (Китоб)
ЯНТОҚ (Yantoq)- онро тоҷикони қадим шутурхор меномиданд ва ба русси «Верблюжья колючка«. Дар хусуси мизоҷи ин қавлҳо гуногун мебошанд. Баъзе гарм ва хушк ва баъзеи дигарҳо сард ва хушк донистаанд. Хислатҳои шифобахши он: ин хусусиятҳои гардонандагии варамҳо, кушояндагии гиреҳҳо ва поккунандагӣ дорад, бар зидди заҳрҳо тарёқ мебошад. Агар инро бихӯранд ё гузошта банданд …
Прочитайте больше»БАНГИ ДЕВОНА дар Канзи Шифо (Китоб)
Банги девона (ба руссӣ «Дурман») — ин растании маълум аст, аслан ду навъ мешавад: якеро гулаш сафед ва ба шакли қиф аст, дигареро гулаш таҳбартаҳ, баргаш ва пояаш ҳама ранги бунафш доранд. Самараш дар бузургӣ ба андозаи чормағз аст ва чун самари беданҷир хорнок мебошад. Дар даруни он тухмҳои бисёри …
Прочитайте больше»САРВ дар Канзи Шифо (Китоб)
Сарв — ин дарахти бисёр мавзун, хушқомати баланд аст. Ба забони руси онро «Кипарис» меноманд. Баргаш реза, хазон намешавад, яъне ҳамешасабз аст. Андозаи самараш хурдтар аз чормағз, санавбаршакл, яъне шаклаш ба дили ҳайвонот монанд аст, мағз надорад; дар вақти хомӣ сабз ва баъди расидан андак зардтоб ва сахт мегардад. Тухми самараш …
Прочитайте больше»ҶАВЗИ БАВО (БӮЁ) дар Канзи Шифо (Китоб)
Калимаи «ҷавзи бӯё»-и тоҷикӣ дар таъсири забони арабӣ монда, «ҷавзи бавво» гаштааст, инро ба русӣ мускатный орех меноманд. Ин самари пӯстдори дарахти азимест. Баъди расидан ҷавзашро ҷудо карда мегиранд ва аз маконаш, ки мамлакатҳои гарм аст, ба ҷоҳои дигар мебаранд. Миқдори ин ба бузургӣ баробари олуболу, вале сахти хушбӯ, тундтаъм мебошад, …
Прочитайте больше»ЧОРМАҒЗ дар Канзи Шифо (Китоб)
Чормағз — ин самари дарахтест, ки маълум мебошад. Мизоҷи самари чормағзи тар, ки расида бошад, гармӣ ва хушкиаш камтар аст. Баъди хушк шудан гармӣ ва хушкиаш зиёда мегардад ва рутубаташ мекоҳад. Мизоҷи чормағзи хушк дар дараҷаи дувум гарм ва дар якум хушк аст. Хислатҳои шифобахши он: хӯрданаш ғизои бисёр сабук аст, …
Прочитайте больше»САБЗИИ САҲРОӢ дар Канзи Шифо (Китоб)
Сабзии саҳроӣ — Бехрешаи ин дар ғафсӣ ба андозаи ангушти даст ва бориктар аз он низ мебошад. Мизоҷи тухмаш дар дараҷаи севум гарм ва дар дувум хушк аст. Хислатҳои шифобахши он: хӯрдани тухми сабзии саҳроӣ дар ҳама бобат қавитар аз сабзии бӯстонӣ мебошад, барои сурфаи кӯҳна дору мешавад, ахлоти нодаркорро аз узвҳои …
Прочитайте больше»