АСОСӢ / Тандурустӣ (страница 28)

Тандурустӣ

Ҷамилак дар Канзи Шифо (Китоб)

Ҷамилак

Ҷамилак — Ин гиёҳест кӯҳӣ, баргаш монанди барги кокутӣ мебошад, монанди райҳон бӯйи хуш дорад — ин аз ҷинси райҳон ва кокутӣ мебошад. Бӯяш мобайни бӯйҳои наъноъ ва пудинаи даштӣ буда, гӯё аз ҳар ду мураккаб гаштааст. Гулаш сафеди моил ба сурхӣ, тухмаш резатар аз тухми райҳон. Дар заминҳои офтобрӯяи кӯҳсор …

Прочитайте больше»

Татум дар Канзи Шифо (Китоб)

Татум

Татум — ин самари буттаест ба андозаи наск, паҳнтар, рӯяш пӯсти гарднок дорад, дар хӯша мебошад. Таъми самараш турш аст. Ҳамаи қисмҳои дарахти он дар тиб истифода мешавад. Ин ду навъ аст: саҳроӣ ва куҳӣ. Мизоҷи саҳроии он дар дараҷаи дувум сард аст, вале кӯҳии он дар севум хушк аст. …

Прочитайте больше»

Карвиё дар Канзи Шифо (Китоб)

Карвиё

Карвиё — Ин зираи сиёҳ аст, ки зироат мекунанд ва ҳам саҳроӣ дорад. Баргаш монанди барги шабит, гулаш низ чатрӣ монанди гули шибит аст, сафедранги моил ба кабудӣ, ки ба гули бӯстонии он шабоҳат дорад. Дар тиб навъи бӯстониашро ба кор мебаранд. Тухмаш дар ҳаҷм ба андозаи зираи сафед, тезтаъм, талх. …

Прочитайте больше»

Ғофат дар Канзи Шифо (Китоб)

Ғофат

Ғофат  — ин гиёҳро ғофис ҳам меноманд ва ба русӣ репейник аст, вале ҳаргиз мушхор нест. Растаниаш хорнок, баргаш сербару дароз ва пашмакдор аст. Аз миёнаҷойи баргҳои он шохи миёнхолии дағал мерӯяд. Гулаш кабуди бунафш ва дарозак. Таъми тамоми қисмҳои гиёҳи он бисёр талх, ҳатто аз сабир ҳам талхтар аст, …

Прочитайте больше»

Биҳӣ

Биҳӣ

Ин меваи маълум аст, ки се синф мебошад: а) биҳии ширин, ки онро биҳии озод меноманд; б) биҳии майхуш, яъне туршу ширин, ки ин ҳам бисёр аст; в) биҳии маҳз турш. Мизоҷи биҳии ширин дар гармиву сардӣ қариб дар эътидол аст ва дар дараҷаи якум тар мебошад. Хислатҳои шифобахши он: …

Прочитайте больше»

ЗАНҶАБИЛ дар Канзи Шифо (Китоб)

занҷабил

Занҷабил — ин бехрешаи гиёҳест, ки ба решаи сабзии саҳроӣ мемонад, вале аз он майдатар ва баргҳояш борики дароз аст. Ин дар сарзамини Ҳиндустон бисёр аст. Навъқои қӯҳӣ ва даштӣ низ дорад. Дар бозорҳои шаҳрҳои Осиёи Марказӣ ёфт мешавад. Мизоҷи тару тозааш дар дараҷаи севум гарм ва дар якум хушк …

Прочитайте больше»

Зарингиёҳ дар Канзи Шифо (Китоб)

Зарингиёҳ

Зарингиёҳ — ин растании кӯҳистонист, решааш аз рӯ тира ва дарунаш зард аст. Бинобар зард будани решааш ҳамин тавр номида шудааст. Дар кӯҳсорҳои Осиёи Марказӣ бисёр мерӯяд. Ба русӣ золотой корень меноманд. Гулаш зард аст. Қади гиёҳаш то як ваҷаб мехезад, баргҳояш сербар ва дурушт мебошанд. Мизоҷаш гарм ва хушк …

Прочитайте больше»

Бедгул дар Канзи Шифо (Китоб)

Бедгул

Бедгул — ин растиниро баргаш монанди барги бед аст, вале ғафстар аз он. Бинобар хотири баргаш «бедгул» ном гирифтааст. Бӯяш андак нофорам, таъмаш талх ва тез мебошад. Гулаш зебо, ду навъ аст: навъеро гулаш сурх, дигареро сафеди моил ба зардӣ. Мизоҷи бедгул дар дараҷаи севум гарм ва хушк аст, таркибаш …

Прочитайте больше»

Момирон дар Канзи Шифо (Китоб)

Момирон

Момирон — ин гиёҳ як намуди зардчӯбаҳост. Поя ва шохҳои он аз замин баланд. Баргаш монанди баргҳои печаки калон, моил ба гирдак, сафеди зардтоб ва часпак мебошад. Решааш шоха-шоха аз як ҷо ба ҳар тараф кашида, кӯчактар ва бориктар аз решаи зардчӯба, гиреҳдор ва каҷтар аст, пашмакрешаҳои мӯйшакл дорад, ки …

Прочитайте больше»

Беданҷир дар Канзи Шифо (Китоб)

Беданҷир

Беданҷир — Ин растанӣ ду навъ аст: сафедгул ва гулаш сурхи моил ба бунафш. Навъи дувумаш дар давогӣ қавитар аст. Баргаш монанди барги анҷир, вале гӯшаҳои барги он баландтар аст нисбат ба барги анҷир, қадаш аз 1,5 метр то 2,5 метр мехезад. Решааш монанди най миёнхолӣ. Самараш хорнок дар хӯша, тухми …

Прочитайте больше»