АСОСӢ / Тандурустӣ (страница 30)

Тандурустӣ

ГӮСФАНД (ГУСПАНД) дар Канзи Шифо (Китоб)

ГУСФАНД- ГУСПАНД

ГӮСФАНД (Гуспанд) — ин ҳайвони алафхури серпашм аст. Беҳтарини он яксола то дусолаи он мебошад, ки фарбеҳ бошад. Сесола ва зиёди он ба ин дараҷа нест, зеро гӯшташ сахт ва душворҳазм мебошад ва аз хӯрдани гӯшти кӯҳансоли он моддаҳои бадфиол ва мурдор дар бадан пайдо мегардад. Беҳтарин ҷойи гӯшташ барои …

Прочитайте больше»

Ангур дар Канзи Шифо (Китоб)

Ангур

Ангур — маълум аст, ки ин самари дарахти ток мебошад. Беҳтарини он пухтарасида ва ширини он аст, ки аз ҷинси аскарӣ, соҳибӣ, риши бобо ва кишмиш аст. Баъд аз инҳо навъҳои дигараш мақом дорад. Мизоҷаш гуногун аст бинобар ранг ба ранг будани навъҳои он. Мутлақан пухтаи он дар дараҷаи якум гарм …

Прочитайте больше»

ҲИНО дар Канзи Шифо (Китоб)

Хинна

Ҳино (Ҳина) Ин растанӣ маълум ва машҳур аст. Қадаш то 60-90 сантиметр мехезад, вале дар ноҳияҳои Ҳиндустон то баробари ду қадди одам баланд мешавад. Пояаш сурх, баргаш монанди барги анор аст, вале нозуктар ва хурдтар аз он, инчунин мулоимтар аз барги анор мебошад. Мизоҷаш мураккабқувват, моил ба сардӣ ва дар дараҷаи …

Прочитайте больше»

НАХӮД дар Канзи Шифо (Китоб)

Нахуд

Нахуд — ин растанӣ навъҳои ҳам бӯстонӣ дорад ва ҳам саҳроӣ. Нахӯд ба ҳама маълум аст. Мизоҷи бӯстониаш, яъне зироатиаш дар дараҷаи якум гарм ва хушк;; мизоҷи саҳроияш дар дараҷаи дувум гарм ва хушк аст. Мизоҷи сабзи тару тозааш дар дараҷаи якум тар аст. Қувваташ то се сол боқӣ мемонад. Хислатҳои шифобахши …

Прочитайте больше»

ХУЛБА дар Канзи Шифо (Китоб)

Хулба - Шанбалила

Хулба (Шанбалила) — ин растании бӯстонӣ аст, қадаш вобаста ба шароити замин то 65 сантиметр мехезад. Баргаш чун барги юнучқа, вале каме дарозтар аз он. Тухмаш сурхи моил ба зардӣ, чоргӯшаи паҳн, аз наск майдатар ва чун тухми турб дар ғилоф мебошад. Баъди хушк шудан бӯйи латиф ва форами атрӣ …

Прочитайте больше»

ШУНГБЕД дар Канзи Шифо (Китоб)

Шунгбед

Шунгбед — ин дарахтро бинобар монанд будани тухмаш забони гунҷишк ҳам меноманд, ба русӣ ясень согдийский мегӯянд. Инчунин дар тоҷикӣ содда карда, инро «шунг» ҳам мехонанд, ки дарахташ дар ҳама ҷоҳои Осиёи Марказӣ, хусусан дар ҷоҳои салқинтар бештар мерӯяд. Баргаш монанди барги бодом, самараш дар хӯшачаҳо аз ҳам ҷудо-ҷудо, ки тухмаш …

Прочитайте больше»

Канаф дар Канзи Шифо (Китоб)

Канаф (Кенаф)

Канаф (Кенаф — Kenaf) — ин растаниест, ки зироат мекунанд, гиёҳаш то ба ҳадде баландтар аз қадди одам ҳам мехезад. Аз пӯсти пояаш монанди зағир нах мегиранд. Аммо пӯшидани либоси аз он тайёр кардашуда ҷоиз нест, зеро ки ҳоли буғумҳои баданро бад месозад ва лоғар мекунад. Вале аз он коғази …

Прочитайте больше»

ҲАНЗАЛ — Тарбузи Абӯҷаҳл

ханзал - коловинт

Ҳанзал — ин самари гиёҳест ба андозаи тарбузчае ба миқдори норанҷи миёнаҳаҷм, кулӯла низ, бағоят талх аст. Навъҳои нар ва мода дорад: навъи нараш сахттар ва майдатар; модааш калонтар, нармтар ва беҳтар аст. Дар тиб аксар шаҳми (гӯшти) модааш ба кор меравад. Намудаш аз берун зард ва дарунаш ҳам моил …

Прочитайте больше»

ТӮДАРӢ

Тӯдарӣ

Тӯдарӣ — ин тухми гиёҳест баргаш дароз, бепоя, шохҳои он сурхи сахт ва бо андак хоре; самараш дар ғилофе, ки борику нозук аст. Тухмаш аз тухми наск кӯчактар, андак паҳн. Муаллифони «Махзан-ул-адвия» ва «Муҳити аъзам» қайд кардаанд, ки ин се навъ аст: сурх, зард ва сафед. Вале соҳиби «Ихтиёроти бадеӣ» …

Прочитайте больше»

Нок

Нок

Нок — Ин дарахтест, ки навъҳояш гуногун ва самараш ранг ба ранг мебошад, ки инро амруд ҳам меноманд. Беҳтарини он ноки сероби ширин ва пӯсташ нафиси он аст. Мизоҷи ноки пухтагӣ, ширин ва сероби он моил ба гармӣ, яъне дар дараҷаи якум гарм аст ва дар дараҷаи дувум тар мебошад; мизоҷи дигар …

Прочитайте больше»