АСОСӢ / Тандурустӣ (страница 9)

Тандурустӣ

Бодинҷон чи хубӣ дорад?

Бодинҷон

Бодинҷон —   Инро тоҷикон боқилаҷон низ меноманд, ки аз «баклажан»-и русӣ гирифтаанд. Мурод аз ин дар тиб самари расидаи кабуди бунафштоб ва барроқ (ялаққосӣ)-гаштаи он аст. Инро барои хӯрдан пухтанӣ бошанд, ба дарозиаш чор тақсим намуда, сӯзан зананд. Ба даруну берунаш намак бимоланд ё монанди пиёз варақ карда, баъд намаксуд …

Прочитайте больше»

Ҳалила ё худ Миробалан ба руссӣ

halila

Ҳалила (миробалан, терминалия) — ин самари дарахти ҳиндист, дар ҳаҷм ва намуд гуногун мебошад, ки ҳар яке номи алоҳида дорад. Агар баъд аз гул карданаш самарашро, ки ба андозаи зира мебошад, ҳалилаи зира меноманд; ва аз он калонтар ба андозаи ҷав гардад, бичинанд, ҳалилаи ҷавӣ мегӯянд; аз он ҳам бузургтар ва …

Прочитайте больше»

Газна — талванг

gazna

Газна   — Ин гиёҳро дар баъзе маҳалҳо тоҷикони шимол талванг ҳам мегӯянд. Зеро агар ин тала кунад, яъне бигазад, баданро ванг (варам) мекунонад.   Баргаш бо кунгуранокиаш ба барги тут андак шабоҳат дорад. Инро баргаш ҳам, пояаш ҳам пурхор, хорҳояш монанди неши занбӯр борик-борик. Ба воситаи ҳамин хорҳояш касонеро, ки …

Прочитайте больше»

Парпӣ — гули кафтарак

Парпи

Парпӣ ду навъ аст: навъеро гул сафед баргаш монанди барги кашниз инро парпии сафед меноманд; синфи дувумро гул сиёҳи бунафшранг — инро парпии сиёҳ меноманд, баргҳояш монанди баргҳои зуфи кӯчак аст. Навъи дувумашро тоҷикон  гули кафтарак низ мегӯянд, ба русӣ горечавка оливьи мехонанд. Мизоҷи парпии сафед дар дарачаи дувум гарм …

Прочитайте больше»

Кавар (Камар)

Кавар камар

Кавар (Камар) — ин растаниест, ки хорҳо дорад, шохҳояш аксар ба рӯйи замин паҳн гаштаанд ва ба русси Каперс мегуянд; баргаш сабзи гирдактар ва монанди фулус ғафс, гулаш дар ғилофи сабз, бузургиаш қариб ба андозаи нахӯд, сабз, баъд калон шуда, ғунча мегардаду гул мекунад ва дар миёнаи гулаш монанди мӯйҳо …

Прочитайте больше»

Харбузаи сагак

xarbuzai-sagak

Харбузаи сагак — инро сабчаи сагак ҳам мегӯянд. Ба забони ӯзбекӣ итқовун ва ба русӣ кукумис сорнополевой меноманд. Гиёҳаш дар заминҳои ғайри корам мерӯяд. Баргаш монанди барги харбуза ва бодиринг, шахшӯл, дар биёра, самараш хурдгар аз тухми мурғ, монанди харбуза дарозак, дар хомиаш сабз ва бирасад, зард мегардад Таъмаш талх …

Прочитайте больше»

Дарахти Ғор

shoxi-daraxti-gor-lavr

Ғор —  Ин дарахтест, ки баргашро ҳамчун хӯриши хушбӯйи таом ва ҳазмовар дар вақти пухтан ба хӯрокҳо меандозанд. Баргашро ба забони русӣ лавровый лист меноманд, ки дар дӯконҳои хӯрокворӣ фурӯхта  мешавад.  Дарахташро дар сарзамини Қавқоз мепарваранд ва дар дигар мамлакатҳои гармистон аз ин ба таври васеъ истифода мебаранд. Сабзонидани ин дар …

Прочитайте больше»

Гулихайрӣ ба чӣ табобат медиҳад

Гули хайри

Гулихайрӣ (русс. Гибискус) — Ин растанӣ ба ҳама маълум аст, ки даштӣ мебошад ва дар боғҳо низ месабзонанд. Гулаш сафед, сурх ва ба рангҳои гуногуни мураккаб аз ду ранг аст, ҳатто бунафши сиёҳтоб ҳам дорад. Беҳтарини ҳамаи ин қисми сафед ва баъд аз он навъи сурх пуштии он аст. Барги ин …

Прочитайте больше»

Зирк чи андоза фоида дора?

zirk

Зирк (русс. Багульник)  —   Инро тоҷикони баъзе маҳалҳо зелол низ меноманд. Зирк буттадарахти маълум аст, ки танаш хорҳои сегона дорад ва чӯбаш дар зери пӯстлохаш зард мебошад. Гулаш зарди сафедтоб, самараш дар хӯша, дар вақги ғӯрагӣ кабудсабз ва баъди пухтан сиёҳ ва сурх мегардад. Қисми беҳтаринаш он аст, ки самараш дарозак бошад, …

Прочитайте больше»

Бобунаи говчашм чи хел дору аст?

bobunai-govchashm

Бобунаи говчашм (русс. Гербера) —   Ин гиёҳ аз ҷинси бобуна аст, вале гулаш нисбат ба гули бобуна хеле калон асг. Дар гирди маркази гулаш гулбаргҳои сафед монанди парра ҷойгир шудаанд ва миёнаҷойи гул зарди бахмалӣ мебошад. Баргаш ба барги кашниз монанд асг, таъмаш андаке ба талхӣ моил. Мизоҷаш дар дараҷаи севум …

Прочитайте больше»