АСОСӢ / Таърихи тоҷикон (страница 6)

Таърихи тоҷикон

Сомониён — Таъсиси давлати Точикон

ismoili_somoni

Сарсилсилаи хонадони Сомониён – Сомон аслан аз вилояти Балх ё худ атрофи Самарқанд ва ё аз Тирмиз буд.[1] Ба тибқи маълумоте, ӯ дини исломро қабул карда, дар шахсияти ҳокими Хуросон Асад ибни Абдуллоҳ, ки намояндаи халифаи араб буд, барои худ пуштибоне пайдо намуд ва аз ин сабаб ба аломати эҳтиром …

Прочитайте больше»

Гурӯҳҳои мухолиф дар хилофати Араб

arab_horseman_in_a_landscape-large

РОЛИ ХАЛҚҲОИ ОСИЁИ МИЁНА ДАР МУБОРИЗАИ БАЙНИ УМАВИҲО ВА АББОСИЁН Рӯҳияи душманона нисбат ба ҳокимияти хилофат на танҳо дар Осиёи Миёна, балки дар дигар кишварҳои таҳти тасарруфи арабҳо низ хеле пурқувват буд. Усули идораи халифаҳои араб на фақат норизоияти оммаи меҳнаткашро ба вуҷуд меовард, дар айни замон, ба ашрофи заминдори …

Прочитайте больше»

Пайдоиши Ислом ва Шикасти давлати Сосонӣ

arab-2

Чанд сухан дар бораи пайдоиши ислом. Муҳаммад пайғамбари Оллоҳи таоло ва яккаву ягона гардид. Ӯ аслан аз калонтарин маркази Арабистон – шаҳри Макка буд, чун дар зодгоҳи худ ба чизе муваффақ нашуд, дар соли 622 бо пайравонаш ба Мадина кӯчид, ки аз ҳамин сана солшумории мусулмонии ҳиҷрӣ сар мешавад. Тоифаҳои …

Прочитайте больше»

Арабистон дар арафаи Ислом

arab

Дар асарҳои таърихшиносӣ аксар вақт ақибмондагии арабҳо дар арафаи пайдоиши ислом таъкид мешавад. Ин ақида яктарафа ва нодуруст аст. Соли 1853 Ф.Энгелс навишта буд: «Дар ҷое, ки арабҳо зиндагии муқимӣ ба сар мебурданд, яъне дар қисмати ҷануби ғарбӣ,– зоҳиран, онҳо мисли мисриён, ошуриён ва ғайраҳо мардуми мутамаддин буданд, ки иншооти …

Прочитайте больше»

Неҳзати Маздак

v-imenii-rimskogo-rabovladelca

Дар ҳудуди асрҳои V–VI дар Эрони Кайқубодшоҳ (солҳои 488–531) бар зидди муносибатҳои феодалӣ, ки нав ташаккул меёфт, баромадҳои тавонои оммаи халқ ба вуқӯъ омад.[1] Ба ин неҳзат шахсе сардорӣ мекард, ки дар таърих бо номи Маздак[2] машҳур аст. Мисли тамоми дигар неҳзатҳои халқии он давра эътирози аҳли ҷамоат зидди зулму …

Прочитайте больше»

Ҳайтолиён (Эфталиты)

haytoliyon_eftaliti

Инак, дар ахбори муаррихи арман, ки ба соли 450 нисбат дорад, «кишвари ҳайтолиён» номбар шудааст. Егише Вардапет хабар медиҳад, ки солҳои 453–454 Яздгурди II боз ба шоҳи Кушониён дарафтоданӣ шуд, вале шоҳи Кушониён ин нияти ӯро пешакӣ фаҳмиду ба форсҳо зарбаи мудҳише зад ва бисёр ҷойҳои Эронро ба хок яксон …

Прочитайте больше»

АСРИ БИРИНҶӢ

asri_birinji

Гузариш ба сохти қавмии падарӣ Асри биринҷӣ муҳимтарин давраи таърихи инсоният мебошад. Дар ин давра чи дар тараққиёти қувваҳои истеҳсолкунанда ва чи дар сохти иҷтимоии ҷамъият тағйироти ҷиддӣ ба вуқӯъ меояд: истихроҷ ва гудозиши маъдан ва сохтани асбобҳои фулузӣ шурӯъ гардида, олоти истеҳсолот такмил меёбад, дар киштукор обёрии сунъӣ ҷорӣ …

Прочитайте больше»

Давлати Ғуриҳо

Ghuriho_davlat

Дар асрҳои миёна кишвари кӯҳистониеро, ки дар саргаҳи ҳарируд воқеъ гардида, аз ҳирот то Бомиён ва ҳудуди Кобулу Ғазна вусъат дошт, «мамлакати Ғур» меномиданд. Ин мамлакат аз тарафҳои ғарб, шимол ва шарқ бо сарзаминҳое мепайваст, ки аз қадимулайём, тоҷикон зиндагонӣ мекарданд. Қисмати зиёди аҳолии Ғур аз қабилаҳои кӯҳистонии тоҷик иборат …

Прочитайте больше»

Пайдоиш ва инкишофи забони адабиёти классикии тоҷик

zabon_tojiki

Асри Х ва асрҳои минбаъда аз давраҳои нашъунамои адабиёти классикии тоҷику форс ҳисоб меёбанд. Осори адабиёти бадеӣ (аксаран, асарҳои манзум), асарҳои таърихӣ ва илмӣ, ки дар ин давра ба вуҷуд омаданд, дар ҳаёти мадании мардуми Мовароуннаҳр, Хуросон, Эрони ғарбӣ, ҳиндустони шимолӣ ва бисёр мамлакатҳои Шарқи Наздик ва Миёна роли калон …

Прочитайте больше»

Тоҳириён (Тохириён 821–873)

tijorat

Ниёгони Тоҳириҳо шаҳри Фушанҷи вилояти ҳиротро дар дасти худ нигоҳ медоштанд. Сарсилсилаи ин хонадон ҳокими Фушанҷ Тоҳир ибни ҳусайн буд. Дар вақти қоиммақоми Хуросон будани Маъмун, ки баъдтар ба маснади хилофат расид, Тоҳир дар дарбори ӯ нуфуз ва эътибори калон пайдо намуд. Соли 811, дар ҷанги байни ду бародар, яъне …

Прочитайте больше»