Дар соли 539 пеш аз милод Куруши II Бобулро сарнагун карда ба қасди истилои Миср афтод. Аммо вазъияти сарҳади шимолу шарқии давлат, яъне Осиёи Миёна ӯро доимо ба ташвиш андохта, ба сафари Миср монеъ мешуд. Ниҳоят ӯ дубора ба сӯи Осиёи Миёна ҳаракат кард, то хавфи ақибгоҳи худро бартараф намояд. …
Прочитайте больше»Таърихи тоҷикон
Футуҳоти Куруши II дар Осиёи Миёна
Натиҷаҳои давраи аввали фаъолияти Куруши II ин буд, ки давлати ҳахоманишӣ ба иқтидори бузурге соҳиб гардид, нуфуси мамлакат ва манбаъҳои моддии он афзуд. ҳамаи ин барои амалӣ гардидани ниятҳои Куруш дар бобати ба вуҷуд овардани давлати паҳновари фарогирандаи тамоми Осиё шароит ва имконият муҳайё сохт. Пас аз фатҳи Лидия, ба …
Прочитайте больше»Давлати ҳахоманишиҳо — пайдоиши точикон
Пайдоиши нахустин падидаҳои давлат дар Эрон ба асрҳои IХ-VII пеш аз милод тааллуқ дорад[1]. Дар ин асрҳо аксари ноҳияҳои Эрони ғарбӣ ба ҳайъати давлатҳои Ошур ва Урарту дохил мешуд (вилоятҳое, ки баъдтар маркази салтанати мидиҳо гардидаанд, дар таҳти тасарруфи давлати Ошур буданд; тоифаҳои форсии ҷанубу ғарби Эрон, ки аввалҳо ба …
Прочитайте больше»Зардуштия
Дар боло ишора кардем, ки «Авесто» – маҷмӯи аносири аҷноси мухталиф ва дар замони гуногун ба вуҷуд омадааст. Кайҳост, ки муҳаққиқон доир ба таҷзияи ин аносир ва муайян намудани ҷанбаҳои қадимтарини дини эрониён кор мебаранд. Махсусан, дар ду даҳсолаи охир ин корҳо хеле пеш рафтанд[1]. И.Гершевич ба ҷои як номи …
Прочитайте больше»Ташаккули қадимтарин давлатҳо
Таҳлили вазъи иҷтимоию иқтисодии Осиёи Миёна нишон медиҳад, ки мамлакат дар марҳилаи гузариш ба ҷамъияти синфӣ буд. Комилан табиист, ки дар баъзе аз ноҳияҳои мутараққии Осиёи Миёна аввалин давлатҳо ташкил меёфтанд ва, эҳтимол, инҳо ҳамон давлатҳое буданд, ки дар «Авесто» «даҳйусасти» номида шудаанд. Дар сарчашмаҳои таърихӣ оид ба ин давлатҳои …
Прочитайте больше»Ҷамъияти Осиёи Миёна мувофиқи маълумоти «Авесто»
Маҷмӯи нисбатан комилтари маълумоти «Авесто» дар масъалаи тавсифи ҷамъият асари В.Гейгер «Маданияти Эрони шарқӣ дар аҳди бостон» мебошад[1]. Дар муддати пас аз соли 1882 ин асар аз бисёр ҷиҳат кӯҳна шудааст, вале, мутаассифона, асаре ҳаммонанди он аз ҷиҳати дарбаргирии материал ҳоло ба миён наомадааст. Ба ғайр аз диди нави филологӣ-лингвистӣ …
Прочитайте больше»Авесто — ҳамчун сарчашмаи таърихӣ
«Авесто», ки аз маҷмӯи матнҳои пайравони оини зардуштӣ иборат аст, муҳимтарин маъхази оид ба таърихи қадимтарини Осиёи Миёна мебошад. ҳоло ғайр аз теъдоди андаке дар Эрон, зиёда аз 100 ҳазор зардуштиён дар ҳиндустон зиндагӣ менамоянд, ки ононро одатан «порсиён» меноманд. Порсиён натанҳо дини қадима, балки матнҳои қадимии диниро маҳфуз медоранд. …
Прочитайте больше»АСРИ IХ — МИЁНАҳОИ АСРИ VI ПЕШ АЗ МИЛОД
Материалҳои археологӣ бо қиёси баъзе мадракҳои забонӣ ва ҳамчунин сарчашмаҳои хаттии қадим, ки ба давраҳои баъдтар тааллуқ доранд, манзараи ҳаёти ҷамъиятии Осиёи Миёнаи охири ҳазораи II – ибтидои ҳазораи I пеш аз милодро равшан месозанд. Дар ибтидои ҳазораи I пеш аз милод сокинони Осиёи Миёна аз маъдан истеҳсол кардани оҳанро …
Прочитайте больше»Давлати Сосониён
Дар ибтидои асри III милодӣ дар натиҷаи ҷангҳои дурударози пуртаҳлукаи зидди римиҳо ва низову хархашаҳои дохилӣ давлати Порт завол ёфт. Зиддияти синфии байни ашрофу ғуломдор ва аҳли ҷамоату ғуломон якбора тезутунд шуда рафт; дар дасти ашроф бисёр заминҳои киштбоб ҷамъ омад. Барои барпо намудани идораи давлат чунон мубориза авҷ гирифт, …
Прочитайте больше»ОСИЁИ МИЁНА ДАР ОХИРИ ҲАЗОРАИ I ПЕШ АЗ МИЛОД
Дар тангаҳои Юнону Бохтар ва давраҳои баъдтар ва инчунин дар тангаҳои Кушониён чунин унвони юнонӣ ё худ шарқиэронии сардори давлат сабт гардидаанд – «волӣ», «шоҳ», «шаҳаншоҳ». Дар як мӯҳри ҳиндӣ ба хатти кушонӣ номе зикр шуда, баъди он унвони он шахс – «вазурк фрамалар»[1] омадааст. Дар Эрони сосонӣ ҳам сардори …
Прочитайте больше»