Дар матни мазкур ба саволи чи қадар маблағро ба амонат гузошт маълумот дода мешавад. Ҳамин тавр бояд гуфт, ки аксари мардум мехоҳанд, ки ҳарчи зиёдтар маблағашонро ба амонат гузоранду ҳарчи зиёдтар аз бонк фоидаи фоизӣ гиранд. Лек бештари онҳо фикр намекунанд, ки зиёд кардани амонати бонкӣ ба зиёд кардани хавфу хатар оварда мерасонад.
Савол: Чи гуна хатар зиёд мешавад?
Ҷавоб: Вақте, ки ҳаммаи пулро ба бонк гузошта мешавад, пас хавф як намуд мешавад ки онро хавфи бонкӣ меноманд. Ба назар гирифт, ки бонк ташкилоти молиявиест, ки ӯ низ ба хатар дучор мешавад, ки бар асоси тағйир ёфтани шароит дар бозор сар мезанад. Масалан агар баҳор хушк ояд пас соҳаи кишварзӣ зиён мебинад ва дар навбати худ бонке, ки ба кишварзон қарзи зиёд додаст, маблағҳои худро баргардонида наметавонад ва якбора ҳаммаи кишоварзон амволи гарави худро ба бонк медиҳанд ва бонк дар навбати худ амволи зиёдро ба фуруш мебаррорад ки дар ниҳоят нархи амволҳо дар бозор мефарояд ё фуруши онҳо дурру дароз мекашад, ки ин дар навбати худ ба муфлисшавии бонк оварда мерасонад.
Ба ин хотир ва ба хотири камхавф кардани амонатҳои худ тавсия карда мешавад, ки амонати худро вақте, ки дар бонк мегузоред якчанд роҳҳоро истифода баред.
- Амонатро дар ҳамон ҳаҷм гузошта шавад, ки муддати наздиктарин ба он эҳтиёҷ надошта бошед. Масалан шумо медонед, ки як соли наздик ин ҳаҷми пул ба шумо лозим намешавад. Хуб мешад, ки амонати мегузоштаатон агар аз маблағи 2-моҳа барзиёд харҷшаванда дар рӯзғори шумо бошад, пас дар бонк гузоред. Масалан дар як моҳ шумо 1000 сомонӣ хароҷоти оилавӣ доред ва агар шумо соҳиби 5000 сомонӣ бошед пас метавон гуфт, ки маблағи 3000 сомониро ба амонат гузореду боқи 2000-ро дар киссатон монед;
- Ҳаракат кунед, ки амонати мегузоштаатонро дар 2 ё 3 бонки беҳтарин қисм-қисм карда гузоред. Масалан 1000 сомонӣ дар 3-бонк;
- Кушиш ба харҷ диҳед, ки дар ҳар як бонки амонатро мегузоштаатон боз ба қисмҳо ва бо муҳлатҳои гуногун тақсим карда шартнома бандед. Масалан амонати 1-сола ба маблағи 300 сомонӣ, амонати 2 — сола ба маблағи 700 сомонӣ.
- Амонатро боз ҳаракат кунед, ки дар асъорҳои қурбаш мустаҳакамтар гузоред, ки ҷумлаи онҳо ин пеш аз ҳама доллари ИМА, Евро, пули ҷопонӣ ё хитоӣ ва ғайраҳо;
Дар ҳолати риоя кардани ин қоидаҳо талаф додани амонати худ хело кам мешавад ва ин роҳҳо барои ба пуррагӣ аз даст додани амонатҳои шумо ёрдам медиҳанд.
Зарбулмасали руссиро фаромуш накунед «Не клади все яйца в одну корзину»!