АСОСӢ / ГУНОГУН / Чилмангӯштак — Канзи Шифо

Чилмангӯштак — Канзи Шифо

Ин гиёҳро тоҷикони шимол аз ӯзбекӣ гирифта, семизут меноманд. Растании мазкур ба ҳама маълум аст, шохҳояш ба замин паҳн шуда месабзад, сурхранг, обаш бисёр, баргаш ғафси шикананда, гулаш зарди майда, баъд тухм мебандад. Дар як қубба 15-20 дона тухмҳои майда дорад. Гиёҳаш аксар дар байни зироатҳо мерӯяд.

семизутМизоҷаш дар дараҷаи севум сард ва тар аст. Хислатҳои шифобахши он: барг ва шохашро бихӯранд, баданро аз сафро пок мегардонад ва ҷӯшиши ин хилтро таскин медиҳад, фишори баланди хунро ба эътидол меоварад; ҳарорати ҷигар ва гармии меъда, инчунин шиддати табҳои тафсонро таскин медиҳад; ташнагиро мешиканад, барои бемории қанд фоида дорад, дарди сареро, ки сабабаш гармӣ бошад, сокин мекунад; хун қай карданро қатъ месозад ва аз даруни сина омадани римро манъ менамоад, назлаҳои гармро мебандад, майнаро сард мегардонад, қайро бозмедорад, сангҳои гурда ва хичакро майда карда мерезонад, носурро, ки решҳои беҳнашаванда аст, инчунин бавосирро фоида дорад.

Агар ин гиёҳро бо андак равған ва пиёз бирён карда бихӯранд, исҳоли сафровиро манъ мекунад ва ба рӯдаҳо қувват мебахшад. Агар инро ба оши беморон ҳамроҳ карда бидиҳанд, бисёр фоида дорад. Агар инро одамони лоғар ва хушкбадан  бихӯранд, бадани онҳоро аз рутубат таъмин мекунад ва фарбеҳ мегардонад. Гиёҳи тари инро бо корд реза карда, ба он сирко пошида бихӯранд, агарчи ҳамчун ғизо камқувват ҳам бошад, дардҳои гурдаро фоида дорад. Инро бихоянд, кундӣ, яъне гирифтагии дандонҳоро ба ислоҳ меоварад, вале аз ҳад бисёр бихоянд ё бихӯранд, баръакс, дандонҳоро кунд мегардонад. Оби ин гиёҳро дар офтоб ғафс гардонанд, инро  усораи чилмангӯштак меноманд. Усораи инро бо равғани гули сурх даромехта гузошта банданд, дарди сари гарми луқкосиро таскин медиҳад, барои сӯхтагии оташ дармон мешавад, варамҳои гармро мегардонад.

Агар инро бо шароб хамир карда гузошта банданд, обила ва доначаҳои ба сар дамидаро дафъ мекунад.

Оби ин гиёҳро бо орди ҷав хамир карда ба сар гузошта банданд, дарди сарро, ки аз гармӣ бошад, таскин медиҳад; ба чашм гузошта банданд, варамҳои гарми онро мегардонад; шақоқалус, яъне варами ширёнҳои майнаро дар ҳолати ибтидо бошад, шифо мебахшад, инчунин варамҳои магзи сарро ба ибро меоварад; кӯтур, ҳориши бадан, варами хояҳо, захмҳои сар ва ҷамра (карбункул)-ро дафъ мекунад.

Агар танҳо худашро кӯфта гузошта банданд, ҳарорати аъзоро таскин медиҳад ва сӯхтагии оташро шифо мебахшад. Агар онро аз берун ба меъда ва ҷигар гузошта банданд, ҳарорати ин узвҳоро пасг мекунад. Агар инро бо ҳино якҷо кӯфта, ба кафи дасту поҳо бибанданд, тафси онҳоро таскин медиҳад ва ба доғи сафеди пӯст гузошта банданд, онро нест мекунад (лекин барои доги сафеди пӯст якчанд бор бояд бибанданд).

Агар инро кӯфта, бардавом бимоланд, низ барои бемориҳои номбурда дармон мешавад.

Оби инро бо равғани гули сурх даромехта, ба сар кам-кам ва бардавом бирезанд, барои дарди сари гарми луққосӣ даво мешавад. Агар бо оби он ҳуқна кунанд, дарди хояҳоро , ки аз гармӣ бошад, барҳам медиҳад ва омадани моддаҳои бегонаро аз рӯдаҳо ва аз бачадон манъ мегардонад.

Барги ин гиёҳро одамони гарммизоҷ бихӯранд, қуввати боҳро зиёда мегардонад, вале агар хунукмизоҷон бихӯранд, баръакс, пушти камари онҳоро суст мегардонад, иштиҳояшонро гум месозад.

Агар ин гиёҳро аз ҳад бисёр бихӯранд, торикии чашм меоварад — дар ин ҳолат карафс ва наъноъ бихӯранд, ислоҳи ҳол мегардонад.

Миқдори як бор хӯрдан аз оби ин дар як рӯз то 100 грамм аст.

Агар гиёҳи инро дар ҷогаҳ паҳн карда, бар болояш бихобанд, иҳтилом, яъне дар вақти хоб шайтон заданро манъ мекунад.

Хислати тухмаш дар ҳама ҷиҳат монанди оби он аст, вале аз он каме заифтар, қуввати таскиндиҳандагӣ дорад ва дар бобати сокин кардани ташнагӣ аз баргаш қавитар мебошад. Агар инро кӯфта, ба даруни даҳан бипошанд, дард ва пухтани (ҷӯшиши) даҳани кӯдаконро шифо мебахшад,  инчунин барои ғайри кӯдакон ҳам дармон мешавад.

Чун 17,5 грамм тухмашро маҳин кӯфта, бо шакар ё бо гулоб бихӯранд, барои табҳои сахт, сурфаи гарм, тафси ҷигар, сӯзиши меъда ва рӯдаҳо нафъ дорад, инчунин дарунро мулоим мекунад.

Агар ба меъда ва сипурз зарар кунад, қанд хӯрдан кифоя аст, ки зиёнаш ислоҳ ёбад.

Миқдори як бор хӯрдан аз тухмаш дар як рӯз то 17,5 грамм аст. Агар тухмашро то бӯяш баромадан тафсонида, баъд бихӯранд, дарунро мебандад ва агар натафсонида бихӯранд, баръакс, дарунро мулоим мекунад.

Инчунин хонед инро

56

Футбольные трансферы: Как торговля игроками влияет на силу команд

Футбольные трансферы являются неотъемлемой частью современной игры. Клубы по всему миру активно участвуют в покупке …