Чанор - чинор

Чинор

Чинор (чанор) — ин дарахти машҳур аст, самараш кулӯлаи хорнок, баргаш паҳн. Мизоҷаш сард ва тар аст, мизоҷи самар ва пӯсти он бисер сард ва хушк мебошад.

Хислатҳои шифобахпш он: баргашро пухта, нав ба нав гузошта банданд, варами чашмро таҳлил медиҳад ва ба чашм рехта шудани моддаҳои тармизоҷ ва обравии чашмро манъ месозад; варамҳои сарди мулоим, варами зону ва варамҳои ҳар як узвро, ки бошад, таҳлил медиҳад, инчунин варамҳои гармро низ дафъ мекунад. Барги тарашро наҷӯшонида кӯфта гузошта банданд, дарди зону ва варамҳои гарммизоҷро дафъ менамояд.

Пӯсти танаши чанорро дар сирко ҷӯшонида, он сиркоро дар даҳан бигардонанд, дарди дандонро таскин медиҳад.Барги хушкашро кӯфта бипошанд, реш, захм ва ҷароҳатҳоро хушк мекунад, ба сӯхтагии оташ даво мешавад.

bargi_chanor
Сурати самар ва барги Чанор

Пӯсташро сӯхта гузошта банданд, бисёр поккунанда ва хушккунанда аст, барои пес, дур кардани рутубати бадбӯйи захмҳо доруи хубест; агар инро бо об хамир карда гузошта банданд, иллати пӯстхезак (пӯстпартоӣ)-ро шифо мебахшад.

Самари чинорро дар об ҷӯшонида, он обро бо шароб якҷо карда бинӯшанд, заҳри ҷонварони газидаро аз бадан дафъ мекунад.Барг ва самарашро кӯфта, бо равған хамира сохта гузошта банданд, сӯхтагии оташро шифо мебахшад.

Инчунин барг ва самари онро дар хона дуд кунанд, гамбуски саргинро аз он ҷо мегурезонад, инчунин онро дар об ҷӯшонида, он обро муттасил бипошанд, низ ҳамин асарро дорад.

Ғуборе, ки бар рӯйи барги он менишинад, ба қасабаи шуш, овоз, гӯш ва чашм хеле зарарнок аст, агар ба онҳо бирасад. Дар ин ҳолат шири тозадӯшидаро бихӯранд ва бичаконанд, ислоҳи зарар мекунад.

Инчунин хонед инро

maxresdefault

Пандемия ба поён нарасидааст!!

Роҳбари Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ ҳушдор медиҳад, ки «ҳеҷ як кишвар наметавонад вонамуд кунад, ки пандемия …