Чинорак (ба забони руссӣ «Лютик») — Ин растанӣ асосан дар ҷоҳои обдор ва намнок мерӯяд. Баргаш монанди барги чинор аст, бинобар ҳамин чунин номидаанд. Гулаш зарди тиллоранг, инчунин бунафш ва сафед ҳам мешавад. Намуди гиёҳаш дар ҳаҷм хеле бисёр мебошад. Мизоҷи ҳамаи навъҳои он дар дараҷаи севум хушк ва дар дувум гарм аст. Хислатҳои шифобахши он: ин бисёр тез аст, захмин ва решкунанда мебошад, пӯстро мехезонад, сӯзанда ва ба хориш оваранда мебошад, хуллас, инро ба дарун истеъмол намефармоянд.
Решаашро хушконида, кӯфта, дар бинӣ бирезанд, атса меоварад ва қавитар аз кундуш аст. Агар ин решаашро маҳин кӯфта, бо об сиришта аз берун бимоланд, луққосзанон дард кардани дандонро таскин медиҳад ва агар худи инро ба дандонҳо бимоланд, онҳоро реза карда меафтонад. Ба агар онро дар об ҷӯшонида, он обро бирезанд, донача ва обилаҳои ширинчаро дафъ мекунад.
Агар решаи онро кӯфта бимоланд, қӯтур, донача ва обилаҳо, озахҳои мехшакл ва ғуддаҳои овезонро қатъ мекунад. Барг ва шохи тари онро кӯфта, бо равғанҳо хамир сохта гузошта банданд, кӯтури одамӣ ва ҳайвонотро шифо мебахшад, доғи пес ва сафедии нохунро дафъ мекунад; озахҳои гуногунро мерезонад, ба ҷоҳои гирдак-гирдак мӯӣрехтаи сар ва риш мӯй мерӯёнад. Агар ин таркибро занҳо аз таг бардоранд, бача ва ҳамроҳаки (ёраки) бачаи онҳоро аз шикам меафтонад, ҳайзи бандшударо мекушояд.
Аммо 9 грамми ин гиёҳро бихӯранд, мекушад. Агар гиёҳи хушки онро кӯфта, бо ҳамвазни он орди гандум хамир карда, ба узве гузоранд, баробари доғ аст.