АСОСӢ / Тандурустӣ / Канзи Шифо / Чой — ва хусусияти табобатии он

Чой — ва хусусияти табобатии он

Чой —  Шифодории чойро аввалин бор дар Чин кашф кардаад ва баъд ин растании аҷиб ба дигар мамлакатҳо паҳн гаштааст.

Инро боад хотиррасон намоем, ки тариқи аввалини шинохтани чой аз кишвари Чин ибтидо ёфтааст. Подшоҳи мулки Чин ба яке аз наздикони дарбори худ дар ғазаб гашта, ӯро аз мулки худ бадарға менамояд. Бадарғашуда аз тай намудани дашту саҳроҳои бешумор бемор мегардад. Рӯзе ӯ дар миёни кӯҳсор гурусна монда, барои хӯрдани гиёҳе майл мекунад.

чой

Иттифоқан аз хӯрдани ин сиҳат меёбад, ранги баданаш нуронӣ мегардад ва худаш қувват мегирад. Баъд вай ба пойтахт баргашта, ҳодисаро ба яке аз наздикони шоҳ арз медорад. Подшоҳ аз ин воқиф гашта, мефармояд, ки он мардро наздаш ҳозир намоянд. Чунин мекунанд. Подшоҳ чеҳраи дилкаши ӯро дида, ҳайрон шуда мепурсад:

-Чун кардӣ?

 Он мард ҳодисаро як-як нақл менамояд. Шоҳ табибони худро мефармояд, то ки он гиёҳро биёваранд ва озмун намуда, хислатҳои шифобахши онро муайян кунанд. Инак, хислатҳои чой кашф мегарданд.

  Мизоҷаш дар дараҷаи дувум гарм ва хушк аст. Баъзеҳо мизоҷи инро сард медонанд. Ҳар ду ҷониб ҳам ба таври худ ҳақ аст. Зеро чойи кабуд дар мизоҷ сард ва хушк аст ва мизоҷи чойи сиёҳ гарм ва хушк мебошад.

  Хислатҳои шифобахши он: нӯшидани чойи сиёҳ қуввати бисёр мебахшад. Арвоҳро, яъне рӯҳи ҳайвониро, ки қуввате вобаста ба дил аст, рӯҳи нафсониро, ки қуввате вобаста ба ҷигар аст — ҳар серо қавӣ мегардонад; меъдаро мустаҳкам менамояд, боҳро меафзояд; касеро, ки оруғаш боднок ё дуднок бошад, ба ислоҳ меоварад, нишот мебахшад, моддаҳои балғамиро пароканда месозад, гиреҳҳоро мекушояд; ахлоти зарарнокро пазонида, рақиҳ (суюқ) намуда, барои дафъ шудан муҳайё мегардонад, арақ меоварад, пешобро меронад, ташнагиро таскин медиҳад. Агар чойи кабуд бинӯшанд, дарди сари аз гармӣ содиршуда ва агар чойи сиёҳ бинӯшанд, дарди сари аз хунукӣ ҳодисшударо таскин медиҳад, тафси меъдаро паст мекунад. Умуман нӯшидани чой хунро соф мегардонад, ранги рӯйро некӯ месозад ва мадад мерасонад, ки давоҳои истеъмолгашта ба қаъри меъда ва ҷоҳои дури бадан бирасанд, меъда ва мағзи сарро аз олоишҳо пок мегардонад; барои дур кардани бӯйи бади даҳан, бӯйи шароб, бӯйи сир, бӯйи пиёз ва ғайра давои хубест; барои иллати дилтапак (дилбозӣ) ва бемориҳои дигари дил, пок намудани даруни рагҳои дил ва инчунин барои ҷило додани даруни дигар рагҳои бадан, ки хунгузар бошанд, даво мебошад; иллати ростнафасро ба ибро меоварад (ростнафас — бемориест, ки гирифтораш сари худро боло дошта, нишаста ва рост истода нафас гирифта метавонад, вале хоб карда нафас гирифта наметавонад); рӯҳро чоқ ва гамро дур мекунад;  барои бемориҳои зардпарвин, сустии ҷигар, ки ба дасту поҳо ва рӯ варам меоварад, истисқо (водянка), бемориҳои гуногуни аз гиреҳҳо ба судур омада, бавосир, банд шудани пешоб, чакмезак ва сустии гурдаро, ки аз сардӣ бошад, камоли ёрӣ мерасонад.

  Агар чойро дар камтар об ҷӯшонида гузошта банданд, варамҳои сахтро таҳлил ва дарди бавосирро таскин медиҳад. Оберо, ки дар он чой чӯшонида шуда бошад, кам-кам ва бардавом бирезанд, арақ меоварад ва ба сар бирезанд, хоб меоварад.

  Дар вақти нӯшидани чой аз он андак талхӣ ва тунҷӣ дарёфт мегардад. Барои дафъ кардани ин таъми ногувори он ё қанд (шакар), ё набот дар он меандозанд, ё шири ҷӯшонидашуда илова мекунанд, чойро набояд бе ширинӣ истеъмол намоянд.

  Ҳеч вақт чойро ба дили наҳор наменӯшанд. Агар одамони гарммизоҷ бардавом чойи сиёҳро ба дили наҳор бинӯшанд, ба иллатҳои гарм гирифтор мекунад, вале агар одамони сардмизоч ба дили наҳор чойро бардавом бинӯшанд, дар онҳо бемориҳои сардмизоҷро ба амал меоварад.

  Аммо касоне, ки дар меъдаашон ахлоти мурдори бадфиол ва часпак дошта бошанд ва аз онҳо дар худ гаронӣ эҳсос намоянд, оруғи бухорнок гардонанд ё бод пайдо шуда бошад, чойро ба дили наҳор нӯшидан, албатта, фоида дорад.

  Чойро аз болои таом бинӯшанд, ҳазми онро метезонад.

  Агар чойро бо решаи ревоҷ дар об якҷо ҷӯшонида, он обро бинӯшанд, моддаи сафро ба балғами часпакро ихроҷ мекунад.

  Ба чой бунафша ё сунбул, решаи бепӯсти ширинбия, ё гули гулихайрӣ, ё бобуна, ё сано ҳамроҳ намуда, дар об чӯшонида, соф намуда, бо шакар ширин сохта ва камтар равғани тули сурх андохта, нимгарм бо он об ҳуқна (клизма) кунанд, рӯдаҳоро аз моддаҳои часпаки сардмизоҷ пок мегардонад. Он чӣ ин ҷо баён кардем, ин усули чойҷӯшии аврупоиён аст.

  Чойро дам карда бинӯшанд, хеле қувват мебахшад, боҳ ва меъдаро мустаҳкам мекунад ва олати мардиро ба ҳаракат меоварад. Барои зиёдтар зоҳир кардани ин гуна хислатҳояш ин тавр таркиб месозанд: чойи навъи аъло, дорчинии кӯфтагӣ, хусят-ус-саълаби мисрӣ — аз ҳар як 1,75 грамм; асғанди ногурӣ, кабобаи чинӣ — аз ҳар як 0,887 грамм — ҳамаро кӯфта, бехта, дар об ҷӯшонида, камтар анбари дуранг дар он ҳал карда, бо набот ширин гардонида, нимгарм менӯшанд. Агар ба ин таркиб панҷ дона қаранфули гардан ҳам дохил намоянд, беҳтар мешавад. Яке аз ин намуд таркибро дар Ҷопон тайёр мекунанд, ки ин чойнушӣ вирди забони аҳли тамоми дунё гаштааст.

Инчунин хонед инро

surma

Сурма ва хислати он

Маълум, ки сурмаро аз кон пайдо мекунанд. Санги сурмаро маҳин ос карда месӯзонанд ва баъд …