АСОСӢ / Тандурустӣ / Канзи Шифо / Чойкаҳак дар Канзи Шифо (Китоб)
Чойкаҳак

Чойкаҳак дар Канзи Шифо (Китоб)

Чойкаҳак (русс. Зверобой) — Ин гиёҳ асосан дар се намуд мерӯяд, ки барои табобат истифода мегарданд. Ҳарсеро ҳам тухмаш ба ҷав монанд аст. Як қисмро баландии пояаш як ваҷаб ва зиёдтар аз он ҳам ҳаст. Баргаш монанди барги говкафонак, бисёр сурх, гулаш сафед ва монанди гули шибит чатрӣ, бӯяш ба бӯйи санавбар шабоҳат дорад. Тухмаш дар ғилоф, сиёҳи дарозак ва монанди ҷав ва кулӯла ҳам. Ин дар заминҳои сахт ва ҷоҳои нокорам мерӯяд. Тухмаш аз тухми навъҳои дигараш қавитар мебошад. Қувваташ то даҳ сол боқӣ мемонад.

Мизоҷи ин навъаш дар дараҷаи севум гарм ва хушк аст, вале баъзеҳо гуфтаанд, ки хушкиаш аз гармии он зиёдтар мебошад. Хислатҳои шифобахши он: ошомидани он кузоз (столбняк)-ро шифо мебахшад, гиреҳҳои ҷигар, меъда ва рӯдаҳоро мекушояд, пешоб ва ҳайзро равон мекунад ва моддаҳои рақиқи сафроро бо исҳол дафъ менамояд. Инро занҳо аз таг бардоранд низ, пешоб ва ҳайзи бандшударо равон мекунад.

Барги чойкаҳакро дар об ҷӯшонида, он обро бо шароб биёшоманд ё усораи он, яъне обашро дар офтоб ғафс гардонида, чил рӯз пайи ҳам бинӯшанд, дарди суринҳо, ирқуннасо (радикулит) ва ниқрис (подагра)-ро дафъ мекунад.

Ҳар рӯз 1,75 грамм тухмашро кӯфта, бо шаҳдоб биёшоманд, ирқуннасоро дафъ мекунад. Ин миқдор тухми онро бо ним вазни он судоб биёшоманд, таби дурӯздармиёнро шифо мебахшад. Баргашро кӯфта, гузошта банданд, ҷароҳатҳои калонро аз риму чирк пок мекунад ва даҳани онҳоро ба ҳам оварда сиҳат мебахшад, решҳои хабиса ва сӯхтагии оташро сиҳат мекунад.

Тухми чойкаҳакро кӯфта бипошанд, захмҳои варамида ва бадбӯйро пок мегардонад. Ба ҷойи ин тухми шибит ва арпабодиёнро ба кор баранд, раво мебошад. Хислатқои тиббии решааш монанди решаи кавар аст.

Чойкаҳаки қисми дувумро гиёҳаш бузургтар аз алафи навъи якум аст, шохҳояш бисёртар, баргаш ба андозаи барги наъноъ, пуршох ва рост, пояаш сурх, гулаш зард. Тухмаш монанди кӯкнор дар ғилофе, рӯяш хатҳо дорад, бӯяш монанди шилми санавбар аст.

Мизоҷаш дар охири дараҷаи дувум гарм ва хушк мебошад. Хислатҳои шифобахши он: 7 грамм тухмашро бо оби хунук бихӯранд, сафрои ғализро бо исҳол дафъ мекунад. Хусусияти ин дар ҳама ҷиҳат монанди қисми якумаш мебошад. Тухми инро дар шароб ҷӯшонида, он шаробро бимоланд, ҷароҳатҳои калонро шифо мебахшад. Гиёҳашро кӯфта гузошта банданд, сӯхтагии оташро ба ибро меоварад.

Қисми севумро алафаш баландтар назар ба гиёҳи қисми якум аст, вале хурдтар аз қисми дувум, ин бисёр сурх, шохҳояш анбӯҳтар, баргаш сербар, монанди барги судоб, яъне ба андозаи барги наъноъ, бисёр, гулаш зард ва бӯяш монанди қисми аввала аст. Мизоҷаш дар гармӣ ва хушкӣ аз қисми якум камтар мебошад.

ЧойкаҳакХислатҳои шифобахши Чойкаҳак:    инро бихӯранд, рутубатҳои зиёдатии меъдаро бо исҳол дафъ мекунад ва тарии онро хушк менамояд. Ин дар ҳамаи ҷиҳатҳои тиббӣ қавитар аз қисмҳои якум ва дувум аст. 7 грамм гиёҳи хушки онро кӯфта, бо оби хунук биёшоманд, сафрои ғализро бо исҳол дафъ мекунад, меъдаро қавӣ мегардонад; фолиҷ, ирқуннасо (радикулит) ва душвории шошиданро сиҳат мебахшад; санги гурда ва хичакро майда карда мерезонад, бачаро аз шиками занони ҳомила меафтонад, ҳайзи бастаро мекушояд, рухсораро сурх месозад, бар зидди ҳамаи заҳрҳо тарёқ мешавад; барои иллатҳои истисқо, қулинҷ (колит) ва таби дурӯздармиёнгиранда дору мешавад. Чойкаҳакро кӯфта, бо равғани зайтун даромехта бимоланд, фолиҷро, ки гардани бемораш ба пушт хамида бошад, шифо мебахшад. Агар худи инро кӯфта бимоланд, доғи сафеди пӯст, доғи кунҷидак ва ҳамаи дигар доғҳои пӯстро дафъ мекунад; бавосир ва дарди луққосии пайвандҳоро ба ибро меоварад, захмҳоро сиҳат мебахшад.

Вале хӯрдани Чойкаҳак одамони гарммизоҷро дарди сар мекунад, давои ин зарараш сиркоасал (сиканҷабин) хӯрдан аст. Миқдори як бор хӯрдан аз он дар як рӯз то 3,5 грамм аст. Ҳар як қисми чойкаҳакро ба ҷойи дигараш исгеъмол фармоянд, раво мебошад. Инчунин ба ҷойи ин гиёҳ баробари нисфи вазни он решаи каварро истифода баранд, ҷоиз аст.

Инчунин хонед инро

maxresdefault

Пандемия ба поён нарасидааст!!

Роҳбари Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ ҳушдор медиҳад, ки «ҳеҷ як кишвар наметавонад вонамуд кунад, ки пандемия …