Чоқула

Чоқула

Чоқула — ин ду навъ аст: сиёҳ ва зард. Ранги гули навъи сиёҳи он бунафш аст, бинобар тирагии ранги гулаш чоқулаи сиёҳ ё сиёҳандиз меноманд. Ранги гули навъи дуюмаш зард аст, бинобар ҳамин чоқулаи зард ва зардандиз меноманд. Баргҳояш сербар ва хеле дароз: Ҳангоми нашъунамои ин растанӣ ба даруни ҷангалаш дароянд, гӯё чун дар беша бошад, нопадид мегарданд. Ин растаниҳои хӯрданист. Мизоҷаш дар дараҷаи севум гарм ва хушк аст. Ба қавли баъзеҳо дар дараҷаи дувум гарм ва хушк аст.

Хислатҳои шифобахши он: решаи чоқулаи сиёҳро дар об ҷӯшонида, он обро бихӯранд, қуввати тарёқӣ дорад; дил, сари меъда, ҳозима (меъда, ҷигар, рӯдаҳо, сипурз), боҳ ва хичакро қувват мебахшад; молихулиёи пардаи шикамӣ, хавф, тарсончакӣ ва ҳузнро, ки бо иштироки меъда бошанд, дафъ мекунад; гиреҳи ҷигар ва сипурзро мекушояд; агар кӯфта гузошта банданд, бод ва боднокшавиро пароканда мекунад ва таҳлил медиҳад; дардҳои ҷигар, буғумҳо, пушт, ниқрис (подагра) ва ирқуннасоро, ки ҳама аз сардӣ бошанд, таскин медиҳад; инчунин онро дар об ҷӯш дода, он обро бинӯшанд, бемориҳои тари хунукмизоҷро дафъ месозад; чакмезакро, ки аз ҷамъ шудани моддаҳои тармизоҷ бошад, ба ибро меоварад; дар ҳолати хоб ба ҷогаҳ шошиданро ислоҳ мекунад, ҳайзи бандшударо мекушояд.

Чоқулаи сиёҳро дар об ҷӯшонида, он обро бо шароб даромехта, ба ҷойи матлуб кам-кам ва бардавом бирезанд, дарди нимсар, бемориҳои сарди тари майна ва варамҳои гуногуни онро дафъ мекунад.   3,5 грамм решаи хушкашро кӯфта, бо асал сиришта, лесида бихӯранд, барои сурфа, дамкӯтаҳӣ ва душвории нафас дору мешавад ва узвҳои даруни синаро аз балғам ва рутубатҳо пок мегардонад.

Чокула растании Точикистони кухиАгар чокуларо дар об ҷӯшонида, он обро бо шароб бинӯшанд, заҳрҳои хунукмизоҷи ҷонваронро аз бадан дафъ мекунад. Оберо, кн дар он решаи чоқулаи сиёҳ ҷӯшонида шуда бошад, нимгарм дар гӯш чаконанд, ҷарангҳои гуногуни даруни онро дафъ мекунад. Ва агар инро сӯхта, дудашро ба воситаи найча дар даҳан бикашанд, кирми дандонро мерезонад ва агар занҳо зери ноф ва миёни пойҳои худро ба дуди ин бидоранд, ҳайзи бастаро кушода мегардонад.

Инро дар шароб ҷӯшонида гузошта банданд, дарди нимсар, саръ (припадка) ва бемориҳои балғамиро шифо мебахшад, ирқуннасо ва дигар дардҳои аз сардӣ баамаломадаро дур месозад. Баргашро дар об ҷӯшонида, он обро истеъмол намоянд, дар хислати давогӣ монанди он обест, ки решаи он ҷӯшонида шудааст. Баргашро кӯфта гузошта банданд, мушакҳои дарида ва чокшударо ба ҳам мечаспонад ва варамҳоро таҳлил медиҳад.

Чоқулаи сиёҳ ҳангоми ба дарун истеъмол кардан ба одамони гарммизоҷ зарар дорад, дарди сар мекунад; агар бисёр бихӯранд, хунро мурдор ва вайрон мекунад, маниро месӯзонад, пушти камарро қатъ месозад. Дар ин маврид сирко, шарбатҳои меваҳои турш бинӯшанд ва анори турш бимаканд, ислоҳи зарар менамояд. Миқдори як бор хӯрдан дар як рӯз аз решаи чоқулаи сиёҳ то 7 грамм аст. Ба ҷойи ин решаи савсани кӯҳиро истеъмол намоянд, равост.

Ба қавли як қатор одамон, чун як адад тухми онро фурӯ баранд, зуд омадани маниро ҳангоми ҷимоъ, ислоҳ мекунад. Агар тухмашро сӯхта, дудашро ба дандон бигиранд, кирми онро мерезонад. Ва агар тухмашро кӯфта, бо об хамир сохта бимоланд, ранги рухсораро некӯ месозад; бо асал хамир карда гузошта банданд, доғҳои гуногуни пӯстро дафъ мекунад. Решаи чоқулаи зардро бихӯранд, дардероки аз газидани ҷонварони заҳрнок ба амал омада бошад, ҳамон дам дафъ мекунад. Ба қавли як қатор донишмандон, агар кордро аз оби ин об диҳанд, ба ҳар ҷонваре, ки он бихалад, зуд ҳалок мегардад.

Инчунин хонед инро

maxresdefault

Пандемия ба поён нарасидааст!!

Роҳбари Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ ҳушдор медиҳад, ки «ҳеҷ як кишвар наметавонад вонамуд кунад, ки пандемия …