Сиреши куҳӣ

Сиреши куҳӣ — Инро тоҷикони ноҳияҳои Айнию Панҷакент шушкаҳак меноманд, вале тоҷикони водии Ҳисор сичак (севчук ё сич) мегӯянд. Решаи ин ғафстар аз решаи сиреши даштӣ, баргаш низ дароз ва сербартар, пояаш ҳам ғафстар ва баландтар аз сиреши даштӣ мешавад; гулаш сафеди моил ба сурхӣ, самараш гирдак ва таъмаш тунди моил ба тунҷӣ мебошад.

sechak-cichМизоҷаш дар дараҷаи якум гарм ва хушк аст. Хислатҳои шифобахши он:  агар решаашро бихӯранд, барои дарди паҳлу, сурфа ва зардпарвини ҳодис аз бисёрии сафрои сӯхта (яъне аз ғалабаи сафрои савдоомехта), харошида шудани сатҳи даруни рӯдаҳо ва инчунин дағалии ҳалқ даво мешавад; агар кӯфта бихӯранд, пешоб ва ҳайзро равон мекунад. Ва агар сӯхтаи инро бихӯранд, низ пешоб ва ҳайзро меронад. Сӯхтаи инро ба варамҳое, ки аз бисёрии балғам ба амал омада бошанд, гузошта банданд, онҳоро тахдил медиҳад; инро бо сирко хамир карда, ба ҷоҳои гирдак- гирдак мӯйрехтаи сар ва риш гузошта банданд, мӯй мерӯёнад ва инчунин ба доғи сафеди пӯст гузошта банданд, онро дафъ мекунад.

  Решаи ин гиёҳро кӯфта гузошта банданд, устухони шикастаро ба ҳам мепайвандад, даббаро, ки аз даридани пардаҳои шикам бошад, шифо мебахшад; пучак ва чиртакҳоро мепазонад ва мекафонад, захмҳои хабисаро (злокачественные язвы) дафъ месозад; варами хоя, кӯфтагии мушакҳо ва асабҳоро ба ибро меоварад. Инро кӯфта, бо сирко ва равғани кунҷид хамир карда гузошта банданд, кӯтур ва хоришро сиҳат мебахшад, ҳамаи сахтиҳоро мулоим мекунад; бо орди ҷав хамир карда гузошта банданд, захм ва решҳои сарро хушконида сиҳат мебахшад.

  Тухмаш хислати поккунандагӣ дорад, ахлоти ғализро дар бадан тит карда берун меронад. Мизоҷи тухмаш гармтар назар ба решаи он аст. Агар инро бихӯранд, хун қай карданро ба ибро меоварад; бо шаҳдоб (асалоб) бихӯранд, ҷигарро аз моддаҳои бегона пок мегардонад.

  Аммо хӯрдани ин дар узвҳои бадан гиреҳҳоро ба амал меоварад. Дар ин ҳолат сиканҷабин бихӯранд, зиёнаш ислоҳ меёбад; меъдаро ҳам суст мекунад дар ин маврид гулқанд ҳӯрдан кифоя аст, ки ин зарарро ислоҳ намояд.

  Микдори як бор хӯрдан аз решаи сиреши кӯҳӣ дар як рӯз то 20 грамм аст ва аз сӯхтааш то 4,5 грамм ва инчунин аз тухмаш то 7 грамм бихӯранд, равост.

Инчунин хонед инро

surma

Сурма ва хислати он

Маълум, ки сурмаро аз кон пайдо мекунанд. Санги сурмаро маҳин ос карда месӯзонанд ва баъд …