Даҳанифаранг— Ин чизи маълум аст, ки ба русӣ медний купорос меноманд. Рангаш сабзи тира.
Мизоҷаш дар дараҷаи чорум гарм ва хушк аст. Ҳамаи давоҳо, ки мизоҷи дараҷаи чорум дошта бошанд, аз ҷумла даҳанифаранг ҳам хислати заҳрнокӣ доранд. Бинобар ҳамин инро ба дарун банудрат истеъмол мекунанд.
Хислатҳои шифобахши он: 1,75 грамми онро кӯфта бихӯранд, заҳрхӯрдагонро аз марг наҷот медиҳад. Ин миқдор даҳанифарангро бо оби лиму соида, каси афюнхӯрда бихӯрад, қай мекунад ва он заҳр бо қай дафъ мегардад. Инро маҳз барои дафъ кардани заҳр аз бадан хӯрдан мумкин аст. Дар дигар ҳолатҳо бихӯранд, мекушад. Аз ин агар заҳролуд гарданд, илоҷпазир нест. Ҳатто инро дар даҳан нигоҳ дошта, оби онро фурӯ бурдан ҳам заҳри қотил аст.
Инро соида, бо оби судоб даромехта, дар бинӣ бирезанд, иллати саръ (припадка)-ро шифо мебахшад. Агар инро бо мушки суда даромехта, се рӯз пайдарҳам ба воситаи найча ба даруни бинӣ пуф кунанд, низ ҳамин гуна таъсир дорад.
Соидаи онро чун сурма ба чашм кашанд, чашмро пурқувват мегардонад, гули ба ин узв афтодаро дафъ мекунад.
Яке аз хислатҳои аҷоиби даҳанифаранг чунин аст, ки чун инро ос карда ба чашми ҳайвонот бикашанд, пешоби бандшудаи ононро мекушояд. Инро бо сирко сиришта бимоланд, шукуфаи пӯст, ширинчаи савдовии дар сар ва дар узвҳои дигар бударо шифо мебахшад, доғи сафеди пӯст, пес ва азияти каждумгазидаро дафъ мекунад.