Дар сураи 30-юми Қуръони карим ки номаш «Ар Рум» мебошад дар ояти 17-18 Худованди Мутаол мефармояд: Аллоҳро ситоиш кунед ҳангоме, ки шом бароятон фаро расад ва чун субҳ барояд! Ӯ дар осмон ва дар замин ситоиш дорад. Нимаи нисфирӯзӣ ва пас аз нисфирӯзӣ Ӯро ситоиш кунед! Ин оятҳо ба чаҳор вақти намоз ишора мешаванд, аммо мусалмонон панҷ вақт намоз мехонанд. Чаро дар бораи намози панҷум қайд карда нашудааст?
Дар мавриди намози панҷум дар сураи «Ҳуд» ояти 114 –ум Қуръони карим қайд карда шудааст.