АСОСӢ / ГУНОГУН / Дар оянда чи шудан мехоҳед?

Дар оянда чи шудан мехоҳед?

Се-чор даҳсола қабл шояд касе фикр намекард, ки сарвари ширкату раиси коргоҳ чӣ ки бе маълумоти махсус ҳатто фурушандаи мағоза буда тавонад. Он замон мардум ба ҳадде тинҷу осуда буданд, ки дар мавриди хариду фуруш, арзонхариву қимматфурушӣ, бор овардану чизе ба куҷое бурдан қариб ки фикр намекарданд. Касе дастрасӣ ба васоити ахбори оммаи кишварҳои капиталистӣ дошт, адабиёт вобаста ба низоми тиҷорати бенақша ва бозориро хонда буд, касе имкон дошт ба он кишварҳо сафар кунад, шояд дар мавриди ширкатҳои хусусиву коргоҳҳои шахсӣ чизе медонист ва тасаввурот дошт.
Subhon-Dzhalilov
Аммо мушаххас аст, ки мисли имрӯз ҳама дар мавриди савдову тиҷорату хариду фуруш фикр намекард. Ҳоло шояд ҳар дуюмин кас дар андешаи мағозаи худу нуктаи тиҷоратӣ, бизнесу савдову харидуфуруш  бошад. Бо дигар шудани сохтор, бо гузаштан ба иқтисоди бозорӣ, бо ба даст омадани имконияти тиҷорат ҳар каси ҳатто камсавод ҳам, ки мавқеъ, истеъдоди корчалонӣ ва савдову бозордорӣ дошт, рӯ ба тиҷорат овард. Онҳое, ки ҳудуди сӣ сол пештар оғоз карда буданд, аксаран имрӯз хеле муваффақу комёб ва сарватманд ҳам ҳастанд. Чанд нуктаро вобаста ба доираҳои тиҷоратӣ бо чашми оддӣ ҳам дидан мумкин буд:
Касе он вақт дурбину дурандеш буд, тариқи музояда ва ё бо роҳҳои дигар тавонист дар навбати аввал соҳиби тиҷорату мағозаву замину коргоҳ бошад;
Арзиши ҳама гуна бинову коргоҳу манзил ба маротиб поинтар буд ва аз роҳи қонунӣ ба даст овардани он ҳам ташвишу тараддуд ва ба қавле “даводав”-и зиёд надошт;
Кам касон фикр мекарданд, ки як завод ё коргоҳи як вақт муқтадирро гардон кардаву фаъол нигоҳ дошта метавонанд. Ҳаводиси солҳои 90-ум ин ҳаросро бештар карда буд;
Гуруҳи дигари соҳибкору корчалону иқтисоддон маҳз бо истифода аз ҳамон ҳолати дар аввали солҳои 90-ум ба миён омада, кушиш кард, то доираи тиҷорату соҳибкории худро васеътар кунад. Онҳо, ки аксаран машҳуру шинохта ҳам набуданд, қадами хеле оқилона ва муҳим гузошта, дар солҳои баъдӣ барои худ ва хонаводаашон имконияти беҳтар сохтани сатҳу сифати зиндагиро фароҳам оварданд;
Қисми бештари техникаи бузург ва таҷҳизоте, ки мардум имрӯз доранд, маҳз солҳои аввали мустақилият ва баъди оромтару беҳтар шудани вазъ дар кишвар харида шудааст;
Нафароне, ки моҳияти иқтисодиёти бозориро дарк мекарданд, онҳое, ки новобаста ба системаи таълимии он вақт донишҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсии фаротару фарохтаре доштанд, дар андешаи доштани заминҳои кишоварзӣ, харидории мағозаву клубу биноҳои нотайёру чарогоҳу фермаву иншооти ёрирасони дигар шуданд….
Дар ҳамин ҳол ҳолатҳои хусусигардонии нодуруст, ғайриқонунӣ ва мисли ин ҳам вуҷуд доштааст, ки баъдтар албатта маълум шуд. Лекин ин аллакай мавзуъи дигар аст.
Мо ин навбат дар мавзуъи ба ширкату коргоҳҳо вобаста суҳбат мекунем. Дурусттараш фақат ба мавзуъи муҳосиботи ин гуна ширкату коргоҳу кооперативу ҷамъиятҳои гуногун.  Аввалтар аз ҳама як каме сайри таърихӣ хоҳем кард:
Аҷобат ҳамин аст, ки баъди пошхӯрии СССР аввалин тоҷирону сарватмандони он вақта дар пойтахти пешини СССР ҳам мансабдорон будаанд. Барои мисол, мешавад депутат дар солҳои 90-ум Артём Тарасовро аз аввалин миллиондорони баъди пошхӯрии СССР гуфт. Ӯ як вақт ҳатто номзад ба мақоми Президенти ФР ҳам будааст. Ходими дигари сиёсӣ, ки баъдтар миллиондор ҳам шуд, муассиси аввалин биржаи молу мулкии шуравӣ “Алиса” – Герман Стерлигов буд. Алексей Конаныхин ва Георгий Мирошник ҳам, ки кормандони давлатии сектори иқтисодии шуравӣ буданд, он замон тоҷирони муваффақ ҳам гаштанд.
Дар кишвари мо бошад, чун солҳои аввали пошхурии шуравии абарқудрат ба оғози муноқишаҳову даргириҳо рост омад ва чанд сол идома ёфт, метавон гуфт, ки аввалин касоне, ки баъди як каме оромӣ  ба ташкили ширкатҳо, ба  тиҷорату хусугардониву соҳибкорӣ шуруъ карданд, аз доираҳои фармондеҳони машҳур ва на он қадар машҳур буданд. Вале муҳим ин буд, ки кор пеш равад, ҷойҳои нави корӣ пайдо шаванд, он иншоот пурра харобу валангор нашавад ва имкони кору фаъолияту беҳтар сохтани зиндагӣ фароҳам ояд.
Дар мавриди раванди рушди тиҷорату соҳибкорӣ дар кишвари мо, самту соҳаҳои сердаромад, калидӣ ва муҳим, андозҳову пардохтҳои дигар, санҷишҳо, боҷҳо, намудҳои нави тиҷорату соҳибкорӣ, имкониятҳо, монеъаҳо, тағирот дар санадҳои ҳуқуқии ба ин самт дахл дошта, имтиёзҳо ва мисли ин фикр мекунам,  шумо медонед ва  маълумот ҳам доред. Мо ба мавзуъи асосии ин мавод бармегардем.
Ҳоло ҳамагӣ кушиш карда истодаанд, ки фасод, ҷиноятҳои иқтисодӣ ва молиявӣ решакан карда шавад. Мақомоти махсусе дар самти назорати молиявӣ, санҷиши дурустии фаъолияти ширкату коргоҳҳо, пардохи саривақтии андозҳо, фаъолияти қонунии соҳибкорону доираҳои дигари истеҳсолӣ ва тиҷоратӣ амал мекунанд ва корашон аксаран натиҷа ҳам медиҳад. Тариқи ВАО ҳам таваҷҷуҳ ба мавзуи решакан кардани ришвахорӣ, фасод ва пешгирии ҷиноятҳои иқтисодӣ зиёд шудааст. Умедвор мешавем, ки мақомот дар ҳамбастагӣ бо ҷомеъа як вақт бар ин зуҳурот ғолиб хоханд омад. Зеро тақрибаи ҳатто баъзе кишварҳои пасошуравӣ нишон медиҳад, ки бар фасоду порахурӣ ва коррупсия ғолиб омадан мумкин аст, ин чиз имконпазир аст. Аммо барои расидан ба он замон мо ҳар кадом бояд нисбат ба ҳама гуна пулу пайсаву туҳфае, ки аз боғча ҷамъовариаш сар мешаваду то коргоҳу муассисоту ширкату сатҳҳои дигар мерасад, бефарқ набошем. Ин як паҳлуи масъала аст.
Муҳосиботи ширкатҳои тиҷоратӣ, ки ҳоло хеле зиёд ҳастанд, як самти муҳим, асосӣ ва ҷиддӣ аст. Бо назардошти он ки кору назорат дар коргоҳҳои давлатӣ як каме ҷиддитар аст, муҳосиботи онҳо ба фарқ аз ширкатҳои хусусӣ дурусту бо тартибу то як андоза дар доираи қонуну санадҳои мавҷуда аст. Ҳамин чиро дар мавриди ширкатҳои хусусии тиҷорати гуфта намешавад. Маро аввалтар аз ҳама номҳои соддаву такрорӣ, ишораву рақаму рамзу символҳои ин гуна ширкатҳо ба ҳайрат меорад. Ба назари ман ҳатто аз ҳамин ҷо ҳам чӣ андоза ҷиддӣ будани корро дар он ширкату коргоҳ  дарк кардан мумкин аст (Ин албатта чизи хеле содда аст, вале ба ҳар сурат ман фикр мекунам, ки агар мақсади соҳиби ширкат мисли ширкату коргоҳҳои хориҷӣ як асру чанд аср фаъолият кардану як вақт дар тамоми дунё машҳур шудан аст, номи он бояд ҷиддӣ, пурмуҳтаво, дороии маънии амиқ ва ҷалбкунанда, рамзу нишону ранги он бояд ҷолиб ва зебо бошад!)
Чизи дигаре, ки ман фикр мекунам, заминаро барои ҳолатҳои мухталиф —  мисли гурехтан аз андозҳо, напардохтани қисме аз онҳо, кам нишон додани даромад, нодуруст анҷом додани ҳисобот, қасдан ҳуҷҷатгузорӣ накардани амалу ҳаракатҳои ба пулу воридоту интиқолу фуруш вобаста ва монанди ин ба миён меорад, ҷиддӣ нагирифтани кори муҳосибот ва хазинадорӣ дар аксарияти коргоҳу ширкатҳо аст.  Кор ба ин ҳадде расидааст, ки ҳоло як муҳосиб ҳатто дар 5-6 коргоҳ фаъолият мекунад ва боз ҳам барои ҳама гуна ҳисобу китоб фурсату вақт меёбад. Рост аст, ки шояд ширкатҳои хеле кучак ва хурд дар ин самт ташвиши кам дошта бошанд, шояд имкони ба кори доимӣ ва штатӣ ҷалб сохтани муҳосиб (иқтисодчӣ, хазинадор, молиётчӣ) — ро надошта бошанд, вале бояд иқрор шуд, ки ин таҷриба, ки ҳоло муттаасифона дар аксарияти ширкатҳо вуҷуд дорад, беҳтарин нест ва ҳатто тавре ки болотар гуфтам, заминаро барои фасоду фиребу дуруғҳо дар нишондоду навиштаҳову омори андозиву молиявиву иқтисодӣ ба миён орад.  Аз сӯйи дигар чунин ба назар мерасад, ки худи сарварони он ширкатҳо ҳам ба ҳамин тартиби кор розианд ё шояд худашон мехоҳанд, ки муҳосиби онҳо ҳар рӯз канори онҳову кормандони дигар набошад, сиру асрори коргоҳро, ки ба пулу даромаду хароҷот вобаста аст, дигарон нафахманд.
Барои амиқтар дарк кардани ин ҳолат биёед ба вазифа ва ӯҳдадориву масъулияти муҳосиб дар ширкату коргоҳҳо таваҷҷуҳ мекунем. Хеле содда ва оммафаҳм хоҳем гуфт, ки муҳосиб кадом корҳоро бояд анҷом диҳад?
Муҳосиб ҳисоби муҳосиботии коргоҳу ширкатҳоро анҷом медиҳад, сари вақт барои пӯшонидани қарзҳои дебиторӣ ва кредитории коргоҳу ширкат тасмим мегирад; (Устуворӣ ва вазъи хуби молиявии ширкат аз ҳамин чиз ҳам вобаста аст)
Муҳосиб ҳисоботи молиявии ширкатро анҷом дода, даромаду хароҷоти ширкатро нишон медиҳад. Тариқи ҳуҷҷат бояд вазъи молиявӣ ва иқтисодии коргоҳу ширкатро мушаххас кунад. Самтҳои фаъолияти даромаднок ва хисоротовар бошад дар кори роҳбарият ва дар маҷмуъ кормандон аз ҳамин гуна ҳисобот маълум мегардад;
Муҳосиб кушиш мекунад, ки хароҷот ва даромади коргоҳу ширкат қонунӣ сабт шавад ва замина барои ҳолату фаъолияти гайриқонунӣ набошанд;
Муҳосиб бояд роҳҳои модификатсияи буҷа, баланд бардоштани даромаднокӣ ва фаъолияти босамари коргоҳро ҷуставу пайдо созад; Пешниҳод ва тавсияҳои муҳосиб пурра бояд барои кам кардани хароҷоти нодаркор ва беҳтар шудани вазъи молиявии коргоҳ мусоидат кунанд;
Фаъолияти ҳаррӯзаи молиявӣ ва иқтисодии коргоҳ аз ҷониби муҳосиб пурра сабт ва ҳуҷҷатгузорӣ мешавад. Дар ҳисобҳо ва омор ӯ бояд ба ягон камбудӣ, хато, амалҳои қасдану ғайриқонунӣ роҳ надиҳад;
Маош, даромад ва пулҳои дигарро, ки барои кормандон ҷудо мешавад, бояд дуруст ҳисоб кунад, андозу боҷу пардохтҳои дигари ҳатмиро, ки масалан кормандони оддӣ дар бораи онҳо шояд тамоман маълумот надошта бошанд, дуруст анҷом диҳад;
Муҳосиб баробарии ҳисобу китобро миёни коргоҳу мизоҷон таъмин ва тариқи ҳуҷҷат онро асоснок мекунад;
Ҳама гуна амлиёти дигари ба харид, даромад, хароҷот, муқоисакунӣ ва мисли ин вобастаро анҷом медиҳад, назорат мекунад ва бо имзояш тасдиқ месозад;
Тамоми амалҳои ба санадҳо, шартномаҳо, маош, даромад, андоз ва пардохт вобастаро бо назардошти қонун ва тартиби муайяншуда анҷом медиҳад;
Барои кормандон маълумотномаро дар бораи маош ва даромад пешниҳод мекунад;
Бо бонк ва муассисоти молиявии дигар, ки дар раванди кор зарур мешаванд, равобити кориро ба роҳ монда бо онҳо бояд пайваста дар иртиботу ҳамкорӣ бошад;
Ҳисобу китоб ва сабти тамоми молу ашё ва ҷиҳозро дар коргоҳ анҷом дода, бояд санадҳои заруриро якҷо бо масъулини дигар тартиб диҳад;
Муҳосиб дар коргоҳ бояд роҳҳои ратсионалии истифодаи захираҳои мавҷударо коркард кунад ва пешниҳод созад;
Ӯ бояд ҳаракати тамоми намуди молу ашё, пул ва дороии ширкатро назорат, муайян ва танзим кунад;
Чанд намуди ҳисоботро, ки талабот ба он мавҷуд аст (аз ҷумла тариқи онлайн ва бо истифодаи барномаҳои замонавии муҳосиботӣ!) сохтаву тартиб дода тавонад ва имкону истеъдоду дониши муқоиса кардан, ҳисоби умумии онро баровардан, тафсир додани вазъи иқтисодӣ ва молиявии ширкатро дошта бошад;
Тамоми ҳуҷатҳои молиявии ширкатро бояд ҷамъбаст карда, ба ҷойҳои лозима супорад ва нусхаи онро дар хазина бо тартиби дуруст ва муайян нигоҳ дорад то дар ҳоли зарурат онҳоро пайдо карда тавонад;…
Акнун шумо фикр кунед, ки оё як нафар муҳосиб, ки ҳамин қадар ӯҳдадориву масъулияту вазифа дорад, метавонад, ки босифат, сидқан, дурусту бе камбудӣ якбора дар як чанд коргоҳу ширкат фаъолият кунад? НЕ, албатта !!! Аз ҳамин ҷо ҳам фаҳмидан мумкин аст, ки агар коргоҳу ширкат фақат як муҳосиби “навбатдор” дорад, ки моҳе як-ду  карат пайдо шуда, ҳисоботу санадҳоро як бало карда тартиб медиҳаду месупорад, пас онҷо ба гумони ғолиб, ки дар самти дахлу харҷ, пардохтҳову пулу молу маош камбудиву ҳиллаву сирри зиёде мавҷуд аст. Иловатан, ҳама сола муассисоти таълимии кишвари мо – муассисаҳои миёна, махсус ва олӣ садҳо муттахасисро бо донишҳои иқтисодиву муҳосиботӣ омода мекунанд. Яъне, дар ин самт (ҳарчанд, ки душворӣ ва масъалаи донишу савод, истеъдод ва қобилияти кории муҳосибон мавҷуд аст) мушкили норасоии кадрҳои муҳосибӣ ҷой надорад.
Роҳбарони ширкатҳо ба назари ман ки бояд аввалтар аз ҳама дар андешаи ҷалби кормандони хуби иқтисодӣ ва молиявӣ ба коргоҳу ширкатҳои хусусӣ бошанд. Ҳамон гуна муҳосибу иқтисодчиву молиётчиеро ба кор ҷалб кунанд, ки ба онҳо на роҳҳои гурехтан аз андоз, кам нишон додани даромад, ба даст овардани маблағҳои муфт ва схемаҳои дигари ҷиноӣ, балки роҳи росту қонунии фаъолият, вариантҳои дуруст ва қонунии пур кардани ҳуҷҷатҳо, вариантҳои хуби кам кардани хароҷот, роҳҳои қонунӣ ва беҳтари боло бурдани сифат ва сатҳи зиндагии кормандонро нишон диҳад. Мутахассисоне бошанд, ки тавонанд ояндабинӣ ва пешгуиҳои дуруст ва муҳимро анҷом дода, ба даромади бештари коргоҳу ширкат ва мавқеъи устувори он дар бозор мусоидат кунанд. Аммо ҳоло мушаххас аст, ки муҳосибе, 5-6 ҷойи корӣ дораду ӯро фақат ҳамон маошу даромади худаш ба коргоҳу ширкати шумо меорад, дар андешаи манфиати ширкат, мавқеъ ва иммиҷи ширкат ва ояндаи он ширкат нест. Ин гуруҳ аз он ки ин ё он ширкат бо роҳу схемаҳои қаллобӣ фаъолият мекунад, фасодро аз миён рафтан намегузорад, буҷаро хароб мекунад, фақат барои бойшавии як ё ду кас дар ширкату коргоҳ кор мекунаду дар маҷмуъ – иқтисодро харобу обуруйи соҳибкорро поин мебарад, тамоман нигарону ташвиш нестанд. Зеро онҳо  (яъне, ҳамон гурӯҳи муҳосибон!) боз чор панҷ ҷойи кории  дигар доранд ва бо пай бурдани ҳолатҳои ногувор роҳат метавонанд чизеро баҳона карда, оҳиста аз он “бозӣ” берун шаванд…
Бинобар ин, ПЕШНИҲОД-и навбатии ман ин аст, ки фаъолияти як муҳосиб дар як вақт дар якчанд ширкату коргоҳҳои хеле кучаку хурду миёнаи тиҷоратӣ, муштарак ва хусусӣ  манъ карда шавад. Бигузор ҳар ширкату коргоҳ муҳосиб ва кормандони дигари сектори иқтисодии худро дошта бошанд ва ба таври доимӣ дар он коргоҳу ширкат фаъолият кунанд. Он вақт ҳам ҷойҳои иловагии корӣ пайдо мешавад, ҳам схемаҳои коррупсионӣ аз миён меравад ва ҳам (агар блоки иқтисодӣ пурқувват аст) вазъи иқтисодии коргоҳу ширкатҳо ҳам ба маротиб беҳтар мешаваду сатҳу сифати зиндагии кормандон болотару баландтар!!

Назди admin

Инчунин хонед инро

kurban_bayram

ИДИ ҚУРБОН 2021-ум сол аз шоми 20-уми июл оғоз меёбад

Иди Курбон соли 2021-ум санаи 21-уми июл тибқи қарори Шурои уламои Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷил карда хоҳад шуд. …