Дармана (русс. Дармина) — ин гиёҳест қадаш қариб ба баландии шибит, баргҳояш реза ва бисёр нозук, ранги баргҳояш баъзан сабзи моил ба зардӣ ва баъзе гӯё дар рӯяш ғубор дорад ва хокистарранг аст. Гулаш сафеди моил ба пуштӣ ва гули зардаш ҳам мавҷуд аст. Дармана навъҳои кӯҳӣ ва саҳроӣ дорад. Мизоҷаш гарм ва хушк дар дараҷаи севум ва ба қавли баъзе табибон — дар дараҷаи дувум хушк аст. Дармана ин Тахач (Artemisia absinthium — Дарманаи румӣ —Афсантин) нест.
Хислатҳои шифобахши он: инро бихӯранд, гиреҳҳои узвҳои баданро мекушояд, балғамро меканад, бодҳоро таҳлил медиҳад, ахлоти мурдорро бо исҳол дафъ менамояд, моддаҳои нодаркор ва зарарнокро ба воситаи пешоб аз бадан берун меронад, ҳамаи навъҳои кирмро аз меъда ва рӯдаҳо ихроҷ мекунад.
Агар инро биёшоманд, барои газидани ғунда ва каждум, инчунин бар зидди ҳамаи заҳрҳои тармизоҷ тарёқ мешавад; душвории нафасро ислоҳ мегардонад, оруғро дафъ мекунад; дарди рӯдаҳо, дарди сурин ва табҳои мураккабро шифо мебахшад. Миқдори хӯрдани он бар зидди таъсири заҳрҳо то 10,5 грамм ва барои бемориҳо то 7 грамм аст. Вале ба дарун истеъмол кардани дармана ба меъда ва асаб зарар дорад, дарди сар медиҳад — давои ин зарарҳояш мустако истеъмол кардан аст. Ба ҷойи дармана ба ҳамон вазн талхшувоқро истеъмол намоянд, раво мебошад.
Дарманаро пухта, бо он гармбандӣ кунанд ва батакрор онро бимоланд, барои дарди чашм, ки сабабаш зиёд гаштани балғам бошад ва дигар варамҳои ғализ дору мешавад, ба шарте ки ба воситаи истеъмоли давои дахлдор баданро аз балғам танқия карда бошанд пеш аз истеъмоли ин. Дар бобати танқия мо дар охири муқаддимаи ин китоб сухан рондем.
Хокистари ин гиёҳро бо равғани зайтун ё равғани савсани сафед ва монанди онҳо хамир сохта, ба ҷоҳои гирдак-гирдак мӯйрехтаи сар ва риш гузошта банданд, дору мебошад ва ба зудӣ дар он ҷойҳо мӯй мерӯёнад. Ин хокистарро бипошанд, решҳои хӯрандаро шифо мебахшад.
Аз дармана равған ҳам тайёр мекунанд ба ин тариқ. Дар зарфи шиша то нимааш равғани кунҷиди нав андохта, даруни онро аз гиёҳи тари дармана пур мекунанду ба офтоб мегузоранд. Дар муддати шаш рӯз қувват ва ранги он ба равған мегузарад. Он дарманаи беранггаштаро фишурда партофта, аз нав дарманаи дигар пур мекунанд ва ҳамин тавр то шаш маротиба дарманаро иваз менамоянд. Баъд фишурда, равғанро соф менамоянд — ин равғани дармана ҳисоб меёбад.
Ин равғанро бихӯранд, барои иллатҳои душвории нафас, дафъ кардани ларзи табҳо, бемориҳои аз хунукӣ баамаламада, варами меъда, истисқо (водянка), ихроҷ кардани кирмҳои шикам, газидани каждум ва ғунда, инчунин рӯёнидани гӯшти солим дар захмҳо даво мебошад.