АСОСӢ / Ҷаҳон / Варзиш / Делфин аквапарк дар Душанбе — Макони беҳтарини обозии тобистона

Делфин аквапарк дар Душанбе — Макони беҳтарини обозии тобистона

Аквапарки тобистона, ки номи Делфин-ро соҳиб аст, моҳи июли соли 2012 дар Душанбешаҳр кушода шудааст ва он якумин аквапаркест дар Тоҷикистон фаъолияткунанда мебошад. Ин макони обозиву дилхушӣ бо чунин сатҳи баланд ва аз ҳама беҳтарин ҷойи шиноварию истироҳатии тобистона дар кишвар маҳсуб меёбад.

Аквапарк Душанбе
Сурати Аквапарк «Делфин» (Душанбе 2017 сол)

НАРХ

Барои ворид шудан ба аквапарки Делфин дар даромадгоҳи он хазина ҳаст, ки ба мизоҷон билет мефурушанд. Арзиши билетҳо барои ворид шуда хизматрасониро қабул кардан аз 50 сомонӣ то 100-150 сомонӣ мебошад ва ин ҳам бошад вобаста аст аз соатҳои воридшавӣ ва рӯзҳои ҳафта. Барои кӯдакони қадашон то 1 метр буда бепул аст. Рӯзҳои истироҳатӣ (шанбе ва якшанбе) одатан нарх каме назар ба рӯзҳои корӣ баландтар аст. Инчунин аз соати 17:00 то 20:00 нарҳояш каме поёнтар аст. Вақти кориашон аз 10:00 то 20:00 ҳамарӯза аст.

Ба назар гирифт, ки билетҳои мефурухта барои 3-соати дамгирӣ таалуқ дорад ва касе, ки ин меъёрро вайрон мекунад аз ҳар як дақиқаи барзиёди меъёри 0,5 сомонӣ иловапардохт ё худ ҷарима месупорад. Одатан барои дар аквапарк ҳӯзур доштан 3 соат кифоя аст, чунки ин муддат обозӣ ба дили кас мезанад ва афгор мекунад ва он ҷо пур аз одам асту овози мардуми сершумор. Ҳамчунин дар зери нурҳои офтоби зиёд гаштан низ зарар дорад. Маълумоти муфасаллро бо телефон гирифтан мукин ки онҳоро дар поён сабт шудаанд.

Умуман дар Тоҷикистон аквапаркҳо дар шаҳри Душанбе 2-адад, дар шаҳри Хуҷанд 1-адад ва шаҳраки Бохтар 1 адад вуҷуд дорад, ки дар онҳо низ шаҳрвандон майли рафтан доранд.

Маълумоти техникӣ:

Дар ҳудудӣ аквапарки Делфин, ки онро мардуми Олмон сохтаанд иборат аз 5 ҳавзи шиноварӣ ҳаст, ки яке аз онҳо бо чуқурии 40 см барои кӯдакон, дигаре бо чуқурии 80 см барои наврасон ва ниҳоят бо чуқурии 1,5 метр барои калонсолон вуҷуд дорад. Боқимонда ҳавзҳои барои атраксионҳои дунгак, яъне аз баландӣ ба об паридану ҷаҳидан махсусгардонидашуда мебошад.

ВИДЕО — РОЛИК

Теппачаҳои пласмасӣ барои кӯдакон ғеҷида фаромадан ва тепачаҳои оҳанӣ барои фаромадан аз баландӣ ба ҳавзҳои обӣ барои калонсолон вуҷуд доранд ки алакай зиёда аз 5 сол фаъолияти бехатару хубро барои мардум пешниҳод мекунанд. Ин маконро ҳаррӯза атрофи 200-400 шахс барои дамгирӣ зиёрат мекунанд, ки бархеи онро ҷавонон мебошанд.

Барои мардум рӯзҳои духтарона низ ҷудо карда шудаанд ва духтарону занон дар ин рӯзҳо метавонанд бевосита танҳо худашон аз ин макон истифода баранд. Ин рӯз ҳар замон ҳар хел аст. Масалан солҳои пеш рӯзи занона рӯзи Душанбе буд вале солҳои охир он ба рӯзи «Ҷумъа» гузаронида шуд.

Инчунин дар ҳудуди аквапарки Делфин ҷойҳои хӯрокхурӣ (Бар) ҳаст, ки ба мардум фурушӣ яхмос, нушокиҳои хунуку ғайри спиртӣ, шириниҳо ва ғайраҳоро пешниҳод менамоянд, ки нархашон то андозае аз нархи бозор баланд аст. Барои дустдорони интернет инчунин Wi-Fi тариқи ройгон, ташкил карда шудааст.

X Fit Душанбе

Ногуфта намонад, ки барои дохил шудан  ба аквапарк бояд либоси шиноварӣ дошт, ки дар ҳолати надошатан дар дохили ин ташкилот низ фурухта мешаванд ва арзишашон атрофи 20-30 сомонӣ вобаста ба ҷисми муштарӣ аст. Ба ҳар хол дар ҳудуди парк шахсони масъули назорат — инструктурҳо ва духтурон дар ҳолатҳои садамавӣ барои расонидани ёрии авалиндараҷа ҳӯзур ва омода ҳастанд.

Як қатор қоидаҳо барои бехатарӣ ва беҳтар гузарониданӣ дамгирӣ дар аквапарки Делфин мавҷуданд, ки номгӯи онҳо ба 3-забон (тоҷикӣ, руссӣ ва англисӣ) дар даромадгоҳи он навишта овехта шудаанд. Ҷумлаи ин қоидаҳо дар поён номбар шудаанд.

СУРОҒА

Боғи обии «Делфин» воқеъ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, маҳалаи 101, дар паҳлӯи тарабхонаи Қанд, ё худ ҷанубтар аз таваллудхонаи №103 мебошад.

Тамос:

  • кучаи Богоутдинова 7/2
  • шаҳри Душанбе
  • Телефон: (48) 702 00 20
  • Сомона: delfin.tj

Қоидҳои всосии АКВАПАРКИ «ДЕЛФИН»

Дар ҳудуди Аквапарк гаштугзори ашхоси зерин манъ мебошад:

  • Шахсони дар ҳолати мастӣ ва мадҳушӣ қарордошта.
  • Шахсони майли зуроварй ва моҷароцуй дошта.
  • Шахсоне, ки ҷароҳатҳои кушода доранд.
  • Шахсони гирифтори беморикои сирояти, пуст ва дигар бемориҳо.
  • Шахсони бе либоси шиноварӣ.
  • Шахсони бо пойафэоли кучагҷ.

ИҶОЗАТ ДОДА НАМЕШАВАД:

  • Ба Аквапарк овардани маводи хурока ва нушокй.
  • Овардани ҳайвонҳои хонагй.
  • Танҳо шахсоне, ки дорои дастбанди электронй мебошанд, ҳуқуқи ворид шуданро доранд.
  • Дастбанди электронӣ чиптаи воридшавй ва истифодаи хизматрасониҳои аквапарк ва ҷевончаи инфиродй мебошад.
  • Дастбанди электронӣ моли шахсии аквапарк мебошад.
  • Бо гирифтани дастбанди электронӣ, мизоҷ барои риоя намудани қоида ва шарҳои аквапарк ризогии худро медиқад.
  • Баъди гирифтани дастбанди электронӣ, мизоҷ барои риоя намудани қоида ва шартҳои аквапарк ва қонунҳои амалкунандаи Ташкилот ҷавобгар мебошад
  • Аз меъёри пардохтшуда зиёд истифода намудани вақт, мизоҷ дар вақти баромадан аз аквапарк барои вақти иловагӣ мувофиқӣ нархнома музди иловагй пардохт менамояд.
  • Мизоҷ барои амнияти дастбанди электронӣ ҷавобгар мебошад.
  • Дар ҳолати гум намудани дастбанди электронй мизоҷ ба маблаги 50 сомонй ҷарима пардохт менамояд.
  • Пардохти вақт аз лаҳзаи гирифтан ва супоридани чиптаи эектронй мувофиқи нархи муқарраргардида дар хазина пардохт гардида, барои як бор даромаду баромад эътибор дорад
  • Дар ҳолати кам истифода бурдани вақти пардохтгардида, маблағ бар гардонида намешавад.
  • Дар ҳолати руҳ доданӣ ҳолатҳои ғайричашмдошти техникӣ дар атс аксарон аснои боздид, паст намудани нарх дар назар дошта нашудааст.
  • Аквапарк хизматрасониро дар асоси реҷаи қабулгардида пешникод менамояд.
  • Мизоҷоне, ки дар Аквапарк ба қоидавайронунӣ роҳ медиҳанд, мувофиқи қонунҳои амалкунандаи ташкилот ба ҷавобгарии моддй, маъмурй ва ҷиноӣ кашида мешаванд.

Қоидаҳои умумии истифодаи хизматрасониҳои Аквапарк.

  1. Дар ҳудуди аквапарк занон ва мардон Бояд бо либосҳои шиноварӣ буда, кӯдакони то 2 сола памперсҳои махсус дошта бошанд.
  2. Истифодаи атраксионҳо бо либосҳои шиноварие, ки тасмаҳо ва дигар намуди ороишотҳои металлй доранд.
  3. Бо худ доштани ороишоти заргарӣ, гyшвора ва ғайра манъ мебошад.
  4. Мизоҷон Бояд ба ҳамдигар бо ҳисси эҳтиром муносибат намуда, истироҳати дигар мизоҷонро халалдор нанамоянд.
  5. Дар ҳолати рабудан ё зарар ворид намудан ба моликияти мизоҷ, зуд ба кормандони аквапарк хабар додан лозим мебошад.
  6. Кормандони аквапарк бояд санади лозима тартиб диҳанд.
  7. Бо мақсади таъмин намудани бехатарии ҷамъиятӣ, мизоҷон бояд ба хадамоти бехатарии аквапарк чизу чораи шахсии худро барои тафтиш пешниҳод намоянд.
  8. Барои ҳисобӣ намудан дар қаҳвахонаи Аквапарк мизоҷон бояд дар дастбанди электронии худ пешпардохт намуда, ҳини баромадан аз аквапарк аз хазина бақияи худро гиранд.
  9. Дар ҳолати зиёд будани кор Маъмурияти аквапарк метавонад дохилшавии мизоҷонро боз дорад.
  10. Фуруши чиптаҳои воридшавӣ бо салоҳияти Маъмурият метавонад манъ шавад.
  11. Мизоҷон бояд тамоми хоҳишу талаби инструкторҳо ва дигар кормандони Аквапаркро оиди таъмини бехатарӣ, тозагӣ ва интизом дар ҳудуди Аквапарк иҷро намоянд.

Қоидаҳо аз Аквапарк дидан намудни ноболиғон.

  • Як нафар калонсол ҳаметавонад зиёда аз ду нафар кудаки қадашон то 120 сантиметрро ҳамроҳӣ намояд.
  • Дар ҳудуди аквапарк кӯдакони то 16 сола бояд таҳти назорати калонсолоне, ки бо онҳо ҷавобгаранд ҳамроҳӣ намоянд
  • Шахси ба кӯдак ҷавобгар, ташрифи кудаконро дар ҳудуди аквапарк бо доштаги либоҳои наҷотдиҳӣ ва асбобҳои дамондашуда таъмин намуда, барои риоя нанамудани қоидаҳо ҷавобгар мебошад.
  • Нархномаи «Кудакон» аз руи баландии қад то 140 см муайян карда мешавад.

Тарзи истифодаи ҷои либоспушй ва шустушуй.

  1. Баъди аз хазина гузаштан мизоҷ ба ҷои либоскашии умумй, ки ҷевонҳои либосивазкунӣ дорад, ворид мешавад.
  2. Ҷевон бо роҳи ryзоштани дастбанди электронй ба қулф ё кушода мешавад.
  3. Бояд либосҳоро иваз намуда, чизҳои шахсиро ба ҷевон ҷой намуда аз маҳкам буданаш боварй ҳосил намоед.
  4. Дар ҳолати гум намудани дастбанди электронй ҷевонро Маъмурият мекушояд.
  5. Пеш аз ба ҳудуди аквапарк дохил шудан мизоҷ бояд шустушуй намояд.
  6. Бо мақсади пешгирии латхурӣ ва шишабурӣ, набояд аз зарфчаҳои шишагин истифода шавад.

Тарзи рафтор дар дар атраксионҳои обӣ ва ҳавзи Аквапарк.

Ташрифи ашхоси зерин 6а атраксионҳои Аквапрк МАНЪ МЕБОШАД:

  1. Гирифторони беморикои дилу раг.
  2. Гирифторони беморикои руҳӣ.
  3. Гирифторони бемориҳои сутунмуҳра ва устухону мушакҳо.
  4. Занони ҳомила.

МАНЪ АСТ:

  1. Ҷаҳидан ва ғута задан ба об аз паҳлудевор.
  2. Дар зери об нигоҳ доштани якдигар.
  3. Дод задан, истифодаи усулҳои акробатӣ.
  4. Нигоҳ доштани нафас дар зери об.
  5. Тез роҳ рафтан ва давидан дар ҳудуди аквапарк.
  6. Аз шарашараҳо фуромадан ва истифодаи ҳавзҳо ба мизоҷоне, ки малакаи шиноварӣ надоранд.
  7. Бо шикам, сар ба пеш ё росто аз шаршарако поин шудан.
  8. Дидаю дониста тағйир додани самти ҳаракат, дар ҳолати дар дохили шаршара будан, алвонҷ додани туби дамкардашуда, сар додани дастаи туб ва ғайра.
  9. Истифодаи атраксион бо либоси болоӣ, почаҳои дароз, либосҳои шиноварй бо тасмаҳо ва дигар ороишоти металлй.
  10. Ворид шудан ба апраксион бо соат, дастбанд, гyшвора ва ҳалқаҳо
  11. Лағжидан аз шаршараи беоб.
  12. Поин шудан аз шаршара ба шахсоне, ки дар зери таъсири доруҳои пасткунандаи вокуниш (реаксия) қарор доранд.
  13. Якбора поин шудани ду ва ё зиёда нафар аз шаршара.
  14. Дар ҳолати риоя нанамудан ва вайрон намудани қоидаҳои зикршуда аз тарафи кӯдакон, калаонсолоне, ки онҳоро ҳамроҳӣ менамоянд, пурра ҷавобгар мебошанд.
  15. Пеш аз истифода намудани атраксионҳои обӣ мизоҷ бояд бо қоидаҳои бехатарӣ шинос гардад.
  16. Мизоҷон шаршараи обиро бо хоҳиши худ ва тарсу таваккали худ истифода менамоянд.
  17. бо пайдо шудани савол мизоҷон ба Маъмурият муроҷиат менамоянд.
  18. Тарзи гузаштан аз шаршараҳои обй аз тарафи намояндаи аквапарк танзим карда мешавад.
  19. Мизоҷон Бояд тамоми хоҳишу талаби инструкторҳо ва дигар кормандони Аквапаркро оиди таъмини бехатарӣ, тозагӣ ва интизом дар ҳудуди аквапарк иҷро намоянд.
  20. Фуромадан аз шаршараи обй бо хоҳиши худи мизоҷ дар асоси талаботҳои бехатарй сурат мегирад.
  21. Маҳдудият аз руи вазн ва қад сурат мегирад:
    1. Мизоҷоне, ки вазнашон аз 120 кг зиёд мебошад ба шаршараҳои обй рухсат дода намешаванд.
    2. Кӯдакони қадашон аз 120 см пастар ба шаршараҳои обй, ғайр аз кӯдакона роҳ дода намешаванд.
    3. Кӯдакони қадашон аз 140 см паспар ба атраксионҳои мушкил рухсат дода намешаванд.
    4. Дар ҳолати риоя нанамудан ва вайрон намудани қоидаҳои қабулшуда аз тарафи кӯдакон, калаонсолоне, ки онҳоро ҳамроҳӣ менамоянд, пурра ҷавобгар мебошанд.

Ба Шумо истироҳати хуб ва таасуроти гуворо орзумандем!  Делфини Шумо!

Инчунин хонед инро

56

Футбольные трансферы: Как торговля игроками влияет на силу команд

Футбольные трансферы являются неотъемлемой частью современной игры. Клубы по всему миру активно участвуют в покупке …