Назаров Дилшод Ҷамолиддинович – аввалин чемпиони тоҷик, ки соҳиби медали тиллоӣ дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол сазоворшуда мебошад ва дар соҳаи гурзандозӣ мутахассиси баландараҷа аст. Дилшод Назаров ягона нафарест, ки дар байни дигар чемпионҳои Тоҷикистонӣ дар ҷаҳон якумину нахустин шуда соҳиби медали тиллоӣ шуда дар варзиши Тоҷикистон тағийроти хотирмону навоварона санаи 20-уми августи соли 2016, бо натиҷаи 78,68 гузошааст.
Cанаи 26-уми августи соли 2016 тариқи ҳавопаймои Москва Душанбе Дилшод Назаров ба ватанаш бармегарддид, ки ӯро худи писари калони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – Рустами Эмомали бо ҳамроҳии зиёда 20 ҳазор ҳаводоронаш пешвоз гирифтанд. Баъдан Дилшодро дар мошини кабриолет дар кучаҳои пойтахт давр занонда ба мардум нишон доданд. Пас аз он Президенти кишвар ӯро ба меҳмонӣ қабул карда суханҳои муборакбодӣ ва миннатдориро баён карда туҳфаҳои сазоворро тақдим кард. Сипас барои чемпион консерт дар амфитеатр ташкил карда шуд ки дар он таҷлили ботантанаи ин шахси баруманди тоҷик бошарафона амалӣ шуд.
ДИЛШОД ФАХРИ ТОҶИКОН !
Дилшод Назаров санаи 6-уми майи соли 1982 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст. Варзиши сабук, гурзандозӣ. Рекорди инфиродиаш 80,71 метр аст. Хатмкардаи Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон (2001) ва Донишгоҳи тиҷорати Тоҷикистон (2006) мебошад. Устоди шоистаи варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Мураббиёнаш модараш Зайтуна Назарова, баъдан Юрий Александрович Пискунов ва феълан Владимир Машко мебошанд. Соли 2015 бо Ордени Шараф дараҷаи II мукофотонида шудааст.
Дилшод барандаи медали нуқраи мусобиқоти қарамонии ҷаҳон дар соли 2015 (Пекин, Чин), ғолиби Бозиҳои осиёии солҳои 2006 (Доҳа, Қатар), 2010 (Гуанҷоу, Чин) ва 2014 (Инчон, Кореяи Ҷанубӣ), қаҳрамони секаратаи Осиё дар солҳои 2009 (Гуанҷоу, Чин), 2013 (Пуна, Ҳиндустон), 2015 (Ухан, Чин) мебошад. Бори чорум дар Бозиҳои олимпӣ иштирок мекунад. Дар Бозиҳои олимпии соли 2004-ум дар Афина (Юнон) ноком шудааст.
Дар Олимпиадаи соли 2008-ум дар Пекин (Чин) ҷойи 11-ум, дар Олимпиадаи соли 2012-ум дар Лондон (Англия) ҷойи 10-умро гирифтааст. Дилшод Назаров ғолиби Бозиҳои V Осиёи Марказӣ (Душанбе, 2003), барандаи медали нуқраи Бозиҳои Африқову Осиё (Ҳиндустон, 2003), ғолиби Бозиҳои I исломӣ (Арабистони Саудӣ, 2005) ва ғолибу ҷоизадори бисёркаратаи мусобиқоти байналмилалист.
Бозиҳои олимпӣ | ||
Тилло | Рио-де-Жанейро (18.08.2016) | Гурзпартоӣ |
Чемпионатҳои ҷаҳонӣ | ||
Нуқра | Пекин 2015 | Гурзпартоӣ |
Бозиҳои Осиё | ||
Тилло | Доха 2006 | Гурзпартоӣ |
Тилло | Гуанчжоу 2010 | Гурзпартоӣ |
Тилло | Инчхон 2014 | Гурзпартоӣ |
Бозиҳои Осиё | ||
Биринҷӣ | Манила 2003 | Гурзпартоӣ |
Нуқра | Инчхон 2005 | Гурзпартоӣ |
Нуқра | Амман 2007 | Гурзпартоӣ |
Тилло | Гуанчжоу 2009 | Гурзпартоӣ |
Тилло | Пуна 2013 | Гурзпартоӣ |
Тилло | Ухань 2015 | Гурзпартоӣ |
Дилшод Назаров дар байни варзишгари тоҷик аввалин шуда ба Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия роҳхат гирифтааст. Ӯ моҳи майи соли гузашта дар мусобиқоти ҷаҳонии силсилаи Гран-при оид ба гурзандозӣ дар Ҷумҳурии Чех бо натиҷаи 79 метру 36 сантиметр мақоми дувумро касб кард ва ба ҳаққи ширкат дар Бозиҳои олимпӣ дар Рио-де-Жанейро мушарраф шуд.
Дилшод Назаров аз моҳи январи соли 2014-ум муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон мебошад. Вай, инчунин, раиси Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон аст. Оиладор аст, ду фарзанд – як писару як духтар дорад.