АСОСӢ / ГУНОГУН / Достон чист ва чи маъно дорад?

Достон чист ва чи маъно дорад?

Достон (гоҳо дар шакли дастон низ истифода

Назарияи мешавад) дар луғат маъноҳои гуногун дорад. адабиёт    Як маънояш овоза, машҳур, шуҳрат мебошад.

Рустами Достон низ ба ҳамин маъност. Мафҳуми дигари достон қисса, саргузашт, ривоят мебошад. Ба ин маънИ ФирдавсИ фармудааст:

Кунун, эй сухангӯйи бедормағз, Яке Достоне биорой нағз.

Дар истилоҳи адабИ достон асари калонҳаҷмест, ки асосан ба назм эҷод гардида, дар он воқеаҳои гуногуни ҳаёти одамон мавриди тасвири бадеИ қарор мегиранд. Достон таърихи қадима дорад. Ин жанри адаби дар «Шоҳнома»-и ФирдавсИ аз ҷиҳати шаклу мазмун ба дараҷаи камолот расид. Адабиётшиносон 63 қисмати «Шоҳнома»-ро дар зери мафҳуми достон ном бурдаанд.

Достонҳои ФирдавсИ ва ҳамасрони ӯ дар мавзӯъҳои қаҳрамонИ (паҳлавонИ) ва таърихИ эҷод гардидаанд. Дар асрҳои XI-XII дар адабиёти тоҷик достонҳои ишқИ — романтикии «Вис ва Ромин»-и Фахриддини ГургонИ, «Хусрав ва Ширин» ва «ЛайлИ ва Маҷнун»-и Низомии ГанҷавИ таълиф гардидаанд.

Дар адабиёти классикии тоҷик жанри достон мавқеи муҳим пайдо кард ва навъҳои гуногуни он — достонҳои асотири, паҳлавони, таърихи, ошиқона, ирфони, иҷтимои, ахлоқию фалсафи, фоҷиави ривоҷ ёфтанд. Достонҳои Фирдавси, Низомии Ганҷави, Шайх Аттор, Ҷалолиддини Руми, Хусрави Деҳлави, Абдурраҳмони Ҷомӣ, Абдулқодири Бедил ва ғайра дар байни ди- гар халқҳои ҷаҳон низ маълуму машҳуранд.

Дар адабиёти тоҷик достон, асосан, дар шакли қофиябандии маснавӣ (аа, бб, вв…) эҷод мегардад. Вале, дар назми классикӣ дар таълифи достон тарзҳои дигари қофиябандӣ низ истифода шуда- аст. Аз ҷумла, достони «Мушу Гурба»-и Убайди Зоконӣ дар шакли қофиябандии қасида навишта шудааст. Достони «Панҷ ганҷ»-и шоири асри XVII Зиёӣ дар шакли қофиябандии мусаммати мухаммас таълиф ёфтааст.

Дар адабиёти давраи нави тоҷик достон аз ҷиҳати маъно васеъ гардида, шаклҳои то адабиро низ фаро гирифт.  Дар достонҳо

ба воситаи назми баробари қофияҳои суннатӣ қофияҳои нав, ки

аз рус ва Аврупо гузаштаанд, истифода мешавад. Аз ҷумла, достонҳои «Ҳасани аробакаш»-и М. Турсунзода ва «Кӯчабоғи ошиқон»-и А. Шукӯҳӣ дар шакли мураббаъ бо қофияҳои абвб («Ҳасани аробакаш») ва абаб («Кӯчабоғи ошиқон») эҷод гардидаанд.

Достон мувофиқи тарзи тасвир ҳам ба ҷинси ҳамоса ва ҳам ба ҷинси лирика муштарак аст, бинобар ин, ба ду навъ — Достони ҳамосӣ ва Достони лирикӣ ҷудо мешавад. Агар дар достон воқеа, образ, сужет, зиддият ва характер мавқеъ дошта бошад, досто- ни ҳамосӣ ном мегирад. Ба муколамаи Рустам ва Исфандиёр (аз «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ) дар майдони набард таваҷҷуҳ намоед. Ин ду паҳлавон сазовори якдигаранд. Ба ҳам самимона суҳбат мекунанд, якдигарро ба меҳмонӣ мехонанд ва нажоди худро си- тоиш менамоянд. Муколамаи онҳо торафт қувват мегирад ва пеш аз набард чунин садо медиҳад. Исфандиёр ба Рустам мегӯяд:

«…Ту фардо бубинӣ ба овардгоҳ, Ки гетӣ шавад пеши чашмат сиёҳ. Бидонӣ, ки пайкони мардони мард, Чӣ гуна бувад рӯзи нангу набард?»

Ҷавоби Рустам ҳам сазовор аст:

Бад-ӯ гуфт Рустам, ки: «Эй номҷӯ, Туро гар чунин омадаст орзӯ.

Танат бар тани Рахш меҳмон кунам, Ба гурзу ба купол дармон кунам».

Дар достони лирикӣ танҳо сухани тавсифии шоир мавқеъ до- рад, ки он аз номи қаҳрамони лирикӣ баён мешавад. Шоир фикру ақида ва муносибати худро ба муҳимтарин рӯйдодҳои зиндагӣ баён мекунад. Таваҷҷуҳ намоед ба банди зерин аз оғози достони «Мавҷҳои Днепр»-и Муъмин Қаноат:

Эй Днепро, модари поки Тарас, Назди ту даҳрӯза меҳмон омадам. Аз лаби дарёи Панҷи беқарор, Аз Бадахшон, аз Бадахшон омадам…

М. Қаноат аз аввал то охири достон чун қаҳрамони лирикӣ ширкат меварзад ва тамоми мундариҷаи асар аз нигоҳи шоир баррасӣ мешавад. Дар достон образҳои шоири украин Т.Г. Шев- ченко (1814-1861), Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ Саидқул Турди- ев (1912-1943) ва бародари М. Қаноат мушоҳида мешаванд. Вале онҳо амал намекунанд, балки чун объекти муҳокима ва воситаи андешаи қаҳрамони лирикӣ мебошанд.

Достони лирикӣ маҳсули асри XX мебошад. Шоирони тоҷик аз дастовардҳои адибони аврупоӣ ва рус истифода карда, ин навъи достонсароиро ривоҷ додаанд. Образи қаҳрамони лирикӣ бори аввал дар «Манзараҳои сегона» (1933) ном достони А. Деҳотӣ мавқеъ пайдо кард. Дар достонҳои М. Турсунзода («Чароғи абадӣ», «Ҷони ширин»), Ғ. Мирзо («366 паҳлу»), М. Қаноат («Мавҷҳои Днепр», «Сурӯши Сталинград») қаҳрамони лирикӣ хеле фаъол мебошад.

САВОЛ ВА СУПОРИШҲО

  1. Оид ба маънои луғавӣ ва истилоҳии достон маълумот диҳед.
  2. Дар адабиёти классикии тоҷик кадом навъҳои достон ривоҷ ёфта- анд?
  3. Кадом шаклҳои қофиябандии достонро медонед?
  4. Чаро «Разми Рустам бо Исфандиёр» достони ҳамосӣ ва «Мавҷҳои Днепр» достони лирикӣ ном гирифтаанд?

Оид ба хусусияти достони лирикӣ маълумот диҳед.

Назди admin

Инчунин хонед инро

ocherk

ҲАМОСА

Асарҳои бадеӣ аз рӯйи сохт ва тарзи тасвир ба се гурӯҳи калон ё се ҷинс …