АСОСӢ / ГУНОГУН / Духтар Шумахер дар Душанбе

Духтар Шумахер дар Душанбе

Идора намудани воситаи нақлиёт бо вайрон намудани Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва ба навор гирифтану онро дар сомонаҳои иҷтимоӣ нашр намудан амали худнамоӣ буда, чунин афрод бо ин роҳ мехоҳанд бартарияти худро нисбат ба дигар шаҳрвандон, аниқтараш ронанадгони воситаҳои нақлиёт нишон диҳанд.

Мутаассифона, чунин амалҳои ношоям баъзан аз ҷониби ронандагони ҷинси латиф ба назар мерасанд, ки ҷои нигаронист.

Юдинна Снежанна Руслановна

Аз ҷумла як қатор истифодабарандагони шабакаи иҷтимоии «Инстаграм» бо ирсоли наворҳои бо суръати баланди 175 км/с идора намудани воситаи нақлиёт дар яке аз кӯчаҳои марказии шаҳри Душанбе аз ҷониби як нафар ҷавондухтар, ки дар саҳифаи шахсии худ дар Инстаграм нашр намудааст, аз мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе дархост намудаанд, то нисбати ин кирдорҳои намоишкорона ва қидавайронкуниҳои ҷавондухтар чораҳои дахлдори қонунӣ андешида шавад.

Зимни санҷиш муайян карда шуд, ки нафари дар наворҳо инъикосёфта шаҳрванд Юдинна Снежанна Руслановна соли таваллудаш 21.03.1991. сокини шаҳри Душанбе мебошад, ки ҳангоми идора намудани воситаи нақлиёти шахсиаш тамғаи «Ауди А4» рақами қайди давлатиаш 0080 QD 01, пайваста ба вайрон намудани Қоидаҳои ҳаркат дар роҳ даст задаст. Ҳамзамон номбурда чунин амали ғайриқонунии худро ба навор гирифта дар саҳифаҳои шахсии худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр намудааст.

Ин амали намоишкорона ва нодида гирифтани талаботҳои қонунгузорӣ боиси норозигӣ ва вокунишҳои манфии шаҳрвандон гардида, шаҳрвандону истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ аз мақомоти милитсияи пойтахт хостори андешидани чораҳои қонунӣ нисбати номбурда гардиданд. Вобаста ба ин баъд аз муайян гардидан, автомашинаи номбурда боздошт ва ба мақомоти милитсия дастрас карда шуд.

Бо назардошти ҳолатҳои мазкур нисбаташ протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ барои бо суръати баланд идора намудани воситаи нақлиёт бо моддаи 325 қисми 2 ва гузаштан дар чароғаки сурх модда 318-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон маводҳо маъмурӣ тартиб дода шуда, ҷаримабандӣ карда шуд.

Ҳамзамон ҷиҳати минбаъд ба чунин қоидавайронкунӣ роҳ надодан ба таври қатъӣ огоҳонида шуд.

Сарчашма: сомонаи Душанбеполис

Назди admin

Инчунин хонед инро

188

Чӣ гуна дар замони СССР тоҷиконро ба узбак табдил доданд

Чӣ гуна дар ИҶШС тоҷиконро ба узбек табдил доданд ва чаро ҳоло ҳам дар Узбакистон …